МАШҒУЛИЯТ ВА МАХСУСИЯТҲОИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР
Тамоми иқдомот оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ислоҳот ва навсозии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) низоми маориф барои кӯдакони имконияташон ба идеологияи муҳофизат махсус кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Қонуни намудани ҳуқуқи кӯдак дар ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар такя мекунанд, зеро агар мо ин мавриди таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти корро аз рӯи дилсӯзӣ ё хайрия ба махсус моддаҳои махсус дорад. Қонунҳои Ҷумҳурии ҷо орем, натиҷаҳои заруриро ба Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон даст оварда наметавонем. Ҳамаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти муассисаи кӯдакон ҳуқуқ ба таҳсил доранд, таълимии типи интернат дар Ҷумҳурии мо бояд барои таҳсили онҳо Тоҷикистон» ва «Низомномаи намунавии шароити мусоид фароҳам оварем.
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Муассисаҳои зиёде ҳастанд, Тоҷикистон» дар навбати худ тартиби қабул, ки бо кӯдакони эҳтиёҷоти тартиботи дохилӣ, идоракунӣ, маблағгузорӣ ва махсусдошта сидқан кор хизматрасониҳои тиббиро дар ин мактабҳо пешбинӣ мекунанд. Дар асоси таҳлили менамоянд.
таҷрибаҳои мамолики мутараққии ҷаҳон чанд хулосаи муҳимро вобаста ба ин мавзуъ қайд кардан мумкин аст:
Аввалан, мафҳуми фарогирӣ (инклюзия) дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон аҳамияти бузургро касб кардааст; Дуюм, ба душвории татбиқи ин ғоя нигоҳ накарда, вусъат ёфтани он дар мамлакатҳои гуногун натиҷаҳои мусбӣ медиҳад.
Дар натиҷаи мушоҳидаҳои давлатҳои пешрафта маълум шуд, ки кӯдакони талаботи махсусдошта дар ҷамъият зиндагӣ карда, фаъолтар ва беҳтар таҳсил мекунанд. Таълим ва нигоҳубине, ки кӯдакон дар муассисаҳои махсус мегиранд, ҳамаи инро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ташкил намудан мумкин аст. Сари вақт ёрӣ расонида, дастгирӣ намудан, пайдо кардани аёният ва омодасозии мутахассис имконият фароҳам меорад, ки таълими инклюзивӣ натиҷаҳои хуб диҳад. Ҷудо намудани кӯдакон дар онҳо ҳисси тарс, дағалӣ, дуруштиро ба вуҷуд меорад. Танҳо таълими инклюзивӣ дар кӯдакон ҳисси тарсро гум карда, ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ боис мегардад ва ба инкишофи муносибат ёрӣ расонида, ба ҳаёти мустақилона дар ҷомеа тайёр менамояд.
Дар асоси моддаи 26-уми Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2010 таҳти рақами 675 қабул карда шудааст, ҳамаи маъюбони гурӯҳи 1, 2 барои гирифтани маълумоти миёна, миёнаи махсус, маълумоти олӣ ҳуқуқ доранд.
Ҳоло нисбат ба солҳои пеш ба таълим фаро гирифтани кӯдакони талаботи таълимашон махсус зиёд шуда истодааст. Боиси зикр аст, ки Вазорати маориф ва илм бо марказҳои саломатии ноҳияҳо ҳамкории зич дорад ва аксари кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд аз ташхиси тиббӣ гузаронида, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар раванди таҳсилоти кӯдакон, ки талаботи махсус доранд, тамоми намудҳои зӯровариро пешгирӣ карда, ба ҳамаи онҳо (ҳатто кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни равонӣ) имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамроҳи кӯдакони солим таҳсил карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Бояд гуфт, ки таълими хонагӣ низоми нав буда, омӯзгорон, новобаста аз ҷойи зисти хонандагон, ба хонаи онҳо рафта, бо онҳо машғулиятҳо мегузаронанд. Барномаи ёрирасон дар таълими хонагӣ бо дар назардошти имкониятҳои хонанда бо пешниҳоди ташхиси тиббӣ мураттаб мегардад.
Қайд кардан лозим аст, ки то ҳол дар ин самт дар баробари муваффақиятҳо мушкилоти зерин ба чашм мерасанд:
a. нарасидани мутахассисони соҳибихтисос; b. бепарвоӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон аз тарафи волидайн; c. пинҳон кардани кӯдакони талаботи махсусдошта аз тарафи волидайн; d. сари вақт ба мутахассисони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ муроҷиат накардани волидайни кӯдакони талаботи таълимашон махсус.
Вобаста ба кор бо кӯдакони бо талаботи таълимии махсус 4 модел: модели тиббӣ, хайриявӣ, баробарҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа амал мекунанд.
Модели тиббӣ
Модели тиббӣ асосан барои муолиҷаи одамони бо талаботи махсус, ки барои аксарияти маъюбӣ имконпазир нест, равона карда шудааст. Ба ақидаи намояндагони ин модел, маъюбият вазъи фард буда, онро табобат кардан лозим аст. Сабук намудан ва ё табобат намудани ин дард вазифаи кормандони тиб аст. Ин модел шахсони талаботи махсусдштаро ҳамчун шахсони дуюмдараҷа ҳисоб намуда, чун одамони бемор баррасӣ менамояд, табобат ва таҳсилоташонро дар шароити махсус ва бештар дар муассисаҳои ҷудогона ба роҳ мемонад. Дар ин модел духтур барои ҳаёти инсон қарор мебарорад.
Модели хайрхоҳона
Модели хайрхоҳона баҳри кумак ба эҳтиёҷоти шахси дорои маъюбият ва мадади хуби «Ёрдамчӣ» равона шудааст. Он аз рӯи эҳтиёҷот расонидани кумаки хайриявии фаврӣ ҳангоми дард ва гушнагист. Аммо худи шахси дорои талаботи махсусдоштаро дар муҳлати дароз шифо намебахшад ва ӯ дар ҷамъият мавқеи худро надорад. Мувофиқи нуқтаи назари намояндагони ин модел, маъюбият бадбахтӣ ва ҷазо мебошад. Инсон ҳамчун ниёзманд бадбахт ҳисоб мешавад ва ба хайрия ниёз дорад. Дар асоси ин модел наҷоти чунин одамон фақат ба воситаи хайрия, муҳаббат ва ғамхории аъзои ҷомеа амалӣ мешавад. Хайркунандагон бо мақсади дарёфт кардани савоб ва адои уҳдадории инсонӣ ба ниёзмандон пайваста дасти мадад бо додани хайрия дароз намуда, некӣ мекунанд.
Модели баробарҳуқуқӣ Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон (2006).
Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015.
«Татбиқи Консепсияи мазкур ба ҳалли масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакону наврасони талаботашон махсус барои зиндагӣ кардан ва тарбия ёфтан дар оила ҷиҳати гирифтани таҳсилоти босифат, дастрасӣ ба захираҳои коммуникатсионии иттилоотӣ имкон фароҳам меоварад».
Ҳама баробарҳуқуқанд. Ҳуқуқҳо аз тарафи давлат ва ҷомеа иҷро мешаванд. Ҷомеа барои бартараф намудани монеаҳо вазифадор аст. Дар қонунҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳуқуқҳои одамони дорои талаботи махсусдошта инъикос ёфтаанд. Ва ниҳоят, якҷояшавии кӯдакони талаботи таълимашон махсус ба ҷомеа танҳо ҳангоми ташаккули муносибати мусбат ба ин гурӯҳи кӯдакон имкон дорад.
Модели иҷтимоӣ
Намунаи иҷтимоии маъюбӣ маъюбиро чун мушкилоти иҷтимоӣ, на ҳамчун хислати инсон, тавсиф медиҳад. Мутобиқи намунаи иҷтимоӣ маъюбӣ дахолати сиёсиро тақозо менамояд, зеро мушкилот бо сабаби номутобиқии муҳити атроф, ки аз муносибат ва хислатҳои дигари муҳити иҷтимоӣ бармеоянд, ба миён меоянд. Гузариш ба намунаи иҷтимоӣ, дар маҷмуъ, бо инсондӯстии ҷомеаи ҷаҳонӣ алоқаманд аст. Муҳиммияти намунаи иҷтимоӣ дар он зоҳир мегардад, ки одамони талаботашон махсус на ҳамчун одамоне, ки дар онҳо чизе созгор нест, аз назар мегузаронад, балки сабабҳои корношоямиро дар муҳити меъмории номувофиқ, номукаммалии қонунҳо ва ғайра мебинад.
Модели иҷтимоӣ барои арзиш ва иштироки одамони дорои талаботи махсусдошта даровардани тағйирот дар ҷамъият равона карда шудааст. Намояндагони ин модел қайд мекунанд, ки кӯдакон ё одамони дорои талаботи махсусдошта эҳтиёҷ надоранд, ки ба онҳо диққати махсус диҳанд ё ба тарзҳои гуногун муносибат кунанд, балки ба кӯдакон ва одамони дорои талаботи махсусдошта маҳдудият ба монанди дигар шахсон эҳсосҳо ва ҳиссиётҳои якхела зоҳир карда шавад. Тавре ки Носири Хусрав мефармоянд:
Ба корафтода коромӯз мебош,
Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.
Рафти машғулият бо хонандагони талаботи махсусдошта Бовар ҳосил кунед, ки хонандагони бо талаботи таълимии махсус дар синф ҷои кофӣ ва ба ҳамаи чиз дастрасӣ доранд ва дар ҳамаи фаъолияти синф бемалол иштирок кардан метавонанд.
Бовар ҳосил кунед, ки хонандагони мушкилот дар таълим дошта метавонанд дар бозиҳо иштирок намоянд аз имкониятҳои таълим истифода баранд. Бовар ҳосил кунед, ки хонандагони дорои мушкилот тиббӣ, ки барояшон хурдан нӯшидан ё ба ҳоҷатхона рафта зарур шавад, тавонанд ин корҳоро бе малоли хотир кунанд.
Омӯзгорон таъсири калон ба кӯдаки хурдсол доранд. Шумо наметавонед, кӯдаконро маҷбур намоед, ки онҳо дӯсти наздик бо ҳама бошанд, аммо шумо метавоненд онҳоро ба сабру тамкин даъват намуда, инчунин, ҳидоят кунед, ки якдигарро чи дар синфу чи берун аз он дастгирӣ намоянд. Кӯдакон мехоҳанд, муҳити хушбахтона дошта бошанд, чун онҳо бештари вақти худро дар синф мегузаронанд ва худро ба ҳузур дар ҳамин ҷо ҳис мекунанд. Ҳатто кӯдакони мушкилтарбия, ки азоби рӯҳӣ аз зиндагии пешинаашон доранд, метавонанд, дар муҳити дастгирии босифат худро осуда ҳис кунанд.
Тамоми хонандагони дорои талаботи таълимашон махсусдошта бояд дар гурӯҳ худро озод ҳис кунанд.
Бедил РОЗИҚОВ –
мудири кафедраи психология,
педагогика ва методикаи
таълими ДҶТИБКСМ
Гуфтам:
– Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некутар?
Гуфт:
– Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.
Гуфтам:
– Аз мардумон кӣ оқилтар?
Гуфт:
– Он ки кам гӯяду беш шунавад ва бисёр донад.
Абуалӣ ибни Сино
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё