Зеҳн

АҲАМИЯТИ АУДИТ ДАР НИЗОМИ МОЛИЯВӢ ВА ИДОРАКУНӢ

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Аудит ҳамчун як унсури муҳими назоратӣ ва таҳлилии фаъолияти молиявию идоракунӣ дар тамоми ҷаҳон ва махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва тақвияти низоми молиявӣ, аудит воситаи боэътимод барои таъмини шаффофият, кам кардани хатоҳо, ошкор намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои молиявӣ мебошад.

     Мафҳуми аудит дар таърих аз калимаи лотинии “audit”, яъне “гӯш кардан” сарчашма гирифтааст. Дар ибтидо он маънои шунидани ҳисоботи масъулони молиявиро дошт, яъне шоҳ ё соҳибкор барои огоҳ шудан аз вазъи молиявӣ шахсони масъулро гӯш мекард. Бо гузашти замон ва бо мураккаб гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ин мафҳум тағйир ёфт ва имрӯз аудит ба як низоми мукаммали санҷиш, таҳлил ва арзёбӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо ҳисоботи молиявиро дар бар мегирад, балки фаъолияти роҳбарӣ, идоракунӣ ва истифодаи захираҳоро низ фаро мегирад.

     Дар Тоҷикистон аудит ба сифати як бахши мустақил аз охири солҳои 90-уми асри гузашта ба таври расмӣ ташаккул ёфта, имрӯз дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» танзим мегардад. Ин қонун меъёрҳо ва талаботеро муайян кардааст, ки ҳам ширкатҳои аудиторӣ ва ҳам мутахассисони соҳа бояд риоя намоянд.

     Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар афканем, метавонем бубинем, ки дар куҷое ки аудит заиф буд ё иҷрои он ба таври дуруст сурат нагирифт, фалокатҳои бузурги молиявӣ ба амал омаданд. Яке аз мисолҳои равшан, қазияи ширкати амрикоии Enron мебошад, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат овард. Ин ширкат ҳисоботи молиявии худро сохтакорӣ мекард ва аудиторони вобаста натавонистанд камбудиҳоро ошкор намоянд. Вақте ки ҳақиқат ошкор шуд, ширкат муфлис гардид, ҳазорҳо нафар корро аз даст доданд ва саҳмиядорони зиёд зиёни молиявии калон диданд. Ин қазия нишон дод, ки бе аудит ва шаффофият иқтисод метавонад ба фалокат рӯ ба рӯ шавад. Баъди ин Иёлоти Муттаҳида маҷбур шуд қонунгузории сахттар, аз ҷумла Қонуни маъруфи «Сарбейнс-Оксли»-ро қабул кунад, ки масъулияти роҳбарон ва аудиторҳоро зиёд намуд.

     Аҳамияти аудит, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он шаффофият ва боэътимодии ҳисоботҳои молиявиро таъмин мекунад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар соли 2023 зиёда аз 25 ҳазор шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ҳисоботи молиявии худро ба мақомоти андоз пешниҳод карданд. Аммо на ҳамаи ин ҳисоботҳо аз ҷониби мутахассисони мустақил санҷида шуда буданд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 35%-и корхонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон дар тартиб додани ҳисоботи молиявӣ хатоҳои ҷиддӣ доранд, ки баъзан ба коҳиши даромади буҷет тавассути андозҳо меорад. Аудит дар ин замина на танҳо хидмати назоратӣ, балки воситаи ҳифзи манфиатҳои давлат, соҳибкорон ва сармоягузорон мебошад. Аз нуқтаи назари идоракунӣ, аудит имконият медиҳад, ки роҳбарон фаъолияти дохилии ширкатро таҳлил намоянд ва хулосаҳои дуруст барои оянда бароранд. Масалан, ҳангоми гузаронидани аудити дохилӣ дар ширкатҳои истеҳсолӣ аксар вақт хароҷоти изофӣ, истифодаи ғайримақсадноки захираҳо ва камбудиҳои банақшагирӣ муайян карда мешаванд.

     Дар соли 2022, тибқи гузориши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои давлатӣ зиёда аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои ғайримақсаднок истифода шуда буданд. Ин рақам нишон медиҳад, ки дар сурати истифодаи дурусти механизмҳои аудит чунин талафотро метавон ба таври назаррас коҳиш дод. Илова бар ин, аудит нақши муҳим дар ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мебозад. Сармоягузорони хориҷӣ пеш аз ворид шудан ба бозори Тоҷикистон талаб доранд, ки ҳисоботи молиявии ширкатҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бо тасдиқи аудиторони мустақил пешниҳод гардад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон аз соли 2010 узви Созмони байналмилалии ҳисобдорӣ ва аудиторӣ мебошад ва тадриҷан стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва аудитро татбиқ мекунад, иҷрои аудит ба яке аз шартҳои асосии ҳамгироии молиявии кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

    Аудит, инчунин, воситаи пешгирии коррупсия, яъне яке аз роҳҳои коҳиши чунин омилҳо тақвият додани назорати мустақилона аз ҷониби аудиторони касбӣ мебошад. Масалан, гузаронидани аудит дар тендерҳои давлатӣ метавонад шаффофияти равандҳоро зиёд намояд ва роҳбаронро водор кунад, ки маблағҳои буҷетиро мувофиқи қонун истифода баранд.

     Аз ҷиҳати иқтисодӣ, рушди соҳаи аудит дар Тоҷикистон низ аҳамияти калони иҷтимоӣ дорад. Тибқи омори Вазорати адлия, то соли 2024 зиёда аз 150 ширкати аудиторӣ ва садҳо аудиторони инфиродӣ дар кишвар сабти ном шудаанд. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2010, ки ҳамагӣ 40 ширкат фаъолият мекарданд, қариб се маротиба афзоиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки бозори хизматрасониҳои аудиторӣ рушд мекунад ва талабот ба он зиёд мешавад. Бо рушди ин соҳа ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд, сатҳи тахассуси мутахассисон боло меравад ва муҳити рақобати солим ташаккул меёбад. Дар баробари ин, аудит барои идоракунии самараноки ширкатҳо низ аҳамияти назаррас дорад. Бо истифода аз хулосаҳои аудиторӣ роҳбарият метавонад хатари молиявиро пешакӣ муайян намояд, самаранокии фаъолияти иқтисодиро баланд бардорад ва қарорҳои дуруст барои рушди минбаъда қабул кунад. Масалан, дар натиҷаи аудити молиявӣ аксар вақт ширкатҳо дарёфт мекунанд, ки захираҳои молиявиро метавонанд ба тарзи дигар тақсим кунанд ва аз ин ҳисоб фоидаашонро зиёд намоянд. Ҳатто таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ нишон додааст, ки ширкатҳое, ки мунтазам аз хизматрасониҳои аудиторӣ истифода мебаранд, сатҳи рушд ва устувории молиявии онҳо то 20% баландтар аз ширкатҳои бидуни аудит мебошад.

     Бо назардошти ҳамаи ин далелҳо, метавон гуфт, ки аҳамияти аудит дар соҳаи молиявӣ ва идоракунӣ на танҳо дар санҷиш ва тасдиқи ҳисоботҳо ифода меёбад, балки ҳамчун воситаи муҳими стратегӣ барои рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани шаффофият ва тақвияти идоракунӣ хизмат мекунад.

     Агар ба оянда назар афканем, метавон гуфт, ки аҳамияти аудит боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Бо рушди технологияҳо ва рақамикунонии иқтисод хатари қаллобӣ ва сохтакорӣ низ меафзояд. Барои пешгирӣ аз ин хатарҳо низоми аудиторӣ бояд такмил ёбад, стандартҳои нав қабул карда шаванд ва мутахассисон доимо дониши худро нав кунанд. Дар кишварҳои рушдёфта аллакай, аудити рақамӣ ҷорӣ шудааст, ки бо истифода аз барномаҳои компютерӣ ҳисоботҳоро санҷида, хатоҳоро ба таври автоматикӣ ошкор мекунад.

    Барои Тоҷикистон низ дар оянда зарур аст, ки ба чунин технологияҳо рӯ оварад ва низоми аудиториро бо талаботи замон мутобиқ созад, бештар ба омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи аудит таваҷҷуҳ кунад, ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳад ва заминаҳои қонунгузориро мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ боз ҳам такмил диҳад. Танҳо дар ин сурат аудит метавонад нақши пурраи худро дар низоми молиявию идоракунии кишвар бозад ва ба таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2