Зеҳн

КОСТАШАВИИ АХЛОҚ ДАР ҶОМЕА ТАВВАҶҶУҲИ АМИҚРО МЕХОҲАД!

ЗЕ
Зеҳн16 сентябри 2024 · 2 дақиқа хондан

АНДЕША.

Ахлоқ ибораест, ки маҷмӯи рафтору кирдор, гуфтор, хулқ ва сиратро дар як шахс инъикос менамояд. Ҳамзамон, мафҳумест, ки мо бо он сари ҳар қадам вомехӯрем ва онро дар ҳар ҷои ҷамъиятӣ зиёд мешунавем. Аммо кам нафароне пайдо мешаванд, ки дар кадом сатҳ қарор доштани ахлоқро дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор диҳанду нисбати косташавии он дар ҷомеа чораандешӣ намоянд. Зеро пешрафту рушди ҷомеа маҳз ба густариши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ рабт дорад.

Мутаассифона, косташавии ахлоқ дар ҷомеа миёни насли наврас, ҷавонон ва ҳатто миёнасолон ба назар расида, оқибатҳои мудҳишу нохуши онро мо дар ҳама самт мушоҳида менамоем. Аксари нафарон чунин гумон доранд, ки ахлоқ танҳо ба калонсолон салом додану дар нақлиётҳои мусофиркаш ба онҳо ҷой додан асту халос. Аммо ин иштибоҳи калон аст, зеро ахлоқ тамоми қоидаҳои асосии муносибати байниҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамонро ба танзим медарорад. Асосан мазмун ва моҳияти ахлоқро муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданию фарҳангӣ муайян мекунад. Бешубҳа, косташавии ахлоқ ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таъсир расонида, тараққиёти онро метавонад тезонад, ё худ рушду инкишофи онро суст ва заиф гардонад. Мо имрӯзҳо косташавии ахлоқро дар ҷомеа зиёд мушоҳида менамоему худро бетараф ҳисобида, масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳем.

Омилҳои косташавии ахлоқ зиёданд, аммо аксаран интернет, оила, ва мактабро муҳимтарин мешуморанд. Вале сабабгори асосӣ ҷомеа маҳсуб меёбад, зеро инсон дар оила ва ё муассисаҳои таълимӣ ҳеҷ гоҳ ба омилҳое, ки носозгоранд, ҷалб намешавад. Яке аз ахлоқи ҳамидаи халқи тоҷик ин доштани шарму ҳаё барои мард ва зан мебошад. Мутаассифона, косташавии ин хислати аҷдодии халқи тоҷик имрӯзҳо ҳам дар байни насли ҷавон ва калонсолон зиёд ба назар мерасад, ки аксар интернетро сабабгори асосӣ медонанд. Бе муҳобот, шумораи истифодабарандагони ин шабакаи глобалӣ байни сокинони кишвар хело зиёд аст, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо бешарму ҳаё ҳастанд. Аммо таъсиррасонии интернет дар косташавии ахлоқ ҷой дорад ва шарти муҳим ин бетарафии ҷомеа мебошад. Дар гузашта бузургони мо фарзанди ҳамсояро тарбия мекарданд, аммо имрӯз чӣ ? Сабаби бетарафии мо дар чист? Магар бани одам аъзои якдигар нестанд?. Агар ахлоқ дар пешрафти тараққиёт нақши калидӣ дорад, пас чаро дар беҳгардонии ахлоқ дар ҷомеа саҳмгузор набошем. Ҳар як сокини Тоҷикистон дар беҳтарсозии ахлоқ дар ҷомеа масъулият дорад ва ин масъулият набояд танҳо бар зиммаи падару модар ё мактаб гузошта шавад, балки ҷамъият низ бояд инсонро тарбият кунад, зеро ки мову Шумо ҷомеаро ташкил медиҳем. Пас биёед, дар беҳбудии ахлоқ дар ҷомеа саҳмгузор бошему миллату давлати азизамонро дар арсаи байналмилалӣ бо хулқу атфори нек муаррифӣ намоем.

Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба