Зеҳн

Шодӣ кунед, бачагон!

АГ
Агенти Зеҳнӣ24 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

МУБОРАК БОД, БАЧАГОН!

Республикаи мо,
Меҳрубон Тоҷикистон
Қадам биниҳодааст
Ба қуллай шаст.
Шоҳиди тавлиди онам,
Хоҳед агар шунидан
Нақламро,
Наздик оед,
Азизони ман.

ДАР ДАРВОЗАИ ШАРҚ

Дар фазои беканор
Чун барқ
Мужда рахшид,
Ки яке шуд аз он хуш,
Дигаре нохуш,
Яке гардид хуррам,
Дигар гирифт мотам,
Яке бо шодӣ мекард
Он муждаро гӯш,
Дигаре аз ғам
Пахта мемонд ба гӯш...
Лекин мужда
Чун шаҳбоз,
Дар фазо
Мекард парвоз:
«Андар дарвозаи Шарқ
Республика шуд эълон
Номи ин давлати нав
Шуд Тоҷикистон».
Дар он як рӯзи фирӯз
Чӣ дар водӣ,
Чӣ дар кӯҳистон,
Дар тамоми ҷо
Иди хушбахтон,
Гардид барпо.

Занону мардон,
Пиру ҷавонон,
Дар боғу майдон
Аз субҳ то шом
Бозавқ буданд
Рақсон, ғазалхон.
То мағриби дур
Расид он рӯз
Овози онон...

ДУШМАН БЕДОР БУД

Душмани маккор
Дар кӯю бозор
Мегашту мекард
Пайваста такрор:
«Кунедам бовар,
Андар ин макон
На тоҷике ҳаст,
На Тоҷикистон.
Ин гуна давлат
На дар замин аст,
На дар кайҳон аст,
Танҳо фиреби
Большевикон аст...»
Аммо ҳар куҷо
Махфӣ маҷлисе
Мекард барпо,
Бар сина бо мушт
Мезаду ночор
Мегашт иқрор:
«Бо чашми бедор
Назар бояд кард,
Аз халқи тоҷик
Ҳазар бояд кард.
Тоҷик дар машриқ
Халқи қадим аст,
Андар тамаддун
Саҳмаш азим аст.
Фарзандони ӯст
Рӯдакӣ, Сино...
Осори онҳо,
Машҳури дунё.
Баста бо занҷир,
Буд дасти тоҷик,
Онро кушодаст
Акнун большевик.
Инони давлат
Бар дасташ додаст.
Ба мо таҳқир аст,
Дирӯза асир,
Имрӯз озодаст.
Республика шуд
Кишвараш имрӯз,
Барояш ҳомист
Большевики рус.
Пеши роҳашро,
Агар бошитоб,
Нагиред имрӯз,
Албатта, фардо
Равшан мекунад
Роҳи мардумро
Мисли инқилоб.
Бандаи моянд
Ҳоло шарқиён,
Бедор гашта
Аз хоби гарон
Маҳкам медоранд
Аз гулӯи мо,
Талаб мекунанд
Ҳуқуқи худро.
Ҳоло, ки фурсат
Морост дар даст,
Дасти тоҷикро
Аз нав бояд баст.
Номи тоҷикро
Аз рӯи дунё
Хат бибояд зад
Бо теғи бурро...»
Ин «кори» хунталабро,

Бо боварии калон,
Ба зиммаи худ гирифт
Мистери манҳус — Ҷонсон.


Босмачиёнро,
Ки ҳар яке он
Дар хунрезӣ ба ҷаллод

Сабақе медод,
Мусаллаҳ гардонд,
Мистери Ҷонсон,
Он гаҳ фармон дод:
«Марҳамат,
Кушода бар рӯятон
Дарҳои Тоҷикистон.
Ҳар қадаре, ки хоҳед
Ғорат онро намоед...»

ВАҲШИЁНИ АСРИ БИСТ

Шабе аз шабҳои тор,
Ҳангоми баҳор,
Садои тире аз хоб
Кард баногаҳ бедор.
Нарафтааст аз ёдам
Он шаби ғамолуд,
Шабе, ки бароям
Даҳшатовар буд.
Ваҳшиёни асри бист,
Аз ҳар сӯ баланд
Дар он шаби зулмонӣ.
Ғалогула бардоштанд:
«Бераҳмона парронед,
Кушед,
Оташ занед,

Сӯзонед...»
Ҳар куҷое мерасид
Гар пои ифлосашон,
Аз ободӣ намемонд
Нишоне дар он макон.
Ҷорӣ мегардид он ҷо
Хуни поки одамон,
Хуни тифлони маъсум
Ашки софи модарон.

Миёни дуду оташ
Истода Ҷонсон,
Бо як ғурур мегуфт:
«Ҳадъяи мо ҳамин аст
Барои Тоҷикистон...»

ДУШМАН ФАНО ШУД

Халқи тоҷики озод,
Марду зан,
Пиру ҷавон,
Чун як ҷону чун як тан
Шамшери тезу шашпар
Асову камон дар даст,
Рӯ ба рӯ гардид,
Бо душмани нохунмаст.


Оре,
Дар майдони ҷанг
Тоҷик набуд танҳо.
Ёру бародаронаш
Бо теғи тезу бурро,
Бо сарварии руси
Зӯру тавоно,
Гаштанд ҳозир
Бар ёрии ӯ.
Роҳи душманро
Бастанд чун кӯҳ...


Чун бабр омад
Душман ба ин хок,

Чун гурба бигрехт
Аз ин хоки пок.
Душман фано шуд,
Ҷонсон расво шуд.


Раге парида,
Саре кафида,
Рише расида,
Мӯе жӯлида,
Ҷома дарида,
Ғалтону хезон,
Назди ҷанобон
Омад як замон
Мистери Ҷонсон.
Ба ҳасрату дард,
Фарёд мекард:
«Дер каме шуд
Дер, ҷанобон,
Тифл дигар нест
Ин Тоҷикистон
Алҳазар аз он,
Алҳазар аз он...»

Баъди чандин солу моҳ
Мистери ҷоҳил Ҷонсон,
Дар сурат марди сайёҳ
Омад ба Тоҷикистон.
Омад, ки бинад аз нав
Диёри тоҷиконро,
Диёре, ки замоне
Ғорат карда буд онро.
Донистан мехоҳад ӯ,
Ки халқи Тоҷикистон
Розӣ ҳастанд оё
Аз русу большевикон?
Мувофиқи табъи дил
Биёбад агар ҷавоб,
Бо қалами тӯҳматбоф
Сабт кунад дар китоб...
Дар диёри тоҷикон
Беш аз як ҳафта ӯ гашт,
Бо пирому ҷавонон
Ҳар куҷо рӯ ба рӯ гашт.
Билохир, танҳо нишаст,
Фикр кард дуру дароз,
Қалам гирифту коғаз,
Бар навиштан кард оғоз:
«Сурати аҳволашро,
Аз ҳар касе пурсидам,
ЯК сухан: «хеле хуб аст»
Дар ҷавобам шунидам.
Мӯйсафеде салладор
Дидаму рафтам наздик,
Гумон кардам диндор ӯст,
Норозӣ аз большевик,
Бо салому эҳтиром

Пурсидам:
«Пири марғуб,
Ҳоли шумо чӣ тавр аст?»
Гуфто:
«Бачем, хеле хуб».
Агар гӯям ҳаққонӣ,
Дар ин диёри гулмаст
Ҳам диндору ҳам бедин
Ҳамрози большевик аст.
Ҳақи гап, аз большевик
Машриқ дигаргун шудаст,
Мактаб ба ҷои зиндон
Дар ҳар қадам кушодаст.
Ҳарфи «мистер»-у «ҷаноб»
«Азъоҳазрат»-у «тақсир»
Ношиносу бегона
Барои ҷавону пир.
На хоҷаву на ғулом,
На бою на хизматгор,
Ҳар кас соҳиби хеш аст
Ҳама дилдодаи кор.
Большевик биёбонро
Ин ҷо гулистон кардаст,
Нақши ҷуғрофиро ҳам
Большевик вайрон кардаст.
Дар он ҷое, ки дирӯз
Вайрона буд, ҳоло шаҳр,
Он ҷо, ки ҷӯе надошт,
Ҷорӣ бувад ҳоло наҳр.
Он ҷо, ки замоне буд,
Гӯшае торикистон,
Акнун чароғи Ильич
Рӯзу шаб бувад рахшон.

Дар ҷои Пули Сангин
Баҳри Норакро дидам,
Роғун маҳвӯ мотам кард,
Лаб аз ҳайрат газидам.
Дар кишваре, ки халқаш
Аз кори худ хушнуд аст,
Ба хушбахтии онон
Акнун ҳама мавҷуд аст...
Алқисса, Тоҷикистон

Кишвари дигар шудаст
Регистони дирӯза
Бахшандаи зар шудаст.
Афсӯс, ҳазор афсӯс,
Дар доми мо наафтид
Ин додари Россия,
Афсӯс, ҳазор афсӯс,
Зӯру тавоно гардид
Ин додари Россия...»

ҲАҚ ҲАСТӢ, ҶАНОБ

Хеле ҷаноби Ҷонсон
Дар дафтараш навиштаст,
Дидаву бишнидаро
Ба ҳам хеле сириштаст.
Навиштаашро хондем,
Чунин мегӯем ба ӯ:
— Бале, ҷаноби «сайёҳ»
Яксара ҳақ ҳастӣ ту!
Ин додари Россия —
Тифли шоди асри бист,
Тавоно шуд,
Банда нест,
Ин додари Россия.
Бадхоҳи Тоҷикистон
Карӯ лангу кӯр шудаст,
Шӯҳрати Тоҷикистон
Дар ҷаҳон машҳур шудаст.
Мефахрему меболем,
Ки фарзанди ӯ ҳастем,
Ки бо русу большевик
Тақдири худ пайвастем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2