Ҳақки ҳамсоя
Молики Динор раҳматуллоҳу алайҳи шахси бузург буд ва ҳамсояи ҷухуд дошт. Молик ибодатхонае дошт ва дар он ибодатхона даричае ба сӯи хонаи он ҷуҳуд буд. Ҷуҳуд донист, ки Молик дар ҳамин ҷо ибодат мекунад, қасдан ба сабаби кинае, ки ҷуҳудонро бо мусулмонон аст, дар хонаи худ баробари даричаи ибодатхонаи ӯ барои худ ҳоҷатхонае сохт, ки аз он бӯи бад ба сӯи ибодатхонаи Молик меомад. Молик чизе ба он ҷо мениҳод, то ҳар чӣ афтад дар ҳамон чиз афтад ва онро гирифта дур меандохту бӯи хуш мезад, то дар он ҷо намоз хонда тавонад, аммо чизе намегуфт.
Ҷуҳуд дид, ки Молик дар ранҷ аст, вале чизе намегӯяду сабр мекунад.
Чанд вақт гузашт, чуҳудро аз сабр кардани вай тааҷҷуб омад. Рӯзе чуҳуд гуфт: - эй Молик, туро чӣ водор ба ин менамояд, ки ин қадар машаққат мекашиву сабр мекунӣ?
Гуфт: Дар дини мо он аст, ки ранҷи ҳамсоя бибояд кашид ва бо ӯ хусумат набояд кард. Расули мо алайҳи-с-салом чунин фармудааст.
Ҷуҳуд ба худ фикр кард ва гуфт: то ин вақт ҳеҷ дине бар ман аз дини ислом душмантар набуд, акнун ҳеҷ дине бар ман аз дини ислом дӯсттар нест. Дине, ки дар вай сухан бо ин хубӣ ва ширинӣ бошад, ин дин, албатта Ҳақ аст.
Пас гуфт: Эй Молик, калима арза кун, то мусулмон шавам.
Молик калима бар вай арза кард, чуҳуд мусулмон шуд. Чун ҳаққи ҳамсоя нигоҳ дошт, ба баракати он бегона ошно шуд, яъне кофир мусулмон шуд. Азизи ман, зиндагонӣ чунон кун, ки ҳамсоягон аз ту хушнуд ва розӣ бошанд. То ин маънӣ сабаби омурзиши гуноҳони ту гардад.
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ҳар касе аз дунё гузарад ва ӯро се ҳамсоя бошад, ки аз ӯ розӣ бошанд, Худованд гуноҳони ӯро омурзад.
Нақл аст, ки марде назди Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам ) омад ва аз ҳамсояи худ шикоят кард Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ранҷи худ аз вай бардор ва ба ранҷи ӯ сабр кун, марг басанда аст миёни шумо. Пас чун марг дар пеш аст, ки аз ҳайбати дилҳо маҷрӯҳ ва ҷигарҳо реш аст, кирои он накунад, ки ба ғарази дунё бо ҳамсоягон ва мусулмонон хусуммат намоӣ. Илоҳӣ, моро тавфиқи нигоҳ доштани ҳақки ҳамсоя ва ҳаққи мусулмонон каромат фармоӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё