Зеҳн

УСУЛУ ШЕВАҲОИ САМАРАБАХШИ КОР БО ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар ба як силсила омилҳое вобаста мебошад, ки татбиқи онҳо ба рушду пешравии соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард. Яке аз вазифаҳои муҳимми роҳбарияти таълимгоҳҳо (директору ҷонишинони вай) тарбияи омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, ин масъала аз онҳо масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Маълум аст, ки омӯзгорони ҷавон баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба кор дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта мешаванд, вале дар оғози фаъолият ба мӯҷиби камтаҷрибагӣ, мукаммал набудани донишҳои педагогию психологӣ ва ба таври зарурӣ огаҳӣ надоштан аз методикаи таълим ба мушкилиҳо дучор мегарданд.

Маҳз дар ин масъала нақши ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ хеле бузург буда, вай дар баробари директори таълимгоҳ, ба тарбияи омӯзгорони ҷавон ва расондани кумаки методӣ ба онҳо саҳми муассир ва ҳалкунанда мегузорад. Иштироки пайваста дар машғулиятҳои таълимии омӯзгорони ҷавон, мушоҳидаи камбудию норасоиҳои онҳо зимни баёни мавзуи нав ва дигар қисматҳои дарс, муносибату муошираташон бо хонандагон ва муайяну мушаххас намудани ҷанбаи тарбиявии дарсашон аз вазифаҳои ҷонишини директор оид ба кори таълим ба шумор меравад. Дар хусуси рисолати ҷонишини директор оид ба таълим мактабшиноси варзидаву донишманд, шодравон Ҳабиб Искандаров рисолаи махсус навиштаанд, ки бояд он роҳнамои фаъолияти ҳамарӯзаи ҷонишинони директор бошад. Ман аз таҷрибаи кории худ ҳарф зада, мехоҳам андешаҳоямро перомуни дастгирии омӯзгорони ҷавон ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон баён намоям.

Мусаллам аст, ки омӯзгорони ҷавон ҳанӯз таҷрибаи кофии дарсгузарӣ надоранд, аз ин рӯ, аввалан, дар тақсими вақт ва иҷрои қисматҳои дарс ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Дигар ин ки, агар шумораи хонандагон дар синф аз меъёр зиёд бошад (аз 25-30 нафар зиёдтар) онҳо худро гум карда, синфро ба таври бояду шояд идора карда наметавонанд. Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва созгор ба талаботи методикаю дидактикаи замони муосир баргузор намудани машғулиятҳо (хусусан, ҳангоми баёни мавзуи нав) истифода аз усулҳои нави (фаъоли) таълим, кор бурда тавонистан аз васоити техникии нав, асбобу васоити аёнӣ ва амсоли инҳо ба мақсад мувофиқ аст, аммо дар ин бобат омӯзгорони ҷавон ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд, аз компютеру тахтаи электронӣ ва видеопроектор дурусту ҳамаҷониба истифода карда наметавонанд. Яке аз роҳҳои хуб аз худ кардани мавзуи нав аз ҷониби шогирдон, нутқу гуфтори омӯзгор ба ҳисоб меравад. Омӯзгори ҷавонро лозим меояд, ки доираи омӯзишу мутолиааш фароху бавусъат, нутқаш буррову суфта, захираи луғавияш ғанӣ бошад ва маҳорати чун ҳунармандон нақш офаридан дар ӯ мавқеи асосӣ дошта бошад. Воқеан, омӯзгорӣ санъат аст, ҳунару маҳоратест, ки паҳлуҳои фаровони ибратомӯз дорад. Қабл аз ҳама, ҷавоне, ки ба пайроҳаи омӯзгорӣ қадам ниҳодаву ин касбро чун сарнавишти хеш қабул намудааст, бояд лаёқату қобилияти нодир ва ба пешаи худ шавқу муҳаббати беандоза дошта бошад. Дар ин касб, чун дар дигар пешаву ҳунарҳо ба таври маҷбурӣ ва аз қавли мардумӣ, «обро лой карда, моҳӣ доштан» фаъолият бурдан ба ҷуз фиреби худу ба бунбаст дучор намудани шогирдон ва умуман, соҳаи таълиму тарбия чизе ба каф овардан номумкин аст. Ана аз ҳамин сабаб, ҳангоми иштирок дар дарсҳои омӯзгорони ҷавон метавон қобилияту маҳорат, шавқу шӯр, изтиробу ҳаяҷон, дилбастагӣ ба касбро зуд ба мушоҳида гирифт.

Тавре маълум аст, аз модар касе олиму шоир, омӯзгор ва … ба дунё наомадааст. Омӯзишу мутолиаи бардавом, иштирок ба дарсҳои устодони кӯҳансолу соҳибтаҷриба, фаъолиятмандӣ ва саҳм гузоштан дар иҷрои супоришҳои амалию назариявӣ (аз қабили маърӯза омода кардан дар ҷамъомади навбатии иттиҳодияи методии фаннӣ, баргузор намудани маҳфили фаннӣ, ташкили чорабиниҳои беруназсинфӣ, тайёр кардани хонандагон ба озмунҳои гуногун омӯзгори ҷавонро, ки ҳадафи ниҳоияш устоди касби худ шудан аст, ба мақсад мерасонад.

Тавре ишора шуд, дарс паҳлуҳои зиёд дорад, ки натиҷаи он ҳама бояд ҳалкунанда ва самаровар бошад. Омӯзгор дар ҳама холат, новобаста аз он ки аз кадом усулу шеваҳои методӣ истифода мекунад, бояд сифатҳои барҷастаи зеҳни шахсият: кунҷковӣ, ҷӯяндагӣ, амиқии ақл, муҳаррикӣ, мантикӣ ва исботкунандгиро дар ниҳоди хонандагон тарбият карда тавонад.

Мутаассифона, баъди хатми макотиби олӣ аксар мутахассисони ҷавон ба таълимгоҳҳо бо кӯлвори андаки донишҳои назариявии методӣ (дар донишгоҳ ё донишкада аз таҷрибаомӯзии педагогӣ мегузаранд) ҳозир мешаванд. Маҳз ба ҳамин масъала ишора намуда, мактабшиноси маъруф, устод Файзулло Шарифзода таъкид мекунад:

«Калиди рафъи ҳама гуна камбудиҳои омӯзиш: камсифатӣ ва рӯякӣ будани он, маҳз дар ҳалли масъалаи назарногир, яъне ташкили раванди фикр ва рушди тафаккур ниҳон аст.

Мутаассифона, бояд иқрор шуд, ки дар фаъолияти амалии муассисаҳои таҳсилотӣ ва аксарияти омӯзгорон солиёни тӯлонист, ки ба ташкили раванди фаъолияти фикрии хонандагон ва донишҷуён кам андар кам рӯ оварда мешавад…»

Аз ин хотир, баъд аз иштирок дар машғулиятҳои омӯзгорони ҷавон ман бо онҳо атрофи дарси гузарондаашон суҳбати инфиродӣ анҷом медиҳам. Нахуст аз онҳо фикру мулоҳизаашонро дар хусуси машғулияти гузарондаашон пурсон мешавам. Табиист, ки омӯзгорони ҷавон самту равиш ва моҳияти дарси худро шарҳ дода, тавъам бо он ба таври хоксоронаю шармгинона аз камбудиҳои худ ёдрас мешаванд. Мазмун, “агар дар ин ё он қисмати дарс аз фалон усулу метод истифода мекардам, беҳтар мешуд, ё дар қисмати мустаҳкамкунӣ ба саросемагӣ роҳ додам, дарсро чунонки дил мехост, ҷамъбаст карда натавонистам» ва ғайра ва ҳоказо. Ман батамкину оромона афкори онҳоро гӯш мекунам, пас аз ин, ба таври нарму мулоим ва дӯстона як-як дар бораи моҳияту ҳадаф ва ҷараёни машғулияташон андешаҳоямро баён карда, таъкид месозам, ки тамоми комёбию муваффақияти омӯзгор натиҷаи заҳмати ӯст. Омӯзгори ҷавон бештар бояд ба норасоию камбудиҳои машғулияташ диққати зарурӣ зоҳир намуда, дар самти бартарафсозии онҳо заҳмат кашад. Норасоиҳои дарсашонро аз нигоҳи методию дидактикӣ, донишу ҷаҳонбинӣ, истифода аз васоити аёнию техникӣ, кор бо шогирдон, диққат додан ба ҷанбаи тарбиявии дарс ва амсоли инҳо ба онҳо иброз дошта, пандашон медиҳам, ки дар ин роҳ ҳеҷ гоҳ маъюсу рӯҳафтода нашаванд, бештар меҳнат кунанд, аз адабиёту сарчашмаҳои илмию методӣ огоҳона биёмӯзанд, ба дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба даромада, аз донишу таҷрибаи педагогии онҳо баҳравар гарданд.

Воқеан, яке аз омилҳои пухтаву расо гардидани омӯзгорони ҷавон, омӯзишу мутолиаи адабиёти иловагӣ ба шумор меравад. Ба онҳо тавсия медиҳам, ки дафтари махсуси «Худомӯзӣ»

ташкил карда, дар он вобаста ба муҳтавои асарҳои хондаашон рӯйхати ин осорро таҳия намоянд.

Бояд зикр кард, ки масъалаи тарбияи омӯзгорони ҷавон дар мақолаи рӯзноманигори варзида Шодӣ Раҷабзод - «Омӯзгорони ҷавонро қадрдонӣ мебояд» (Омӯзгор, с.2022) хеле амиқу ҳаматарафа инъикоси худро ёфтааст. Яке аз сифатҳои барҷастаи омӯзгор ҷиддияту ҷасорат, иродату барозандагии ӯ маҳсуб меёбад. Ҷасорату иродат аз омилҳоеанд, ки омӯзгорро дар иштирок намудан дар ҷаласаҳои гуногун, аз ҷумла, иттиҳодияи методии фаннӣ, Шурои методӣ, Шурои омӯзгорӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ, семинару ҳамоишҳои методии минтақавию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бо нигоҳу муносибати нобу навгароёна ва пешниҳоди андешаҳои ибратбахшу омӯзанда маълуму шинохта мегардонад. Баръакс, камгапӣ, шарму ҳиҷолат, дидаро набудан, худро аз масоилу мушкилоту педагогӣ дур гирифтан, каммутолиагӣ, бепарвоию фориғболӣ ба заъфи фаъолияти омӯзгорӣ оварда мерасонад, тадриҷан симои омӯзгор ва мавқеи ӯро дар ҳаёти пурҷӯшу хурӯши мактаб камранг месозад, ки ба ин ҳол ҳеҷ гоҳ роҳ додан лозим нест. Аз ҳамин сабаб, мо якҷо бо сарвари таълимгоҳ ва ҷонишинони ӯ ҳамвора саъйю талош менамоем, ки бо омӯзгорони ҷавон ғамхорона муносибат кунем, онҳоро дар ҳама ҳолат дастгирӣ намоем, барояшон барои фаъолияти бавусъат ва самарабахшу пурҷӯшу хурӯш тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам орем. Аммо ин гуфта ҳаргиз маънои онро надорад, ки нисбат ба омӯзгорони ҷавон талабот ҷиддӣ намебошад. Не, ҳаргиз ин тавр набуд ва нахоҳад шуд. Мо ба онҳо маслиҳату тавсияҳо медиҳем, барои рафъи камбудиҳо муҳлат муайян мекунем, фаъолияташонро месанҷем ва чораҳои амалӣ мебинем. Кори омӯзгорӣ танҳо бо баргузор намудани машғулияти таълимӣ ба анҷом намерасад.

Кор бо журнали синфӣ (сари вақт, дуруст сабту қайд намудани мавзуъҳои дарсӣ, баҳоҳоро шаффофона гузоштан, баҳоҳои диктанту нақли хаттӣ, иншо ва ё кори хаттӣ (аз алгебра)-ро дар графаи худ қайд кардан), тафтиши дафтарҳои корию санҷишӣ, ҳолати нигаҳдории рӯзномаҳои хонандагон, иштироки шогирдон дар озмунҳои мухталиф ва монанди инҳо аз паҳлуҳои дигари фаъолияти омӯзгор ба шумор меравад, ки ҳамаи онҳо таҳти назорати ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ қарор доранд. Бурду бохти омӯзгор (ба хусус, мутахассиси ҷавон) аз ҳар ҷиҳат ба фаъолияти гуногунҷабҳаи маъмурияти муассисаи таълимӣ вобаста мебошад.

Наргиза БОЗОРБОЕВА –

омӯзгори Гимназияи №74,

ноҳияи Фирдавсӣ

Ҳарчанд ки тарбия вазифаи умумӣ ба ҳисоб меравад, аммо масъулияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи он бештар мебошад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зеринро амалӣ мегардонад:

• таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ бо мақсади пурқувват намудани самти амалию тарбиявии онҳо ва ноил шудан ба гуманнизатсияи мазмуни таълим;

• тарбияи маниши (характери) миллӣ ва тафаккури миллӣ;

• таҳияи талаботи умумӣ ва ягонаи тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълим, оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;

• таҳияи системаи корҳои тарбиявӣ, ки тавассути онҳо падару модарон ҳамчун шарики доимии мактабу муаллим ҷалб карда мешаванд;

• ташкили вохӯриҳо ва сӯҳбатҳои мунтазами одамони машҳур, роҳбарони муассисаю вазоратҳо бо наврасону ҷавонон;

• пурзӯр намудани мавзуъҳои тарбиявии барномаҳои курсу семинарҳои такмили ихтисоси муаллимон, роҳбарони синфҳо;

• мавриди таҳлилу таҳқиқ ва мавзуъҳои корҳои курсию дипломӣ қарор додани масъалаҳои тарбияи миллӣ, аз қабили тафаккури миллӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ.

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2