Зеҳн

Баъди 5 сол. Пас аз садамаи мошин дар кӯҳҳои Помир як лоиҳаи маъруфи телевизионӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид

ЗЕ
зеҳни сунъӣ16 сентябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Мошини лоиҳаи «Татра дар атрофи ҷаҳон 2» баъди як моҳ аз ҷои садама берун кашида шуд

Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон як мошини барномаи маъруфи чехии «Татра дар атрофи ҷаҳон 2»-ро, ки зиёда аз як моҳ пеш дар кӯҳҳои Помир ба садама дучор шуда буд, берун оварданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Ҳодиса рӯзи 5 август дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр рух дод ва мошини тамғаи VEN дар наздикии деҳаи Тухғоз, ноҳияи Ишкошим ВМКБ ба нишебӣ афтод.

Пас аз садама, мошин зиёда аз як моҳ дар ҷои ҳодиса ва дар байни дарахтон дармонда буд.

“Рӯзи 12 сентябр соати 16:11 дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғо Хон бо истифода аз техникаи муҳандисии ширкати Хитой автомашинаи тамғаи ВЕН, ки санаи 5 августи соли 2024 дар деҳаи Туғгози ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим ба садама дучор гардида буданд, аз ҷои ҳодиса бароварда ба ҷои бехавф бароварданд”, - гуфт Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари садама нӯҳ нафар узви гурӯҳ, ки дар мошин буданд, ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.

Радиои Озодӣ, бо такя ба Марек Ҳавличек, муассиси тарҳи мазкур навиштааст, ки баъди садама лоиҳаи панҷсолаи  телевизионӣ пеш аз вақт ба анҷом расид ва ин мошин то замони садама 175 ҳазор километр роҳ - аз Чехия то Африқо, аз Амрико то Узбакистонро тай кардааст.

Марек Ҳавличек гуфтааст, ки 8 узви ин гурӯҳ ба Прага баргаштанд ва худи ӯ то ҳол дар маҳалли ҳодиса буда, кӯшиш дорад мошинро то ба Душанбе ва аз онҷо ба Ҷумҳурии Чех барад.

Вай аз кӯмак ва меҳрубонии сокинони маҳаллӣ дар замони ҳодиса тавсиф карда, аз ҷумла гуфтааст, ки “мардуми тоҷик бениҳоят меҳрубонанд. Масалан, вақте ки мо бо истифода аз таҷҳизоти вазнин мошинро аз ҷойи садама берун мекардем, як хонуми солхӯрдаи маҳаллӣ ба мо тухму гречка, нону чойи гарм овард. Хамаи мо, ки гоҳо то 30 нафар мерасидем, аз ин хӯрок мехӯрдем. Аз ин рӯ, тоҷикони маҳаллӣ ба мо хеле меҳрубон буданд ва ҳоло ҳам ба мо кумак мекунанд”.

Лоиҳаи «Татра дар атрофи ҷаҳон» ибтидо дар солҳои 1987-90 оғоз шуда буд. Лоиҳа панҷ сол боз идома дорад ва он аз Чехия оғоз шуда, сипас аз он ҷо ба Эрон, сипас ба Африқои Шимолӣ, Амрикои Чанубй ва Шимолӣ идома ёфт. Баъдан дубора ба Аврупо рафта, сафарро ба Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон, Русия, Қазоқистон ва ҳоло Тоҷикистон идома дод. Мошине, ки ҳоло ба садама дучор шуда, корношоям шудааст, дар 5 сол 175 ҳазор км тай кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2