Зеҳн

БАРОИ БАЧАҲО АСАР ЭҶОД КАРДАН КОРИ САНГИН АСТ

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ҳамасола дар ҷумҳуриямон Рӯзи байналмилалии китоби бачагона қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар кишвар як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мешаванд, ки «Корвони китоби бачаҳо» аз ҷумлаи онҳост. Мусоҳибаи мо бо Азизи Азиз, мудири бахши кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба мавзуи китоби бачагона марбут аст.

- Ба андешаи шумо, китоби бачагона бояд чӣ гуна бошад?

- Тавре мо медонем, дигарон низ инро мегӯянд ва худи адибон низ иқрор шудаанд, ки барои бачаҳо асар эҷод кардан кори бисёр сангин асту душвор. На ҳар кас барои бачаҳо китоб навишта метавонад.

Якум, қаҳрамони асари бачагона бояд худи бачаҳо бошанд. Дуюм, забони асар барои кӯдакону наврасон фаҳмо ба қалам дода шавад. Дар асари кӯдакона нашояд масъалаҳои мушкили зиндагӣ, мавзуъҳои фалсафӣ, иқтисодию сиёсиро баррасӣ намуд.

Сеюм, ҷумлаву ибораҳое, ки дар асари бачагона истифода мешаванд, бояд ба зеҳн, синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Яъне, забони асар содаву равон бошад. Ҳамчунин, аз тасвирҳои дуру дарози табиат, махсусан, дар ин шабу рӯз, ки асри технология номгузорӣ шудааст, худдорӣ бояд кард. Вақти навишти ин гуна китобҳо аз мавзуъҳое чун, қатл, кушдору ғоратгарӣ дур бояд буд. Ман дар як асари нависандаи фаронсавӣ чанде пеш хонда будам: «Мо як чуқурие кофтем ва дар ин чуқурӣ хостем, ки хуни ӯро ҷамъ оварем». Ин даҳшат аст! Ё як нафар аз адибони тоҷик навиштааст: «Аскари далери тоҷик аз сарҳад гузашта, сари чанд тан душманро бурида овард». Чунин навишт барои кӯдак қобили қабул нест. Чанд нуктае, ки ман дар боло зикр намудам, бояд ҳамеша дар фикру андешаи адиби бачагон бошад.

- Кадом асарҳоро метавон намунаи беҳтарини асарҳои бачагона гуфт?

- Агар насрро дар назар гирем, беҳтарин асарҳои бачагона «Тобистон», «Лолачинӣ»-и Пулод Толис, асарҳои фантастикии Абдулмалик Баҳорӣ, достони «Об аз куҷо меояд?»-и Аминҷон Шукуҳӣ мебошад. Ҳамчунин, беҳтарин асарро барои бачаҳо устод С.Айнӣ навиштаанд, ки «Мактаби кӯҳна» ном дорад. Асар пурмазмун, шавқангез ва ибратбахш ба қалам дода шудааст.

Бачаҳо онро хонда, ба хубӣ мефаҳманд. Ман хонандагони то синфи чорро дар назар дорам.

Баъди синфи чорум метавон дигар асарҳои устодро низ мутолиа кард, мисли қиссаи «Одина», қиссаи машҳури «Субҳи ҷавонии мо»- и Сотим Улуғзода.

- Китобҳои бачагона бояд кадом мавзуъҳоро дар бар гирад?

- Баъзе қаламбадастон гумон мекунанд, ҳар асаре, ки қаҳрамонаш бача аст, асари бачагона шуда метавонад. Ё ҳар воқеаву ҳодисаи зиндагӣ, ки бо иштироки бачаҳо гузаштааст, мавзуи бачагона аст. Масалан, як нафар навиштааст: Моҳира ҳавлиро рӯфта, хокрӯбаҳоро бурда ба ҷӯйбор партофт. Бибиаш инро дида таъкид кард, ки духтарам, ҳаргиз чунин накун, ки ин кори хуб нест. Аз оби ҷӯйбор одамон дастурӯ мешӯянд, барои рӯзғор истифода мебаранд. Моҳира хатояшро фаҳмиду дигар такрор накард. Ин як ҳодисаи муқаррарӣ аст, албатта, панд ё таъкиде дорад, вале мазмуну маънои баланд надорад! Дар ин ҳикоя чӣ намерасад? Мушкилӣ. Қаҳрамон бояд ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавад ва дар ҳалли он азоб кашида, худ роҳи ҳалашро пайдо намояд.

Пайдо кардани чунин ҳодиса ё воқеа барои нависандаи ботаҷриба мушкилие надорад.

- Вақти чопи китоби бачагона чиҳоро бояд донист ва риоя кард?

- Вақти чопи асарҳои бачагона бояд ноширон донанд ва риоя намоянд: дар коғазе, ки бисёр ҷилонок аст, чоп кардани асари бачагона хатарнок аст... Коғази зард ва хира низ барои нури чашмони кӯдакон зарар дорад. Навъи коғазеро интихоб намуд, ки ҳолати миёнаро доро аст. Он касеро, ки барои бачаҳо китоб чоп карданӣ асту дар он расм ё сурат ҷой надорад, тамоман қобили қабул нест. Барои хонандаи синфи якум ҳар дуюмин саҳифа бояд суратдор бошад. Барои хонандаи синфи дуюм ҳар сеюмин саҳифа бо расм чоп кунонида шавад. Барои хонандаи синфи се, чор дар ҳар чор саҳифа панҷуминаш ҳатман бояд сурат ё расме дошта бошад. Мутаассифона, ноширони мо инро нодида мегиранд ва риоя намекунанд. Барои ҳамин ҳафтод фоиз китобҳое, ки дар Тоҷикистон чоп мешавад, бесифатанд. Ҳамчунин, ҳуруфи китоби бачаҳо бояд ҷиддӣ бошад ва андозааш аз рақами 16 кам нашавад. Дар китоби бачаҳо як расм ва як сурат ҷой додан нодуруст аст. Фарқ байни сурату расм хеле калон мебошад. Расм, заҳмати як эҷодкор, офаридаи тахайюлоти як рассом бошад, сурат натиҷаи кори дастгоҳи суратгирист. Бо ин гуфтан мехоҳам, ки ҳамкорӣ байни рассом, адиб ва ношир бисёр муҳим аст! Китоби мо метавонад шакли албомро дошта бошад ё дафтарчаи кисагиро. Мо китоберо чоп кардем, ки дарозиаш аз миқдори зарурӣ зиёдтар буд. Ба мо эрод гирифтанд, ки чунин китобро хонанда ба ҷувздонаш ҷой карда наметавонад. Ин китоб барои омӯзгорон ё мураббиёни боғча аст. Соли гузашта шарикони рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати Маориф ва Иттифоқи нависандагон 4 номгӯй аз ҳамин гуна китобҳоро аз чоп баровард. Адади нашраш ҳам хеле зиёд буд, шаш ҳазор.

Бояд зикр намоем, ки дар Тоҷикистон дусад, сесад, панҷсад, ҳатто ҳазор нусха китоб чоп кардан айб аст. Се миллион нафар хонандаи хурдсол дорем. Ба ғайр аз ин, китоби бачаҳоро калонсолон низ мехонанд. Пас, чопи китоби бачагона 10, 19, 20 ҳазор нусха бояд бошад. Барои бачаҳо китобҳои иборат аз шеър, ҳикоя, зарбулмасал ба чоп расондан дуруст нест. Китобҳои ба истилоҳ иттилоотӣ, китобҳое, ки асарҳои саҳнавиро дар бар мегиранд, бояд ба чоп расанд, то ин ки хонандагон аз рӯи онҳо дар мактаб саҳна гузошта тавонанд. Китобҳое бояд чоп кунем, ки фақат аз сурат иборатанд. Дар поёни он метавон бо ҳарфҳои калон як – ду ибора навишту бас.

Масалан, дар дунё тақрибан 100 намуди нон вуҷуд дорад. Қисми зиёди одамон чанд намунаашро медонанду бас. Агар мо сурати ин гуна нонҳоро чоп кунему дар поёнаш ҳамагӣ як калима – “чаппотӣ” нависем, чӣ қадар шавқовар хоҳад буд. Бачае, ки ба боғча меравад, бояд огоҳ бошад, фурӯзонаке, ки мо дар хона истифода мебарем, чӣ гуна пайдо мешавад. Агар мо дар китоб суратҳои кӯҳҳои пур аз барф, обшавии пиряхҳо, аввал дарёчаву баъдан ба наҳру кӯлҳо табдил ёфтани онро нишон диҳем ва тавассути сурат фаҳмонем, ки тавлидкунандаи барқ оби дарёву кӯлҳо аст, чӣ қадар донишу ҷаҳонбинии ӯро васеъ месозем. Хушбахтона, тайи чанд соли охир мо тақрибан 70 китоб чоп кардем, ки китоби иттилоотӣ мебошанд.

- Барои беҳбудӣ бахшидан дар ин самт чӣ пешниҳоду таклиф доред?

- Хуб мебуд, ки барои чопи китобҳои бачагона комиссияи махсус бо саҳмгузории мусъулони Вазорати фарҳанг ва шуъбаҳои дахлдори Иттифоқи нависандагон амал кунад.

Китобе, ки барои кӯдакон чоп мешавад, бояд аз ин комиссия гузашта, баҳои сазовор гирад. Дар ин раванд мо ҳуқуқи хато кардан надорем. Кӯдакон ояндаи моянд. Имрӯз, мутаассифона, бо ташкил ёфтани нашриётҳои хусусӣ ва ба таври худмаблағгузор фаъолият намудани нашриётҳои давлатӣ ҳар нафаре хоҳад, китоб чоп мекунад, асари бачагона гуфта пешниҳод месозад.

Гулназар, равонашон шод бод, боре гуфта буданд, ки “мо ҳар куҷое равем, ба дастамон китоберо дода, муаллифашро наврас ё ҷавони навхате муаррифӣ мекунанд. Агар чунин идома кардан гирад, он рӯз дур нест, ки хонандагони мо соҳиби девон шаванд”. Ҳарчанд ин боиси ханда аст, аммо амалӣ шуданаш имкон дорад. Набояд чунин бошад. Агар ҳамаи китобҳо пеш аз чоп хонда шуда, намунаи беҳтаринашон ба чоп дода мешуданд, бовар аст, ки насли навраси мо бештар китобхону китобдӯст мешуданд.

- Барои суҳбати самимӣ ташаккур.

Суҳбатнигор:

Мижгона ХАЛИЛЗОДА

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2