Зеҳн

НЕКӢ БЕ ПОДОШ НАХОҲАД МОНД

ЗЕ
Зеҳн25 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Замоне подшоҳи як мамлакат дар байни роҳи одамгузар, ки сӯйи қасраш мебурд, санги калонеро мемонад.

  Худи подшоҳ дар канори роҳ пинҳон шуда, сайри воқеаро тамошо мекунад.

  Тоҷирон, корвонҳо, бойҳою ходимони қаср аз он роҳ бо душворӣ сангро давр зада мегузаштанд.

   Ва ҳар як роҳгузар ба ҳамдигар подшоҳро айб карда мегуфт, ки ин ҳоли ҳазратро бин, ки андозҳои зиёдро аз мо меситонаду аммо як шаҳрашро тоза нигоҳ дошта наметавонад.

  Баъдан як деҳқоне, ки ҳар руз ба қаср меваву сабзавот меовард, аз он роҳ мегузарад.

   Ӯ барои нафас рост кардан каме дар назди санг дам гирифт.

  Борашро аз китф фароварда, бо ду дасташ сангро бо душвории зиёд аз ҷояш ҷунбонида ба канор партофт.

   Вақте хост борашро боз ба китфаш монда роҳашро давом диҳад, дар ҷойи санг як кӯзаеро пур аз тилло бо хате пайдо мекунад. Дар он навишта шуда буд:

-«Ин кӯзаи тилло азони шахсест, ки сангро аз роҳ мебардорад».

  ИБРАТ:

   Бале! Oдамиро қисми зиёдеашро хос аст, ки дар ҳама камбудиву норасоиҳо нафареро гунаҳкор ҳисобанд. Вале афсус, ки мувофиқи тавоноияшон ҳаракат намекунанд, худ он камбудиву нуқсонро ислоҳ намоянд!

  Албатта, ҳеҷ як инсони ин замони мо аз камбудиву гуноҳ пок нест. Ҳеҷ як шаҳру кӯча бе камбудӣ нест. Ҳеҷ як хонавода бе камбудӣ нестанд - аммо пеш аз он ки мо камбудии ононро гӯем, як ба худ ва наздиконамон назар андозем! Чун мо низ чун дигар мардумонем.

Меҳрубон бошем!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2