Зеҳн

ҲАМГИРОИИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ТАҶДИДИНАЗАР МЕХОҲАД

АХ
Ахбор9 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат кишварро ҳарчи зудтар ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил диҳад. Вобаста ба ин масъала агар ба далелҳо руҷӯъ намоем, маълум мегардад, ки зиёда аз сӣ сол аст дар кишвар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҷараён дорад.Баҳри беҳбуд бахшидан ба ин раванд давоми ин солҳо беш 30 барномаи давлатӣ қабул гардида, ҳамзамон дар ин ҷода, ба туфайли дастгирии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои мухталиф амалӣ шудаанд.Новобаста аз ин, то ҳол рушди ин соҳа ба талаботи рўзафзуни ҷомеа ҷавобгў нест. Пурпечутобии ин мушкилот аз ҳамин нуқтаи назар маншаъ мегирад.

Алҳол аз дастовардҳои илмӣ маълум мегардад, ки ба таври инноватсионӣ рушд додани соҳаи кишоварзӣ пеш аз ҳама, ба раванди механикунонии он вобастагӣ дорад. Боиси таассуф аст, ки то ба имрўз дар кишвар барномаи рушди механикунонии соҳаи кишоварзӣ қабул нагардидааст. Ҳол он ки қабули ин барнома барои саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам меорад.Шояд таъсири ҳамин омил бошад, ки давоми ин солҳо кишоварзон натавонистанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Бояд ин паҳлӯи масъала мавриди таваҷҷуҳи мутасаддиёни соҳа қарор гирад.

Мо тасмим гирифтем, ки дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи “Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механикунонии кишоварзӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нақши соҳаи механикунониро дар рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба дастовардҳои номзади илмҳои техникӣ, дотсенти ихтисоси “Технология ва воситаҳои механикунонии кишоварзӣ”, барандаи медали тиллоии ба номи В.И. Блинников Мамадҷон Сафаров мавриди назарсанҷӣ ва арзёбӣ қарор диҳем. Агар ба фаъолияти илмию эҷодии ин олими тоҷик назар намоем, маълум мегардад, ки ў дар фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ ва конструктории худ 34 намуди технология ва мошинолотҳои кишоварзии гуногунро навоварӣ намуда, соҳиби патенту нахустпатентҳо гаштааст.Маъмултарини онҳо сипори чизелӣ, ки тавассути тракторҳои класси 4 дастгоҳ шуда, барои беҳтар намудани ҳолати мелеоративии замин, ЧКУ-2 чизел- култиватор барои ба кишт тайёр намудани замин ва бо ворид намудани нуриҳои минералӣ, мошинолоти муштараки КМ -2,4 “Зироаткор” барои ворид намудани нуриҳои минералӣ ба замини кишт, тартиб додани пуштаҳо ва дар болои онҳо кишт кардани зироатҳои майдадона аз қабили пиёз, юнуҷка, турб шалғам ва ғайра, ки тавассути трактори класси 1,4 дастгоҳ шуда, истифода бурда мешаванд.

Дар баробари ин, аз тарафи ин навовар мошинолотҳои хурдҳаҷм барои иҷрои амалиётҳои технологӣ дар қитъаҳои хурдандозаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва наздиидоравӣ, аз ҷумла чизел-култиватор барои коркарди яклухти хок, минигрейдер, картошкашинонак, култиватор барои коркарди хоки байни қаторҳо бо нест кардани алафҳои бегона, култиватор барои мулоим кардани қабати хок ва ғизодиҳии зироатҳои каландшаванда, картошкаканак, тухмипошаки хурдҳаҷми КМ-0,6-0,3 барои кишти зироатҳои майдадона ва тухмипошаки хурдҳаҷми ТЗК-2 барои кишти зироатҳои каландшаванда ихтироъ гардида, намунаи таҷрибавии онҳо мавриди истифода қарор доранд. Инчунин, аз тарафи ин олими тоҷик асбобу таҳҷизотҳое ихтироъ гардидаанд, ки бо қувваи барқ кор мекунанд, аз ҷумла мошинолоти КМ-4 барои кӯфтану тоза кардани дони ҷуворимакка, мошинолоти ПСШ- 0,8 барои пеш аз кишт дору кардани тухмии зироатҳои ғалладонагӣ ва ғайра.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисони “Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механикунонии кишоварзӣ” аввалан ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии ихтироотро тарҳрезӣ намуда, баъдан намунаи таҷрибавии онро сохта, дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи таҷрибаҳои саҳроӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникии мошинолотро ба шӯрои техникии Вазорати кишоварзӣ пешниҳод мекунанд. Дар ин замина, аз тарафи марказ дар асоси ҳуҷҷатҳои баррасишуда намунаи таҷрибавии мошинолоти ихтироъшуда ба “Озмоишгоҳи мошинҳои кишоварзӣ” равона гардида, дар асоси натиҷаҳои ба дастовардаи ин муассиса онҳо ба истеҳсолот тавсия карда мешаванд.Яъне, ихтироъкор дар баробари гирифтани шаҳодатномаи муаллифӣ, инчунин барои дар амал ҷорӣ намудани ихтирооти худ саъю талош менамояд.

Зимни арзёбии ин мавзуъ аз ихтироъкор Мамадҷон Сафаров пурсон шудем, ки оё ихтирооти ӯ дар пажӯҳишгоҳҳои кишварҳои дуру наздик мавриди истифода қарор гирифтааст ё не? Мавсуф бо таассуф иброз намуд, ки хориҷиён дар намоишгоҳ тухмипошаки муштараки КМ-2,4 “Зироаткор”-ро барои кишти зироатҳои майдадона акс гирифта, баъд аз як сол намунаи онро ба Тоҷикистон ворид намуданд. То чӣ андоза воқеият доштани ин андеша барои мо маълум нест, аммо муҳтавои он аксар муаммою мушкилотҳои ихтироъкорони кишварро дар худ таҷассум менамояд .

Ҳамзамон, ӯ зикр намуд, ки собиқ роҳбарияти академия оид ба роҳ мондани занҷираи истеҳсолии мошинолотҳои хурд ва калонҳаҷми навоваринамудаи марказ ба сохторҳои гуногун муроҷиат намуд, аммо он дастгирӣ наёфт. Сабаби онро ба мушкилоти молиявӣ рабт доданд. Ин андеша то андозае воқеият дорад ва он баҳси дигар аст, аммо агар хоҳони пеш бурдани рушди ин соҳа дар кишвар бошем, лозим меояд, ки ба таври намунавӣ истеҳсоли мошинолотҳои сохташудаи олимони ватаниро ба роҳ монем.То ин, ки онҳо тавонанд дастовардҳои худро дар қиёс бо дастовардҳои олимони дигар мавриди назарсанҷӣ қарор диҳанд. Агар дар раванди муаррифии онҳо ниёз пайдо шавад, он гоҳ занҷираи истеҳсолии силсилавии онро ба роҳ монанд.

Бархе бар он назаранд, ки на ҳама мошинолотҳои кишоварзии аз хориҷ воридшуда ба талаботи агроиқлимӣ ва хокию технологии кишвари мо мутобиқ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, онҳо тез-тез аз кор мебароянд ва корношоям мешаванд. Зимни баёни ин андеша, аз бархе муҳаққиқон ва ихтироъкорон пурсон шудем, ки нисбати навовариҳои Мамадҷон Сафаров дар соҳаи кишоварзӣ фикру андешаҳояшонро баён намоянд, аммо онҳо аз тавзеҳу ташреҳи ин масъала худдорӣ намуданд…

Бояд гуфт, ки иқтидори илм дар раванди ихтирокорию навоварӣ зоҳир мегардад. Агар чунин раванд аз як тараф эҷоди дастовардҳои илмӣ, кашфиёт, ихтироотро нишон диҳад, аз дигар тараф нақши истифодабарии онҳоро дар соҳаи кишоварзӣ таҷассум менамояд.Умуман, арзишҳои илмӣ бозгўйи онанд, ки рушди ихтироъкорию инноватсионӣ дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти муосир нақши асосиро мебозад. Моҳияти рушди инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар ташкили заминаи комилан нави моддию техникӣ зоҳир мегардад. Дар марҳилаи ҳозира рушди кишоварзӣ гузариш аз мошинҳои алоҳида ва системаи онҳо ба системаи сифатан нави техникӣ, аз механизатсияи ҷузъии равандҳои истеҳсолӣ ба механизатсияи комплексии тамоми соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси истифодаи васеи нерўи барқ, интиқоли истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар заминаи саноатикунонӣ ва ба кишоварзон расонидани техникаву таҳҷизоти баландсифат зоҳир мегардад.

Дар марҳилаи ҳозира, мафҳуми агроинноватсия ба иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ — идоракунӣ, техникӣ-технологӣ ва селексионӣ-генетикӣ тасниф дода мешавад. Самти дигари баланд бардоштани таҷҳизоти техникии соҳа, дастгирии илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот мебошад. Афсӯс, ки чунин раванди коргузорӣ ҳатто дар байни навоварону муҳаққиқон ба чашм намерасад. Баръакс, баъзе мақомотҳои ваколатдор ин ӯҳдадориро аз худ дур намудаанд.Айни замон илм бо роҳи худ меравад ва истеҳсолкунандагон бо роҳи худ…

Хулоса, омили асосии рушди устувори комплекси агросаноатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, бахусус кишоварзӣ ба ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот вобастагӣ дорад. Барои комёб шудани равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ моро лозим меояд, ки ташаккули низоми инноватсиониро дар асоси барномаҳо ва консепсияҳои соҳавии қабулшуда роҳандозӣ намуда, ба ин восита фаъолияти муассисаҳои илмиро ба равандҳои ихтироъкорӣ — инноватсионӣ беҳтар намоем. Вақти он аст, ки ба туфайли дастрасӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав мушкилоти марди деҳконро осон намуда, самаранокии истифодабарии заминҳои корамро баланд бардорем.

Ҳасан АСОЕВ,

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба