Зеҳн

УНСУРУ ОМИЛҲОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Муносибати босалоҳият дар таълим, фаъолиятест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, функсионалӣ) равона шуда, он ба саволҳои:

“Хонанда чӣ кор карда метавонад?”, “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ҷавоб гуфта, дониш ҷузъи таркибии малака дониста мешавад ва барои санҷидан, муқоиса кардану ислоҳи ғалатҳо истифода мешавад.

Дар низоми таълими ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ин хусусиятҳо муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонанда ва хонандаю маводи таълимро муайян мекунад. Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳои хонанда баланд бардошта шавад, ҳамзамон, барои ташаккули шахси масъулиятнок, ботарбия ва маърифатнок замина муҳайё гардад. Аз ин рӯ, салоҳиятҳо доираи васеи зиндагиро фаро гирифта, ҷузъҳо ва унсурҳои онҳо таълим дода мешаванд ва ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. Салоҳиятҳои таълимӣ (салоҳиятҳое, ки дар стандарту барнома, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ) ифода гардидаанд.

2. Салоҳиятҳои ғайритаълимӣ (салоҳиятҳое, ки дар зиндагӣ, ҳаёти инсонҳо) мушоҳида мешаванд.

Бо дарназардошти махсусиятҳо салоҳиятҳои гурӯҳҳои зикршуда танҳо дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбанд. Барои мушаххас намудани гуфтаҳои боло мо муҳтавои салоҳият ва босалоҳиятиро шарҳ медиҳем.

Салоҳият: доираи масъалаҳое, ки касе бештар дар бораи онҳо иттилоъ дорад; доираи тавоноӣ ва ҳуқуқи касе; Босалоҳият: бохабар, огоҳ; дорои эътибор дар соҳаи муайян; мутахассис, соҳиби тавоноӣ ва зарфиятҳо.

Дар мувофиқа ба фармоиши давлатӣ оид ба тайёр намудани хонандагон ба ҳаёти мустақилона ва ба ҷомеа, тибқи талабот ва меъёрҳои муносибати босалоҳият ба таълим омодагии омӯзгор бояд чунин сурат гирад: омода будан ба ҳалли мушкилот; омода будан ба фаъолияти маърифатии мустақилона; омода будан ба муоширати мақсадноку судманд; омода будан ба истифодаи технологияи иттилоотиву иртиботӣ; омода будан ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ; омода будан ба худтакмилдиҳӣ, худмуайянкунӣ.

Муносибати босалоҳият равандест, ки зимни он дониш, малакаҳои ҳаётан муҳим ташаккул ёфта, роҳҳои дар ҳаёт истифода бурдани онҳо дарёфт карда мешаванд. Вобаста ба ин раванд салоҳиятҳо ба навъҳои зер: салоҳиятҳои асосӣ-бунёдӣ, умумӣ ва фаннӣ ҷудо мешаванд. Ин ҷо бо мақсади равшан намудани салоҳиятҳои асосӣ, мазмуну муҳтавои салоҳиятҳои омӯзгорӣ нишондиҳандаҳои чанде аз онҳоро тавсиф медиҳем. Аз ҷумла:

Салоҳияти маърифатӣ-таҳлилӣ Нишондиҳандаҳо: қобилияти таҳлилу таркиб намудани мафҳум, истилоҳот, муқаррарот ва сохтори низоми донишро доштан; маҳорати дарк намудани мушкилот ва интихоби иттилооти ба он мутаалиқбударо доштан; маҳорати истифода бурдани адабиёти иловагӣ ва ёфтани донишҳои нав барои ҳалли мушкилотро соҳиб будан.

Салоҳияти маърифатӣ - эҷодӣ

Нишондиҳандаҳо: маҳорати ҳал намудани масъалаҳое, ки якчанд паҳлуи масоили мубрами рӯзро фарогир аст; маҳорати бо далел изҳор карда тавонистани нуқтаи назари хеш; қобилияти муайян кардани тавсифи проблема, роҳҳои ҳалли мушкилоти бавуҷудомадаро дарёфт карда тавонистан.

Салоҳияти маърифатӣ – таҳқиқотӣ

Нишондиҳандаҳо: маҳорати коркард ва аз худ намудани мавод бо ёрии рамзкушоии таркиби аломат, низом, ҷадвал ва тасаввуроти образӣ дар машғулиятҳо, дар ҷавоб ба савол ва ҳангоми ҳалли масъаларо дорад.

Салоҳияти муносибати байнифардӣ

Нишондиҳандаҳо: маҳорати интиқодӣ ва худинтиқодӣ доштан; дар синф бо хонандагон кор карда тавонистан; малакаи хуби байнишахсӣ доштан; бо мутахассисони соҳаҳои фаннӣ ҳамкорӣ карда тавонистан.

Мақсади ягонаи маорифи кишвар ин аст, ки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои муҳимму мубрам ва таҳлили равандҳои ҷаҳонишавӣ қодир бошанд ва дар маҷрои таҳаввулоти ҷаҳони муосир мақому манзилати сазовори Ватани маҳбубамонро ҳифз карда тавонанд. Дарки воқеияти имрӯз, яъне, шинохти манфиатҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳимояи Ватан-модар, хизмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии кишвар талаботро нисбат ба омӯзгор даҳчанд зиёд карда, мақому манзалати ӯро дар назди ҷомеа боз ҳам болотар мебарад. Агар омӯзгор шогирдашро бо ин хислатҳо мусаллаҳ карда тавонад, дар оянда рушду тараққиёти давлат ва кишвар таъмин мегардад. Тавре ки аз таҷрибаи зиндагӣ маълум аст, дониш қудрат аст. Агар омӯзгор ин қудратро дар шуури хонандагон талқин кунад, ҳамаи кӯшиш ва малакаву таҷрибаи худро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи шогирдони худ равона намояд, онҳоро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ карда тавонад, табиист, ки шогирдон дар бораи ҳама гуна зуҳуроти ҷамъиятӣ мантиқан хулоса мебароранд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб менамоянд. Дар ин замина ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст.

Хулосаи якум. Салоҳиятро ба омӯзгор сазовор медонанд, зеро салоҳиятнокиро худаш ба даст меорад. Вале ҳар ду ҳам бе заҳмату кӯшиш муяссар намегардад.

Хулосаи дуюм. Дар ҳар ду таъриф унсурҳои муҳими ҷараёни педагогӣ ифода ёфтаанд, ки ба фаъолияти самарабахши омӯзгор мусоидат менамоянд ва онҳоро ба таври фишурда шарҳ медиҳем.

Унсури 1. Ҷаҳонбинӣ ё доираи назари омӯзгор. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёму суханрониҳо, суҳбату нишастҳо ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир дахл карда, таъкид менамоянд: «Масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани онҳо ниҳоят муҳим мебошад».

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, рисолати таърихии хешро сидқан ба ҷо орад, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқу вафодор саҳми арзанда гузорад. Ва дар ин радиф дорои малакаву маҳорат ва хислатҳои зайлро бошад: доираи назар - ҷаҳонбинии васеи илмӣ-фалсафӣ дошта бошад; қонунҳои тараққиёти табиату ҷамъиятро донад, ба онҳо аз диди илмӣ баҳо дода тавонад; Паёму суханрониҳои Сарвари давлат ва панду андарзҳои шахсиятҳои таърихии миллатро мунтазам омӯзад; аз мазмуни қарору қонунҳо, консепсияҳо ва дигар санадҳо, ки Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму маориф қабул мекунанд, бохабар бошад; аз мазмуну муҳтавои фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт огоҳ бошад; аз навоварию навгониҳои илму техника, навиду иттилооти ҷаҳону кишвар бохабар бошад; дар тадбирҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ, аз ҷумла, озмунҳо, олимпиадаҳо, семинару конференсияҳо фаьолона иштирок намояд; дар курсу семинарҳои такмили ихтисос, ки мувофиқи нақша сурат мегиранд, иштирок намояд.

Ҳамаи ин унсурҳо ҷаҳонбинии илмии омӯзгорро вусъат бахшида, имконият медиҳанд, ки он воқеаҳои иҷтимоӣ ва табииро воқеъбинона баҳо дода, мавқеи худро дар ҷомеа муайян намояд.

Унсури 2. Салоҳиятмандии омӯзгор

Тавре ки ишора гардид, салоҳиятнокӣ омодагии махсус ба фаъолияти касбӣ буда, омӯзгорро мебояд, чунин салоҳиятҳоро дошта бошад: санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ моҳият, принсип, назария ва равишҳои муосири таълим ва тарбияро донад; тарзи кор бо дафтар (журнал)-и гурӯҳро донад; роҳҳои ташаккули салоҳиятҳои хонандагонро дар ҷараёни таълим ва тарбия донад; тарз ва роҳҳои истифодаи технология, стратегияҳои самараноки таълим ва тарбияро донад; тавсиф ва роҳҳои татбиқи унсурҳои таълим ва тарбияро донад; назарияҳои муосир ва гуногуни таълим ва тарбияро донад ва риоя намояд; усули мувофиқи таълим ва тарбияро интихоб карда тавонад; сатҳи таълим ва тарбияи хонандагонро муайян карда тавонад; мувофиқ ба талаботи барномаҳои таълимӣ тарбиявӣ рушди шахсият ва салоҳиятҳои хонандагонро таъмин карда тавонад; тарзу усул ва воситаҳои таҳлилу арзёбии шахсият, малакаву маҳорат, қобилияту истеъдод ва фаъолияти хонандагонро донад; психологияи иҷтимоӣ ва синнусолии хонандагонро донад; тарзу усул ва истифодаи мақсадноки технологияи муосир (компютер, тахтаи электронӣ, интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро донад; роҳҳои таҳқиқи вазъи равонӣ ва хусусиятҳои синнусолии хонандагонро донад; оид ба вазъи саломатии ҷисмонӣ ва равонии хонадагон маълумот гирд оварда тавонад; фаъолияти ҳар як хонандаро таҳлил карда тавонад; сари вақт ба хонандагони сустхону душвортарбия ва дар гурӯҳи хавф қароргирифта ёрии амалӣ расонда тавонад; бо муттахассисон ва омӯзгорони фаннӣ ҷиҳати расонидани ёрии амалию методӣ ва равонӣ ба хонандагон, падару модарони онҳо ҳамкорӣ карда тавонад; нақшаи тарбиявии гурӯҳро таҳия карда тавонад; роҷеъ ба вусъати тарбияи тарзи ҳаёти солим бо падару модари хонандагон ҳамкории судманд карда тавонад; беҳдошт ва гигиенаи таълимгоҳиро донад ва риоя намояд; ба малакаву маҳорат, қобилият, истеъдод ва дониши хонандагон баҳои воқеӣ ва беғаразона дода тавонад; нақшаи корҳои тарбиявии гурӯҳро таҳия карда тавонад.

Омӯзгори босалоҳият шахси бомаҳорат, фаъол, масъулиятшинос, эҷодкор ва иҷтимоӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, зарур мешуморем, ки ӯ ҷиҳати ташаккули маҳорат ва салоҳиятҳои касбияш тадбирҳои зерро амалӣ намояд: мазмун ва самтҳои фаъолияташро равшан созад; пайваста худомӯзӣ кунад ва аз навгониҳои касбӣ огаҳӣ ёбад; роҷеъ ба беҳбуди фаъолияти хеш мақсад гузорад, шароитҳоеро муайяну фароҳам орад, ки ба ташаккули маҳорати ӯ ва шогирдон мусоидат кунад; дар раванди фаъолият мушкилоти тадрисро омӯхтаву муайян ва роҳҳои ҳалли онро пешбинӣ намояд; дар давоми фаъолият аз воситаҳои гуногуни техникӣ, аз ҷумла, аз технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ истифода барад; андеша ва нуқтаи назари худро мувофиқи меъёри забони адабӣ ва одоби муомила баён намояд; дар муколамаву муносибат бо ҳамкорону шогирдон босабру таҳаммул бошад, аввал андеша кунад ва баъд сухан гӯяд; дар расидан ба мақсуд ҳамеша нармбаёну нармсухан бошад; ба натиҷаи фаъолияти худ баҳо диҳад; ҷиҳати намоиши фаъолияти хеш дар озмунҳои касбӣ иштирок намояд; нақшаи дарсашро дар асоси стандарту барномаҳои муосири таълим ва меъёрҳои муайяншуда таҳия намуда, аз модулҳои таълимӣ фаровон ва мунтазам истифода барад; барои машқи дониш, ташаккули малака ва маҳорати шогирдон аз тарзу усулҳои муосири фаъолият ба монанди кори мустақилона, кори дунафарӣ, кор дар гурӯҳҳои хурд, баррасии умумӣ истифода барад ва барномаҳои фаъолиятиеро матраҳу истифода кунад, ки истиқлоли эҷодияшро таъмин намояд.

Шакармо СУРИЕВА –

ходими калони илмии шуъбаи фанҳои технологияи

меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбии

Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2