Зеҳн

МАҚОМИ УСТОД ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Мусаллам аст, ки устодон сарчашмаи донишу маърифат, пешравию комёбиҳо дар ҷодаи ҳаёти инсон ҳастанд, чунки эшон ҳар нафасу қуввати хешро барои аз бар намудани илм, соҳибмаърифат гардонидани ҷавонону наврасон харҷ мекунанд. Аз ин рӯ, донишҷӯён, бахусус ҷавони имрӯзаи моро зарур аст, ки бештар китоб хонанд, забон омӯзанд, то ки дар рафти донишазбаркунӣ ва пажуҳишҳои илмиашон аз он ба таври васеъ ва самаранок истифода баранд ва бо ин роҳ сатҳу сифати дониши худро боло бардоранд. Зеро мақсади омӯзиш ҳам танҳо дар ҳамин аст, ки дар қалби донишҷӯ ва пажуҳишгар бедор намудани шавқу завқи донишомӯзӣ, дӯст доштани касби интихобнамуда ва тавассути он хизмат ба халқу Ватан, ки ҷавҳари мақсади пешгузоштаи ҳар яки моро дар зиндагӣ ташкил медиҳад, мебошад.

Мо – устодонро, мебояд дар қалби ҷӯяндаи дониш аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ба воситаи мутолиаи китоб изҳори андеша намуданро бедор намоем. Мо медонем, ки аҷдодони мо аз қадим бо китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистанд ва ин анъана то ба имрӯз омада расидааст ва моро зарур аст, ки ин анъанаро такмил ва идома диҳем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгор далели эҳтирому эътиқоди ҷомеа ба аҳли таълиму тарбия буда, аз мақому манзалати волои омӯзгор башорат медиҳад. Тоҷикон аз қадим ихлосманду сипосгузори омӯзгорон буданд, ҳамеша ба онҳо сари таъзим фуруд меоварданд ва ситоишашон мекарданд.

Сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии обрӯю эътибори омӯзгор ва мавқеи ҷамъиятии ӯ мусоидат кардааст.

Пешвои миллат, ҳамчунин, дар мавриди нақш ва мақоми омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани насли ободкору бунёдгар дар ҷомеа изҳори назар намуда, таъкид доштаанд: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.

Ҳамагон медонем, ки забони шевои тоҷикӣ таърихи беш аз 3000-сола дорад ва озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Забони модарии мо дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, забони суфтаву шоирона гардидааст. Аз ин мебарояд, ки забон пояи ҳастии миллат аст. Ҳамаи халқияту нажодҳоро маҳз аз рӯйи забонашон мешиносанд ва решаҳои забони мо аз садсолаҳои пеш аз мелод, яъне асрҳои аввали солшумории нав об мехӯрад.

Асри 21 асри техника ва технология мебошад. Мо дар асре қарор дорем, ки технология бо сурати баланд рушд карда истодааст ва нақши иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯза яке аз мавзуъҳои муҳим буда, он ба устодон ва донишҷӯён имкон медиҳад, то аз навгониҳои соҳа аз наздик огаҳӣ пайдо намоянд.

Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технология баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва ба роҳ мондани усулҳои пешрафтаи таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2