Зеҳн

Витаминҳо зидди шамолхўрӣ!

ЗЕ
Зеҳн11 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Дар фасли тирамоҳ бо сабаби зуд-зуд тағйирёбии обу ҳаво ҳодисаҳои шамолхўрӣ зиёд рўй медиҳад. Барои тақвияти ҷисм бар зидди шамолхўрӣ аз ин давои сервитамин истифода бурдан муфид аст:

2-3 донагӣ сабзию себро аз турбтарошак гузаронида, каме ғўлинги резакардашуда, чанд дона мавиз, як қошуқ асал, шарбати 1 дона лимўро бо ҳам омехта намоед. Давои мазкурро рўзе чанд маротиба 1-2 қошуқӣ истеъмол бояд кард. Ин даво махсусан барои кўдакон муфид буда, онҳо хеле кам бемор мешаванд.

Витамини С-и таркиби давои мазкур масуниятро тақвият дода, барои мубориза бурдан бо сироят кўмак мерасонад. Калийи таркиби ғўлинг барои қувват додани дил муфид аст. Мавиз бошад, манбаи фаровони глюкоза мебошад. Мувофиқи табъ ба ин даво чормағз ва олуи хушкро низ ҳамроҳ карда метавонед.

ЗИЁНИ ЧАНГИ ПРИНТЕР БА РОҲИ НАФАС

Олимони Австралия муайян карданд, ки ҳангоми кор бо принтер аз зери он гарду чанге пайдо мегардад, ки ба узвҳои роҳи нафас ва силсилаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин чангро зимни санҷиши системаи ҳавотозакунии яке аз корхонаҳои давлатӣ ошкор намуданд. Зимни назорат муайян гардид, ки агар ба принтер картриҷи нав гузошта шавад, ё ранг зиёд истифода шавад, чанг зиёдтар мегардад.

ДАНДОНШЎӢ БЕМОРИҲОИ МАҒЗИ САРРО ҲАМ ПЕШГИРӢ МЕКУНАД

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси мубораки худ таъкид намудаанд, ки агар ба умматонам машаққат намешуд, дар ҳар таҳорат мисвок карданро таъкид менамудам.

Ҳанўз аз давраи боғчаравӣ бисёриҳо медонанд, ки дандонро бояд тоза кард. Дар натиҷаи таҳқиқоти бисёрсола маълум шуд, ки пайваста тоза кардани дандонҳо на фақат барои солим нигоҳ доштани дандон, балки барои солимии мағзи сар низ муҳим будааст.

Муҳаққиқони Донишгоҳи Калифорнияи ИМА тасдиқ мекунанд, ки ҳар қадар одам дандонашро кам тоза кунад, ҳамон қадар хатари дар пирӣ дучори бемории Алтсгеймер (камақлӣ, гум кардани хотира) бештар мешавад. Олимон бо 5500 нафар афроди аз 52 то 105-сола 18 сол таҷриба гузарониданд. Дар оғози таҷриба ҳар кас дар бораи реҷаи рўз, ҳолати дандонҳо ва протезҳо маълумот дод. Он вақт дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории Алтсгеймер зоҳир нашуда буд. Баъди 18 сол пурсиш дар бораи вазъи саломатии афроди мавриди таҳқиқ такрор шуд. Дар бораи фавтидагон бошад, аз бойгонӣ маълумот гирифтанд. Маълум шуд, ки ашхоси дандонҳояшонро дер (кам) мешустагӣ бештар гирифтори камақлӣ гаштаанд. Хатари гирифторӣ ба ин беморӣ дар чунин афрод 65% бештар гаштааст.

Ин ҳолатро олимон чунин шарҳ доданд, ки ҳангоми мисвок (тоза) кардани дандонҳо як қатор бактерияҳои зарарноки дар атрофи вораҳо мавҷудбуда нобуд мешудаанд. Агар ин бактерияҳоро ба ҳоли худ гузоред (дандонро нашўед), бактерияҳо сабаби авҷгирии як қатор бемориҳо, аз қабили дилу рагҳо, инсулт ва диабети қанд мешудаанд. Ҳамин тавр, шахсе, ки дандонҳоро мисвок мекунад, на танҳо дандонҳоро солим нигоҳ медорад, балки тамоми вуҷудаш, аз ҷумла мағзи сарро аз бемориҳо эмин месозад.

Фароҳамсоз: С. САЙФИДДИН.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба