Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд
Ҳар гоҳе дар бораи қаҳрамониву диловарии тоҷикистониён дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маълумоте ба даст меорем, офарин мегӯем. Ҷавонписарони тоҷик диловарии бемислу монанд нишон дода, беш аз 100 ҳазор нафарашон қаҳрамонона ҳалок гардидаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои шадид баҳри озоднамоии Қалъаи Брест, ҳимояи шаҳри Москва, муҳорибаҳои Сталинград, Курск ва Орёл, ки калонтарин муҳорибаҳо ва тақдирсоз ба ҳисоб мерафтанд, қаҳрамонӣ нишон дода, 64 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шуравиро соҳиб гардидаанд. Дар набардҳо барои гузаштан аз дарёи Днепр низ саҳми фиристодагони Тоҷикистон назаррас буд.
Фарзандони Тоҷикистон, ҳамчунин, дар муҳорибаҳои назди Балтика, шаҳри Ленинград ва Волохов шуҷоат нишон дода, дар муборизаҳо барои озод намудани Латвия, Полша, Чехословакия, Украина ва Берлин ҷоннисорӣ кардаанд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фиристодагони Тоҷикистон дар ҳамаи фронтҳо мардонагӣ нишон дода, дар ғалаба бар фашизм ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, амалиёти ҳарбӣ зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро фаро гирифта буд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар он садҳо миллион нафар ба азобу машаққат гирифтор шуданд.
Башарият дар тӯли таърих чунин ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ба қавли шоир, «Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд…».
Гарчанде Тоҷикистон аз хати ҷабҳа дур буд, дар он солҳо вобаста ба эҳтиёҷоти ҷанг вазифаҳои худро дошт. Махсусан, ҷойгиршавии муҳоҷирон, муолиҷаи сарбозони маҷруҳу маъюб дар ҷои аввал меистод.
Дар он солҳо зиёда аз 102 ҳазор коргар, колхозчӣ ва зиёиёни ҷумҳурӣ барои корнамоиҳояшон дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки корнамоии мардум дар ақибгоҳ аз қаҳрамонии аскарону афсарон дар фронт тафовути кам доштааст.
Дар он замон кишоварзони ҷумҳурӣ дар таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулоти стратегӣ-пахтаву пилла ва афзун гардонидани истеҳсоли ғаллаю маҳсулоти чорво саҳми бориз гузоштанд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ, чун соҳаи саноат, қувваи асосии кориро занҳо, мӯйсафедон ва ҷавонон ташкил дода, кор соати муайян надошт.
Дар он солҳо мардуми ҷумҳурӣ аз ҳисоби худ ба фронт либоси гарм, меваҳои хушк, ғалла ва ғайраро фиристоданд. Сокинон ҳатто пасандоз, ҷавоҳирот ва дигар ашёи қиматбаҳои хешро барои фронт бо нияти ғалаба бахшиданд.
Бо назардошти қаҳрамониҳои бемисли иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, некӣ бар бадӣ ва яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи башарият таҷлил мегардад. Мардуми шарифи кишвари мо, ки дар баробари дигар миллатҳо имтиҳони сангин ва фоҷиабори солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронд. Рӯзи Ғалабаро ҳамчун як пораи сарнавишт ва намунаи барҷастаи корнамоиҳои падарону бобоёни худ гиромӣ медорад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё