МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ МАТН ВА НАВЪҲОИ ОН
Иштирокдорони семинарро омӯзгорони гӯё пешқадам ва олимони Чанд вақт пеш як семинари 9 - рӯза бо унвондори соҳаи забони тоҷикӣ ташаббуси Вазорати маориф ва илм бо ташкил мекарданд. Мушовири намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар байналмилалӣ шунавандагонро ба чор доираи лоиҳаи Бонки исломии рушди шарикони гурӯҳ ҷудо кард. Ва ҳар гурӯҳ глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба татбиқи дастаҷамъона навъҳои матн ва Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии услубҳои нутқро бо дарназардошти Тоҷикистон барои то соли 2030 баргузор гашт.
фаҳмишу донишашон муқаррар ва дар Чун дар ин семинар оид ба фанни “Забони варақҳои калон ҷиҳати муаррифӣ сабт тоҷикӣ” сухан мерафт, мушовири байналмилалӣ карда, намояндаи ҳар гурӯҳ перомуни матн, навъҳо ва махсусиятҳои он ва навиштаҳояшонро шарҳ дод. услубҳои нутқ масъалагузорӣ кард ва сипас, ба Мутаассифона, дар навиштаҷот, ки ширкаткунандагони семинар, ки теъдоди онҳо ба муаррифӣ гардид, ғалатҳои дағал роҳ 40 нафар мерасид, супоришҳо дод, ки навъҳои ёфта буданд. Вале мушовири матн ва услубҳои забонро муқаррар намоянд.
байналмилалӣ шояд, аз надонистани матн, навъ ва хусусиятҳои он ва услубҳои нутқ ва ё ки аз рӯйи одоби шарқӣ бошад, ки маводи ғалат навиштаю нодуруст шарҳдодаи гурӯҳҳоро ислоҳ ва ишорае ҳам накард. Дар чор варақ навъҳои матнро гурӯҳҳо чунин навишта буданд: навъҳои матн.
Гурӯҳи 1 Гурӯҳи 2 Гурӯҳи 3 Гурӯҳи 4 Тасвирӣ Тасвирӣ Илмӣ-таҳлилӣ Тарбиявӣ-ахлоқӣ Иттилоотӣ Ҳикоягӣ Тасвирӣ Муқоисавӣ
Ахлоқӣ Нақлӣ Адабӣ-бадеӣ Ҳисоботӣ
Илмӣ Таҳлилӣ Интиқодӣ Графикӣ
Бадеӣ Муҳокимавӣ Таблиғӣ Тафриқӣ
Ҳуҷҷатнигорӣ Тавсифӣ Огоҳкунанда Саноатӣ Сиёсӣ Хабарӣ
Публитсистӣ Расмӣ-коргузорӣ
Тавзеҳӣ Водоркунанда
Ин таснифот аз он шаҳодат медиҳад, ки иштирокдорони семинар умуман оид ба матн, навъ ва хусусиятҳои он, услубҳои нутқ тасаввуроте надоранд. Ин аст, ки хонандагон ва донишҷӯён дар муқаррар намудани матну навъҳо ва хусусиятҳои он оҷизанд. Хатмкунандагони донишгоҳҳои омӯзгорӣ, ки омӯзгорони имрӯзаанд, услубҳои нутқро ба таври зарурӣ намедонанд.
Ин вазъ моро дар ҳолати бисёр ногувор гузашт ва маҷбур шудем, ки мушовири байналмилалиро як сӯ даъват карда, фаҳмонем, ки ин ғалатҳоро ислоҳ намояд. Вале ӯ ин корро анҷом надод.
Баъди хӯроки нисфирӯзӣ маҷбур шудем, ки ба иштирокдорони семинар муроҷиат карда, таъкид намоем, ки дар таснифоти шумо ғалати дағал роҳ ёфтааст. Ин корро танҳо барои пешгирии ғалатгӯию ғалатфаҳмӣ анҷом додем. Мушоҳида кардем, ки баъзе аз онҳо ба гуфтаҳои мо беэътиноӣ зоҳир карданд. Пагоҳии рӯзи дигар чанд китоби илмию методиро оварда, ба омӯзгорон чун далел нишон додем, то ин ки бовар намоянд. Сабаби асосие, ки моро ба навиштани ин мақолаи ангеза дод, ҳамин аст. Ба хотири ин ки омӯзгорон матн, навъҳо ва махсусияти онҳоро дуруст дарк намоянду ба хонандагон оид ба матн ва махсусиятҳои он маълумоти заруриро дар доираи Стандарти фаннӣ пешкаш намоянд, ин мақола таълиф гардад.
Шарҳу маънидоди услубҳои нутқ, ки гурӯҳҳои кор онҳоро бо навъҳои матн омехта кардаанд, мақолаи алоҳидаро тақозо менамояд. Пеш аз он ки доир ба матн, навъҳо ва махсусияти онҳо сухан ронем, зарур мешуморем, ки шарҳу тафсир ва маънидоди чанде аз фарҳангҳои муътабарро перомуни вожаи “матн” мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор диҳем. Бубинем, ки дар онҳо мафҳуми “матн” чӣ гуна тафсир шудаанд. Ҳоло шарҳи чанде аз фарҳангҳоро манзур менамоем.
Дар “Ғиёс – ул – луғот” (Душанбе, ҷ.2.Адиб, 1988) вожаи “матн” чунин шарҳ дода шудааст:
“Матн – маҷозан ба маънии иборати китобӣ, ки шарҳи он тавон кард” (ҷ.1, саҳ.228).
“Фарҳанги Амид”: “Матн – дохили сафҳаи китоб, муқобили ҳошия, матон ва мутун – ҷамъ” (саҳ. 922).
Доктор Муҳаммад Муин.“Фарҳанги форсӣ” (Теҳрон, ҷ.3, 1375, 4240с.): “Матн – 3. Иборати аслии китоб, рисола ва мактуб” (ҷ.3, саҳ. 3839).
Мураттибони “Фарҳанги форсии имрӯз” (Теҳрон, 1375, 1240с.) вожаи “матн” – ро чунин шарҳ додаанд: “Матн – 1) бахши аслии як сафҳа, навишт ё тасвир, ки дар миёни ҳошия қарор гирифта бошад; 2) навиштае (хаттӣ ё чопӣ), ки ҳовии як навиштор ё гуфтор бошад; 3) заминаи як асари ҳунарӣ” (саҳ.1017).
“Фарҳанги забони тоҷикӣ” (М., ҷ.1, 1969.): “Матн – 2) маҷ. навиштаҷоти аслии китоб (ба ғайри ҳошия ва шарҳи он” (ҷ.1,саҳ.655).
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”: “Матн чизи навишташуда, навиштаи аслии китоб, рисола ва ғайра (ба истиснои ҳошия ва шарҳ); Матни адабӣ, интиқодӣ; матни асаре, ки муқоиса, тадқиқ ва ба эътибор гирифтани фарқи дастнавис ва нусхаҳо, мавҷуди он асар нашр гардидааст” (ҷ.1,саҳ.808).
Дар баъзе фарҳангҳои (луғатҳои) истилоҳоти забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ низ вожаи “матн” шарҳ дода шудааст, ки шарҳи чанде аз онҳоро низ чун намуна манзур месозем.
“Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ” (Душанбе, Ирфон, 1966) (Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т.): “матн (ар. – устувор) – навиштаи аслии муаллиф, сухани аслии нависанда, ки ба тарзи дастнавис ё чоп аст. Матнро текст (лот. – алоқаи калимаҳо) низ меноманд” (саҳ. 51).
Темур Атахонов. “Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ” (Душанбе, Шарқи озод, 2002):
“Матн (ар. – мутнун). Дар адабиётшиносӣ маҷозан ба маънои ибороти китобӣ, навиштаҷоти асли ҳама гуна китоб (ба ғайр аз қайдҳои ҳошия ва шарҳ) маълум аст” (саҳ. 192).
Маълумотҳои дигари овардаи муаллиф ба матни интиқодӣ, ки марбути адабиётшиносӣ мебошанд, тааллуқ дорад.
Х. Ҳусейнов, К. Шукурова. “Луғати терминҳои забоншиносӣ (Душанбе, Маориф, 1983):
"Матн (навиштаҷоти асли китоб, фикрҳои алоқаманд). Ба вуҷуд овардани нутқ (нақл), ки дар хат ё матбаа акс карда мешавад: Матни диктант, Матни кори контролӣ” (саҳ. 118).
Ш.Бобомуродов, З.Мухторов. “Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ” (Душанбе, 2016): “Матн
– текст – лот. Texfs – матоъ, бо ҳам пайвастан, пайванд. Пайвастаи комили забон, ки вижагии алоқамандӣ ва яклухтиро доро буда, тавассути алоқаҳои сохторию маъноии воҳидҳои аломат ташаккул ёфта, воҳидҳои асосию мукаммали мухобирот ба шумор меравад...
Дар забоншиносӣ матн пайдарҳамии аломатҳои забонист. Таҳқиқи матн дар кишварҳои гуногун бо номҳои мухталиф: лингвистикаи матн, грамматикаи матн сурат мегирад. Дар адабиётшиносӣ матн навиштаи аслии муаллиф, сухани аслии нависанда, ки дар шакли дастнавис ё чоп арзи вуҷуд дорад” (саҳ. 217).
Мутолиаи оид ба “матн” додаи фарҳангҳои тафсирӣ, истилоҳоти забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ аз он далолат мекунанд, ки вожаи “матн” бо такя ба матни асарҳои бадеӣ шарҳу маънидод шудаанд. Аслан ин гуфтаҳо ба матни асарҳои (ё нусхаҳои) аслии асарҳои адибон тааллуқ дорад, ки дар ниҳояти кор бо матнҳои интиқодии осори адибони гузаштаю муосир пайвандӣ дорад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки солҳои сол дар охири барномаи фанни “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 5 – 9 фасли “Нутқи мураттаб” (ё алоқанок) пешниҳод мешуд, ки аслан се масъаларо фаро мегирифт, ки яке аз онҳо “матн” ном дошт ва дар ҳар синф ҳатман хонандагонро бо мафҳуми матн, навъ ва махсусиятҳои он ошно сохтан талаб карда мешуд. Вале ба сабаби он ки ин нуктаро касе шарҳ надодааст, омӯзгорон амалӣ сохтани ин масъалаи басо муҳимро, ки боиси инкишофи нутқи шифоҳию хаттӣ мегардад, ба дасти фаромӯшӣ супоридаанд. Ва то имрӯз қариб, ки оид ба матн, навъ ва махсусиятҳои он чизе ба хонандагон намегӯянд. Ин аст, ки на худи омӯзгорон ва на хонандагон перомуни матн маълумоти кофие надоранд ва дар сохтани матн ва амалӣ кардани навъҳо ва махсусияти матнҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ гаштаанд. Сабаби дуюм ин аст, ки ба ҷуз як дастур, ки он ҳам ба теъдоди маҳдуд (аз ҳисоби муаллиф чоп шудааст) ва чанд мақола доир ба матн ва таълими он дигар маводи ёрирасоне барои омӯзгорон мавҷуд нест.
Метавон бо итминони комил гуфт, ки дар забони тоҷикӣ ягон донишманд доир ба таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии “Матн” таҳқиқоти пуррае анҷом надодааст ва аз нигоҳи забоншиносӣ умуман, обекти таҳқиқ қарор нагирифтааст. Мо ин ҷо барои тасаввуроти ибтидоӣ ҳосил кардани омӯзгорон мулоҳизаҳои хешро дар мавриди таърифи матн, навъ ва баъзе хусусиятҳои он мухтасар баён мекунем.
Ногуфта намонад, ки бори нахуст оид ба матн дар китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфи 7 (нашри соли 1989, муаллифаш С. Аминов) маълумоти мухтасар дода шуда буд. Минбаъд ин маълумот, яъне таърифи матн ва баъзе махсусиятҳои он аз соли 2006 инҷониб дар китоби “Забони тоҷикӣ (муаллиф: С.Аминов) барои синфи 8 ҷой дода шуд. Дар китоби мазкур, ки охирин бор соли 2020 нашр шудааст, таърифи матн чунин омадааст: “Маҷмуи ҷумлаҳое, ки аз ҷиҳати маъно ба ҳам алоқаманд буда, тавассути қонуниятҳои грамматикӣ ба ҳам робита доранд, матн ном дорад. Матнҳо аз ҷиҳати ҳаҷм, фарогирии мавзуъ ва сохт гуногун мешаванд” (саҳ. 18 – 19).
Оид ба муайян кардани ҳаҷму сохтор ва махсусиятҳои матн андешаҳои олимон гуногун мебошад. Қаблан ҳатто гуфта ва навишта мешуд, ки як ҷумла ҳам матн мебошад. Баъзеҳо ба матн танҳо маводи хаттӣ баёншударо мансуб медонанд. Вале чунин хусусияти матнро ба мисли таҷзияшавандагӣ, аз лиҳози маъно як порча ва сохторан ба ҳам алоқаманд буданро муҳаққиқони матн эътироф менамоянд. Ҳамзамон, вақтҳои охир муҳаққиқони матн навиштаанд, ки “аввалин нуктае, ки бояд хонандагон мафҳуми матнро фаро гирифта аз худ намоянд, он аст, ки матн аз ду ё чандин ҷумла аркиб меёбад”.
Пас, мо метавонем, ки матнро чунин таъриф намоем: “Ду ва ё зиёда ҷумлаҳо (ё гурӯҳи ҷумлаҳо) – е, ки аз ҷиҳати маъно ва тавассути воситаҳои луғавию грамматикӣ бо ҳам алоқаманд шудаанд, матн номида мешавад. Албатта, ин таъриф нисбист. Бо пурра таҳқиқ гаштани матн ва махсусиятҳои он тағйир ва такмил ёфтани таърифи мазкур амали табиист. Мусаллам аст, ки ҳар як матн хабареро дар худ фаро мегирад. Матн ҳудуди муайян ва оғозу анҷом дорад. Ҳар як матн бо дарназардошти ба инобат гирифтани шунаванда ё хонанда, касбияти онҳо таҳия ва таълиф карда мешавад. Таҳиягари матн кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таълифоташ ба шунавандаю хонанда дастрасу фаҳмо бошад. Барои дастрас шудани матн чандин талабро риоя кардан лозим меояд.
Ҳар касе, ки ба таҳияи матн машғул мегардад, бояд барои ҷалби таваҷҷуҳи хонанда аз воситаҳои гуногуни тасвир моҳирона истифода намояд. Муаллиф ба чӣ мақсад, барои кӣ, нишонаи он, ба кадом соҳаи ҳаёт хидмат кардан, дар кадом услуб ва ҳолату вазъият иншо шудани матнро бояд муқаррар созад. Чунон ки дар боло зикр кардем, дар матни таҳиякардаи муаллиф се аломати асосии он – ҷудошавӣ (ё ба ҷузъҳо ҷудошавӣ), яклухтиву якпорчагии маъно ва алоқаманди матн пурра бояд риоя гардад. Робита ё ба ифодаи дигар, алоқаи байни ҷумлаҳои матн бо роҳи занҷирӣ, мувозӣ ва дар асоси усули мувозии алоқаи ҷумлаҳо, танҳо бо фарқ аз роҳи дуюм сурат мегирад, дар он мавзуи дутарафа вуҷуд надорад, алоқаи байни ҷумлаҳо тавассути вазифаи умумии иртиботӣ сурат мегирад. Матн сарлавҳа ё ба ифодаи дигар ном дорад. Матн метавонад, аз чандин сарсатр матни пурраи повесту роман иборат бошад. Матн метавонад, ки чандин ва мавзуъро фаро гирад, вале ҳамаи онҳо тобеи мавзуи асосӣ буда, барои такмили мавзуи асосӣ хидмат менамоянд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи махсусиятҳои ишорашудаи матн барои равшантар гаштани маълумот шарҳу маънидод ва мақолаҳои алоҳидаро талаб менамоянд. Барои маълумоти бештар гирифтани ба рисолаи “Матн ва таълими он дар мактаб” (муаллиф С. Аминов, Душанбе, 2002) муроҷиат намоед. Матн пайвастшавии ҷумлаҳое мебошад, ки аз рӯйи маъно ва воситаҳои грамматикӣ ба ҳам алоқаманд шудаанд. Воситаи асосии алоқаи грамматикӣ дар матн тартиби ҷумлаҳо, тартиби калимаҳо, оҳанги талаффуз ва ғайраҳо мебошанд. Ҳар як матн бар асоси мавзуи муайян эҷод мегардад. Мавзуи матн он чизест, ки дар бораи он ё доир ба он гуфта ва навишта мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо мавзуи матн дар сарлавҳа (номи он) инъикос меёбад. Ба баёни нақли шифоҳӣ ё хаттӣ омодагӣ гирифта, мавзуи онро бояд муайян кард. Дар номи мавзуъҳо ҳар як калима дорои аҳамият мебошад. Масалан, «Барф», «Барфи аввалин», «Дар кӯҳистон барф чӣ гуна буд?». Ин мавзуъҳо ба ҳам наздик, вале гуногун мебошанд. Нақлро чунон таҳия кардан лозим аст, ки ҳар як ҷумла барои шарҳ додани мавзуи мушаххаси пешниҳодшуда мусоидат намояд. Ҷумлаҳои матн на танҳо аз рӯйи мавзуи умумӣ, балки аз рӯйи ғояи муайян ва маънои асосӣ алоқаманд мебошанд. Маънои асосии матн ба чӣ даъват кардани он аст, чиро ёд медиҳад, барои чӣ ва ба кадом мақсад навишта шудааст, маънои асосӣ мумкин аст, ки дар сарлавҳа (ном) ва дар яке аз ҷумлаҳои матн ифода ёфта бошад. Вале бештар лозим меояд, ки онро бояд “ёфт” ва аниқ кард. Ба нақли шифоҳӣ ё хаттӣ тайёр шуда, фикр кардан лозим аст, ки киро, дар чӣ масъала бовар кунониданӣ ҳастед, чиро собит менамоед ва он ба кадом хулоса меорад. Нақлро чунон бояд ба роҳ монд, ки дар он ҳама чиз ба маъно, ғояи муайян (асосӣ) нигаронида шуда бошанд. Ба нақли шифоҳӣ ё хаттӣ омода гардида, нақшаи он, яъне масъалаҳоеро, ки шумо бояд шарҳ диҳед, оид ба мураттибию пайдарпайӣ, робитаи маъноӣ, гузариш аз як қисм ба қисми дигари нақли ояндаатон фикр кунед. Дар матн ҷумлаҳо метавонанд, аз рӯйи маъно пайдарпай, мисли занҷир: ҷумлаи дуюм ба якум, сеюм ба дуюм ва монанди инҳо алоқаманд гарданд. Чунин алоқаро занҷирӣ меноманд. Дар нақша чунин аст: 1 2 3 Мирзо Турсунзода басо равон ва зебо шеър мехонд. Ӯ аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андуҳро мефаҳмид. Вай дар айни замон беолоиш хандида метавонист. Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва тамоми тамаддуни мо мужда медод (Мирзо Иброҳимов).
Ҷумлаҳои матн метавонанд, ки бо ёрии калимаҳои такроршуда ё калимаҳои ҳамреша ва дигар василаҳои забонӣ пайваст шаванд. Мисол: Чойхонаи Абдулатифтағо дар ҷойи баландтарин ва хушҳавотарини шаҳрча воқеъ гардида буд. Маркази шаҳр ҳам гӯё ҳамин чойхона буд. Бозорча ва ду – се дӯкони шаҳрча дар атрофи чойхона ҷой гирифта буданд (П. Толис).
Муродифҳои матнӣ имкон медиҳанд, ки аз такрори бемавқеи калима худдорӣ карда шавад ва ҷумлаҳои матн аз рӯйи маъно алоқаманд шуда метавонанд. Масалан: Аз Хоруғ ба ноҳияҳои дигари кишвар говҳои ваҳширо бурданд. Қӯтосҳо дар ҷойи нав одат карданд. Аз одамон наметарсидагӣ шуданд.
Ҷумлаҳо дар матн метавонанд бо ёрии калимаҳои зидмаъно низ алоқаманд гарданд: Табиат дӯстони зиёде дорад. Душманони он хеле каманд.
Мавзуъҳо васеъ (ё умумӣ) ва маҳдуд (ё мушаххас) буда метавонанд. Масалан, вақте ки мавзуъро дар шакли “Муҳофизати табиат” интихоб мекунем, он хеле васеъ ва умумӣ мебошад.
Ин мавзуъ дар худ як қатор мавзуъҳои маҳдудро фаро мегирад, яъне мавзуи маҳдуд ба мавзуи васеъ (умумӣ) тааллуқ дошта, ҳамчун як ҷузъи он мебошад. Агар мавзуъро дар шакли “Бачагон бузғолаи бузи кӯҳиро ҳангоми гузаштан аз дарё аз ғарқшавӣ наҷот доданд”, интихоб кунем, он маҳдуд мегардад. Нақшаи матнро мумкин аст, ки дар шакли сода ё мураккаб таҳия кард. Нақшаи мураккаб аз сода бо он фарқ мекунад, ки баъзе бандҳои (пунктҳои) он унвон ё номи қисмҳои муҳимми матн маҳсуб гашта, дар худ зербандҳои (унвони қисмҳои хурди матн)-ро фаро мегирад.
Ҳангоми таҳияи нақшаи мураккаб мо бояд ба хонандагон ҷамъбаст кардани мавод, гурӯҳбандӣ ва ба низом даровардани онро ёд диҳем. Зимни навиштани нақшаи мураккаб, ба истифодаи аломатҳои китобат ва ҳамчунин, тарзи навишти сарлавҳа ва ҳарфи калон диққат дода, фарзи иҷроро ба мушоҳида гирифтан зарур аст. Дар матнҳои иншо, маъмулан, хонандагони пешқадам аз эпиграф истифода мебаранд. Эпиграфро зарбулмасалҳо, мақолҳо ва гуфтаю навиштаи соҳибназарон, яъне олимону адибони забардаст, ки чун афкори барҷаста дониста шудааст, ташкил медиҳад. Эпиграфи мувофиқ пайдо ва истифода кардани он ҳангоми таълифи иншо ба хонандае даст медиҳад, ки маънои асосии матнро дуруст дарк кардааст, яъне эпиграф барои дарки маънои асосии матн кумак мерасонад. «Эпиграф» вожаи юнонӣ (аз epi- дар болои, аз болои, дар назди, баъди ва graphe - менависам) гирифта шудааст. Эпиграф иқтибос ва зарбулмасалест, ки муаллиф дар асараш баъди сарлавҳа ё унвон ҷой медиҳад. Агар мавзуи иншо оид ба «чашмаҳо» бошад, муаллиф метавонад, гуфтаи ҳикматноки донишмандеро, ки марбути оби чашмаҳост, ба сифати эпиграф бипазирад. Масалан, донишманде фармудааст: Ҳар як манбаи оби тозаро бояд муҳофизат кард, ё чашмаҳо манбаи обҳои тоза мебошанд.
Матнҳо аз ҷиҳати маъно се навъ мешаванд: ҳикоягӣ, тавсифӣ ва муҳокимавӣ. Дар асарҳои илмиву педагогие, ки пештар нашр шудаанд, жанри иншо шарҳ ёфтааст ва дар шакли иншо – ҳикоя, иншо тавсиф ва иншо – муҳокима оварда шудааст. Бо мурури замон, вақте дар назарияи матн таҳқиқоти тоза анҷом дода шуд, олимону методистони рус он мафҳумҳоро дар ду шакл истифода мебурдагӣ шуданд. Масалан, Е.И.Никитина ва дигарон мафҳуми «навъҳои матн» ва М.Баранов ва тарафдорони ӯ «навъҳои нутқ»-ро мавриди истифода қарор доданд. Аз ин лиҳоз, таснифоти анҷомдодаи гурӯҳи корӣ, ки дар аввал оварда шудаст, комилан ғалат аст.
Таълими матн, навъ ва баъзе хусусиятҳои он вобаста ба синну сол аз синфҳои ибтидоӣ оғоз ёфта, то хатми мактаб идома меёбад. Ин масъала дар барномаҳои забони тоҷикии пешин ва кунунии синфҳои 5 – 9 ба ҳисоб гирифта шудааст. Мо дар ин ҷо бо зикри басо мухтасари баъзе хусусиятҳои асосии ҳар се навъи матн мақоларо хотима мебахшем.
Матни тавсифӣ яке аз навъҳои матн буда, асоси онро тавсиф – номгӯи аломатҳои яквақта ва доимии ашё ва ҳодисаҳо ташкил мекунанд. Масалан, агар хона (бино)-ро тавсиф карданӣ шавем, асоси онро ашёи дар хона мавҷудбуда ташкил менамояд: кадом чизҳо дар хона мавҷуданд, дар куҷои хона қарор доранд. Дар ин гуна матнҳо на танҳо дар бораи ашё, балки оид ба рангу шакли онҳо низ маълумот дода мешавад. Дар матнҳои тавсифӣ шахсони амалкунанда мавҷуданд ва байни онҳо муколама доир мегардад. барои ҳамин дар чунин матнҳо исму феълҳо бештар истифода мегарданд. Матнҳои тавсифӣ дар ҳамаи шаклҳои услуб таҳия карда мешаванд.
Матнҳои ҳикоягӣ махсусиятҳои забонӣ, сохторӣ ва муҳтавоӣ доранд. Дар матнҳои ҳикоягӣ ҳодисаю падидаҳо пай дар пай ва мураттаб баён мегарданд ва дорои сюжет мебошанд. Аз ин лиҳоз, ин матнҳо ба ҳикоя монандӣ доранд. Ин гуна матнҳо ҳам дар шакли шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ буда метавонанд ва аз рӯйи чунин нақша таълиф карда мешаванд: ибтидо, гиреҳбандӣ, рабт, инкишофи фаъолият, нуқтаи олии сужа, гиреҳкушоӣ ва хотима. Дар матнҳои ҳикоягӣ симоҳои амаликунанда мавҷуданд, ки байни онҳо муколама ба вуҷуд меояд. Дар онҳо диққати асосӣ ба далелу ҳодисаҳо нигаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар чунин матнҳо аз исму феълҳо бештар кор гирифта мешавад. Матнҳои ҳикоягӣ ба хонандагон нисбатан дастрас ҳисоб меёбанд. Аз рӯйи саволгузорӣ метавон навъи матнро муайян кард: ба матнҳои ҳикоягӣ чунин саволҳо гузошта мешаванд: чӣ ҳодиса рух дод? (Барои тавсиф – чӣ тавр? Барои муҳокима – чаро?) Матнҳои муҳокимавӣ чунин матнҳоеанд, ки дар онҳо барои далели исботи кадом як андеша муҳокима истифода мегарданд, мисолҳо оварда, муқоиса ва хулосабарорӣ карда мешавад, ё далелҳо оварда, аз натиҷаҳои аввала даст мекашанд. Дар шакли муҳокима мақолаҳои илмӣ, ҳисобот иншо навишта мешаванд. Дар синфҳои поёнӣ танҳо унсурҳои муҳокима вомехӯранд. Хонандагони синфҳои поёнӣ муқоиса мекунанд, андоза мегиранд. Яъне дар ин гуна матнҳо падидаю далелҳо ва ё мафҳуме тасдиқ ё инкор карда мешавад. Як нуқтаро зикр кардан лозим аст, ки баъзан дар матнҳои ҳаҷман калон унсурҳои ҳар се навъи матнро дидан мумкин аст.
Такроран зикр мекунем, ки ҳадафи мо танҳо шарҳ додани вожаи “Матн” буд. Барои маълумоти васеътар гирифтани омӯзгорон, баъзе хусусиятҳои матнро зикр карда, махсусиятҳои фарқкунандаи ҳар як навъи онро мухтасар, бидуни овардани намунаи матнҳо шарҳ додем. Ҳар як навъи матн бо овардани намунаи матнҳо аз асарҳои бадеӣ мақолаҳои ҷудогонаро талаб менамояд, ки ин кори оянда хоҳад буд.
Сайдамир АМИНОВ – номзади илми педагогика,
Саида НАБИЗОДА – муаллифи китоби дарсии
“Забони тоҷикӣ” барои синфи 5
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё