Зеҳн

ОМИЛҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Мақсади ҳақиқӣ ва асосии ҳамаи илмҳо ба инсон додани муҳимтарин Дар замони муосир таъсири илм ба тамоми дастовардҳои башарият, шинохти олам самтҳои фаъолияти ҳаёти инсон: истеҳсолот, ва кашфи асрори он мебошад. Ҳаёти техника, технология, иқтисодиёт, сиёсат, моро бе илм ва дастовардҳои он фарҳанг ва ҷаҳонбинии одамон зиёд гардидааст.

тасаввур кардан душвор аст. Кашфиёту Бешубҳа, илм як қисми тамаддуни инсоният дастовардҳои илмию техникӣ ба ҳаёти буда, маҷмуи донишҳои объективӣ оид ба ҳастӣ, рӯзмарраи мо ва умуман, ба тамаддуни раванди ҳосил намудани ин донишҳо ва татбиқи ҷаҳонӣ таъсири амиқи худро гузошта онҳоро дар бар мегирад. Дар баробари ин, илм аз истодааст. Имрӯз бо боварии комил низоми ягона, ҳамбаста ва ривоҷёбандаи гуфта метавонем, ки инсон тавонист, донишҳо оид ба олами беруна ва қонуниятҳои дар натиҷаи азхудкунии илму дониш инкишофи он иборат буда, ҷузъи муҳити зисти худро куллан тағйир ҷудонашавандаи фарҳанги инсонист. Аз ин диҳад. Қудрати ақлонии инсоният ба дараҷае расид, ки аз доираи сайёраи маънӣ, доираи камолоти илмро дар ҷомеа Замин берун баромада, бо “азми нишондиҳандаи асосии дараҷаи рушди фарҳанги дурусту саъйи комил” кайҳонкушоӣ моддию маънавии миллат ва кафолати мекунад ва розу асрори Коинотро тараққиёти бемайлони давлати миллӣ ҳисоб меомӯзад. Пас, дар замоне ки илму намудан ҷоиз аст.

техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ба воситаи саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ пешрафт кардан душвор мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ҳамқадами замони муосир будан ва рушди ҷомеаву давлатро таъмин намудан, омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва ҳамзамон, технологияи ҳозиразамон роҳи ягона ва дуруст мебошад. Чун омӯзиши илмҳои бунёдӣ- фанҳои табииву риёзӣ ва технологияи итттилоотии муосир ба рушду пешрафти кишвар мусоидат менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад. Дар ин раванд, мо ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масъулияти олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро давра ба давра баланд бардоштем”.

Мавриди зикр ва боиси фараҳмандист, ки дар ҷумҳурӣ бо роҳнамоӣ, сиёсати маорифпарварона, дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соҳаи мактабу маориф ва илмомузӣ, хусусан, ба омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Зеро маҳз фанҳои мазкур муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин василаи тарбияи шахсияти соҳибназар мебошанд. Омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва технологияи иттилоотии муосир ба татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат вобаста аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ шавқу рағбати насли наврасро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна бо роҳандозии метод ва усулҳои нав омӯзиши ин фанҳоро ба роҳ монем. Ҳамчунин, дар донишгоҳҳои олии равияи омузгорӣ, дар шуъбаҳои алоҳида, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки наслҳои ояндасоз бо фарогирии ҳар як ҷанбаи илм дар раванди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, дипломатӣ ва ихтирооту навоварӣ дар соҳаи илму техника тавонанд, пояи илму фарҳанги миллатро бо силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайванд намоянд. Нақшаву стандарт ва барномаҳои таълимиро бо дарназардошти дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат, бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҷдиди назар намоем, муассисаҳои таҳсилоти миёна, омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои миёнаи касбиву донишгоҳу донишкадаҳо кишварро бо васоити аёнӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин созем, мазмуну моҳияти тадқиқот ва дарки ҳодисаҳои табиат дар асоси консепсияи ягонагии инсону табиат ва талаботи замони муосир сурат гирад.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълими илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки ”Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.” Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ намуда, ғолибони озмунҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд.

Ҳамзамон, қабул ва амалӣ гардидани барномаҳои махсус дар самти рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди тадқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани озмоишҳо, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷорӣ намудани имтиёзҳо ва вусъати ҳамкориҳои байналмиллалии илмӣ худ гувоҳи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба рушди илм мебошад. Албатта, ин ҳама тадбирандешиҳо имконият медиҳанд, ки шумораи олимон, дастовардҳои илмӣ ва иттилооти илмӣ афзоиш ёфта, ба рушди тафаккури техникии омӯзгорону хонандагон ва ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён такони ҷиддӣ бахшида шавад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ҳама ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, такомули ҳисси миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забонҳо, таърих, фарҳанг, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, густариши доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад.

Дар ҳақиқат, ҷаҳони муосир ба мутахассисоне ниёз дорад, ки на танҳо соҳиби донишҳои касбӣ дар доираи ихтисоси интихобкардаашон, балки дорои ҷиҳатҳои арзишманд ва зеҳнии донишҳои илмӣ бошанд. Пас, амалӣ намудани иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахшии рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ, вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакатро самаранок истифода намуда, баҳри рушди илмҳои дақик, табиӣ ва риёзӣ саъйю талош намуда, тадбирандешӣ намоем ва мутахассисони соҳибкасбро ба камол расонем.

Нодира САЛОМОВА –

омӯзгори биологияи

Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2