Бемориҳои чашм
Муолиҷаи катаракта.
-Як қошуқ асал ва як қошуқ оби муқаттарро (дистиллат) омехта карда, рўзе як маротиба ду қатрагӣ ба чашм чаконанд. Агар хориши чашм заҳмат диҳад, хавотир нашавед. Ин аз он сабаб аст, ки чашмон ба ин даво одат накардааст. Баъди як -ду рўзи танаффус муолиҷаро боз давом диҳед.
-Барои шамол хўрдани чашмон бобуна давои хуб аст. Бо ин мақсад се дона гули бобунаро дар зарфи маҳкаме андохта, ба болояш як истакон оби ҷўш андозед. Ним соат дам дода, аз дока гузаронида, сипас чашмонатонро ба он бишўед.
-Як каф баргҳои гули садбаргро гирифта, болояш 1,5 истакон оби ҷўш рехта, 1 соат дам диҳед. Сипас аз дока гузаронида, бо он чашмонатонро бишўед.
-Барои муолиҷаи обравии чашмҳо чашмро 2-3 бо ҷўшобаи арзан шустан фоида дорад.
-Бо чойи ширгарм рўзе 3-4 маротиба чашмро шустан барои обравии чашмон муфид аст.
Пешгирӣ ва муолиҷои глаукома
-Як қошуқи занҷабил (имбирь), решаи ширинбия, дорчинӣ (корица), гули марҷумак (гречка), газнаи сагак (пустырник), нозбў (мелисса)-ро гирифта, ҳамаашро омехта кунед, аз ин давои омехташуда ду қошуқ гирифта, дар зарфи ба болояш ду истакон оби ҷўш андозед. Як соат дам дода, аз дока гузаронед. Ним истакон рўзе 3 бор аз ин даво истеъмол кунед.
-Барои беҳтар кардани қувваи биноӣ аз чилмангўштак (семизут, портулан) хўриш тайёр кардан ё ҷўшобаашро истеъмол кардан давост.
-Як қатрагӣ ба чашм чаконидани равғани зайтун сустшавии нури чашмро пешгирӣ мекунад.
-Як қошуқ оби пудинаи боғӣ ва як қошуқ асалро омехта кунед. Саҳару бегоҳ аз ин даво 2-3 қатрагӣ ба чашм чаконед.
-Истеъмоли ҷўшобаи себаргаи сурх барои пешгирии сустшавии нури чашм муфид аст.
-Ҳар саҳар як қошуқ истеъмол намудани қиёми занҷабил (имбирь) нури чашмро зиёд мекунад.
-Ҳар саҳар дили бенаҳор хўрдани 100-150 грамм лаблабу ба афзоиши нури чашм мусоидат менамояд.
-10 грамм баргҳои хушки пудинаро дар зарфи сирдор андохта, аз болояш 2 истакон оби ҷўшро резед. Рўи зарфро гарм печонда, ним соат дам диҳед. Аз дока гузаронида чашмонро шўед. Баъди муолиҷаи дуҳафтаина нури чашм беҳтар мегардад.
-20 грамм барги зулфи хушкро дар зарфи сирдор андохта, аз болояш 2 истакон оби ҷўшро резед, болои зарфро маҳкам намуда, дар ҳарорати 30 дақиқа ҷўшонед. Сипас аз дока гузаронида, даворо дар зарфи шишагӣ гирифта, сарпўшашро маҳкам кунед. Баъди ду рўз нигоҳ доштан ним истаконӣ рўзе себорӣ 10-15 дақиқа пеш аз хўрок истеъмол намоед. Ғайр аз ин пахтаро дар давои мазкур тар карда,чашмонро шўед.
-Тўли 20 рўз ҳар рўз дуборӣ истеъмол кардани 1 қошуқча шарбати сабр (алоэ) барои муолиҷаи гулииҷҷа давост.
— 4-5 дона барги ғор (лавровий лист)-ро гирифта, ба болояш чоряк истакон оби ҷўш рехта, 20 дақиқа дам диҳед. Ҳар рўз то сиҳат ёфтани гуллиҷҷа аз ин ҷўшоба кам-кам бинўшед.
-5 қошуқ шабитон (шибити дантӣ)-и хушкро гирифта майда реза карда, ба болояш 1 литр оби ҷўшомада рехта, 8 соат дар ҷои салқин нигоҳ доред. Каме шакар (мувофиқи табъ) илова намудан мумкин аст. Рўзе се бор баъди хўрок истеъмол намоед. Барои рафъи хирагии чашм муфид аст.
-Шарбати се дона сабзии миёнаро гиред. Сипас 100 грамм карафс (сельдерей)-ро майда реза намуда, ба болояш ним литр оби ҷўшро резед. Баъди 10 дақиқа аз дока гузаронда, бо шарбати сабзӣ аралаш кунед ва дар зарф маҳкам андозед. Ҳар рўз як қошуқӣ 3 бор пеш аз хўрок истеъмол кунед, нури чашмонатон меафзояд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё