Форуми байналмилалии тиҷорати электронӣ ва чакана
Санаи 8-9 октябри соли 2024 дар Маркази савдои байналмилалии шаҳри Москваи Федератсияи Русия форуми Байналмилалии тиҷорати электронӣ ва чаканаи Ecom&Retail Week – Ҳафтаи тиҷорати электронӣ ва чакана 2024 баргузор шуд. Чорабинӣ ҳамасола баргузор мешавад ва яке аз бузургтарин мундариҷаи пурмазмуни рӯйдодҳои тиҷорати электронӣ мебошад. Ташкилкунандагони Форум Вазорати саноат ва савдои Федератсия Русия ва Ассотсиатсияи коршиносони бозори чаканаи Русия буданд.
Дар ин Форум беш аз 200 сухангӯ ва беш аз 5000 коршиносон ва таҷрибаомӯз, намояндагони чаканаи федералӣ ва минтақавӣ, бозорҳо, ассотсиатсияҳои пешрафтаи тиҷоратии соҳавӣ, таъминкунандагони маҳсулоти истеъмолӣ ва ҳалли тиҷорат, ширкатҳои машваратӣ, танзимгарони бозори истеъмолӣ ва ҷомеаи стартапҳо ҷамъ омада, самтҳои муҳимтарини рушди чаканаи муосирро муҳокима карданд.
Инчунин дар майдонҳои Форум ҷоизасупории анъанавии ғолибони ҷоизаи байналмилалии соҳавии «Ecom Awards 2024» баргузор гардид, ки вазифаи он интихоби намояндагони арзандаи бозори тиҷорати электронӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи касбӣ ба дастовардҳои муҳимтарин дар соҳаи рушди чакана мебошад.
Аҳли кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дар соҳаи нанотехнология саҳм доранд ба Рӯзи ҷаҳонии нанотехнологияро муборакбод намуда, дар омӯзиши илму технология, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир мебошанд комёбиҳо орзу менамояд.
Рӯзи нанотехнология барои баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи нанотехнология, истифодаи онҳо барои эҷоди маҳсулоти инноватсионӣ, ки метавонад ҳаёти ҳаррӯзаи моро осон кунанд, таъсис дода шудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё