Зеҳн

Таҳсилоти фосилавӣ

АИ
Аиъша11 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) азхуд мешавад.

Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд. Системаи таҳсилоти фосилавӣ дар шабакаи глобалии Интернет фаъолият бурда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад.

Устодони донишгоҳ имкон доранд бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ муошират намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маълумотҳо марказонида шудаанд, ки ин ҷиҳат тоза ва пурра будани маълумоти мавриди истифодаро кафолат медиҳад.

Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зеро бо истифодабарӣ аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.

Web-сайти зерин бо корбаст аз дастовардҳои технологияи муосир сохта шуда, таъминоти бехатарӣ ва шахсӣ будани маълумот кафолат дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки Web-сайт дар ҳолати бетта-тестӣ кор карда истодааст ва ҳангоми бархурд ба муаммо лутфан хоҳиш менамоем ба гурӯҳи махсуси барноманависони ин система муроҷиат намоед.

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад, мебошад.

Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди шакли таҳсили ғоибона мебошад, ки фаъолияти он бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми зиёди маводҳои таълимӣ, дар пайвастагӣ ва муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад.

Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавонад аз имконоти мавҷуда истифода намояд.

Омӯзгорони Донишгоҳ имкон доранд, бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ дарсҳои назариявию амалӣ ташкил намоянд ва дар ҳолатҳои лозимӣ мубоҳиса гузаронанд.

Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш (кабинети инфиродӣ) дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

Низоми барномавии мазкур ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

1. Алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)

2. Дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (презентатсияҳои намоишӣ ва овознок, видеофрагментҳои дарс)

3. Имконияти ташкили мубоҳиса, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вақти омӯзиши курс ҳар лаҳза

4. Шиносоӣ бо нақша, силлабусу барномаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои гузаронидани навъҳои гуногуни дарсҳо

5. Огоҳӣ пайдо намудан аз натиҷаи раванди азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва санҷишу имтиҳонот (баҳо)

6. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ ва адабиёти лозимӣ

7. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта

8. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзе маълумотҳои иловагӣ)

Омӯзгор ҳангоми воридшавӣ ба саҳифаи худ (кабинети инфиродӣ), дар системаи барномаи мазкур, бо доштани логин ва пароли хос кор бурда метавонад.

Дар саҳифаи омӯзгор мувофиқи сарбории таълимии ӯ рӯйхати фанҳое, ки дар даврҳои академии муайян ҷудо шудаанд, мавҷуд ҳастанд. Омӯзгор бояд, дар вақтҳои муайян тибқи талаботи барномаи таълимӣ ва барномаи таҳсилоти фосилавӣ (MOODLE) барои гурӯҳи интихобшуда маводҳои худро дохил намояд.

Барномаи мазкур барои омӯзгорон чунин имкониятҳоро фароҳам сохтааст:

1. Иваз намудани профили худ (ба монанди, парол, расм ва баъзе маълумотҳои иловагӣ)

2. Гузоштани ахбор ё эълони нав дар гурӯҳи худ

3. Тартиб додан ва сабти маводҳои тестӣ барои имтиҳони ниҳоӣ

4. Тартиб додан ва сабти маводҳои тестӣ барои санҷишҳои ҷорӣ

5. Ташкил ва гузаронидани форумҳо дар гурӯҳи худ

6. Гузаронидани лексияҳо ҳам дар шакли on-line ва ё off-line

7. Шиносоӣ бо реҷаи дарсҳо дар барнома

8. Таҳияи феҳристи адабиёти тавсияшаванда

9. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ

10. Огоҳӣ пайдо намудан аз хабрҳои тоза дар барнома

11. Тартиб додан ва ворид намудани мисолу масъалаҳо дар барнома

Системаи таҳсилоти фосилавӣ ин шакли васеъ ва озмудашудаи самаровар нисбати таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла, барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти таҳсил дар шакли таҳсили рӯзонаро надоранд, пешбинӣ гардидааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2