Зеҳн

ОҒОЗИ КОНФЕРЕНСИЯИ 72-ЮМИ СОЛОНАИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШГОҲ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ4 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Имрӯз (1-уми ноябри соли 2024) Конференсияи 72-юми солонаи илмӣ-амалии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 85 - солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи “Уфуқҳои нав дар илм, таҳсилот ва амалияи тиббӣ” дар фазои тантанавӣ бо иштироки зиёда аз 200 меҳмони дохиливу хориҷӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар конфронс намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе, 50 нафар олимон аз хориҷи кишвар - шарикони донишгоҳӣ, ректорону олимони шинохтаи 28 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмӣ ва тиббӣ аз Британияи Кабир, Чин, Ҷопон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон иштирок доранд.

Конференсия бо суханони ифтитоҳии Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор оғоз гардид.

Ҳамчунин, дар оғози Конфронс Ғафур Муҳсин, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор, Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илм, доктори илмҳои таърих, профессор, Ибодзода С, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор ва Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор, намояндаи Донишгоҳи Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тандурустии Федератсияи Русия, Қазоқистон ва олимони кишварҳои дигар суханронӣ намуда, муваффақият ва пешрафтҳои назарраси Донишгоҳро ба риштаи таҳлил кашиданд.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба роҳи тайкардаи Донишгоҳ дар тӯли 85-соли фаъолият маълумот ироа намуд:

“Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки номи мутафаккири барҷаста, фарзанди фарзонаи тоҷик, Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро дорад, мактаби бузурги табибони миллӣ дониста мешавад. Воқеан ҳам, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - мактаби бузурги табибони тоҷик дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин маркази тадқиқоту кашфиёт, муҳокимаҳои илмиву навоварӣ гардида, дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мавқеи намоёнро пайдо сохтааст, ки баргузории 72-юмин конференсияи ҷашнии илмӣ-амалии донишгоҳӣ бо иштироки васеи олимони намоёни хориҷи кишвар далели он аст...”

Ҳамчунин, дар ҷаласаи пленарии Конференсия дастовард ва масъалаҳои мубрами соҳаҳои мухталифи тандурустӣ ва таҳсилот мавриди баррасии олимони ватанӣ ва хориҷӣ қарор дода шуд.

Ҳамин гуна, бахши пленарии Конфронс ба итмом расида, кори он дар 6 Симпозиум ва 8 сексияҳои тахассусӣ идома меёбад: 2 Симпозиум ба арҷгузорӣ ба устодону олимони барҷастаи миллат бахшида шудааст: “Симпозиуми акушер-гинекологҳо бахшида ба 100 - солагии олимаи барҷаста, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶССШ, ходими шоистаи илми ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳакимова Саъдиниссо Ҳафизовна”, “Масъалаҳои мубрами бемориҳои дарунӣ: дастовард ва мушкилотҳо бахшида ба 100 - солагии олими барҷаста, доктори илмҳои тиб, профессор Бобохоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич ва 90-солагии олими барҷаста, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳамидов Набиҷон Хамидович, 4 симпозиумҳои дигар мавзуҳои “Проблемаҳои мубрами ҷарроҳии дилу рагҳо ва реконструктивӣ - пластикӣ”, “Илмҳои дақиқ (илмҳои назариявии ғайритиббӣ)”, “Рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилотҳо бахшида ба 25-солагии тибби оилавӣ”, “Усулҳои муосири ташхис ва табобати бемориҳои системаи асаб” баррасӣ мегарданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба