РУШДИ ФАРҲАНГ–ШАҲОДАТИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР
27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллииМаҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷиҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи АҳмадБобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи иншооти ёрирасони Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо усули баланди меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз синфхонаҳои кушоду барҳавои дарсӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, тамрингоҳҳо, маҷлисгоҳ, ошхона бо 56 ҷойи нишаст ва дигар иншооти муосири ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳи бино дорои 126 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии муассисавӣ ва консертҳои хурди санҷишӣ мувофиқ аст.
Зимни боздид ва муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз теъдоди умумии утоқҳои корию синфхонаҳои дарсӣ, ки шумораашон ба 90 адад мерасад, 42 синфхона бо 140 ҷойи нишаст ба Коллеҷи ҷумҳриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва 48 синфхона бо 320 ҷойи нишаст ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов рост меояд, ки ҳамагӣ мутобиқ ба стандартҳои замони муосир сохта шудаанд. Дар баробари утоқҳои корию синфхонаҳои муосир, ҳамчунин Коллеҷ дорои 8 толори барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун пешбинӣ гардида, шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандорию ифтихор аз он ва омода сохтани кадрҳои болаёқат дар самти фарҳангу санъат ҳидоят намуданд. Сарвари давлат нақши Малика Собирова ва Аҳмад Бобоқуловро дар рушд ва пешрафти фарҳанги миллати тоҷик бузург хонда, ҳаёт ва фаъолияти ин ду шахсияти барҷастаро барои насли имрӯз намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Коллеҷи санъат дорои хобгоҳи хуби замонавӣ буда, барои истиқомати 80 нафар донишҷӯ ҳама шароити зарурӣ муҳайё гардонида шудааст.
Коллективи бисёрнафараи коллеҷи хореографӣ ва коллеҷи санъат аз ин туҳфаи Роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт беҳтару хубтар мекунанд ва дар рушди фарҳанг ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати кишвар нақши арзандаи худро хоҳанд гузошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд низ фаъолиятро дар низоми мазкур хуб ба роҳ монда, дар омодасозии наврасону ҷавонони ояндадор барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохтани фарҳанги миллӣ нақши назаррас гузоранд. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, рушди он аз устувории давлати соҳибихтиёр шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.
Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.
Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё