Бузи содда ва Рӯбоҳи фиребгар
Рӯбоҳе бисёр ташна монд. Назди чоҳе рафт ва ба даруни чоҳ ҷахид. Вай аз чоҳ сери об нушид ва баъд баромадан хост. Ҳарчанд кушиш кард, лекин баромада натавонист. Ҳамин вақт бузаке барои об нӯшидан омад. Вай рӯбоҳро дар даруни чоҳ дид.
Буз аз рӯбоҳ пурсид: -Хамсояҷон, оби чоҳ ширин аст?
Рӯбоҳи маккор гуфт: -Ман дар умрам чунин оби ширин нахӯрда будам. Барои хамин ҳам аз ин чоҳ баромадан намехоҳам.
Бузи ҷингилапо ба сухани дурӯғи рӯбоҳи фиребгар бовар кард. Вай низ ба чоҳ ҷаҳид ва аз об сери нӯшид. Баъд хост, ки барояд, натавонист.
Рӯбоҳ ба буз гуфт: -Аз об хуб сери нӯшиди? Биё, акнун сари дупо исто, ман боло бароям. Баъд туро ҳам боло мекашам.
Бузи содда рози шуд. Сари ду по ба девори чоҳ рост истод. Рўбоҳи маккор ба гардани буз баромад. Баъд берун ҷаст ва ба роҳи худ рафтан гирифт.
Бузи бечора аз қафои ӯ зориву тавалло кард: -Ба ман ёри деҳ! Маслиҳати мо чи буд?
Рӯбоҳ ба ақиб нигаристу гуфт: -Эй бузи беақл! Пеш аз даромадан ба чоҳ илоҷи баромаданро бояд фикр мекарди. Акнун чи хел, ки мехоҳи, ҳамон хел баро!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё