Зеҳн

САВОРИ АСПИ САФЕД

АГ
Агенти Зеҳнӣ26 октябри 2026 · 26 дақиқа хондан

Кароматуллоҳи МИРЗО

Ҳамон шаб алови ҷангу хархаша ва гилагузорк байни зану шавҳари ҷавон Фароғатбоную усто Ёдгор ҳеҷ хомӯш намешуд. Ҷангу ҷанҷол баҳри фарзанд. Даҳ сол боз бо ҳам мезистанду Худо ба онҳо як резгк кӯдак лоиқ надид. Пеши табибу духтур, муллою фолбини нарафтаашон намонд.
Охири охир ба хулосае расиданд, ки шояд аз онҳо ҳеҷ гоҳ фарзанд намерӯяд ва ҳама чораҷӯиҳояшон бенатиҷа, ҷуз ҷудо шудан роҳи дигаре надоранд. Аммо ана ҳамин ҷудо шудан ҳам барояшон гарон, душвор ва ҳатто номумкин менамояд. Ҳамдигарро нағз дида хонадор шудаанд, бо ҳам рӯзу рӯзгор диданд, хонаю дару боғ бунёд карданд, овозаи боғи усто Ёдгор дар олам, меваҳояш то ба зимистон мерасанд. Боғдорӣ ба гуфтан осон, шандин сол аст, ки шабу рӯзи зану шавҳар дар бехи току ниҳолҳо мегузарад. Ба гуфтае Худо ба онҳо ҳама чиро дода, ҷуз фарзанд. Бефарзандӣ дарди бедаво, боз таънаю маломати мардумро намегӯед. Як муллои ришрехта фатво додааст, ки аз пушти хонаи одами бефарзанд гузаштан гуноҳ.
Баъди шунидани ин гапро авзои шавҳари Фароғатбону тамоман беҷо шуд. Дигар чизе ба назараш наменамуд ва пас аз гуфтугузори зиёд ба хулосае омаду гуфт:
– Пагоҳ хонаатон меравам, очаю додота мебиёрам.
– Баъд чӣ? Ҷавоби мана медиҳед?
– Намедонам... мулло гуфтааст-ку.
– Хонаи мулло сӯзад... Боғамон, хонаю дарамон...
– Намедонам, Фароғатбону, намедонам, – мардак номи завҷаашро ба забон оварду ба сукут рафт.
Пагоҳии бармаҳали чиллаи зимистон, ки барф мебориду сага занӣ аз хонааш берун намебаромад, усто Ёдгор рӯ ба деҳаи Шириноб овард. Шамоли сард мевазид, гӯё девонагӣ дошт шамол, дунёро чаппаю роста карданӣ буд. Зарраҳои барфро тоб дода ба осмон мебардошт, дар ҳаво гирдбод, барфбод. Шохаҳои дарахтон ба ҳам пешидаву шикаста қасар-қусур садо медоданд. Як ҳоле, як қиёмате. Усто Ёдгор бо азобе лаҷоми аспро дар даст медошт, панҷаҳояш ях баста буданд. Чакману салла ва дар пой маҳск дошту миёнашро бо рӯймоле сахт баста буд, вале хунук мехӯрд. Ӯ инак рӯ ба хонаи хусуру хушдоман. Аслан онҳоро барои фарзанд, ки доди Худост, ҳеҷ ташвиш додан намехост. Вале муллои бесавод гапи беҳуда гуфтааст.
Банди хаёл аз деҳа баромада ба чорроҳа расид. Чорроҳае, ки пайвандгоҳи шандин деҳоти гирду атроф аст. Аспаш дар пеши роҳ чизе дид, ки хӯсид, худро ақиб кашид, фаххосзанон бинк афшонд, тӯрид ва дигар пеш нарафт. Нигоҳи усто Ёдгор аввал ба бастаи латтапеше афтоду сипас овози гиряи кӯдак ба гӯшаш расид, қоши зинро дошта саросема худро аз болои асп нишеб кард. Наздик рафт. Дар даруни латтаю путаи бисёр кӯдаке. Кӯдакро бардошт ва ба атроф назар дӯхт. Зане афтодаю хеста теппаро боло мешуд.
–Хола, ҳой хола, – овоз баланд кард.
Аммо зан намешунид, ё мешуниду намеистод ва баръакс гашташро тезтар мекард. Усто Ёдгор пой ба узангуи асп монд, пеши роҳи занро гирифт.
– Кӯдаки худат?
– Ҳа, ака, кӯдаки худам,– зан гунаҳгорона сар хам кард.
– Гир кӯдакатро.
– Ман вайро партофтам, аз зӯромад партофтам, нон намеёбам, нон нест, шир ҳам надорам, ноилоҷам, роҳи дигаре намебинам.
–Убол аст, хоҳар, мемурад, дар хунаш зомин мешавӣ, дар қиёмат чӣ ҷавоб медиҳӣ?

– Одами савобҷӯ метобӣ, гир.
– Рост мегӯӣ ки гирам?
– Ба ту бахшидам.
– Ба нохуни фарзанд зорам, лекин боз пушаймон нашавӣ?
– Ту маро намедонӣ, ман туро. Рав, паноҳат ба Худо, номаш Убайдулло, танҳо хоҳишам ин ки номашро дигар накун.
– Меравам, хоҳар, – усто Ёдгор гӯё тилло ёфта буд, ки кӯдакро ба бағал гирифту зуд сари аспро пас гардонд. Овози гапзании савор дар гӯши модар монд. Ӯ савор, савори аспи сафед...


Зан бо дасти холию ҷигари бирён ва ҳоли парешон аз дари хона даромад, шавҳараш ҳанӯз дар ҳамон лаби дегдони сандалимонии миёни хона шиштагиаш шиштагкӣ. Сараш хам, ғарқи хаёл.
Дар фикри он ки чи рӯзҳои сёҳе омада - гуруснагӣ, бенонӣ.
– Партофтӣ? – занашро дида пурсид.
– Партофтам, ҷону ҷигарамро канда партофтам.
– Ноилоҷ ҳастем. Баъди рафтанат Севарой бисёр ғам дод.
– Хобаш бурд? – пурсид Садафмоҳ нигоҳаш ба духтаракашон, ки ҷомашаашро ба сар кашида дуртар аз падар лунда шуда хобида буд.
– Ҳа, нон гуфта худашро кушт, гириста-гириста охир дамаш ба дарун зад.
– Шукр, калонакак шудааст, шикамаш ба анша-мунша нон сернамешавад. Дина чашмаш ба ҳамон як лаб нони аз хонаи тағоҷон овардагиам ғалтид. Баҷо карда натавонистам. Баъд дидӣ, ки тақсим кардам. “Ба ман кам додӣ”, -гӯён сарашро ба дару девор зад, ғазо андохт.
– Як нонхӯрамон, занак, ҳамин.
– Фикрашро кардам.
– Чк мекунӣ?
– Майда нест, ба дувоздаҳ медарояд, ҳамон даҳмардаи шиносатон яӣ ном дошт?
– Алиқула мегӯӣ?
– Ба ҳавай медиҳам, боз ягон пуд ғалла медодагист.
– Даҳмардаҳо ба ин наздикӣ намеоянд, вақти баҳор гӯсфандҳояшонро ба чарогоҳ мебиёранд.
– Таъйин кун, ёб.
Бо ҳамин ба сари Севаройи хонарӯбакашон ҳам об рехтанд. Як шаб падар бо фиреб “хонаи як хешамон тӯй, Севаройро тӯй мебарам” - гуфта ба вай сару либосҳои тозаашро пӯшонду аз хона гирифта рафт. Садафмоҳ то имрӯз ҳам духтар мекобад. Ба ғами аз бача мондани ӯ боз кӯза-кӯза ғам зам, дарун-дарун месӯзад, лек ба хотири шавҳар ошкор намесозад, ӯро таскину тасаллӣ медиҳад, ҳар замон мегӯяд:
– Ҳикматуллоҷон, медонӣ чӣ? Мою ту бояд ғами ҷони худамонро хӯрем, худамон намурем, худамон зинда монем. Ёшем, ба ман бовар кун, даруни обод дорам, ту ҳам аз пайкол намондаӣ, боз мезоям, мезоям, ки хонаҳо пури бачаю кача мешаванд.
Ақаллан ба тутпаз расем. Боз чӣ чӣ гӯям? – Хотири шавҳарроосудатар гардондан хоста аз дур не, аз ҳолу авҳоли ҳамсояашонч Майрамбибию тифлакони зори ӯ мисол овард.
Фермаи колхоз аз деҳа дур, якрӯза роҳ. Вале ба хотири он, ки дарчин ҷо “авқоти гармак” мепазанд, ҳама ферма рафта кор карданчмехоҳанд, ҳатто хурдтаракону кампиракон ҳам.
“Авқоти гармак”-чаш ҳамин, ки дар дег як сатил об, ним коса равған, як пора гӯшти гови аз касалие мурда, чанд каф нахуд ё мош ва чанд дона картошка меандохтанду аз саҳар то нимрӯз меҷӯшонданд, баъд косаҳо дар даст мардум дар сари дег ҷамъ, як кулча ҳам медоданд, майда, аз чашми хурӯс калонтар. Майрамбибӣ ҳаққи худаш - косаи дами гарм ва кулшчаро гирифта барои аз бачаҳояш пинҳон шудан як тараф медавид, тифлакон аз думи ӯ гирён, “оча, нон, оча нон”, гӯён ба домонаш кашола. Вале модар косаи дами гармро ба як қурт дам кашида, кулчаро як даҳон мекард, кӯдакон рӯи замин ғел мезаданд, раҳми одамон омада аз ҳаққи худашон ба онҳо як мағз-ним мағзчнон медоданд. “Худам намурам, худам гуруснаам” мегуфт модарашон.


Хеле баъдтар, бо гузашти солҳову омадани рӯзҳои серию пурӣ ва фаровонии нон Садафмоҳ ба худ омад. Нон пур вале ку фарзандон? Дар сари дастархон ҷои Севарой холкӣ, Убайдуллои абрӯсиёҳак ҳам нест. Нон пуру акнун нонхӯр намеёбад. Ба шавҳараш мегуфт, ки даруни обод дорад, боз мезояду мезояд, вале чандин сол боз аз пушти табибу духтурҳо медавад, умед не, сабз намешудааст. Тоқати шавҳараш ҳам тоқ мешуд.
– Дигар ман тоқат карда наметавонам. Чӣ кор кунам?
– Худат ҳам розӣ будӣ, аз худат пурсида будам.
– Ман розӣ набудам.
– Ба ҳамааш ман гунаҳгор?
– Гуфта будӣ, ки боз мезоӣ, даруни обод дорӣ.
– Ҳамин гапамро ба рӯям кашидӣ? Инсоф надорӣ?
– Ман фарзанддор шудан мехоҳам.
– Фаҳмидӣ, ки аз ман кӯдак намешавад. Ку он дӯстодриҳою ваъдаю виодҳо? Мегуфтӣ мо то охир аз ҳам ҷудо намешавем, ҳамин гапҳоро мегуфтӣ ё не?
– Гуфта будам, аммо солам рафта истодааст, ҳанӯз ки аз манн фарзанд мешавад, зан гирифтам, акнун вай умедвор...
–Рав аз хона, хона хонаи худам, аз падару модарам. Ҳеҷ чиз надошткӣ, сағераи луч будӣ, сазои сарам, ки туро гуфтам, намурем гуфта фарзандонамро аз даст додам, ба хотири ту ин корро кардам, рав аз хонаам, рав! Ба чашмам дигар натоб!
Садафмоҳ дар ҳолате, ки аз ғазаб худро гум карда буд, дарро ба рӯи шавҳар кушод, вайро аз хонааш пеш кард.


Зан монду хонаю дар ва ҳавлии калони бесару бебар. Се шабу се рӯз сараш таги таф, ба худ ларзиду дақид. Ба ҳамааш худаш айбдор. Шавҳар гуфт, Ҳикматулло гуфт. Аз даҳони худаш, аз даҳони тифлонаш канда луқмаи нони ёфтаашро ба вай хӯронд. Дар он рӯзҳои наҳсу қаҳтӣ бисёр занҳо ғами шавҳарро мехӯрданд.
Холаи Маҷнуна марди хона аз даст наравад гуфта, ҳаққи худаш ва кӯдаконро барои вай мемонд, меҳаросидааст, ки шавҳараш аз гуруснагӣ аз пайкол намонад. Подабони гурусна аз паси гову гӯсола, бузу бузғолаҳо давида метавонад? Агар аз пой монад, ҷабр ба ҷони хонадон, бенон мемонданд. Холаи Зеварой ҳам дар масъалаи шиками шавҳар ҳамин хел фикр мекард, ба тифлаконаш ҳам мефаҳмонд, ки рӯзирасонашон падар, аввал вайро бояд сер кунанд, Худо падарро нигаҳбон шавад.
Садафмоҳ ҳам ғами шавҳарро хӯрд. Аз ёдаш намеравад, рӯзе як лаб нони хушки аз хонаи аккамулло ёфтаашро то омадани ӯ аз назари духтараш дар ҳазор ҷо пинҳон кард. Дар сари остин гирифт, дар таги болишту миёни курпа гузошт. Шаб Севарой хоб ки рафт, нонро ба даҳони шавҳар гузошт. Ана, ҳоло ҳамин Ҳикматулло аз вай рӯй гардонду баромада рафт, номаш гум, паяш канда. Акнун ғами худаш, ғами бефарзандӣ мехӯрад, Убайдуллою Севарой мегӯяд.
Севаройро дигар намеёбад, солҳост, ки даҳмардаҳо дигар ба талу теппаҳои Файзобод гӯсфанд намеоранд.
Пою қадамашон канда. Алиқул чӣ? Худо надонад, бандаҳош намедонанд. Аммо дили модар ба Убайдулло кашол. ӯро ба ҷои дур набурд, шанд қадам поёнтар аз деҳа, дар шорроҳа, баъд деҳаи Сангвор партофта буд. Бачааш дар ҳамин гирду ваноҳ, дар наздикиҳо зинда аст, дилаш гувоҳӣ медиҳад...
Пас аз се шабу се рӯз номи Убайдулло дар забон “пирон мадад” гуфту аз ҷой бархост. Ҳоҷибибӣ шудааст, Маккаи мунаввараро зиёрат кард, гирди хонаи Худо гашта мурод талабид, ки фарзанд ёбад, дида ба дидори Севарою Убайдуллои ширинаш расад. Либосҳои ҳоҷигиашро таҳ карда монда буд. Онҳоро ба бар кард. Сап-сафед. Хароб шудааст. Хӯса барин. Вале ба роҳ баромад, рӯ ба чорроҳа. Теппаро поён шуд. Чорроҳа он ранге не, ки он рӯзи зимистони рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанк дида буд. Ҳоло аз як сӯ ба сӯи дигараш гузаштан мушкил, мошинҳо беҳисоб, роҳи Бадахшону Раштонзамин ҳам аз ҳамин ҷо. Боазоб ба роҳи омадаи савораи аспи сафед гузашт. Он ҷо ҳам сермошин. То Сангвор хело роҳ. Убайдуллои ӯ дар ҳамин ҷо, суроғ карда хонаашро меёбад. Ба хаёлаш, ки паси дарвозае истод. Гуфтанд, ки ҳамин хонаи Убайдулло.

– Хонаи Убайдуллоҷон?!
– Бале, бибӣ, хонаи Убайдулло, – тасдиқ намуд духтараки ҷингиламӯе.
– Убайдуллои бачаи ман?! – ғарқи хаёл аз худ бехабар шуд.
Духтарак “акаи Убайдулло, акаи Убайдулло!” гуфта соҳиби хонаро ҷеғ зад. Модар вориди ҳавлӣ шуд. Ҳавлии бачааш. Саҳнаи дидор бо ӯро пеши худ тасаввур кард: “Ман, мани ношиносро дида бо ҳайрат ҷонибам мебиёӣ, туро дида намедонам ба чӣ ҳол меафтода бошам. Қадам мемонкӣ, аз ҳаяҷон дар ҷоям истода наметавонам, даступохӯрда мешавам, ҳолатамро худам медонаму Худо. Ту ҳамон шақалоқи худам, ки сӣ сол пеш ба рӯи барфтӯда партофта будамат.
Сӯям меоӣ, бачаи худам, ҷони худам. Лекин ту шкчӣ гуфта наздикам мешавкӣ. Шояд аз фарқи сар то нӯги пои маро боддиққат наззора карда мепурсӣ:
– Бибиҷон, чӣ мегӯӣ?
–Ту Убайдуллоӣ?! – номатро ба забон меорам.
–Ҳа, бибӣ, ман Убайдулло.
– Бибӣ нагӯ, бачам.
– Чӣ гӯям?
Ана, дар ҳамин ҷо забонам баста гашта, дидагонам ашкбор мешаванд, аз гап мемонам, фиғон мекашам, нола мекунам, хун мегирям.
– Бибӣ, гиря накун, чӣ дард дорӣ бигӯ, гап зан, – бештар дар тааҷҷубу ҳайрат мемонӣ.
– Бибӣ нагӯй, бачам, таёқро гиру сарамро зада ҳамвор кун, аз дарат рон, занат, кӯдаконатро ҳам фармо маро зананд, зада-зада аз хонаат бароранд. Ту ҳақ дорӣ, ту Убайдуллои манӣ.
Ба гапҳои ман сарфаҳм нарафта бетоқат, асабонӣ мешавӣ:
– Чаро дар хонаи ман тӯй меандозӣ? Ё ягон душмани ман гуфт, ки хонаи Убайдулло раву девонагӣ кун, шармандагиҳояшро барор?
– Худам ба ту Убайдулло ном мондам, худам.
– Аз ҳад гузарондӣ, гуфтам-ку девонаӣ, девона.
– Рост мегӯӣ, Убайдуллоҷон, ман девона, дар фироқи ту, дар фироқи апаат Севарой девонаам, маро зан, сангсор кун, куш.
Дар хонаи Убайдулло ғалоғула баланд шуда ҳамсояҳо меоянд. Зану фарзандони худи Убайдулло ҳам аз хона мебароянд. Ҳавлӣ серодам. Садафмоҳ дар хаёле, ки савори аспи сафед ва завҷааш ҳам меомадагистанд, интизор мемонад. Як зан ва як мард, ки асои дароз дар даст дорад, аз дар медароянд..
– Ин чӣ гап? Ин зан кӣ? – мард Садафмоҳро, ки ҳанӯз доду мағал дорад, дида овоз баланд мекунад. Овози шинос, аз овозаш Садафмоҳ мешиносад, ки вай ҳамон савори аспи сафед.
–Э биё, садқаат мешавам, дар пеши пойҳоят мемирам, аз куҷо омадӣ? Худо туро овард! Аз овозат шинохтам, ҳамон савори аспи сафед худат будӣ, хуб шуд, ки туро ёфтам, бачаамро худат гирифта будӣ, гуфта будам номаш Убайдулло. Ҳамин тавр гуфта будам ё нагуфтам? Убайдулло бачаи худам! Бачаҳаки худам!!...” Садафмоҳ гӯё хоб буду бо доду мағали худаш бедор шуд, ба хаёл рафта будааст, хаёли фарзанд модарро девона сохта. Ба худ омада дид, ки на савори аспи сафеду на Убайдулло, бероҳа шуда, қариб ба наҳри пуроби канори роҳ меафтод. Дар он сӯи наҳр колхозчиён бехи токҳоро нарм мекарданд, бо тешаи токбур шоху навдаҳои хушку зиёдатии дарахтонро мебуриданд. Боғ серодам. Дохили боғ шуд. Марде дар тан ҷомаву дар сар салла сар-сари ҷӯякҳои ток мегашт.
Ба хаёли Садафмоҳ ӯ бригадир, корфармо, ҷонибаш рафт.
Гап андохт, гириста-гириста алами дил рехт. Раҳми мард омад, хиҷил шуд, чанд пирамард ва занҳоро ҷеғ зад. Дар таги зардолуи пургул гӯё маҷлиси ғамангезе барпо гашт. ӯ “бачам!” мегуфту менолид. Худро нафрат мекард, сар ба замин мезад. Вале аз чӣ буд, ки оҳу фиғонаш ба як-ду зани ҷавон нафорид. Ба ӯ нафраташон омад, ки ба тифлаш раҳм накардааст ва “садқаи номи модар шав!”- гӯён рӯймолҳоро ба сар шуқур кашида аз пешаш хестанд. Аммо ду кампираку як мӯйсафед, ки он рӯзҳои қаҳтию гуруснагиро бо чашми сар дида буданд, ба суханони Садафмоҳ гӯш медоданд. Дар деҳаи онҳо ҳам ҳамин хел воқеа рух дода будааст, зани серфарзанде, ки шавҳараш дар ҷанг буд, нон наёфта тифлашро ба дарё партофта будааст.

Садафмоҳ аз онҳо мадад хост, пурсид, ки дар ҳамон солҳои дур, сӣ сол пеш марде як аспи сафед дошту бефарзанд буд ва киҳо ҳамноми бачаи ӯ Убайдулло? Аз рӯи гуфтаи он ду пирзан ва пирмард кадом вақте дар деҳа як-ду нафар аспи сафед доштаанд.
Бо шаҳодати пирмард якеашон бисёр одами хуб, дастбакор, устои чӯбкор, донишманду меҳнатӣ будааст, ана, ҳамин боғ ҳам боғи ҳамон одам, боғи усто Ёдгор. Сутунҳои кандакории масҷиди деҳа ҳам аз маҳсули ҳунари вай. Завҷааш муаллима будааст, худаш духтари тоҷику дар мактаб аз забони руск дарс мегуфтааст. Агар саҳв накунад, ин зан бефарзанд будааст. Вале шчи шудаю нашуда, ки усто Ёдгору завҷааш ба ногоҳ, ҳатто дар рӯзҳое, ки барф то зону мезадааст, аз деҳа рафтаанд. Чаро дар он рӯзҳои хунуки қаҳратун якбора кӯшч баста будаанд, ҳеҷ кас намедонад.
Куҷо рафтаанд, чаро рафтаанд, имрӯз ҳам муаммо.
Ба суоли дигари Садафмоҳ, ки киҳо дар деҳа Убайдулло номч доранд, ҷавоби аниқ надоданд.
Чандин пиронсолу кӯдаки гаҳворачУбайдулло ном доштаанд, кадоми онҳоро мегӯӣ, ки Убайдуллои Садафмоҳ. Модар Убайдуллои сб ё аз сисола болоро меҷӯяд. Дар ин бобат ба ӯ касе мадад расонда наметавонист, аммо ба хаёли Садафмоҳ он рӯзи баҳор хело бандҳо кушода гашта буд.
Баъди он рӯз Садафмоҳ дар роҳи Сангвор монд. Дар танаш ҳамон либосҳои ҳоҷигӣ ҳар рӯз дар кӯшаҳои Сангвор сарсону саргардон. Дар ба дари мардум мегашт, кӣ дар ин гузар Убайдулло ном дорад гуфта мепурсид. Пири 90-сола бошад, ба зиёрат ва агар тифли гаҳвора аст, ба дидорбиниаш мешитофт. Ба кӯдакон хосса меҳрубон буд. Худаш аз гаҳвора мекушод, сару рӯи тифлро бо забон мелесид, шалап-шалап мебӯсид, ба дили худ эму дем мекард, ки чашм нарасад ва чанд қандаке ҳам медод. Баъд аз ин як бор не, шандин рӯз Убайдуллоҳаки хурдсолро хабар мегирифт. Хоби ноз ҳам, ки мебуд, бедор мекард. Модарон норизо, аз ӯ мекебиданд, дару дарбачаҳоро мебастанд, ки надарояд. Баъдҳо баъзе волидайн ба тифл Убайдулло ном намениҳоданд. Вале Садафмоҳ чӣ кунад, ки кулли Убайдулло ном одамонро дӯст медошт. Ба мактабҳо рафта талабаҳои номи Убайдулло доштаро мекофту меёфт, меҳрубониашон мекард.


Боре ба вай хабар доданд, ки котиби якуми ҳизби коммунистиимсноҳияро аз кор гирифтаанд ва ба ҷояш ҷавоне омадааст. Чанд забон медонистааст, дар Маскав хонда будааст, аммо барои Садафмоҳ аз ҳама муҳиму хурсандиовараш ин ки Убайдулло ном доштааст.
– Ҳамноми бачаи ман?
– Ҳа, ҳамноми бачаи шумо, – хурсандаш мекарданд занон.
Баъд гуфтанд, ки котиби аввали ҳизб Убайдулло барои шиносоӣ ба колхоз, ба деҳаи онҳо меомадааст. Дар ҳама ҷо тайёрӣ. Танаиӣ дарахтон, деворҳоро сафед мекарданд, роҳу роҳравҳои атрофи идораи колхоз, кӯшаҳои байни деҳаҳоро об зада мерӯфтанд, гул мешинонданд.
– Ҳамаи ин барои Убайдулло?
– Ҳа, хола, тайёрӣ ба омад-омади Убайдулло.
– Дар номаш мирам.
– Пагоҳ меомадааст.
– Шаб хоб намеравам.
Саҳни васеъу дарахтзори идораи колхоз ҳанӯз офтоб набаромада серодам, ҳама ба маҷлис ва шиносок бо котиби нави ҳизби коммунистии ноҳия омадаанд, Садафмоҳ ҳам. Аз ҳама зиёд ӯ интизори ин вохӯрӣ. Шаб то саҳар хуфта натавонист, ҳанӯз ситораҳо дар осмон буданд, ки аз дарвоза баромад. Вақте ба идораи колхоз расид, бобои Икром як сатил дар даст гирду атрофро об зада мерӯфт. Баъд як-як одамон омадан гирифтанд. Курсиҳоро дар таги дарахтон қатор-қатор шиданд. Дар пешгоҳ як мизи дарозрӯяи пояҳояш гулкорӣ гузоштанд, ба рӯяш махмали сабз кашиданду гулдастаҳо гузоштанд. Садафмоҳ дар қатори пеш, наздиктари мизи котиб нишаст. Шавҳари бадбахташ Ҳикматулло ҳам аз куҷое пайдо шуд. Худо занадаш, хиёнат кард, “фарзанд намекунк” - гуфта ӯро партофт. Касофат намедонад, ки фарзанд аз лой не, ки созиву пеши вай бурда гузорӣ, фарзанд доди Худо, надиҳад саратро ба санг занӣ ҳам фоида надорад. Ҳоло ӯ сӯхтаю пухта Убайдуллоро кофта гаштааст. Бо ҳамин умед худро байни мардум задааст, шарму ҳаёро монда, кадом як котиби ҳизб, марди номаҳрамро бинам гуфта омадааст. Нигоҳашу мизи дарозрӯя, ана, аввал котибу баъд бобои раис ва муовинаш намоён шуданд. Онҳо аз ду тараф дар бари Убайдуллои ҳамноми писари ӯ истоданд. Котиб ҷавон навшча, гандумгун, мӯйсараш сип-сиёҳ, дар танаш шиму костюми сиёҳ, куртаи сафед, галстукаш ба вай мезебад. Ба ишораи котиб ҳама ба ҷойҳояшон нишастанд. Вале Садафмоҳ нишастанро фаромӯш карда буд, рост меистод.

– Шинед, модар, шинед, – овози ширини котиб ба гӯши ӯ расид.
Аз як назар дидани ӯ ба дили модар меҳр омад, дидори ошно, гарм. Аз умқи қалбаш садое бархост: “Бачаи худат, Убайдуллои худат!” Чеҳраи Убайдулло кушода, нурҳои офтоби пагоҳ аз сари шохаҳои дарахтон ба пеши шашму рӯяш мехамиданд, чеҳрааш равшанкӣ гирифта. Аз рӯи ӯ модар нишонаҳои замони тифлиашро меҷуст. Абрувонаш ҳамон қаламии сиёҳ, чашмҳо нусхаи чашмони кабуди падар.
Бобои раис варақе дар даст аз ҷой хест. Тарҷумаи ҳоли котиби навро хонд. Соли таваллудаш 1943.
Убайдуллои Садафмоҳ ҳам дар ҳамин сол ба дунё омада буд. Ҷои таваллудаш маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Таҳсилкардаи Академияи ҳизбии шаҳри Маскав, дар комсомол, дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурк кор карда будааст. Оиладор, падару модараш зиёӣ. Баъди хондани варақ бобои раис ба ҷояш нишасту Садафмоҳ дигар худро дошта натавониста аз ҷой баланд шуд.
– Як гап дорам, – гуфт ва тарафи мизи котиб қадам монд.
– Э-э, шин, ту чӣ кор карда истодаӣ, шин! Ба ту ҳеҷ кас сухан надодааст, шин! – Бобои раис аз вайрон шудани тартиби маҷлис ба ҳарос афтода пеши даҳони ӯро гирифтан хост ва милисаро ҷеғ зад:
– Ҳасанбой, ҳой Ҳасанбой! Беваро соҳиб шав, бар, дамша гирон!
–Убайдуллоҷон, ман ба худат гап дорам, ба худат, – Садафмоҳ ба мизи котиб наздиктар рафт – дидкӣ, бачам, ҳоли очата дидӣ, рӯз надорам. Баъд оби дидагонашро пок карду идома дод:
– Ман аз ту як чӣ пурсиданиям.
– Пурсед, модар.
– Бачам, ҳозир номи падари туро Ёдгор гуфтанд, он кас усто Ёдгор- а?
– Рост мегӯед, падарамро усто Ёдгор мегӯянд.
– Дидӣ, бачам, ман дурӯғ намегӯям. Модарат муаллимаанд?
– Ҳа, муаллима.
– Муаллимаи забони русӣ?
– Бале. Ҳоло ҳам дарс мегӯянд.
– Ту фарзанди ягона -а?
– Ҳа, лекин шумо, модар, чаро ин қадар таҳкобӣ мекунед?
– Бачам, гап бисёр, ман ҳамаи гапамро дар пеши мардум гуфта наметавонам. Ту одами вазифадор, ба ту айб мешавад. Худам ҳам айбдорам.
– Гап занед, фақат кӯтоҳтар.
Бобои раис хам шуда дар гӯши котиб пишир-пишир ким-чӣ гуфт.
– Давом диҳед, модар. Чӣ гуфтан мехостед? – оҳанги сухани котиб нарм гашт.
– Бачам, ҳоло ҳаминро мегӯям, ки ту фарзанди усто Ёдгору муаллима нестӣ.
– Таҳқир накунед! Ин чӣ гуфтанӣ гап?
– Гӯш кун, бачам. Медони ту ба кӣ монандӣ? Ҳикматулло, ин ҷо биё, – Садафмоҳ ҳарчанд, ки муддатҳо бо шавҳараш ногап буд, вайро ба наздаш хонд. Зану шавҳар рӯ ба мизи котиб рост меистоданд. – Ана бин, – Убайдуллоро нишон дод, – худи худат барин - а? Чашмонаш чӣ? Айнан чашмони худат, каб-кабуд.
– Мегӯед, ки ҳамин кас падари ман? – Котиб нороҳат шуд, вале Садафмоҳ идома дод:
– Як умри дароз туро мекофтам, садҳо Убайдуллоҳоро дидам, аммо Убайдуллои ман набуданд. Ту Убайдуллои худам, ба пои худат омадк, Худованд туро ба мо расонд, имрӯз рӯзи хушбахтии ман аст. Ман дигар гап намезанам, танҳо мехоҳам, ки усто Ёдгорро шинонанд бо завҷааш, баъд ману худи Убайдуллоро, бобои раис ҳам шинанд ва ман исбот мекунам, ба гарданашон мемонам, ки ту башчаи манӣ.
Котиб фикр мекард, ки ин чи ҷанҷолест, ки ба сараш омада. Наход ӯ фарзанди усто Ёдгор набошад. Ё ин зан афсона мебофад?

Ба сари калоншавандаҳо ин хел воқеаҳо омаданаш мумкин. Баъди вазифа гирифтан ким-киҳое худашонро хешу табор, падару модар метарошанд. Ё ин кампир, ки ин қадар сӯзу гудоз дорад, рост мегӯяд? Ба ҳар сурат ҳамаи ин моҷаро зуд овоза мешаваду зарараш танҳо ба вай. Ин аловро ҳаршчи зудтар бояд хомӯш кунад. Маҷлис баста шуд. Садафмоҳу шавҳараш ҳамин ҷо, падару модараш ҳам, дар хонаи бобои раис шой нӯшида шиштаанд. Ҷеғ мезанадашон, ҷанҷолашонро худашон ҳал кунанд, файсал диҳанд.
Бобои раис бо омадани ӯ чӣ тайёриҳое дида, дар лаби дарёи Кофарниҳон, дар осоишгоҳи Қара Дӯст ҷой соз кардааст. Гӯсфанд куштаву гӯшти кабку оҳу фармудааст. Чандин бор хоҳиш кард, ки Убайдулло падару модарашро ҳамроҳ биёрад.
Ба бобои раис фармуд дар ҳамин наздикиҳои идора, лаби дарё кат гузоранд, дастархон не, як гилему кӯрпаша андозанд. Ҳозирин чашм ба роҳи падару модари раис, ки ба сарашон мошин фиристода буданд. Ана, онҳо омаданд. Шавҳар пеш-пеш, завҷааш аз паси ӯ. Садафмоҳ, ки рӯи кат пойкашол менишаст, ҳушу хаёлаш ба усто Ёдгор, ба сар то қадами ӯ зеҳн мемонд. Дар танаш яктаҳи сабз, либосҳояш дароз, ба қади баландаш мезебиданд. Усто Ёдгор ба кат наздик омада, ба бобои раис ҳамгап шуд:
– Бобои раис, тинҷӣ аст? Алахон шудам, ҳамроҳи янга тез ҳозир шавед, гуфта кас фиристодед, – ва баъд нигоҳи суоломези ӯ ба одамони ношинос, ба Садафмоҳу шавҳари ӯ Ҳикматулло афтид.
Бобои раис, аз афташ шк ҷавоб гуфтанашро намедонист, ки хомӯш монд. Садафмоҳ аз кат поён шуда, ба пешвози усто Ёдгор қадам монд.
– Усто Ёдгор, шуморо аз овозатон шинохтам, ба Худо аз овозатон

  • Садафмоҳ изҳори хурсандӣ намуд.
    – Ман шуморо бори аввал мебинам.
    – Не, олампаноҳ.
    – Олампаноҳ нагӯед.
    – Барои ман шумо ҳоло аз олампаноҳ ҳам болотаред, пеши қадамҳои шумо мемирам, фидои шумо мешавам.
    – Шуморо дар хотир надорам, хоҳар.
    – Ба хотиратон мебиёрам, он вақт Убайдуллои ман шақалоқ буд.
    – Намедонам, чӣ мегӯед, нафаҳмида истодаам, шумо кӣ ҳастед??
    – димоғи усто Ёдгор сӯхт.
    – Убайдулло, бачам, шандсола шудӣ? – модар аз котиб суол кард.
    – Ба сию як медароям, – бо дили нохоҳам ҷавоб дод Убайдулло.
    – Аз он рӯзи фалокатбор, рӯзи наҳс сию як сол мегузарад, он рӯз бароям рӯз не, қиёмат буд, барф, чиллаи зимистон. Аз худ бехабар будам. Ҷигарамро кандаму рӯи барф партофтам. Ба роҳ даромадам, ки овозе шунидам. Ана, ҳамин ҳоло боз ҳамон овоз ба гӯшам расид. Боз ҳаминро медонам, ки савори аспи сафед будед. Ё дурӯғ мегӯям?
    – Фароғатбону, – усто Ёдгор ба завҷааш муроҷиат кард, – ту бигӯ, ки мо аспи сафед доштем?
    – Мардакҷон, ин занак девона аст, намедонам аз мою шумо чӣ мехоҳад, мо аспи сафед-пафед надоштем, алоӣ мегӯяд. Бас кунетон.
    – Усто Ёдгор, – Садафмоҳ боз ба ӯ гап андохт, – шунидам шумо як одами хондагӣ, меҳнаткаш, хонаҳои чӯбкориатонро дар Сангвор дидам, нақшу нигори сутунҳои масҷид ҳам аз шумо ёдгор мондааст, боғатон ҳаст, боғи калони колхоз, ҳама дар деҳа аз шумо бо некӣ ёд мекунанд.
    Лекин мегӯянд, ки ҳамон шаби сарди зимистон рӯз нашуда аввал янга-Фароғатбону баъд худатон аз деҳа рафтаед. Боз ҳамон шаб ҳамсояҳо аз ҳавлии шумо овози гиряи кӯдакро шунидаанд. Он овози кӯдак албатта, овози Убайдуллоҷони ман буд. Ҳамон рафтагиатон аз деҳа рафтагӣ шудааст, дигар ёди Сангвор накардаед, дигар ба Сангвор наомадаед. Ҳамин хел ё не?

Гап занед, рӯятонро аз Худо нагардонед, аҳли тақво ҳастед, ҳоҷӣ шудаед.
– Ҳа, ҳамин хел, аз Худо умед дорам.
– Ҳамон рӯз савори аспи сафед будед ё не?
– Рост мегӯед.
– Боз як чӣ мепурсам, аз шумо хоҳиш карда будам, ки номи бачама дигар накунед.
– Ҳамин хел гуфта будед. Ана, ҳоло Убайдуллоҷон дар наздамон, вай бачаи шумо.
– Чӣ гуфткӣ, мардаки беақл? – завҷаи усто Ёдгор гулҳои дасташро, ки дар хонаи бобои раис ба ӯ дода буданд, ба замин партофт, бо қаҳру ғазаб гулҳоро поймол кард. – Чк гуфтӣ, мардак?
Убайдулло бачаи шумо гуфтӣ ба вай, ту содаӣ, дар рӯят ханданд, аз худ меравӣ. Лекин ту ҳақ надорӣ писари мана бачаи вай гӯӣ. Аз пеши роҳам гузар, ман бо ин бачаков худам гап мезанам, рӯяшро сиёҳ мекунам.
Ист, як тараф ист, – шавҳарашро ба ақиб кашид ва ду даст дар миён ҷангталабона рӯ ба Садафмоҳ истод. – Бо ман гап зан, пирсовлуқ, Убайдулло башчаи ман гуфтӣ? Ҳамин Убайдуллои мана башчам мегӯӣ? Чашмота кофта мегирам, гапҳоят ҳама дурӯғ, сафсата, шавҳари ман ҳеҷ вақт аз ҳеҷ куҷо баша наёфтааст, мо аспи сафед ҳам надоштем. Ана, фарз кардем, ту рӯсиёҳ солҳои гуруснагӣ гушна монда гӯшти бачата хӯрдӣ, вайро дар дашт партофткӣ. Чанд сол гузаштааст? Сӣ сол мегӯӣ? Баъди сӣ сол бача мековӣ?
Не, не, ту акнун мардаки калон мековӣ, сисола. Ақлат мегирад, ки ин мардак туро оча гуфта аз думат меравад? Баъд гапи дигар ин ки ту ҷинояткор ҳастӣ, ту бачакуш, туро ба суд медиҳам, суд мекунонам.
Ба хубӣ аз наздам рав! Убайдуллои мана бачам нагӯй, ки забонта месӯзонам, рав аз ин ҷо, гум шав! – Завҷаи усто Ёдгор бо ғазаб Садафмоҳро тела дод, ӯ афтод. Аммо баъди лаҳзае бо сад азоб аз ҷой бархост. Авзояш тамоман тағйир ёфта буд.
– Муаллимаи азиз, муаллимаҷон, – бо чашмони пуроб Садафмоҳ ба Фароғатбону нигариста, ба гап даромад: – ту рост мегӯӣ, ту модари ҳамин бачаи манӣ, як лахт гӯшт буд, ба ҷои манн ту ба вай модар шудӣ, сари гаҳворааш шиштӣ, шабҳо нахобидӣ, алла гуфтӣ, аҳл набуд, дар дасти худам ҳам шабу рӯз хоб намекард, забон дар даҳон намегирифт, хуни ҷигарам об буд.
– Барои ҳамин бароварда партофтӣ? – Фароғатбону ба миёни суханони Садафмоҳ даромад.
– Не, не, муаллимаҷон, шикамам сер набуд, гуруснагӣ, қаҳтӣ.
Пӯстлохи дарахтро ҷӯшонда мехӯрдем, рӯи нона намедидем. Ҳоло ин гапҳоро гӯӣ, бовар намекунанд. Шиками гурусна қатӣ дар модар шир мешавад? Синаи беширро намегирифт, мепартофт, ғаш мекард, хароб, пусту устухон, қариб ба ҳоли худ шуд. Баъд ҳамин кора кардам.
Дар рӯзи равшан вайро дар шорроҳа партофтам, ки агар умраш бошад, ягон кас мегирад. Чӣ кардаму накардам, худамро сафед намекунам, гунаҳгорам. Баъд ба ман Худо дигар кӯдак надод, ба нохуни фарзанд зор шудам, Убайдулло гуфтаму Убайдулло. Асоям сӯзану шоруқам ғалбер шуд аз Убайдулло кофтана. Имрӯз бачаамро ёфтам, – лаҳзае қомат рост кард Садафмоҳ ва ба рӯи кат, ба Убайдулло, ки дар паҳлӯи бобои раис сари зону менишаст, назар андохту афзуд: – Имрӯз ба муродам расидам. Ана, ӯ дар рӯ ба рӯям. Садқааш мешавам, дар пеши пойҳояш мемирам. Лекин вайро бачаам гуфта наметавонам.
Ҳаршанд бекасу танҳо, дар таги девори ғурбат мондааму рӯзам сиёҳ, таваккалам ба Худо мегӯям, ба кӯмаки ӯ умед намебандам, аз вай ҳеҷ шиз намехоҳам. Чк хел мешудааст, ки фарзандро партокӣ, аз ӯ рӯ тобӣ, қариб кушиву дар зӯромад бигӯӣ, ки бачам, дастамро гир. Не, дилам намебардорад. Сари дастархонаш шишта лаби нонашро намешиканам, зеро нонаш дар гулӯям дармемонад, заҳр мешавад.

Бимирам ҳам розӣ нестам, ки дар болои мурдаам “очам” гуфта гиряд, намехоҳам пояи тобутамро бардорад, намехоҳам вай маро дар гӯр гузорад. Дида армон шикастан, шуд.
Садафмоҳ бо дидагони ашкбор боз рӯ ба Убайдулло овард: – Ҳар ҷо бошкӣ, бачам, сиҳату саломат бошӣ, ёрат Худо.
– Фароғатбону, усто Ёдгор, – Садафмоҳ рӯ ба онҳо бо сари хам истод, – гӯш кунед, – ашки чашмонаш шашқатор шуд: – Убайдулло фарзанди шумоҳо, Ҳикматулло – шавҳарашро ҷеғ зад; – ҳаминҷоӣ?
– Ҳа, очаш, ман ҳамин ҷо, – Ҳикматулло аз ҷояш хест.
– Очаш нагӯ, мою ту ба Убайдулло падару модар нестем.
Фаҳмидӣ, мардак, чӣ гуфтам?
...Ҳикматулло ҷавоб нагардонд, Садафмоҳ боз ба Фароғатбону ва усто Ёдгор нигариста гуфт: – Ман Убайдуллоро ба шумо, шумоҳоро ба Худо месупорам, – ва пас аз лаҳзае хомӯшк сухани мегуфтааш ба хотираш омад, ки давом дод: – Гуфтам-ку таваккали мани бекасу танҳо ва дар таги девори ғурбат монда ба Худо, ман рафтам.
Садафмоҳ ақиб гашт, пояш баъди афтодан лат хӯрда будааст, ки акнун мелангид. Вай лангон-лангон ба роҳ баромад, рӯ ба офтоби бегоҳирӯзк мерафт. Офтоб дар дами ғуруб буд...
ш. Душанбе 25.11.2017

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2