Зеҳн

МУҲИММИЯТ ВА АҲАМИЯТИ КИШТИ БАЙНИ ҚАТОРҲОИ БОҒҲОИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА

ЗЕ
зеҳни сунъӣ12 ноябри 2024 · 16 дақиқа хондан

Маълумоти умумӣ

Модули омӯзишии мазкур барои гузаронидани омӯзиши якрӯза дар доираи лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” барои аъзоёни Гурӯҳҳои Фермерии аз тарафи лоиҳаи ТСК таҳти барномаи грантӣ бо техникаҳои кишоварзӣ, хусусан бо тракторҳо дастгирӣ гардидаанд, пешниҳод карда мешавад.

Дар раванди ин омӯзиш усулҳои гуногуни омӯзиши калонсолон истифода бурда шуда ба фермерон моҳияти кишти байни қаторҳои дарахтони мевадор ва инчунин дигар масъалаҳои ба кишти байни қатор марбутро фаҳмонида дода мешавад.

Хусусан ба масъалаи истифодабарии техникаи кишоварзӣ ҳангоми кишти байни қатор ва хавфҳои эҳтимолии экологӣ диққати махсус дода мешавад ва ба иштирокчиёни Мактабҳои саҳроии фермерӣ нозукиҳои ин масъала фаҳмонида дода мешавад.

Ба ғайр аз ин ба фермерон оиди аҳамияти иқтисодии кишти байни қатори дарахтони мевадор маълумот дода мешавад ва инчунин оиди кишти байни қатор ҳамчун омили даромади иловагӣ ва пурсамар истифодабарии майдони боғ ахборот дода мешавад.

Мавзӯҳои омӯзиш:

1. Бақайдгирии иштирокчиёни омӯзиш;

2. Ифтитоҳ;

3. Шиносоӣ, интизориҳо, ҳадафҳо ва пешниҳодҳо;

4. Зарурият ва аҳамияти кишти байни қаторҳои боғҳои мевадор;

5. Зироатҳое, ки барои парвариш кардан дар байни қаторҳои боғ тавсия дода мешаванд;

6. Зироатҳое, ки дар байни қаторҳои боғ кишт карданашон тавсия дода намешаванд;

7. Мусоидати кишти зироатҳои кишоварзӣ дар байни қаторҳои боғ ба баландшавии ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда;

8. Нақши зироатҳои дар байни қаторҳо киштшуда ба таъминоти обу ғизои дарахтон;

9. Мӯҳлати кишти зироатҳои байни қатор ва мӯҳлати истифодаи заминҳои байни қатори дарахтони мевадор дар боғҳо;

10. Нақшаи кишти зироатҳои байни қаторҳо вобаста ба синну соли дарахтони мевадиҳанда;

11. Самаранокии иқтисодию экологии кишти байни қатор ва роҳҳои зиёд намудани даромаднокӣ;

12. Зарарҳо ва хавфҳои кишти байни қаторҳо (зарари шудгори чуқур барои дарахтон, сояафкании зироатҳои қадбаланд ба ниҳолҳои ҷавони боғҳои нав, осебҳои механикии шохаҳои дарахтон ҳангоми коркарди байни қатор ва ғайра);

13. Техкартаи кишти зироатҳои байни қатор.

Мақсади омӯзиш:

Омӯзиши мазкур бо мақсадҳои зерин барои аъзоёни Гурӯҳҳои фермерӣ гузаронида мешавад:

Баланд бардоштани сатҳи дониши фермерон оиди агротехникаи кишти байни қатори дарахтони мевадор, оиди зироатҳои тавсияшаванда ва мамнӯъ, тарзи киишт ва мӯҳлати кишт.

Додани маълумот оиди хавфҳои эҳтимолии экологи ҳангоми кишти байни қатори дарахтони мевадор ва чораҳои пешгирикунии ин хавфҳо.

Додани маълумот оиди самаранокии иқтисодии кишти байни қатор ва ҳамчун омили баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ.

Сохтори омӯзиш:

Омӯзиш аз блоки ифтитоҳӣ, ду сесияи омӯзишӣ ва як танаффус иборат аст.

Блоки омӯзиши аз қадамҳои зерин иборат аст, 45 дақиқаро дар бар мегирад:

- Пазироӣ;

- Бақайдгирии иштирокчиёни омӯзиш;

- Ифтитоҳ;

- Шиносоӣ, интизориҳо, ҳадафҳо ва пешниҳодҳо.

Сесияи якум аз 120 дақиқа иборат буда, мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:

- Зарурият ва аҳамияти кишти байни қаторҳои боғҳои мевадор;

- Зироатҳое, ки барои парвариш кардан дар байни қаторҳои боғ тавсия дода мешаванд;

- Зироатҳое, ки дар байни қаторҳои боғ кишт карданашон тавсия дода намешаванд;

- Мусоидати кишти зироатҳои кишоварзӣ дар байни қаторҳои боғ ба баландшавии ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда;

- Нақши зироатҳои дар байни қаторҳо киштшуда ба таъминоти обу ғизои дарахтон.

Сесияи дуюм 150 дақиқаро дар бар гирифта аз мавзӯъҳои зерин иборат аст:

- Мӯҳлати кишти зироатҳои байни қатор ва мӯҳлати истифодаи заминҳои байни қатори дарахтони мевадор дар боғҳо;

- Нақшаи кишти зироатҳои байни қаторҳо вобаста ба синну соли дарахтони мевадиҳанда;

- Самаранокии иқтисодию экологии кишти байни қатор ва роҳҳои зиёд намудани даромаднокӣ бо назардошти муҳофизати муҳити зист;

- Зарарҳо ва хавфҳои кишти байни қаторҳо (зарари шудгори чуқур барои дарахтон, сояафкании зироатҳои қадбаланд ба ниҳолҳои ҷавони боғҳои нав, осебҳои механикии шохаҳои дарахтон ҳангоми коркарди байни қатор ва ғайра);

- Техкартаи кишти зироатҳои байни қатор.

Равиши омӯзиш:

Дар раванди тренинг усулҳои гуногуни омӯзиши калонсолон истифода бурда шуда, диққати асосӣ ба он дода мешавад, ки иштирокчиёнро ба саволу ҷавоб, муҳокимаронӣ, баёни ақидаи худ ва изҳори таҷрибаашон вобаста ба мавзӯъ ҷалб карда мешаванд.

Ғайр аз ин барои пурсамар гузаштани тренинг усулҳои дигари омӯзиши калонсолон ба монанди:

Тренер кӯшиш мекунад, то ки мавзӯъҳоро бо забони барои иштирокчиён фаҳмо гузаронад ва дар ин бобат маҳалли гузаронидани тренинг ва забони маҳаллии он ба инобат гирифта мешавад.

Ба иштирокчиён оиди зермавзӯъҳои муҳим маводҳои тақсимоти дода мешаванд. Ба нуқтаҳои муҳими мавзӯъ диққати фермеронро ҷалб карда истода ин нуқтаҳоро дикта карда ба дафтарашон менависонанд.

Зеро гуфта фаҳмонидан, нависонидан ва хонондани нуқтаҳои муҳим дараҷаи азхудкунии мавзӯро аз тарафи иштирочиён баланд мекунад.

1. МУҲИММИЯТ ВА АҲАМИЯТИ КИШТИ БАЙНИ ҚАТОРҲОИ БОҒҲОИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА

Ҳаҷми дарахтони мевадори боғҳои нав хеле кам буда дар солҳои аввали баъди бунёди боғ онҳо хурданд. Яъне боғҳои навбунёд дар солҳои аввал пурра заминҳои барои боғ ҷудошударо фаро намегиранд.

Ин ҳолат ба истифодабарандагони заминҳои кишоварзӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад ба монанди:

• Истифодабарии заминҳои байниқатори дарахтон дар боғҳои мевадор барои кишти байни қатор, ки самаранокии истифодабарии заминро меафзояд;

• Ҷорӣ намудани истеҳсоли маҳсулотҳои иловагӣ дар васати боғ бо мақсади соҳиб шудан ба даромадҳои иловагӣ;

• Имконияти самаранок истифрода бурдан аз захираҳо (замин, об, ғизо ва ғ.).

Дар зермавзӯъҳои оянда истифодабарии ин имкониятҳо барои кишоварзон чӣ гуна ба дастовардҳои хуб расиданашонро пурратар кушода медиҳем.

Барои мунтазам гирифтани ҳосили хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, меваи хушсифат аз дарахтони мевадиҳанда риояи технологияи нигоҳдории замин нақши муҳимро мебозад. Дар оғоз пеш аз истфодабарии байни қаторҳои боғ, зарур аст, ки шароити хоку иқлим, тарҳи замин, минбаъд обёрикунии он ба инобат гирифта шавад.

Баробари ин барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани майдони боғҳо иҷрои корҳои зерин ба монанди шудгори замин, истифодабарии зироатҳои сидератӣ (ғизои сабз) обёрии байни қаторҳо ва ғайра ба ҳисоб гирифта шавад.

Дигар чорабиние, ки ба рушди дарахтони мевадиҳанда муҳим аст, ин тоза нигоҳдоштани майдони боғ аз алафҳои бегона мебошад, ки яке аз сабабҳои афзоишёбию зиёдшавии ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои хатарноки дарахтони мевадиҳанда мегарданд.

Шумо дар баробари гузаронидани кишти байни қатор дар боғҳои ҷавони мевадор, мақсади асосии бунёди боғро фаромӯш накунед!

МАҚСАДИ АСОСӢ БОШАД – ИН БА ВОЯ РАСОНИДАНИ БОҒ ВА БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲОСИЛИ ФАРОВОНУ ХУШСИФАТ АСТ!

Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи чораҷӯиҳои асосӣ барои тезтар ба шаклдарории ниҳолҳои ҷавон ва ба даст овардани ҳосили боғ равона карда шуда бошанд.

Кишти байни қатории боғҳои мевадор бошад ин чораҷӯиҳои муваққатии пурсамар истифодабарии замин мебошад: ва он ҳеҷ гоҳ набояд ба рушду нумӯи ниҳолҳо монеъ гардад.

2. ЗИРОАТҲОЕ, КИ БАРОИ ПАРВАРИШ, КАРДАН ДАР БАЙНИ ҚАТОРҲОИ БОҒ ТАВСИЯ ДОДА МЕШАВАНД

Дар шароити минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ аксарияти боғҳои дарахтони мевадиҳанда аз рўи хосиятҳои биологию-хоҷагидории навъҳо бо нақшаҳои гуногун бунёд гашта истодаанд, ки қисме аз онҳо дар заминҳои обиёришванда ҷойгиранд.

Муҳиммияти истифодаи оқилонаи замин ва кишт кардани зироатҳои кишоварзӣ дар байни қаторҳои боғҳои дарахтони мевадиҳанда аз як тараф гирифтани ҳосили баланд бошад аз тарафи дигар тавасути зироатҳои киштшаванда метавонем, ки ҳосилхезии хок ва тоза нигоҳдоштани майдони боғҳоро таъмин намоем.

Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки дар байни қаторҳои боғ коштани зироатҳои сабзавотию полизӣ ба монанди пиёз, шалғам, турб, сабзӣ, лубиё, мош, инчунин зироатҳои сидератию хӯроки чорво, себаргаи сафед ва сурх, мувофиқ аст. Зироатҳои дар боло қайд гардидаро барои он кишт мекунанд, ки онҳо сояафканиашон суст аст (пастқад ва миёнақаданд) ва ба нашъу нумӯъи ниҳолҳои ҷавони боғҳои мевадор монеъ намегарданд.

Дар ин баробар бояд тазакур дод, ки зироатҳои лубиёгӣ аз худ тавассути азотобактерияҳое, ки дар системаи решаи онҳо ҷойгир аст, элементи нитрогенро ба хок ҷудо мекунанд, ки ин ба хок ва сабзиши муътадили дарахтони мевадиҳанда таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҷадвали номгӯи зироатҳои тавсияшаванда барои кишти байни қаторҳои боғҳои мевадор. Номгӯи зироатҳо Таъиноташон Аҳамияташон барои кишти байни қатор

Эзоҳ

Сабзавот ва полезиҳо:

Пиёз

Шалғам

Сабзӣ

Қулфинай

(клубника)

Истеҳсол ва фурӯш.

- Беҳдошти ҳолати хок;

- Ҳамчун чораҷӯи барои кам кардани алафҳои бегона;

- Соҳиб шудан ба даромади иловагӣ;

- Самаранок истифода барии замин. аз соли сеюм тавсия дода мешавад.

Лӯбиёгиҳо:

Лӯбиё

Мош

Соя

Истеҳсол ва фурӯш.

- Беҳдошти ҳолати хок;

- Ҳамчун чораҷӯи барои кам кардани алафҳои бегона;

- Соҳиб шудан ба даромади иловагӣ;

- Самаранок истифода барии замин. аз соли сеюм тавсия дода мешавад.

Хӯроки чорво:

Рапс

Себаргаи сурх ва сафед

Истеҳсол ва фурӯш;

Ғизои сабз.

- Ғанигардонии қабати хок бо азот;

- Ҳамчун чораҷӯи барои кам кардани алафҳои бегона;

- Соҳиб шудан ба даромади иловагӣ;

- Самаранок истифода барии замин.

Зиёда аз 7 сол кишт кардан мумкин аст.

Ғаладонагиҳо:

Авёси саҳроӣ

Истеҳсол ва фурӯш; хӯроки чорво.

- Беҳдошти ҳолати хок;

- Ҳамчун чораҷӯи барои кам кардани алафҳои бегона;

- Соҳиб шудан ба даромади иловагӣ;

- Самаранок истифода барии замин.

3-4 сол кишт мекунанд.

3. ЗИРОАТҲОЕ, КИ ДАР БАЙНИ ҚАТОРҲОИ БОҒ КИШТ КАРДАНАШОН ТАВСИЯ ДОДА НАМЕШАВАНД

Баробари зироатҳои ба кишт тавсияшаванда, зироатҳои сабзавотӣ ба монанди, картошка, қаламфури тезу ширин, помидор, ғалладонагиҳо гандум, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка, офтобпараст барои кишт кардан дар байни қаторҳои боғҳои дарахтони мевадиҳанда, тавсия дода намешаванд.

Зеро, ки қисме аз ин зироатҳо ба монанди помидор, қаламфури ширину тез, бойимҷон ва картошка барангезандагони лӯндакирмҳои беҳад хатарнок (нематодҳо) мебошанд.

Растаниҳое, ки қадкашии босуръат доранд ва дар давраи нашв ба дарахтон соягӣ мекунанд, раванди фотосинтезу нафаскаширо суст мегардонанд, ба кишт тавсия дода намешаванд.

Ҷадвали зироатҳое, ки кишташон барои кишти байни қатори боғҳои мевадор мумкин нест

Зироатҳо Сабаби манъи

Оқибати кишт Эзоҳ кишт

Офтобпараст

Ҷуворимакка

Тамоку

-Қадбаланд мебошанд;

- ба ниҳолҳои ҷавон соя меафкананд;

-нисбати ниҳолҳои ҷавони боғ ғизоталабанд.

-ниҳолҳои ҷавонро аз нашъу нумӯ боз медорад;

- ғизоҳои хокро ҷабида онро заиф мегардонанд.

Харбуз

Тарбуз

Бодиринг

-палакҳояшон дароз буда ба ниҳолҳои ҷавон мепечанд ва пура гирду атрофи онро мегиранд.

-коркарди бехи ниҳол имконнопазир мегардад ;

-ниҳолҳо аз рушд мемонанд;

-алафҳои бегона авҷ мегиранд ва зиёд мешаванд.

Картошка ва дигар зироатҳои оилаи авранҷгулон

-Касалии хоса барои намояндагони ин оила, яъне пажмурдашавӣ ба

-ниҳолҳои ҷавон ба касалии пажмурдашавӣ (увядание) гирифтор шуда ниҳолҳои ҷавон сироят мекунад. нобуд мегарданд.

Карам

Боимҷон

(баклажан)

-обёрии зиёдро талаб мекунанд.

-аз сабаби обёрии зиёд решаҳои болоии ниҳолҳои ҷавон авҷ мегиранд;

-нашъу нумӯи ниҳолҳоро суст мекунад ва ё боз медорад;

-решаҳои болои дар зимистон аз сармо осеб мебинанд.

4. МУСОИДАТИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР БАЙНИ ҚАТОРҲОИ БОҒ БА БАЛАНДШАВИИ ҲОСИЛНОКИИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА

Кишт кардани зироатҳои кишоварзӣ дар байни қаторҳои боғҳои ҷавони дарахтони мевадиҳанда, дар навбати аввал истифодаи самаранокӣ заминро таъмин менамояд.

Дар навбати дуюм бошад, пас аз кишти зироатҳо, бо меъёри муқараргардида воридоти иловагии нуриҳои органикию маъданӣ, обёрии давраӣ, риояи технологияи парвариши онҳо ба рушд ёфтани дарахтон мусоидат мекунад.

Чунончӣ он зироатҳое, ки дар боло барои кишт кардан тавсия дода шудаанд, дар давоми нашв (вегетатсия) ба онҳо ҳама чорабиниҳои зарурӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон қисме аз нуриҳои ба замин воридшуда, таносубан то 15-20% ба системаи решаи дарахтони ҷавон дохил мешаванд. Бо ин васила яквақта ҳосили зироатҳои киштгардида зиёдшуда, ҳосили дарахтон низ афзун мегардад, сифатнокиашон баланд мешавад. Бояд тазаккур дод, ки риояи ивазнамоии зироатҳои кишоварзӣ (киштгардон) дар боғҳо, ҳатмӣ мебошад.

Чи хеле, ки маълум аст барои рушди дарахтони ҷавон шароитҳои ғизоӣ ва объёрии фазои назди решагӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз кишти байни қатор, ки зарурияти гузаронидани ҳамаи агротехнологияҳоро талаб мекунад, тавасути ин ба беҳтар шудани шароитҳои ғизоӣ ва объёрии муҳити назди решагии дарахтон мусоидат мекунад. Ҳосилнокии боғҳои мевадор бошад мустақиман аз шароити ғизоӣ ва ҳолати объёрии боғҳо вобастаанд ва ҳосилнокии боғҳои мевадищандае, ки байни қаторашон кишти зироатҳо гузаронидаанд, мувофиқи хулосаи мутахассисон, то ба 15-20 % баланд мешавад.

5. НАҚШИ ЗИРОАТҲОИ ДАР БАЙНИ ҚАТОРҲО КИШТШУДА БА ТАЪМИНОТИ ОБУ ҒИЗОИ ДАРАХТОН

Нақши зироатҳои дар байни қаторҳои боғ киштшаванда барои таъминоти обу ғизои дарахтон хеле калон аст. Ҳангоми кишт кардани зироатҳо дар байни қатори боғҳо, нуриҳои органикию маъдание, ки ба зироатҳои киштшаванда дода мешавад, яквақта метавонем бадарахтон низ ғизои дастрас ва мувофиқро таъмин намоем. Асосан кишти байни қатор дар боғҳои обёришаванда гузаронида мешавад. Кишти зироатҳо дар боғҳои лалмӣ камтар ба назар мерасад, лекин дар боғҳои лалмӣ бисёртар зироатҳои лӯбиёгиро кишт менамоянд, ки он ҳам барои нигоҳ доштани намӣ ва ҳам барои таъмин намудани дарахтон бо моддаҳои ғизоии нитрогению фосфорӣ хизмат мекунад. Дар боғҳои обёришаванда бошад, ба воситаи ғизодиҳии зироатҳои байни қатор дар мўҳлатҳои гуногун ва обёрӣ кардан таъминоти обу ғизо ба дарахтон ба роҳ монда мешавад.

Нақши кишти байни қатор ба таъминоти обу ғизои дарахтон асосан аз омилҳои зерин иборат аст:

-таввасути объёрии кишти байни қатор намии оптималии фазои назди решагӣ таъмин магардад.

-таъмини оптималии намнокӣ ниҳолҳои ҷавонро аз стрессе, ки дар натиҷаи муддати аз меъёр зиёд бе объёрӣ монданашон гирифтор мешаванд, эмин медорад ва ин омил ба ҳосилнокии ояндаи боғ мусбӣ таъсир мекунад.

-кишти байни қатор ниҳолҳои ҷавонро иловатан бо ғизоҳои барои рушдашон зарурӣ таъмин мекунад.

6. МЎЛҲАТИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ БАЙНИ ҚАТОР ВА МӮҲЛАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ БАЙНИ ҚАТОРИ ДАРАХТОНИ МЕВАДОР ДАР БОҒҲО

Аслан пеш аз гузаронидани кишти зироатҳо дар байни қаторҳои боғ, тайёр кардани замин (шудгор, тахту ҳамворкунӣ) роли муҳимро мебозад.

Мӯҳлати кишти зироатҳо дар ду марҳила ба анҷом расонида мешавад.

1. Фасли баҳор, сабзӣ, турб, шалғам, шалғамча, зиротаҳои хўроки чорво ва ғайра.

2. Фасли тирамоҳ – пиёз, турб, шалғам, сирпиёз, зироатҳои хўроки чорво ва ғайра.

Дар боғҳои ҷавони мевадиҳанда вобаста аз давомнокии давраи вегитатсионии зироатҳои барои кишти байни қатор интихоб шуда мӯҳлати кишт гуногун мебошад. Кишти байни қатор метавонад баҳорӣ бошад ва ё тирамоҳӣ бошад.

Оиди мӯҳлати истифодаи заминҳои байни қатори боғҳои мевадиҳанда бошад вобаста ба навъи дарахтон аз 3-4 соли аввал то ба

10 сол давом карданаш мумкин аст. Чуноне, ки ба мо маълум аст дар соли якуми бунёди боғ ниҳолҳои нав шинондашуда, хусусан фазои назди решагии он ҳамагӣ 1 % масоҳати майдони боғро фаро мегирад.

Пеш аз кишт ва пас аз он технологияи парвариши зироатҳо, риоя карда мешавад, ки он ба беҳтаршавии ҳолати мелиоративии хоки байни қаторҳо мусоидати хуб менамояд.

7. НАҚШАИ КИШТИ ЗИРОАТҲОИ БАЙНИ ҚАТОРҲО ВОБАСТА БА СИНУ СОЛИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИҲАНДА

Вобаста ба синну соли дарахтон, нақшаи кишти зироатҳои байни қатор тағйир меёбад. Сабаби асосии тағйирёбии кишт ин шохаронӣ ва ғафсшавии тана мебошад, ки он боиси сол то сол дучанду сечанди майдони ғизогирии дарахтон мегардад. Дар чунин ҳолат майдони кишти зироатҳои байни қатори боғҳо кам мешавад. Ба ҳамин тариқ ҳар сол майдони кишти зироатҳо маҳдуд шудан мегирад. Пас аз ин тавсия дода мешавад, ки хоки байни қаторҳо тавассути техникаҳое, ки барои боғ муқараршудааст, коркард намоем.

Барои мисол боғи навбунёди себро бо нақшаи 4 ба 5 шинонда шударо , ки масофаи байни қатори дарахтон 5 м-ро ташкил мекунад аз лиҳози нақшаи кишти зироатҳо вобаста ба синну соли боғ дар ҷадвали зер дида мебароем.

Кишти пиёз дар боғи себи навбунёд

Солҳои аввал, дуюм ва сеюм

Солҳоии чорум ва панҷум

Солҳои шашум ва ҳафтум

Солҳои ҳаштум, нӯҳум ва даҳум

Фарогирии сатҳи замин барои кишти байни қатор ва нақшаи кишт

Ба ғайр аз атрофи ниҳол дигар саросарӣ кишт мекунад.

Қисман фаро гирифта мешавад

Қисман фаро гирифта мешавад

Қисман фаро гирифта мешавад

Масофа аз ниҳол то сарҳади кишти байни қатор (м)

Доираи диаметраш 0,5 м

Аз ду тарафи ниҳол

0,5м дуртар кишт мекунанд

Аз ду тарафи ниҳол 1м дуртар кишт мекунанд

Аз ду тарафи ниҳол

1,5м дуртар кишт мекунанд

Кишти зироат вобаста аз шохаронии дарахтон сол аз сол аз ниҳолҳо дуртар ҷойгир мекунанд

Масоҳати фарогирии кишти байни қатор (м²) агар 1 м 2 дар атрофи ниҳол холи монем, он гоҳ 500 м2 масоҳат зери ниҳол ва 9500 м2 зери кишти байни қатор

Зери ниҳол - 2000 м2

Зери киши байни қатор - 8000 м2,

Зери ниҳол - 4000 м2

Зери киши байни қатор - 6000 м2,

Зери ниҳол - 6000 м2

Зери киши байни қатор - 4000 м2,

Фоизи фарогирии кишти байни қатор(%)

95 % 80% 60% 40%

Ҷадвали болои бо истифода аз таҷрибаи боғдории Хоҷагии

Деҳқонии ба номи “Шарифи Нор”-и Ҷамоати “Зарҳалол”, ноҳияи

Истаравшан тартиб дода шуда барои мисол пешниҳод карда мешавад.

Истифодабарии заминҳои байни қатори боғҳои мевадор аз навъи дарахтон вобаста буда муҳлати истифодабарӣ ва нақшаи кишти зироат вобаста аз навъ метавонад дигаргун бошад.

8. САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИЮ ЭКОЛОГИИ КИШТИ БАЙНИ ҚАТОР ВА РОҲҲОИ ЗИЁД НАМУДАНИ ДАРОМАДНОКӢ

Кишт кардани зироатҳои кишоварзӣ дар байни қаторҳои боғ дар соли севум ва минбаъд, имконияти даромади иловагии хоҷагидоронро фароҳам меоварад. Дар ин асно таъминоти мардум бо зироатҳои тару тозаи сабзавотию полезӣ беҳтар гашта, самаранокии иқтисодии заминҳои истифодашаванда, боло мегардад.

Аз ҷиҳати экологӣ бошад барои пешгирӣ намудани эрозияи хок, нигоҳдории муътадили намӣ ва структураи хок, таъмин намудани ғизои иловагӣ барои дарахтон, пешгирии дарахтон аз осебёбии ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, ҷалб намудани ҳашаротҳои фоидаовар ва аз ҳама муҳим таъмин намудани ҳавои тоза дар дохили боғ ва фароҳам овардани муҳити мувофиқ ба равандҳои физиологии фотосинтез ва нафасгирӣ, самаранокии экологиро баланд мегардонад.

Таҳлили болои нишон медиҳад, ки заминҳои барои бунёди боғи мевадор истифода шавандаро то ба даст овардани маҳсулоти асосӣ, яъне меваи боғ тавасути кишти байни қатори ниҳолҳо пурсамар истифода бурда даромади иловагӣ ба даст овардан мумкин аст.

9. ЗАРАРҲО ВА ХАВФҲОИ КИШТИ БАЙНИ ҚАТОРҲО

(ЗАРАРИ ШУДГОРИ ЧУҚУР БАРОИ ДАРАХТОН, СОЯАФКАНИИ ЗИРОАТҲОИ ҚАДБАЛАНД БА НИҲОЛҲОИ ҶАВОНИ БОҒҲОИ НАВ, ОСЕБҲОИ МЕХАНИКИИ ШОХАҲОИ ДАРАХТОН ҲАНГОМИ КОРКАРДИ БАЙНИ ҚАТОР ВА ҒАЙРА)

Дар бисёр мавридҳо кишти зироатҳоро дар боғҳои сину солашон калону шоху навдаҳои зиёд дошта мегузаронанд, ки он ҳангоми гузаронидани корҳои агротехники байни қаторҳои киштшуда, ба техникаҳои кишоварзӣ халал мерасонанд, шоху навдаҳои зиёди дарахтон зарбаи механикӣ мегиранд. Шудгори байни қаторҳои боғ ба испорҳои коркарди чуқур (плантажний плуг) тавсия дода намешавад.

Зироатҳое, ки қади баланд доранд ва эҳтиёҷоташон ба обу ғизо зиёд аст, парваришашон дар байни қаторҳои боғ тавсия дода намешаванд, зеро, ки чунин зироатҳо ба нафасгир шудани дарахтон мусоидат карда ба ҳосил ва сифати меваи дарахтон таъсири манфӣ мерасонад.

Зарар ва хавфҳои кишти байни қатор асосан инҳоянд:

Ҳангоми шудгор бо испорҳо осеб расонидан ба решаи дарахтон, ки ин ба ҳосилнокии дарахт таъсири манфӣ мерасонад.

Зироатҳои қадбаланд ба ниҳолҳои ҷавон тавассути сояафканӣ таъсири манфӣ расонида ба рушду нумӯъи онҳо халал мерасонанд. Ниҳолҳо суст нашъунумӯ карда дертар ба ҳосил медарояд, ки аз лиҳози иқтисодӣ мувофиқи мақсад нест.

Осеб расонидан ба шохҳои паҳлӯии дарахтон ҳангоми коркарди байни қатори боғҳо. Ин омил боиси касалшавии дарахтон мегардад ва ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Хавфи дигари эҳтимолии ин тавассути зироатҳои дар байни дарахтон киштшуда паҳн кардани касалӣ ва касал кардани ниҳолҳои ҷавон мебошад. Ин дар ҳолате ба вуқӯъ меояд, ки агар барои зироати киштшуда чораҷӯиҳои зарурии ҳимояи растаниро нагузаронем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба