Рӯбоҳи айёру маккор
Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт.Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард.Паланг ҳайрон шуда, пурсид:
— Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?
— Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қатар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз чариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст.
Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту дар пеши рӯбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, aз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад.Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зaдa гуфт:
— Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар. Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё