Зеҳн

СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ

ВА
Валиев Султон11 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Системаи таҳсилоти фосилавӣ дар рушд ва навгониҳои таҳсилоти инноватсионӣ роли асосиро мебозад. Мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.2015 таҳти №3/6 оиди ташкили маркази таҳсилоти фосилавӣ, истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ, тарзи назорат ҳангоми таълим бо ёрии технологияи таҳсилоти фосилавӣ метавон таҳсилотро дар шакли фосилавӣ ташкил намуд.

Системаи таҳсилоти фосилавӣ - маҷмўи технологиҳое мебошад, ки барои таъмин ва дастрасӣ намудани маводи асосии омўхташаванда дар рафти таълим ҳамкории фаъоли таълимгирандаю омўзгор ва бо мақсади азхудкунии маводи омўхташаванда ва инчунин ба таълимгиранда имкони иҷрои кори мустақилона намуданро дарбар мегирад. Истифодаи воситаҳои таҳсилоти фосилавии электронӣ имкон медиҳад, то ки ба хонандагон дар муҳити инноватсионии таълим дониши инноватсиони омӯзонида шавад. Системаи таҳсилоти фосилавӣ яке аз усулҳои беҳтарин барои баланд бардоштани сатҳи сифати дониши донишҷуён ба ҳисоб меравад. Ин система ягона системает, ки барои донишҷуёни таҳсилоти ғоибона таълими на танҳо дар муддати маҳдуд ба роҳ мондашуда, балки таҳсилоти кули солонаро таъмин менамояд.

Дар системаи мазкур имконияти бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ таълимро дар муҳити инноватсионии ташкил намудан мумкин аст то хонанлагон истифода кардани технологияи инноватсиониро дар раванди таълим омӯзанд. Таҳсилоти фосилавӣ яке аз мавзӯъҳои актуалии соҳаи методикаи таълими ба ҳисоб меравад ва инчунин методҳои нави таълими инноватсионии таҳсилоти фосилавиро барои хонандагон таъмин менамояд.

Таълими фосилавӣ ҳамчун методи навигатсионии таълим ба ҳисоб рафта, ҳарчӣ бештар дар раванди таълим тадбиқи худро ёфта истодааст ва инчунин равандест, ки тамоми муассисаҳои таълимии ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст ва ба принсипҳои зерини худ такя менамояд:

1. Интихоби озоди таълим ва мутобиқати мувофиқи вақти таълимӣ;

2. Интихоби озоди макони таълимӣ дар дилхоҳ масофа;

3. Интихоби озод ва васеъи маводи таълими курси мазкур;

4. Фазои кушодаи раванди таълимӣ дар самти пешбинишуда;

5. Дастрасӣ ба китобхонаҳои электрони ҷаҳонии маводи таълимӣ; илмӣ ва оммавӣ;

6. Сарфаи вақту маблағ барои қабули иттилооти зарурӣ;

7. Курси омӯзиширо дар дилхоҳ муддати вақти зарури хатм кардан;

8. Ташкил намудани курси омӯзиширо бо методҳои таълими ҳозиразамони технологӣ;

9. Омухтани курси омӯзиширо бо якчанд забони хориҷӣ;

10. Ташкили web–бинарии дарсҳои кушод бо иштироки омӯзгорони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар замони муосир дар ҶТ системаи таҳсилоти фосилавӣ ҳамчун яке аз методҳои таълими инноватсионии дараҷаи олӣ барои таълим гирифтани донишҷӯён қабул шудааст, бинобар ин ворид намудани чунин система дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳатми шуморида шудааст. Якчанд системаҳои махсуси барои ба тартиб даровардан ва идора намудани таҳсилоти фосилавиро номбар менамоем, ки бо номҳои зерин маъруфанд: LMS Moodle, Canvas, iSpring Market, iSpring Page, Teachbase, Atutor, Google Класс, Mirapolis LMS, MyLMS. Дар мақолаи мазкур мо бо платформаи системаи таҳсилоти фосилавии LMS Moodle шинос гардида, усули ташкили таҳсилоти фосилавиро бо истифода аз он пешниҳод менамоем.

Таълими электронӣ ҳамчун шакли муосири таълим истифодаи васеи технологияҳои таълими фосилавиро дар раванди таълим пешбинӣ мекунад. Яке аз вариантҳои татбиқи чунин технологияҳо дар донишгоҳҳо ин пакети барномавии озод ва ройгон тақсимшавандаи Moodle мебошад, ки системаи идоракунии омӯзишист, ки махсус барои ташкили курсҳои таълими фосилавӣ ва инчунин ташкили ҳамкории омӯзгорон ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Moodle (Modular Object Oriented Dynamic Learning Environment - муҳити таълимии объективӣ-нигаронидашудаи динамикӣ) ба синфи LMS (Learning Management System - системаҳои идоракунии таълим) тааллуқ дошта, барои таҳия, идоракунӣ ва паҳн кардани маводҳои таълимии онлайн бо вазифагузории омӯзиши пайдарпай, инчунин таъмин намудани дастрасӣ ба омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯро доро мебошад.

Навгониҳое, ки айни замон дар системаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шуда истодаанд, барои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот хеле зиёд кумак мерасонанд. Дар айни замон, дар системаи таълими кредитии Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои электронии таълим ва назорати раванди таълим маъмул гашта истодаанд. Moodle ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки маводи таълимиро дар форматҳои гуногун таҳия ва интишор диҳанд (аз намуди матнӣ то намуди мултимедиявӣ), инчунин баҳри ташкил намудани муоширати педагогӣ бо донишҷӯён дар муҳити виртуалӣ, мувофиқ кардани вазифаҳои ташкилӣ ва маъмурӣ, гузаронидани санҷишҳо ва ғайраҳо воситаҳоро пешниҳод менамояд.

Яке аз бартариҳои Moodle – ин фароҳам овардани имкониятҳои васеъи муошират мебошад. Системаи мазкур мубодилаи файлҳои шаклҳои гуногунро дастгирӣ мекунад ва хадамоти почта имкон медиҳад, ки фавран ҳамаи иштирокчиёни курс ё гурӯҳҳои инфиродӣ аз рӯйдодҳои ҷорӣ огоҳ сохта шаванд. Барои ташкили муошират байни истифодабарандагони курс, инчунин аз почтаи электронӣ, форум, сӯҳбат, паёмнависӣ, хидмати вебинар истифода бурдан мумкин аст.

Системаи стандартӣ форматҳои зерини курсро дар бар мегирад: элементи ягона (SCORM, тест), форум, бахшҳо аз рӯи мавзӯъҳо, бахшҳо аз рӯи ҳафта. Муҳаррири дарунсохти система HTML-ро барои қисматҳои матнӣ истифода мебарад. Маҷмӯи блокҳои калон (тақвим, ахбор охирин, чорабиниҳои дар пешистода ва ғайра) фаъолият ва қобилияти истифодабариро дар система васеъ мекунад. Дар ҳолати зарурӣ, модулҳои иловагии функсионалиро насб кардан мумкин аст.

LMS Moodle ин платформаи махсусе мебошад, ки муҳити васеъи мувофиқ барои ташкил намудани таҳсилоти фосилавӣ пешбинӣ шудааст, он инчунин платформаи ройгонро барои омӯзгорону хонандагон таъмин менамояд.

Платформаи LMS Moodle дорои структурае мебошад, ки дар он структураи махсус тартиб дода шудааст ва он раванди таълимро ташкил ва идора мекунад. Лоҳиаи структураи таълими фосилавиро дар мисоли Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешниҳод менамоем, ки дар платформаи LMS Moodle тартиб дода шудааст.

Дар структураи мазкури платформаи LMS Moodle сохтори махсус барои ташкил намудани системаи таҳсилоти фосилавӣ хеле кумак мерасонад. Ин структура дар худ раванди ташкил ёфтани система ва инчунин идора намудани системаи мазкурро доро мебошад. Дар баробари ин бошад структура истифодабарандагонро ба категорияҳои алоҳидаи махсуси “Администратор (Маъмур),Таҳиягари курсҳо, Омӯзгор, Хонанда (донишҷӯ)” ҷудо мекунад, ки ба ҳар як категория муайяншуда муҳити махсуси корӣ ва шароит барои омӯзишро доро мебошад.

Дар структураи мазкур муҳитҳои интиқоли иттилоот, шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд, ки аз ҳама паҳнгаштаи он - воситаи истифодабарандагони Интернет мебошад. Усулҳои хоси таълими аз воситаи интиқоли иттилоот вобаста, аз инҳо иборатанд:

1. Чат - дар раванди таълим - машғулиятҳои омӯзишӣ бо истифодаи чат- технологияҳо амалишаванда, яъне дар он донишҷӯён ва омӯзгорон ба захираҳои иттилоотӣ дар як вақт дастрасӣ доранд ва имконияти таълим додан инчунин таълим гирифтанро дорост.

2. Омӯзиши Web-технологӣ - омӯзиши электронӣ, телеконфронсҳо, вебинарҳо, бозиҳои иттилоотӣ-мантиқӣ ва ғайра. Ҳангоми ташкили веб-сессияҳо веб-форумҳоро истифода мебаранд - ин шакли ҳамкории истифодабарандагон дар мавзӯи муайян дар шакли иттилооти дар сомона бо барномаи мувофиқи дар он насбшуда мебошад.

3. Телеконфронс - интиқоли иттилоот дар шакли иттилооти аудио ё видеоӣ мебошад ва имконият медиҳад, ки ҳолати айёнии таълим дар системаи таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад.

Веб - конфронс ё вебинар - гузаронидани дарсҳои мавзӯии онлайн, семинарҳо тавассути Интернет. Ин технологияи прогрессивии таълим аст, ки имрӯз хеле маъмул шудааст. Ин технология имкон медиҳад:

- Пешниҳоди намоиш дар реҷаи онлайн;

- Пешниҳоди намоиш дар шакли кадрӣ (слайд-намоиш);

- Истифода бурдани “VoIP” барои муоширати аудиоӣ тавассути компютер дар реҷаи онлайн;

- Истифодаи тахтаи интерактивӣ барои тавзеҳи презентатсия;

- Истифода бурдани чати матнӣ дар реҷаи онлайн барои гузаронидани пурсишҳои иштирокчиёни вебинар;

- Гузаронидани пурсишҳои шифоҳӣ;

- Таъмин намудани иштирокдорони конфронс бо мизҳои кории фосилавии идорашаванда;

- Ташкили WEB-тур - интиқоли суроғаҳо ба дигар иштирокчиён саҳифаҳо, шаклҳои маълумот, скриптҳо ва дигар маълумоти ҷаласа барои омӯзиши визуалӣ бо элементҳои воридшавӣ, бо кликҳо, гузаришҳо байни экранҳо. Ин намуди функсия барои намоиши сайт ё барномаҳо бо иштироки мустақими истифодабаранда амалӣ мегардад;

- Сабти намудани раванди баргузории конфронс ва пешниҳоди он ба талаботчиёни минбаъда.

Аз ҳама самараноктарин, дар системаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, аз он чумла дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ин таълими фосилавӣ дар системаи LMS Moodle мебошад. Яке аз консепсияҳои муҳим дар системаи электронии таълими LMS Moodle курсест, ки дар навбати худ блокҳо ва модулҳоро дар бар мегирад.

Интерфейси LMS Moodle аз се модул иборат мебошад: воситаҳои иртиботӣ, маъмурӣ ва таълимӣ.

Воситаҳои маъмурӣ - барномаҳое мебошанд, ки барои идоракунии баҳисобгирии донишҷӯён, оғози курсҳои омӯзишӣ аз каталог, пайгирии натиҷаҳои омӯзиши донишҷӯён, гузориш додани пешрафти таълим ва дигар вазифаҳои маъмурӣ истифода мешаванд.

Ба сифати воситаҳои истифодаи маъмурии LMS Moodle чунин блокҳо дохил мешаванд:

- “Омӯзгорон” - ба шумо имкон медиҳад, ки дар бораи ҳайати омӯзгорон маълумот гиред ё ин ки омӯзгори мувофиқи худро барои курси таҳсилоти фосилавӣ интихоб кунед;

-“Одамон” - дорои маълумот дар бораи ҳамаи иштирокчиёни системаи курс, суроғаҳои почтаи электронӣ мебошад, инчунин ин модул ба шумо имконият медиҳад, ки паёми шахсӣ равон кунед, аз сабти номи донишҷӯ (профиль) дидан намуда, санаи охирини ташрифи дилхоҳ иштирокчии курсро бинед ва ғайра;

-“Курсҳои ман” - рӯйхати пурраи курсҳои омӯзиширо дар бар мегирад, ки иштирокчӣ ба он дастрасӣ дорад ва хонандагон имконияти интихоб кардани курси таҳсилоти фосилавии худро доранд;

-“Менеҷмент/Идоракунӣ”

- дорои пайвандҳоест/истинодҳоест, ки ба саҳифа бо баҳои курс, ба сафҳаи профили худ бо имкониятҳои таҳрир, ба саҳифа барои тағйир додани пароли (рамзи) худ ва дорои истиноди хориҷ кардани худ аз иштирокчиёни курс мебошад;

-“Тақвим” - рӯйхати рӯзҳои моҳи ҷориро бо рӯйдодҳои дар он нишондодашуда намоиш медиҳад, ки ба он диққати ҷиддӣ додан лозим аст;

-“Фаъолияти охирин” – навсозиҳои (навгониҳои) охирини паёмро барои истифодабаранда аз форумҳо, рӯйхати сӯҳбатҳое, ки ҳоло кор мекунанд ва аъзои онҳо, тағйироти охирини элементҳои курсро намоиш медиҳад;

-“Истифодабарандагон дар сайт” рӯйхати истифодабарандагонеро намоиш медиҳад, ки дар вақтҳои охирин ба курси таҳсилоти фосилавии худ ташриф овардаанд;

-“Воқеаҳои (рӯйдодҳои) оянда” рӯйхати рӯйдодҳои ҷориро дар муддати муайян

(одатан 21 рӯз) дар бар мегиранд.

“Маҷалла” - натиҷаҳои омӯзиши мундариҷаи курсҳои таълимиро нишон медиҳад (фоизҳо, холҳо, холҳои умумӣ). Ҳамзамон, ҳар як донишҷӯ ба натиҷаҳои мустақили омӯзиши курсҳои омӯзишӣ дастрасӣ дошта метавонад. Ин восита, инчунин имкон медиҳад, ки барои натиҷаи ниҳоӣ вазни иттилооти ҳар як баҳо муайян карда шуда, балҳои мукофотӣ ба инобат гирифта ё нагирифта шуда, балҳои паст хориҷ карда шавад ва ғайраҳо.

Воситаҳои муоширати (коммуникатсионии) Moodle воситаҳое мебошанд, ки қобилияти гузаронидани муоширати яквақта ва ғайрияквақтаро байни истифодабарандагони курси таълими электронӣ таъмин мекунанд. Инчунин, воситаҳои коммуникатсионӣ метавонанд ҳам дар курси пурра ва ҳам модули алоҳида ё блок истифода шаванд. Баъзе аз онҳоро дида мебароем:

-“Форум”-элементи курси омӯзишӣ мебошад, ки имконияти саволу ҷавоб намудан, дар раванди омӯзиш мубоҳисаҳо гузаронидан, инчунин василаи афзалтарини муоширати байни донишҷӯён ва омӯзгор мебошад. Огоҳинома оиди паёми нав дар форум ба таври худкор ба иштирокчиёни курс тавассути почтаи электронӣ фиристода мешавад.

Инчунин, як форуми хабарӣ мавҷуд аст, ки паёмҳои онро танҳо омӯзгор эҷод карда метавонад, хизматрасонии мазкур имконият медиҳад, ки паёмҳое фиристанд, ки ба диққати ҳамаи донишҷӯён расонида мешавад.

Якчанд сенарияҳо барои истифодаи ин элемент мавҷуд аст, мисол: форуми умумӣ, форум барои омӯзгорон, форуми ахборӣ, ҳуҷуми зеҳнӣ, ва ғайра.

-“Паёмнависӣ”

- элементи курси омӯзишӣ мебошад, ки қобилияти мубодилаи паёмҳои шахсиро бо иштирокчиёни курси электронӣ фароҳам меорад. Дар ин блок ба донишҷӯ имконият дода мешавад, ки рӯйхати алоқаҳо, иштирокчиёни курси омӯзиширо, ки дар сайт ҳастанд назар намоянд. Ғайр аз он, паёмҳои нав метавонанд ба таври худкор ба почтаи электронии корбар фиристода шаванд.

-“Чат” – ин модул имконият медиҳад, ки мубоҳисаҳои муштарак дар вақти воқеӣ, барои иштирокчиёни курс тавассути Интернет гузаронда шавад.

Чат шакли озоди иртибот ба ҳисоб меравад ва инчунин бо мавзӯи мушаххасе маҳдуд намешавад, чуноне ки чат одатан дар форум муқаррар карда мешавад. Чатро ҳамчун воситаи коммуникативӣ истифода бурдан мумкин аст, инчунин онро ҳамчун элементи таълимӣ барои муҳокимаи супоришҳои таълимӣ, ҳамчун як қисми кори мустақилонаи донишҷӯён истифода бурдан мумкин аст. Сипас, мо элементҳои фаъолиятии системаи автоматикунонидашудаи LMS Moodle-ро, ки ҳамчун воситаи таълимӣ тавсиф мешаванд ва вазифаи тарбиявӣ доранд дар чат баррасӣ хоҳем кард.

-“Супориш” - ин восита барои таҳияи вазифае истифода мешавад, ки талабагон бояд дар шакли электронӣ ҷавоб омода карда, ба Moodle бор кунанд, бо қобилияти интихоби якчанд файл ё супоридани супориш бе ёрии система, ҳангоми вохӯрӣ бо омӯзгор.

-“Лексия” – ин модул аз саҳифаҳо иборат буда, қисмҳои мантиқии пурраи маъноиро дар бар мегирад ва онҳоро шартан ба сафҳаҳое тақсим кардан мумкин аст, ки маводи назариявӣ доранд.

Дар марҳилаи омода кардани маводҳои таълимӣ дар курси таҳсилоти фосилавӣ дар ҶТ маводи пешбинишударо ба талаботҳои платформаи LMS Moodle мутобиқ намоем хеле хуб мебошад.

Марҳилаи зарурӣ дар тарҳрезии курси фосилавӣ ин омода намудани маводи таълимӣ барои ҷойгиркунии минбаъда дар Moodle мебошад. Маводи таълимие, ки барои таҳияи курси фосилавӣ пешбинӣ шудааст, бояд ба модулҳо тақсим карда шавад. Шакли пешниҳоди маводи таълимии интихобшуда дар ҳар як модул бояд имкониятҳои дидактикӣ ва коммуникатсионии системаи Moodle-ро ба назар гирад.

Файлҳо (матн, графикӣ, мултимедия ва ғ.) бояд мувофиқи нақша (сенария)-и курси таълими фосилавӣ омода карда шаванд. Системаи Moodle имкони эҷод, ҷойгиркунии захираҳои гуногунро пешбинӣ менамояд, ки барои раванди таълим дастгирии иттилоотӣ мерасонанд ва дар шакли файлҳои шакл (формат)-ҳои гуногун, ки дар системаи файлии курс нигаҳдорӣ мешаванд ва ё пайвандҳо ба веб-саҳифаҳои берунии дар Интернет ҷойгирбуда мебошанд.

Дар ҷараёни омода кардани маводҳои таълимӣ рӯйхати маълумотномаҳо, маҷмӯаҳои истинодҳо ба захираҳои интернетиро тартиб додан лозим аст. Ҷалби захираҳои беруна имкон медиҳад, ки таҷрибаи беҳтарини назариявӣ ва амалӣ дар таълими фан, ки яке аз принсипҳои таълими фосилавӣ мебошад, ҷамъгирӣ карда шавад.

Ҳангоми табдил додани файлҳои омодашуда ба форматҳое, ки системаи Moodle дастгирӣ мекунад, тавсия дода мешавад, ки аз маводҳои дар муҳити-«Хусусиятҳои мултимедиявии

Moodle» оварда шуда истифода карда шавад.

Дар баробари ин марҳилаи ҷойгиркунии маводҳои таълимӣ дар Moodle ҳамчун марҳилаи ҷойгиршавӣ формат ва параметрҳои асосии курси таълими фосилавиро интихоб ва ба танзим дароварда, блокҳои функсионалӣ ва иттилоотиро илова намудан лозим аст. Тибқи нақшаи курси таҳсилоти фосилавӣ, маводи таълимию методӣ ҳамчун захираҳо ва элементҳои интерактивӣ ба модулҳои дахлдори курси фосилавӣ илова карда мешаванд. Элементҳои зарурӣ барои муошират бо иштирокчиёни курс, инчунин системаи назорат ва баҳодиҳии курси таълими фосилавӣ бояд ҷойгир карда шаванд.

“Санҷиш/Тест” - модулест, ки ба таҳиягари система имкон медиҳад, ки барои санҷиши худомӯзии донишҷӯён ё ташкили ташхиси фосилавӣ, назорати ниҳоӣ - супоришҳо эҷод кунад.

“Китоби корӣ”

–ин модул ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки сабтҳои таълимиро пеш барад. Ба мундариҷаи китоби корӣ танҳо омӯзгор дастрасӣ дошта метавонад.

“Луғатнома”–ин модул дорои рӯйхати истилоҳот ва мафҳумҳое мебошад, ки дар давраи омӯзишӣ истифода мешаванд.

“Пойгоҳи додаҳо”- ин модулест, ки ба омӯзгорон ва донишҷӯён имкони воридоти иттилооти таълимиро дар мавзӯи муайян фароҳам меорад.

“Вики” - маҷмӯи сафҳаҳоест, ки донишҷӯён якҷоя эҷод мекунанд. Ин манбаъ ба истифодабаранда имкон медиҳад, ки шарҳи коллективӣ ва пешниҳоди намуди интихобкардаи фаъолияти таълимӣ-супоришро нависед.

“Китоб” - маводи таълимӣ дар намоиши бисёрсатрае мебошад, ки як қисми таълимро дар бар мегирад.

“Вебинар” - воситаи таълимии системаи LMS Moodle мебошад, ки имкон медиҳад тавассути муоширати видеоӣ бо донишҷӯён муошират карда шавад

(Гузаронидани дарсхои назаряви электронӣ).

“Саволнома/Анкета” - манбаи иттилоотӣ зарурӣ барои гузаронидани пурсишҳо дар шакли саволнома.

Ҳамин тавр, аз маълумоти дар боло овардашуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки платформаи таълимии электронии LMS Moodle дорои имкониятҳои васеъ барои эҷоди мундариҷаи таълимӣ, муаррифӣ ва идоракунии он мебошад, ки дар навбати худ имконияти ин муҳити электрониро барои оптимизатсия, баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва мутобиқшавии онро тасдиқ мекунад.

Курси таълими фосилавӣ, ки бо истифода аз воситаҳои Moodle таҳия шудааст, метавонад маҷмӯи зиёди захираҳо ва элементҳои гуногунро дар бар гирад: файлҳо, саҳифаҳои интернетӣ, форумҳо, тестҳо, супоришҳо, луғатҳо, назарсанҷӣ, сӯҳбатҳо, маърӯзаҳо, китобҳо, семинарҳо, вики, SCORM-объектҳо.

Афзалияти муҳими система - ин қобилияти кор дар дастгоҳҳои мобилӣ, истифодаи интерфейси қулай барои истифодабарандагон дар равзанаи браузер мебошад. Moodle имкон медиҳад, ки рӯйхати бақайдгирии истифодабарандаи ягона сохта шуда, нақшҳои гуногун ва имкониятҳои дастрасӣ ба курсҳои фосилавӣ таъин карда шавад.

Омӯзгор дар система ҳам барои маъмурият ва ҳам барои эҷоди элементҳои инфиродии таълим эътибори калон дорад. Танзимоти система имкон медиҳад, ки дар баробари навнамоии мундариҷаи фанҳо, сохтори курси таълими фосилавӣ дар вақти дилхоҳ тағйир дода шуда, ба осонӣ нав карда шавад. Омӯзгор метавонад дар дохили курс системаҳои гуногуни баҳогузорӣ созад ва аз он чун аз дафтари баҳогузорӣ истифода намояд.

Moodle имкон медиҳад, ки давомот, фаъолияти донишҷӯён ва вақти кори таълимии онҳо дар шабака назорат карда шуда, самаранокӣ ва қулай будани раванди кори мустақилонаи онҳо таъмин гардад.

Принсипи асосии таҳияи курсҳои фосилавӣ-тасаввуроти мукаммалтарин ва айёни маводи таълимӣ, ки таҳсили мустақили онҳоро бо суръати инфиродӣ таъмин менамояд, инчунин фароҳам овардани миқдори кофии робитаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад, ки ба донишҷӯён имкон фароҳам меорад, то ки дастрасии самарабахш ва бо суръати баланд ба маълумоти заруриро дошта бошанд. Ҳангоми таҳияи курсҳои таҳсилоти фосилавӣ аз васоити таълимӣ ва технологияҳо васеъ истифода бурдан мумкин аст.

Дар асоси равишҳои умумии психологӣ ва педагогӣ, омӯзгорон метавонанд дар асоси таҷрибаи кории худ усулҳои мақсадноки таълимро бо роҳҳои гуногун созанд. Бо назардошти шароити мушаххас, ҳар як омӯзгор метавонад мустақилона ҳаҷми маводи омодашуда, навъи супоришҳо, роҳҳои фаъол кардани раванди таълим ва назорат аз болои натиҷаҳои онро муайян кунад.

Дар баробари ин, на танҳо интихоби воситаҳо ва технологияҳои дуруст, балки муайян кардани сохтори ҷудонашавандаи курс низ муҳим аст, ки ба шарофати он ҳадафи ниҳоии омӯзиши курси таълими фосилавӣ ба даст оварда мешавад. Мазмуни курси фосилавӣ бо имкониятҳои захиранок ва фаъоли Moodle пур карда мешавад, ки гуногунрангии фаъолияти таълимӣ ва маърифатии донишҷӯёнро муайян мекунад.

Курси таълими фосилавӣ системаи дидактикии кушод мебошад, ки фаъолияти он ба консепсияи муаллиф оид ба омӯзиши фанни мушаххас асос ёфтааст. Ҷузъи педагогии курси таълими фосилавӣ ҳамеша афзалиятнок аст. Дар марҳилаи тарҳрезии курси фосилавӣ таҳиягар бояд аз муқаррароти асосии ғояҳои педагогии дар таълими электронӣ амалкунанда истифода барад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба