Зеҳн

Афсонаҳо (Чӯбаки сандалвор)

АГ
Агенти Зеҳнӣ24 октябри 2026 · 19 дақиқа хондан

Чӯбаки сандалвор
Афсонаи халқи тоҷик

Як марди деҳқон будааст, ду писару Майрамбӣ ном як духтари нозанин доштааст. Ҳамсояи вай сарватманд будааст. Ин мард зан гирифтани шуда, ба надимонаш гуфтааст:

  • Равед, барои ман зане пайдо кунед, ки монандӣ Майрамбӣ нозанин бошад!

Надимонаш кафши чӯбин пӯшидаанду асои оҳанин гирифта, дар ҷустуҷӯи чунин духтар баромада рафтаанд. Кофта-кофта дар ҳеҷ ҷо монанди Майрамбӣ духтари нозанинро наёфтаанд. Сарватманд гуфтааст:

  • Пеши падари Майрамбӣ равед, хостгорӣ кунед, молу пули бисёр медиҳам, духтарашро ба ман диҳад.

Надимон пеши падари Майрамбӣ омада хостгорӣ кардаанд. Падари Майрамбӣ бо зану писари калониаш маслиҳат карда, ризогӣ додааст. Баъд аз ин ба тӯй тайёрӣ дидан гирифтаанд. Гӯсфанд овардаанд, гандум орд кардаанд, ҷувоз кашидаанд, биринҷ овардаанд. Падари Майрамбӣ як линга биринҷро дар офтобрӯ паҳн карда, Майрамбиро ҷеғ зада гуфтааст:

  • Духтарам, биринҷро тоза кун.

Майрамбӣ хуб гуфта, биринҷ тоза карда, тӯппӣ дӯхта нишастааст, ки акка омада, шақ-шақ кардааст.

  • Киш-е! Чӣ шақ-шақ мекунӣ! - гуфтааст Майрамбӣ.
  • Мон биринҷ хӯрам, як хабари хуш мегӯям, - гуфтааст акка.
  • Хайр, хӯр, - гуфтааст Майрамбӣ ва акка биринҷ хӯрда-хӯрда сер шудаасту гуфтааст:
  • Ҳамин биринҷи тӯй аст, туро ба ҳамсоятон медиҳанд.

Майрамбӣ ғамгин шуда, “Киш-е!” - гуфтааст. Акка парида рафтааст. “Эй Худо, - гуфтааст Майрамбӣ, - наход ки падару модару акаам маро ба ҳамин марди пир диҳанд?"

Баъд сӯзанашро аз сараки дарзаш гирифта, ба замин зада, гиря кардааст. Сӯзан чанор шудааст, чанори баланд шуда, ба осмон расидааст. Майрамбӣ ба танаи чанор часпида гуфтааст:

Чӯбаки сандалвор-вор,
Як сандал бизан,
Болотарам бибурор!
Болотарам бибурор!

Ҳамин хел гуфтааст, ки чинор ӯро боло бурдааст. Ин вақт модараш хабардор шуда, тарсону шитобон омада гуфтааст:

  • Эй духтарам, баргард, касе чӣ гапе гуфта бошад, номақул кардааст, фуро!

Майрамбӣ дар ҷавоб гирякунон гуфтааст:
Чӯбаки сандалвор-вор,
Як сандал бизан,
Болотарам бибурор!
Болотарам бибурор!
Аввал ту модарам будӣ,
Ҳоло ту душманам шудӣ.

Модараш рафта, ба падараш гуфтааст. Падараш тарсону шитобон омада зорӣ кардааст. Майрамбӣ гӯш надодааст. Баъд акааш омада зорӣ кардааст, ба вай ҳам гӯш надодааст. Баъд додаракашро оварданд. Вай зор-зор гиря кардааст. Дили Майрамбӣ ба додаракаш сӯхтаасту гуфтааст:

  • Чӯбаки сандалвор-вор,
    Як сандал бизан,
    Поёнтарам бифурор!
    Поёнтарам бифурор!

Чанор поёнтар фуромадаасту вай як кокулашро поён партофта додаракашро гирифтааст. Чанор онҳоро боло бароварда, ба як мамлакати дигар бурдааст. Дар он ҷо Марямбӣ ба пеши як деҳқон рафта гуфтааст:

  • Эй бобо, додарам гурусна мондааст, нон мегӯяд, нон доред?
  • Дорам, - гуфтааст мӯйсафед ва ба онҳо нону об додааст.
    Баъд Майрамбӣ аз мӯйсафед пурсидааст:
  • Бобо, мо мусофирем, ба мо роҳ нишон диҳед, ки равем.
  • Эй фарзанд, ба ҳамин тараф рафтан гиред, - гуфта мӯйсафед ба сӯи офтоббаро роҳ нишон додааст, - як кӯл мебарояд, аз он об нанӯшед, ки ғук мешавед. Он тарафтар раветон, як ҷӯй мебарояд, аз он ҳам об нанӯшед, ки оҳубарра мешавед. Баъд дарё аз пеш мебарояд, аз он нӯшетон мешавад.

Майрамбӣ ба мӯйсафеди ғамхор раҳмат гуфта, додаракашро ба пушташ бардоштаасту рафтааст. Рафта-рафта ба лаби як кӯл расидааст. Додараш аз он кӯл об нанӯшидааст. Боз як ҷӯй баромадааст. Майрамбӣ додаракашро ба лаби об монда, дасту рӯяшро шустааст. Додараш напурсида, об хӯрда оҳубарра шуда, маъас кардааст. Майрамбӣ ғамгин шуда: “Оҳ, рӯям сиёҳ, аз ҳамин об хӯрдӣ? Акнун чӣ кор мекунам? “ - гуфтааст.

Майрамбӣ ҳайрону гирён шуда бо додараки оҳубаррааш рафта ба лаби дарё расидаанд. Майрамбӣ дар лаби дарё нишаста, “Оҳ, мо аз ин дарё чӣ хел мегузарем?” - гуфта гиря кардааст. Ҳамин вақт як нахчир (бузи кӯҳӣ, архар) пайдо шуда, гуфтааст:

  • Биёед, ба гардани ман савор шавед, ман мегузаронам.

Майрамбӣ бо додаракаш ба гардани нахчир савор шуда, аз дарё гузашта, ба як марғзор расидааст. Дар ҳамон ҷо Майрамбӣ аз навдаҳои дарахт хаймае соз карда, хоб кардааст.

Ҳамон рӯз подшоҳи мамлакат дар ин марғзор шикор карда гашта будааст. Як вақт бози шикории подшоҳ кабкеро пеш карда ба хаймаи Майрамбӣ даромадааст. Аз ақиби он як навкари подшоҳ омада дидааст, ки як духтари соҳибҷамол нишастагию дар наздаш оҳубарра истодааст. Навкари подшоҳ дар ҳайрат монда, бисёр нигоҳ карда гуфтааст:

  • Эй духтар, инсӣ, ҷинсӣ, парий, паризодӣ?

  • Оҳ, тағой, - гуфтааст Майрамбӣ, - не инсам, не ҷинсам, не париям, не паризод, бандаи хокӣ ҳастам.

  • Бандаи хокӣ, ки бошӣ, - гуфтааст навкар, - ҳамин кабкакони маро пухта намедиҳӣ, ки ба подшоҳ барам.

  • Хуб, - гуфтааст Майрамбӣ ва кабкҳоро гирифта пухтааст. Навкар кабкҳоро ба подшоҳ бурдааст. Подшоҳ тааҷҷуб карда, пурсидааст:

  • Ин кабкҳоро ба куҷо бурда пухтӣ, оловро аз куҷо ёфтӣ?

  • Як духтари соҳибҷамол пухта дод. Духтарак мусофир будааст, ба куҷо рафтанашро намедонад, - гуфтааст навкар.

Подшоҳ ба навкар асп дода гуфтааст, ки ӯро гирифта биёр. Навкар Майрамбию додаракашро ба назди подшоҳ овардааст. Подшоҳ Майрамбиро дидан замон хуш карда, никоҳ карда гирифтааст. Майрамбӣ зани дӯстдоштаи подшоҳ шудааст.

Подшоҳ ду зани дигар низ доштааст. Онҳо рашк кардаанд. Чанд вақт гузаштаасту Майрамбӣ умедвор шудааст. Қариби таваллудкуниаш подшоҳ ба шикор сафар карда, ба занҳои калониаш фармудааст, ки кӯдакро нағз нигоҳубин кунанд. Аммо занҳои калон боз ҳам зиёдтар рашк карда, ба қасди нобудкунии ӯ афтодаанд.

Дар чорбоғи подшоҳ наҳре, дар лаби наҳр як чанори баланд будааст. Онҳо ба шохи чинор арғунчак бастаанду Майрамбиро бо зӯрӣ бурда ба арғунчак савор кардаанд. Баъд бод додаанду бандро буридаанд. Арғунчак канд шудасту Майрамбӣ ба наҳр афтодааст. Нӯги кокулаш ба як шох банд шуда, канда шудааст...

Додараки Майрамби чун абри навбаҳор зор-зор гиря кардааст. Вақти бозгашти подшоҳ расидааст. Занҳояш нони бисёре пӯхта, дар офтоб қоқ карда, дар таҳи кӯрпача паҳн кардаанд. Зани калонӣ ба рӯи кӯрпача хоб кардааст. Подшоҳ омада дидааст, ки зани хурдӣ ба пешвози ӯ набаромад, пурсидааст:

  • Зани хурдии мо куҷо шуд, ки ба назди мо набаромад?

  • Эй монеде, - гуфтааст зани миёнааш, - Худо бигирад ҳамон зани аҷинаваронро, вай чӣ махлуқе буд, дев буд, парӣ буд, ки аз қафои шумо нобуд шуда рафт. Беҳтараш рафта зани калониатонро бинед, ки ба мурдан наздик аст.

Подшоҳ ба пеши зани калониаш даромадааст, ки сахт касал асту паҳлӯ гардад қабурғаҳояш шарақ-шарақ мекунанд. Подшоҳ ҳайрон шуда гуфтааст:

  • Табиб биёред, ки даво кунад, - фармудааст подшоҳ.

  • Табиб даркор не, - гуфтааст зан, - фармоед ҳамон оҳубарраро кушанд, гӯшташ маро сиҳат мекунад.

Подшоҳ ба ду ҷаллод фармудааст, ки оҳубараро кушанд. Ҷаллодон дастаку пояки оҳубарраро баста, хоб кунонида, гарданашро буридани шудаанд, ки оҳубарра гуфтааст:

  • Маро накушед, ман ташна мондаам, равам, як қулт об хӯрда биёям, баъд маро кушед!

Ҷаллодон оҳубарраро раҳо карданд, вай ба лабаки наҳр рафтаасту гуфтааст:

  • Апа, апа, маро мекушанд.

Апааш аз даруни об овози ӯро шунида гуфтааст:

  • Ҳар кас ки туро кушад, дами кордаш пушти корд, пушти кордаш латтавор.

Баъд оҳубарра ба назди ҷаллодон омадааст. Ҷаллодон дасту пояшро бастаанд, ба гулӯяш корд мондаанд, корд нагузаштааст. Онҳо ин ҳодисаро дида, зуд ба пеши подшоҳ рафта гуфтаанд:

  • Эй подшоҳи олам, аҷаб сирре, инро кушта намешавад, аз қафояш ба лаби наҳр рафтем, аз даруни наҳр овозе мебарояд.

Подшоҳ инро шунида, ба надимонаш фармон додааст:

  • Ба зудӣ Дарёдаркашро оваред, наҳрро хушк кунед!

Дарёдаркаш омада оби наҳрро дам кашида, қоқ кардааст. Дидаанд, ки дар таги наҳр як ҳуҷраи ғалатӣ, дар ҳуҷра ду гаҳвораи сабз. Майрамбӣ дар байни гаҳвораҳо нишаста, тӯппӣ медӯзад. Дар гаҳвораҳо ду кӯдак хоб кардаанд. Оҳубарра хоҳаракашро дидаасту шодӣ карда, асли қадим шудааст. Рафта даст ба гардани ӯ андохта, аз хурсандӣ гиря кардааст.

Подшоҳ ҳайрон шуда воқеаро пурсидааст, Майрамбӣ ҳамаро гуфта додааст. Подшоҳ амр кардааст, ки ду зани калониро ба думи байталҳо банданд, аз қафояш айғирҳо сар диҳанд, то пора-пора кунанд.

Майрамбию додаракаш обрӯманд гаштаанд. Подшоҳ бошад, бисёр хурсанд шудааст, ки то ин вақт фарзанд надоштаасту ба пою қадами ин зани нек фарзанддор шуд. Вай тӯйи калон барпо кардааст, ҳамаи халкро зиёфат кардааст. Шӯмо ин ҷо будед, мо он ҷо будем, қанду мавиз хӯрдем, оши палав хӯрдем.

Муаммоҳалкунии Афандӣ

Афсонаи халқи тоҷик

Буд набуд, дар шаҳри Бағдод як Афандӣ буд. Афандӣ дар шаҳри Бағдод қозигӣ мекард. Як рӯз ба назди Афандӣ ду нафар омада гуфтанд:

  • Мо Салиму Ҳалимем, ҳарду ба Макка сафар кардем. Аз он ҷо якхалтагӣ хурмо гирифта ба Бағдод баргаштем. Дар роҳ як рӯз аз хурмои яке мехӯрдему рӯзи дигар аз хурмои дигаре. Вақте ки ба манзил расидем, маълум шуд, ки якдигарро фириб мекардаем.
  • Чӣ хел якдигарро фириб мекардаед? – ришашро молида маккорона пурсид Афандӣ.

Салим гуфт:

  • Ҳар гоҳ навбати хӯрдани хурмои ман мешуд, ман аз халтаи Ҳалим хурмо мегирифтам. Вай ин кори маро дар торикӣ намедид,
  • Ту чӣ фириб мекардӣ? – пурсид Афандӣ аз Ҳалим.

Ҳалим гуфт:

  • Ҳар гоҳ навбати хӯрдани хурмои ман мешуд, ман аз халтаи Салим хурмо мегирифтам. Вай ин кори маро дар торикӣ намедид.

Баъд ҳарду гуфтанд:

  • Барои он ки виҷдони мо пок монаду дар охират гунаҳкор нашавем, чӣ кор кунем? Муаммои моро ҳал кунед, ҷаноби Афандӣ, - гуфтанд Салиму Ҳалим.

Афандӣ пурсид:

  • Оё халтаҳо баробар хурмо доштанд?
  • Баробар хурмо доштанд, - ҷавоб доданд Салиму Ҳалим.

Он гоҳ Афандӣ гуфт:

  • Салим халтаи хурмои худро ба Ҳалим диҳад.

Салим чунин кард.
Афандӣ боз гуфт:

  • Ҳалим халтаи хурмои худро ба Салим диҳад.

Салим низ чунин кард. Сонӣ Афандӣ пурсид:

  • Акнун дидед, ки ҳар кас чӣ қадар аз дигаре дуздида буд, ҳамон қадар худаш зарар дид?

  • Дидем, - гуфтанд Салиму Ҳалим.

  • Акнун розӣ шудед? - розӣ шудем боз баробар ҷавоб доданд Салиму Ҳалим.
    Дар охир Афандӣ гуфт:

  • Акнун шумо бояд қозиётро розӣ кунед, зеро чунин муаммои мушкилро ягон каси дигар ҳал карда наметавонист. Хош ки бошад, шумо халтаҳои дар дастатон бударо ҳамчун ҳаққи қозиёт ба қозиёт супуред.

  • Чаро? - гуфт Салим. - Ман бе хурмо монам?

  • Фарқаш чӣ! - хитоб кард Афандӣ. - Хурмои дар даст будагӣ аз они худат нест-ку!

Ин ҷавобро шунида Ҳалим чизе нагуфта халтаи хурмои дар дасташ бударо ба Афандӣ супурд. «Чӣ лозим гап гардондан!? – гуфт вай ба худ. - Бо Афандӣ шӯхӣ карда намешавад. Ягон гапи дигар зада моро қарздор карданаш ҳам мумкин...»
Ҳамин тавр Афандӣ муаммои Салиму Ҳалимро ҳал кард.

Хурӯс ва мурғ
Афсонаи албанӣ

Буд набуд, як хурӯс ва як мурғ буд. Як рӯз онҳо ҳавои тоза хурем гуфта, ба сайругашт баромаданд. Чақ-чақкунону ғуд-ғудкунон нафаҳмида монданд, ки аз хонаашон хеле дур рафтаанд. Якбора борони сел бориду хурӯсу мурғ тару вазнин шуданд. Болои сӯхта намакоб, рӯз бегоҳ ки шуда буд, шаб даромада монд. Ин замон хурӯсу мурғ дар соҳили дарёчаи кӯҳӣ як осиёеро диданд. Хурӯс ҳалқа ба дар зад.

  • Кистӣ? - пурсид осиёбон.
  • Ин, мо, яъне ман хурӯс бо мокиёнам, - ҷавоб дод хурӯс. Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.
  • Ба ман чизатон даркор нест, - гуфт осиёбон. - Ба хона

ҳам роҳ намедиҳам. Биравед!
Хурӯсу мурғ рафтанд. Каме дуртар рафта боз як осиёро дидаанд. Хурӯс ҳалқа ба дар зад.

  • Кистӣ? - пурсид осиёбон.
  • Ин, мо, яъне ман - хурӯс бо мокиёнам, - ҷавоб дод хурӯс.
  • Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.
  • Биравед, - ҷавоб дод осиёбон. - Ба хона роҳ намедиҳам!
    Хурӯсу мурғ сарсону саргардон роҳашонро давом дода, ба зудӣ боз як осиёеро диданд. Хурӯс ҳалқа ба дари осиё зад.
  • Кистӣ? - пурсид осиёбон.
  • Ин, мо, яъне ман хурӯс бо мокиёнам, - ҷавоб дод хурӯс.
  • Мо тар шудему хунук хӯрдем, иҷозат деҳ, ки шабро саҳар кунем, амаки осиёбон. Ҳақатро мепардозем, албатта. Мокиёнам ҳамин шаб тухм мекунад. Мо онро барои ту гузошта меравем.

Осиёбони сеюм одами раҳмдил будаст. Дарро кушода, хурӯсу мокиёнашро роҳ дод. Оташ гиронда хонаро барои онҳо гарм кард, ҳатто дона дода, иштиҳои хуш талабид.
Хурӯсу мурғ хушк шуданд, гарм шуданд, хӯрдану нӯшиданду барои хобидан дароз кашиданд. Осиёбон ҳам хоб кард.

Аммо хурӯсу мурғро хоб набурд. Дилашон ба ҳамон якто тухми ваъдакардаашон сӯхт. Онро ба осиёбон додан нахостанд. Ҳарду хостанд, ки оҳиставу номаълум хеста гурезанд. Субҳи содиқ бархестанду дарро кушода ба хонаашон рафтанд.

Пагоҳӣ осиёбон бархеста дидаст, ки хурӯсу мурғ нестанд. «Шояд дар каҳдон бошанд, - ба худ андешид вай. Мурғ дар он ҷо тухм карданисту хӯрӯс посбонӣ дорад.»

Осиёбон дар оташдон оташ гиронда, мунтазир нишаст. Чанд соат гузашт. Офтоб баромад. Вале хурӯсу мурғ дарак нашуданд. Осиёбон бархесту атрофии осиёро хабар гирифт, ба каҳдон даромад. Меҳмонҳо набуданд. «Хайр, - гуфт вай, - ба деҳа, ба катакашон рафта, ҳақи худро талаб мекунам!»
Вай ба деҳа равон шуд.

Хурӯсу мурғ ӯро аз дур дида шинохтанд. Осиёбон аз сари теппа сарнишеб мешуд. Хурӯсу мурғ тамоми тухми дар катакашон будагиро шикаста зардиву сафедиашро якҷоя карда, дар кунҷи катак дар зери тӯдаи ангишт пинҳон намуданд. Баъд ба саҷоқе чанд сӯзан халида, худашон баромада рафтанд.

Осиёбон ба катак даромад, ба чор кунҷ нигоҳ кард, на мурғу хурӯс дид, на тухм.

  • Хайр, сабр мекунам, меистам, - гуфт вай ба худ, - ҳамин замон соҳибони хона омада мемондагистанд.

Вай инро гуфта ангишт гирифтан хост. Аммо дасташ ба як чизи мулоим, яъне зардиву сафедии тухм расид. Ин чӣ бошад гуфта дасташро берун кашида, рафта шуста омаду бо саҷоқ тоза кардан хост, ки сӯзанҳо ба ангутонаш халиданд.

Осиёбон ранҷид, сахт ранҷид аз хурӯсу мурғ ва бо афсӯс гуфт:

  • Хурӯсу мурғ ба некии ман ана ҳамин хел ҷавоб гардониданд! Хайр, ҳаволаашон ба Худо!

Аз он замон инҷониб дар он тарафҳо ба хурӯсу мурғ ягон кас дар намекушояд, ҳамин ки онҳо ба дари хона наздик омаданд, киш гуфта пеш мекунанд…

Хандаи мардум
Афсонаи тоҷикӣ

Буданд, набуданд, як падару як писар буданд. Як рӯз онҳо ба шаҳр равон шуданд. Падар харсавор буду писар - пиёда.

  • Ина бинед-а, - гуфтанд роҳгузарон. Шарм намедорад: як марди каппа-калон харсавору як кӯдаки бечора пиёда шудаст. Аҷаб падар-е!
    Падар аз хар фаромаду ба писараш гуфт:
  • Ҷон писар, ман аз гапу калочаи мардум метарсам. Бишин ба хар, ман пиёда меравам.
    Писар харсавору падар пиёда шуд. Инро дида роҳгузарон гуфтанд:
  • Ё тавба-а-а, аҷаб замонҳо расиданд: писар - харсавор, гӯё ягон мансабдори калон бошад, падари бечора аз пушти хар медавад. Ин хелашро бори аввал мебинем.
    Он гоҳ падар ба писараш гуфт:
  • Писарам, ман харсавору ту пиёда будӣ, мардум хандиданд, ман пиёдаву ту харсавор шудӣ, боз ҳам хандиданд. Биё, ҳар ду пиёда шавем. Инаш ба назари онҳо беадолатона ненамудагист.

Ҳамин хел ҳам карданд: ҳар ду пиёда шудандӯ хар бебор рафтан гирифт. Аммо мардум боз ҳам ба тарафи онҳо ангушт рост карда гуфтанд:

  • Ин ду аблаҳа бинед: хари тайёрро савор нашуда пиёда мераванд. Ин ҷо гӯё як хар не, се хар будагӣ барин.
    Падару писар ба андеша рафтанд. Падар

гуфт:

  • Ҷони падар, ман харсавору ту пиёда будӣ, мардум хандиданд, баъд ту харсавору ман пиёда шудам, мардум боз ҳам хандиданд, сонӣ ҳар ду пиёда шудем, ин дафъа ҳам хандиданд, акнун биё, ин хел мекунем: ҳар ду ба хар савор мешавем. Наход ба ҳаминаш ҳам гап ёфта ханданд?!

Инро гуфта дукаса ба хар савор шуданд. Каме рафта буданд, ки як гурӯҳ роҳгузарон ба онҳо ишоракунон гуфтанд:

  • Ин ду бераҳмро бинед: ба як хари бечора дукаса савор шудаанд! Нигоҳ карда гунаҳкор мешавӣ ба ин тоифа!

Ин гапро шунида падар гуфт:

  • Писарҷон, дидӣ, ман савору ту пиёда - бад, ту савораву ман пиёда - бад, ҳарду пиёда боз бад, дар охир ҳар ду савора боз ҳам бад. Биё, харамонро бардошта барем. Канӣ, бинем, ин дафъа чӣ мегуфта бошанд?!

Падару писар ду чӯб гирифта аз зери ишками хар гузаронда бардоштан хостанд.

  • Шумо чӣ кор кардаанд? - пурсид як роҳгузар.

  • Харро бардошта бурданием, - гуфт падар.

  • Барои чӣ - ҳайрон шуд роҳгузар. Девона шудед? Кӣ харро бардошта бурдааст? Харро фақат хар мебардорад. Шумо чӣ, хар шудед?!

Падару писар сахт изо кашиданд, замин накафид, ки дароянд. Вақте ки он роҳгузар рафт, падар ба хари бечора, ки гӯшҳояшро овезон карда, давоми воқеаро мунтазир буд, нигоҳ кард, баъд ба ду чӯбе, ки дар канори роҳ мехобиданд, назар намуд, сонӣ ба писари гарангшудааш чашм дӯхт ва як оҳи сабук кашида гуфт:

  • Имрӯз, Ҷони падар, ману ту як панди бузург гирифтем аз зиндагӣ. Ба сухани ҳар роҳгузар гӯш дода, дар ҳар маврид шармандаву шармсор шудем, гапи сахт шунидем. Акнун мо фаҳмидем, ки ба сухани ҳама гӯш додан, кори аблаҳон будааст!

Ҳоҷинисо Ғуломова

Гурба ва дум

Будаст-набудаст, як гурбаи зарди почасафед будаст.
Вай дар байни хасбедаҳои болои бом зиндагӣ мекардааст. Гурба ширро дӯст медоштааст, онро хеле мекофтааст, аммо намеёфтааст. Як рӯз аз болои бом дидааст, ки як кампирак говро ҷӯшида, ширро ба таги сабад мемонад.

Гурба аз шодӣ лабонашро лесида, «Ана, он чиро ки меҷӯстам, ёфтам!» гуфтааст.

Вай тамоми рӯз поидааст, ки фурсате ёфта, чашми кампирро хато кунаду ширро хӯрад. Аммо кампир ба ҷое нарафтааст. Ниҳоят шабона, вақте ки кампир хобидааст, гурба оҳиста даромада ҳамаи ширро хӯрдааст. Кампир пагоҳӣ хеста дидааст, ки дар хурма як қатра ҳам шир намондааст.

  • Аҷабо, шири маро кӣ дуздида бошад? - ҳайрон шудааст ӯ.

Кампир говро ҷӯшида, ширро боз ба таги сабад
гузоштааст. Гурба имшаб ҳам омада ширро хӯрдааст. Дар
охир кампир ба танг омада, аз паи ба даст афтондани дузд
шудааст. Вай кордро ба даст гирифта, ба
назди сабад омада, дуртар аз он
хобидааст. Гурба боз ба шикор
баромада, кампирро дар пеши
сабад дидааст. Вай аввал хуб гӯш
карда донистанӣ шудааст,
ки кампир дар хоб аст, ё
бедор. Лекин кампир худро
ба хоб зада, хуррок

кашидааст. Гурба сабадро бардошта, ширро мазакунон хӯрдан гирифтааст. Дар ҳамин вақт кампир бо корд гурбаро чунон задааст, ки думи вай аз бехаш ҷудо шудааст. Гурба аз тарс хез зада, ба болои девор баромадааст ва дидааст, ки думаш нест. Пас ғамгин шуда, зорию тавалло кардааст:

  • Мияв, мияв, кампири меҳрубон, ту аз гуноҳи ман гузар, думамро гардонда деҳ.

  • Аввал ширамро деҳ, - ҷавоб додааст кампир. Гурба чӣ кор карданашро надониста ноилоҷ ба назди гов рафтааст.

  • Мияв, мияв, гови қадрдон, дӯсти меҳрубон, ба ман шир деҳ, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

Гов гуфтааст:

  • Аввал ба ман алаф деҳ, алафро хӯрам, шир шавад, баъд хоҳишатро иҷро мекунам.

Гурба барои алаф ба назди замин рафтааст.

  • Замин, ҳой замин, ту ба ман алаф деҳ, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

  • Хеле ташнаам, об деҳ, баъд алаф медиҳам, - ҷавоб додааст замин.

Гурбаи бечора илоҷи дигар наёфта, сарашро хорида-хорида ба назди машкоб рафтааст.

Машкоб, машкоб, ба ман об деҳ, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

  • Шикамам гурусна, ба ман тухм деҳ, баъд ман об медиҳам, - гуфтааст машкоб.

Гурба оҳиста-оҳиста ба назди мурғ рафтааст:

  • Мурғак, мурғак, ба ман тухм деҳ, тухмро ба машкоб диҳам, машкоб ба ман об диҳад, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.
    Мурғ гуфтааст:
  • Аввал ту ба ман дон биёр, баъд тухм медиҳам.
    Гурбаи сарсон ба назди деҳқон омадаасту гуфтааст:
  • Деҳқон, деҳқон, ба ман дон бидеҳ, донро ба мурғак диҳам, мурғак ба ман тухм диҳад, тухмро ба машкоб диҳам, машкоб ба ман об диҳад, обро ба замин диҳам, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба кампир диҳам, кампир думамро гардонда диҳад.

Деҳқон гурбаро дидан замон хурсанд шудаасту гуфтааст:

  • Эй гурбаҷони мошӣ, соқу саломат бошӣ! Биё ба ман ёрӣ деҳ, ки мушҳоро нест кунам. Онҳо хонаамро аз чор тараф сӯрох карда, ғалларо хӯрданд. Баъд ба ту дон медиҳам.

Гурба ин таклифро қабул кардаасту ба хонаи деҳқон рафта, дар як рӯз ҳамаи мушонро нобуд кардааст. Деҳқон хурсанд шуда, ба гурба як доман дон додааст.

Гурба шодикунон донро ба мурғак бурдааст, мурғак тухм додааст, тухмро ба машкоб бурдааст, машкоб об додааст, обро ба замин бурдааст, замин алаф додааст, алафро ба гов бурдааст, гов шир додааст, ширро ба кампир бурдааст, кампир думашро баргардонда додааст.

Гурбаи хушҳол думро ба назди кӯҳнадӯз бурда гуфтааст:

  • Кӯҳнадӯз, ҳой кӯҳнадӯз, даррав думакамро дӯз!
    Кӯҳнадӯз думи гурбаро асли қадимаш барин дӯхтааст.
    Гурба аз нав думдор шуда, рақскунону бозикунон ба хонааш рафтааст.
    Каду

Афсонаи мардуми Португалия

Як одам навдаи борики кадуро диду дар зери дарахти булут нишаста худ ба худ гуфт:

  • Бояд ҳамааш баръакс бошад, меваи шохаҳои дарахти булут каду барин бузург бошаду меваи навдаи каду ҷалғӯза барин майдаҳақ...

Ҳамин вақт як ҷалғӯза афтиду ба фарқи сари ӯ задааст. Одам аз гуфтааш пушаймон шуда хитоб кардааст:

  • Аҷаб аҳмақе будаам! Агар меваи булут мисли каду бузург мебуд, ҷобаҷо мемурдам?!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2