Оё медонед?
Пулҳои аввалин кай ба вуҷуд омаданд?
Инсоният муддатҳои тӯлоние бе пул ҳам зиндагии худро пеш мебурд. ӯ аз системае, ки мо имрӯз онро бартерӣ меномем, истифода менамуд.
Аввалин намудҳои «пул»-ро ки аз кадимулайём инсоният истифода менамуд, дар шакли ин ё он ашё, ки онро пӯшидан ва ё хӯрдан иборат буд, истифода менамуданд. Ҳиндуҳои амрикоӣ бо мақсади пул гушмоҳӣ ва ё садафро истифода менамуданд. Инчунин, мардуми дигар кишварҳо аз тамоку, гандум, пӯсти ҳайвонот, намак ва лӯбиёгиҳо ҳамчун пул истифода мекарданд. Аввалин мардуме, ки ба сифати пул аз аз тангаҳои фуллузӣ истифода намуданд, лидиҳо мебошанд, ки дар асри 7-и пеш аз милод дар Осиёи хурд зиндагӣ мекарданд. Тилло ва нуқраро ба сифати пул аз ин ҳам пештар истифода менамуданд, аммо на ба шакли танга. Дигар халқу қавҳо низ аз онҳо сикка задании тангаро мӯхта, минбаъд истифода менамуданд. Баъдтар кадоме фикр карда баромад, ки ваъдаи пардохт намуданро дар қоғаз расмӣ намудан мумкин аст, ки он ҳам ҳамон нақши пулро иҷро карда метавонад. Аз ин сабаб заргарон, савдогарон ва судхурон ба тайёр намудани ӯҳдадориҳои хаттӣ пардохтанд, ки бо талаби якум ваъдаи пардохткуниро медоданд. Аз сабаби он ки ин «пули коғазӣ» аз қоғазе беш набуд, бо он гаштан аз нуктаи назари бехатарӣ нисбат ба тилло бехавтар мебошад. Оҳиста-оҳиста бонкҳо ва ҳукуматҳо ба баровардани чунин ваъдаҳои қоғазӣ сар намуданд. Ҳамин тавр пул ба вуҷуд омад.
Оё медонед ки пиёз қариб 500 намуд дорад
Ба ин оила авлоди васеъпаҳншудаи пиёз дохил мешавад,ки қариб 500 намудро дарбар мегирад. Пиёз дар даштунимбиёбонҳо, доманакӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо паҳн шудааст.Намудҳои гуногуни пиёз дар нишебиҳои серсангу регӣ, дартеппаҳо, дашту марғзорҳо, зери дарахту буттаҳо аз баландии450 м то баландии 4500 м аз сатҳи баҳр вомехӯранд.Аломати хоси пиёз доштани бӯи тези махсус аст, ки онба мавҷудияти равғани эфир вобаста аст.Пиёз дороӣ пояи кӯтоҳ буда, решаҳояш дар кабати на он кадар чуқури хок воқеъ аст.
Пиёзаки пиёз паҳн, гирдаи дарозрӯя,гирд буда, рангаш сафед, зард, бунафш мешавад 64 , 65.Барги пиёз борики найчамонанд ё паҳни тасмашаклирангаш сабз ё сабзӣ хираранг буда, бо мумпарда пушидашудааст. Дарозии барги он аз 20 то 50 (60) см мерасад. Гулпоядар соли дуюми парвариш ба вуҷуд омада, шаклаш дукмонанд мебошад ва то 1,5 м кад мекашад. Сохти гули пиёз ба гулидигар намояндагони оилаи занбақиҳомонанд аст. Гулҳоихурди (майдаи) пиёз дар хушагуличатршакли оддӣ ҷойгиршудаанд.
Хушагул то давраигулшукуфташ бо ғилофи аз 1 ё 2барги пӯшиш таркибёфта иҳоташудааст. Гулпуши гули пиёз аз 6гулбарги рангаш сафед, сабзтоб, бунафш ё гулобӣ иборатаст. Гардбаргҳо низ 6-то буда,асоси поячаи онҳо васеъ гардида, қисман бо ҳам пайвастанд. Гардолудшавии гули пиёзба туфайли хашарот амалӣмегардад. Меваи он гузаи секирраё сепалла аст, ки аз 4 то 6 тухм дорад. Тухмҳо секирраи сиёҳ мебошанд.Пиёз растании ба сармо тобовар буда, тухмаш дар ҳарорати 3-5°С неш мезанад ва дар ҳарорати 19-25°С нагзсабзида, пиёзакаш ба воя мерасад.
Гӯшти мурғ
Дар замони Шӯравӣ дар рафҳои мағозаҳо гуштҳои мурғи ба назар лоғар дар фурӯш буданд, аммо тамъи хубе доштанд. Аммо мурғҳои ҳозира ба назар фарбеҳменамоянду, лекин тамъи хуб надоранд. Аз рӯи гуфти мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ дар замони гузашта мурғҳои зоти бройлерро парвариш наменамуданд.Бройлер аз калимаи англисии «бройл» гирифта шада маънояш «дар оташ доғ кардан аст» ва зоти мурғҳои гуштӣ буда, тухм намегузоранду пас аз 6-8 моҳи умри худ ҳамчун гӯшт ба рафҳои мағозаҳо ба савдо мебароянд. Албатта дар таркиби гӯшти онҳоҳормонҳо ва антибиотикҳо мавҷуд аст, зеро аз сабаби он, ки ин мурғҳо ба касалиҳо гирифтормешаванд, ба таркиби хӯроки онҳо антибиотикҳо ҳамроҳ карда шуда, онҳоро прививка мекунанд. Ғайр аз ин, ба хӯроки онҳо барои тез инкишоф ёфтанашон ҳормонҳои зудинкишофдиҳанда ҳамроҳ карда мешавад.
Албатта дар тиҷорати гӯшти мурғ истеҳсолкунандагон даромади хуб ба даст меоранд.
Гушти мурғи хонагӣ барои тайёр намудани мурғшурбо ба мақсад мувофиқ аст ва гӯшти мурғи зоти бройлер барои мурғшурбо ин лазатро надорад. Аммо барои мурғбирён албатта гӯшти мурғи зоти бройлер хуб аст, зеро агар аз гӯшти мурғи хонагӣ истифода намоем,ҳангоми доғ додан гӯшти он нисбатан сахт ва хушк мешавад, ки дар байни дандонҳо руст мемонад.
Гӯшти мурғи яхкунонидашуда нисбати гӯшти мурғи хунуккардашуда арзонтар аст. Бисёрии харидорон гӯшти яхкардашударо харидорӣ менамоянд, зеро бар ҳар ҳол ба яхдон гузоштан лозим меояд. Аммо ба тамғақоғази гшти мурғи яхкунонидашуда назар афканед: ҷӯҷаи бройлери яхкунонидашуда, намакоб дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока, намаки ошӣ , стабилизатори Е451, Е452, эмулгатори Е415
Бояд дар хотир дошт, ки стабилизатори Е451, Е452 кислотаи намаки ортофосворӣ мебошад ва дар миқдори зиёд метавонад миқдорихолестеринро зиёд намуда, сабабгори ба вуҷуд омадани касалиҳои саратон гардад.
Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки пас ин иловагиҳо барои чӣ лозим аст? Эмулгаторҳо ва стабилизаторҳо намиро хуб нигоҳ медоранд ва ҳангоми яхобкунонии гӯшт об аз таркиби гӯшти мурғ ҷуда нагардида, дар дохили он мемонад.
Аз рӯи меъёрҳои ГОСТ ҳангоми яхобкунии гушти мурғвазни он набояд аз 4% кам шавад. Аммо ҳангоми доғ додан то чанд андоза гушти мурғ бояд вазни худро гум намояд, дар ҳеҷ куҷо ба меъёр гирифта нашудааст. Ҳамин нуқтаи назарро ба ҳисоб гирифта истеҳсолкунандагон бо ҳамроҳии гӯшти мурғ фурӯши обро ба роҳмондаанд. Пеш аз яхкунонӣ ба дохили пусти гӯшти мурғ бо воситаи сузан намакоб мегазаронанд, ки миқдори он аз виҷдони истеҳсолкунандагон вобаста дорад. Пас аз доғкунӣ маълум мегардад, ки мурғи харидаи мо қариб нисфи вазни худро гум намудааст.
Аз рӯи қонун ҳангоми яхобкунонӣ мурғ набояд аз 4%-и вазни худро гум кунад. Аммо истеҳсолкунандагон ин қонунро вайрон намекунанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо «мурғ» ном нагирифта, «масолеҳи нимтайёр» (полуфабрикат) ном мегирад. Барои ҳамин ҳам ин маҳсулот ҳуқуқ дорад, ки на 4%-у 10%, балки то 60% вазни худро гум намояд ва инро ҳеҷ кас маҳдуд карда наметавонад. Намакобро чанд қадаре метавонӣ ба дохили мурғҳамроҳ намоӣ ва мурғи яккилограммиро та ба якуним килограмм расонӣ . Ба гуфти истеҳсолкунандагон ҳамаи ин ба манфиати истеъмолкунандагон хоҳад буд, зеро имкони мурғиқимматро бо нархи арзон дастрас намудан фароҳам оварда шудааст. Барои ҳамин ҳам тамғакоғази онро бодиққат хонед. Агар дар таркиби он «намакоб (рассол) дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока» навишта шуда бошад, маълум мегардад, ки ин мурғ набуда маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) мебошад ва ҳангоми доғ доданқариб нисфи вазни худро аз даст медиҳад.
Мурғи яхкунонидашуда бояд то ним сол нигоҳ дошта шавад, барои ҳамин ҳамин хел шуданаш ҳам мумкин аст, ки мурғи мӯҳлати истифодааш гузаштаро низ ба фурӯш гузошта бошанд. Барои ҳамин ҳамҳангоми харидори намудан аз фурӯшанда талаб намудани чекро аз хотир набароред, зеро агар ба шумо маълум гардад, ки ин мурғи харидорӣ намудаи шумо мӯҳлати истифодааш гузаштааст, метавонед онро пас гардонед.
Ҳангоми харид гушти мурғи дуюмбора яхкунонидашударо ошкор намудан мумкин аст. Аз гӯшти мурғ ях ҷудо мегардад; дар зери борбасти он хуни яхкарда намудор аст; пусти он доғҳо дорад ё сохти берунии он шакли худро гум кардааст. Ҳамаи ин аз он шаҳадат медиҳад, ки ин гӯшт бори дуюм ях кунонида шудааст.
Қисми зиёди гӯшти мурғҳое, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд, гирифтори касалии салмонелез мебошанд. Инро донишкадаи умумируссиягии озмоишҳои истеъмолӣ муайян намудааст. Салмонелезм касалии инфексионии меъда мебошад, ки нишонаҳои он партофтан, понос, судорог буда оқибатҳои вазнин доштанаш ҳам мумкин аст ва дар баъзе ҳолатҳо ба марг оварда мерасонад.
Мумкин аст, ки ҳар яки мо аз чунин гӯшти гирифтори чунин беморӣ истифода намуда бошем. Аммо на ҳама ба ин касалӣгирифтор мешаванд. Иммунитети одами калонсол ба ин беморӣтобовар аст. Аммо организми кӯдаки хурдсол ба ин тобовар нест ва баъди истеъмоли ин намуд гӯшт метавонад ба заҳролудшавӣгирифтор шавад. Дар ҳолатҳои вазнинӣ ин касалӣ ба муолиҷа дода намешавад.
Барои ҳамин ҳам мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки барои истеъмол намудан, гӯшти мурғро ҳатман бо равған дар дараҷаи 200 градус доғ диҳед ва 30 дақиқа бо оташи паст гузоред. Ин касалӣ баҳарорати баланд тобоавр нест.
Ҳамаи он асбобҳое, ки ҳангоми реза кардани гӯшти мурғистифода намудед, бо оби ҷӯш шӯед, зеро ин касалӣ паҳншаванда аст.
Инчунин гӯшти мурғи мӯҳлаташ гузашта ва ё вайроншуда бо маргансов ва ё белизна тоза намуда, бу фурӯш мегузоранд, ё ин ки аз он дигар маҳсулотҳо тайёр менамоянд. Барои ҳамин ҳам пеш аз харидорӣ метавонед онро бӯй кашед, агар бӯи хлор намояд, дар ин ҳолат онро бо белизна шӯстаанд…
Колибри яке аз паррандаҳои хурдтарини дунё мебошад. Дарозиаш то 5,7 см ва вазнаш 1,6г-ро ташкил мекунад.
Олимони дунё то 500 000 ҷазираро ҳисоб кардаанд.
115 умин элементи химиявӣ маълум шуд, ки он Fm мебошад.
Давлатҳои хурдтарини дунё инҳояд:
а) Ватикан – масоҳаташ 0,44 км2
б) Монако – масоҳаташ 1,9 км2
в) Лихтенштейн – масоҳаташ 160 км2
Мошинаи хурдтарини ҷаҳон PEEL мебошад, ки дарозиаш 134 см ва бараш 99 см-ро ташкил мекунад.
Мори калонтарини дунё аз 10м то 12 м ро ташкил мекунад ва он 600 млн сол пеш аз мелод, зиндагӣ мекард.
Галактикаи мо хонаи ситораҳо аст ва дар он зиёда аз 100 000 миллион ситораҳо мавҷуданд.
Шаршараи дарозтарини дунё Анхел буда, дарозиаш 1054 метрро ташкил медиҳад. Ин шаршара соли 1935 аз тарафи Д. Анхел кашф шудааст ва дар дарёи Ориноко ҷойгир аст.
Дар Филиппин ду ғук (қурбоқа)-и нав ёфт шуд, ки ҳаҷми яке 25-30 см ва дигаре 38-40 см мебошад.
Дар Мексика акулаи якчашма мавҷуд аст.
Дар таркиби оби борон кислотаи нитрат (NHO3) мавҷуд аст.
Оё медонед, ки Муштарӣ дар системаи офтобӣ сайёраи калонтарин ба шумор меравад? Ҳаҷми он 2,5 баробар зиёд аз ҳаҷми ҷамъи сайёраҳои системаи офтобӣ аст.
Оё медонед, ки оби газнок зиёда аз 200 сол пеш ихтироъ шудааст? Ихтироъкори он олими бузурги бритониё Ҷозеф Пристли мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё