Ахлоқ
Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки ҷомеаро устувор нигоҳ медорад, бешубҳа, ахлоқ аст.
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ахлоқро ба таҳкурсии бино монанд карда, чунин мегӯяд:
«Ҳар чизе таҳкурсӣ ва пояе дорад, ки бар он устувор меистад. Таҳкурсии Ислом бошад, ахлоқи нек аст».
Тибқи ривояте, ки Байҳақӣ нақл кардааст, Паёмбари гиромии мо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ ба ҳамин асос ишора намуда, фармудаанд:
«Ман танҳо барои комил гардонидани ахлоқи нек фиристода шудаам».
Ҳамчунин, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар суханони дигари худ низ аҳаммияти бузурги ахлоқи некро таъкид кардаанд. Инак, чанде аз он фармудаҳо:
«Комилтарин мӯъминон аз ҷиҳати имон касоне ҳастанд, ки ахлоқи некӯтар доранд».
«Инсон бо ахлоқи нек ба мартабаҳое мерасад, ки бо ибодату тоат ба онҳо расида наметавонад».
«Аввалин чизе, ки дар тарозу гузошта мешавад, ахлоқи нек аст».
Қуръони Карим низ дар оятҳои зиёди худ аз сифатҳои ахлоқие сухан мегӯяд, ки мӯъминон бояд дорои онҳо бошанд.
Ҳамзамон, дар бисёре аз оятҳои Қуръон аз қавмҳое ёд мешавад, ки ба таназзули ахлоқӣ гирифтор шуда буданд. Саргузашти ҳалокат ва нобудии онҳо ҳамчун дарси ибрат пеши назари мо гузошта мешавад.
Қавми Од, қавми Самуд, мардуми Мадян ва қавми ҳазрати Лут (алайҳиссалом) танҳо чанд намуна аз чунин қавмҳо мебошанд.
Аҳаммияти бузурге, ки Ислом ба ахлоқи нек медиҳад, пайравони онро низ ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои ахлоқӣ водор кардааст.
Ҷанбаи амалии ин корро пеш аз ҳама аҳли тасаввуф ва бисёре аз мусулмонони дигар бар уҳда гирифтаанд. Онҳо барои ба қоидаҳои тағйирнопазири зиндагии худ табдил додани арзишҳои ахлоқӣ, аз қабили шуҷоат, ҷавонмардӣ, покдоманӣ, иффат, росткорӣ, садоқат, адолат, ҳаққоният, вафодорӣ, исор (дигаронро бар худ муқаддам доштан) ва дигар фазилатҳои нек тамоми кӯшиши худро ба харҷ додаанд.
Онҳо бо риояи ахлоқи нек дар зиндагии худ барои дигарон низ намунаи ибрат гардидаанд.
Олимоне, ки ҷанбаи назариявии ахлоқро мавриди омӯзиш қарор додаанд, дар тӯли таърих китобҳои зиёде дар ин замина таълиф намуда, ба ин васила кӯшидаанд мардумро бо таълимоти ахлоқӣ ошно созанд.
Ин фаъолиятҳо дар ибтидо бештар ба шакли ҷамъоварии ҳадисҳои марбут ба ахлоқ дар зери унвонҳое чун «Китоб-ул-адаб», «Китоб-ул-бирр» ва «Китоб-ул-ҳусни хулқ» сурат мегирифтанд.
Баъдтар садҳо асар дар бораи аҳаммияти сифатҳои ахлоқӣ таълиф гардиданд. Аз ҷумла:
«Китоб-уз-зуҳд» — асари Абдуллоҳ ибни Муборак (вафот 181 ҳиҷрӣ). «Ар-риоя лиҳуқуқиллоҳ» — асари Муҳосибӣ (вафот 243 ҳиҷрӣ). «Ат-таарруф лимазҳаби аҳлит-тасаввуф» — асари Калободӣ (вафот 380 ҳиҷрӣ). «Ал-лумаъ» — асари Сарроҷ (вафот 378 ҳиҷрӣ). «Қут-ул-қулуб» — асари Абӯтолиби Маккӣ (вафот 386 ҳиҷрӣ). «Ар-рисола» — асари Қушайрӣ (вафот 465 ҳиҷрӣ). «Кашф-ул-маҳҷуб» — асари Ҳуҷвирӣ (вафот 465 ҳиҷрӣ). «Эҳё» (Эҳёи улуми дин) — асари Ғаззолӣ (вафот 505 ҳиҷрӣ). «Авориф-ул-маориф» — асари Суҳравардӣ (вафот 632 ҳиҷрӣ).
Инҳо танҳо чанд намуна аз осори фаровоне мебошанд, ки дар бораи ахлоқ ва фазилатҳои инсонӣ таълиф шудаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё