Зеҳн

ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ТАДҚИҚИ ОН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, истилоҳи иҷтимоӣ – фарҳангӣ буда, дар Мафҳуми таҳаммулпазирӣ предмети омӯзиши соҳаҳои гуногуни илм, ба мисли илмҳои гуногун тобишу маънои нав фалсафа, ахлоқ, сиёсатшиносӣ, тиб, пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин, педагогика ва психология ба шумор меравад. Аз таҳаммулпазирӣ категорияи коммуникативӣ аст, чунки барои ин рӯ, дар баробари муайян намудани мазмуни муоширати байнифардӣ ва иҷтимоӣ мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар назди мо, хизмат мекунад. Дар илми психология ҳамчунин, фаҳмиши ин мафҳум ҳамчун категорияи психологӣ низ меистад. Зеро омӯзиши таҳаммулпазирӣ ҳамчун таҳлили адабиёти ба мавзуъ бахшидашуда феномен таърихи нисбатан кӯтоҳ дорад.

Фаҳмиши таҳаммулпазирӣ ҳамчун нишон медиҳад, ки ҷанбаи психологию эҳтиром ва эътирофи баробарӣ, рад педагогии масъала аз баррасии фалсафӣ ва кардани бартарият ва зӯроварӣ, эътирофи иҷтимоии он хеле қафомонда аст. Инро бисёрандозагиву гуногунрангии муҳаққиқони мавзуъ низ қайд намудаанд.

маданият, меъёрҳо ва эътиқодоти инсонӣ, инкор кардани ин гуногунрангӣ дар корҳои А.Г. Асмолова ва Г.У. Солдатова равшан инъикос ёфтаанд. Доир ба ҷанбаи амалии таҳаммулпазирӣ Л.В.Байбородова қайд менамояд, ки кас бояд бо намунаи шахсӣ нишон диҳад, ки чӣ гуна бояд ба муҳокимарониҳои дигарон муносибат намуд, бо дигарон чи гуна бояд суҳбат намуд ва онҳоро шунид ва нуқтаи назари худро саҳеҳан пешниҳод кард. Аксар «унсурҳои таркибӣ»-и таҳаммулпазириро бо роҳи таълими иҷтимоӣ, тамринҳои иҷтимоиву психологӣ ва монанди инҳо ташаккул додан мумкин аст. Одатан барои тавсифи равандҳо ва зуҳуроти мураккаби психологӣ сегонаи унсурҳо истифода бурда мешавад: унсурҳои маърифатӣ, эмотсионалӣ ва рафторӣ. Кӯшишҳои татбиқи ин схема дар тавсифи таҳаммулпазирӣ низ вуҷуд доранд. Унсури когнитивӣ ё маърифатии таҳаммулпазирӣ тавассути эътирофи мураккабӣ, бисёрандозагӣ ва гуногунрангии олам ва ғайриимкон будани гузариши ин гуногунрангӣ ба якрангӣ фаҳмида мешавад. Маҳз ин ҷанбаъ дар Декларатсияи принсипҳои таҳаммулпазирӣ қайд шуда, тасдиқ менамояд, ки таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, «… фаҳмиши дурусти гуногунрангии пурғановати маданияти олами мо, шаклҳои худифодасозии мо ва роҳҳои зуҳури фардияти инсонист». Унсури эмотсионалии таҳаммулпазирӣ зарурати баррасии эмпатияро ҳамчун қисми таркибии муносибати таҳаммулпазирона инъикос менамояд. Ба сифати қисмҳои алоҳидаи унсури эмотсионалӣ Г. Кристалл шакли махсуси устувории эмотсионалӣ – «таҳаммулпазирии аффективӣ»-ро ҷудо менамояд, ки моҳияти онро қобилияти идора намудани шиддати эмотсионалӣ, пуртоқатона муносибат намудан ба таассуроти дарднок, изтиробҳо бидуни фишордиҳӣ ё таҳрифи онҳо ифода мекунад. Ҷанбаи дигари ин шакли таҳаммулпазирӣ, ба андешаи С.Л. Братченко, бо муносибати пуртоқатона ба зуҳуроти гуногуни эмотсионалии шахсони дигар алоқмандӣ дорад. Таҳаммулпазирии аффективии инкишофёфта ба инсон имконият медиҳад, ки ҳам равандҳои эмотсионалии худ ва ҳам таассуроти одамони дигарро бидуни баангезишойӣ ва баҳои манфӣ додан ба онҳо хуб дарк намояд.

Дар баробари шарҳу эзоҳ додани моҳияти таҳаммулпазирӣ, инчунин, мебоист, то ки доир ба намудҳои ин масъала андешаҳои худро баён намоем, зеро донистани намуд, омил ва сабабҳои зоҳиршавии он имконият медиҳад, то шахс худро бо вазъиятҳои пешомада омода созад. Яъне вобаста ба вазъияти пешомада таҳаммулпазириро дар худ ташаккул дода, баҳри самарабахш ҳал намудани вазъиятҳои мухталифи психологӣ омода шавад. Яке аз сифатҳои муҳимми шахс таҳаммули психологию иҷтимоӣ мебошад, ки самаранокии муоширатро моҳиятан муайян намуда, дар баробари ин, самараи ҳамкории шахсро бо дигарон беҳтар менамояд. Дар ҷараёни муошират лаҳзаҳои ниҳоят сахти низоъу муноқиша аз сабаби худро дар мавқеи ҳамсуҳбат тасаввур карда натавонистани ҳамсуҳбат ба вуҷуд меояд. Агар шахс худро дар мавқеи ҳамсуҳбат гузошта, лаҳзаи ниҳоят сахти муноқишаро таҳлил намояд, он гоҳ ӯ метавонад роҳи дурусти бартараф намудани ин вазъиятро пайдо намояд. Ин ҳама ба маҳорати зоҳир намудани таҳаммул дар ҷараёни муошират аз тарафи шахс вобаста аст. Физиологи машҳур А.А.Ухтомский қайд карда буд, ки шахс худаш бехабар ҷабрдидаи гуфтаҳои хатои худ мешавад. Ин ақидаро давом дода, қайд менамояд, ки шахс бояд аз абстрактсия вобаста набуда, балки қобилияти гӯш кардани сухани ҳар як фарди алоҳидаро дошта бошаду аз мавқеи он ба масъала баҳо диҳад. Масъалаи зоҳир намудани таҳаммул дар ҷараёни муошират то ҳол предмети тадқиқоти ҷиддии психологияи иҷтимоӣ ва педагогӣ нашуда буд. Фаҳмиши анъанавии таҳаммул дар психология ба қисмати психофизиология тааллуқ дорад. Таҳаммул пастшавии ҳассосият ба таъсири омили манфӣ буда, дар натиҷаи он сустшавии фаъолнокии шуур ба вуҷуд меояд. Таҳаммул дар муошират ба баландшавии қобилияти пуртоқатӣ нисбат ба омили манфӣ шуда метавонад.

Фаҳмиши иҷтимоию психологии таҳаммул дар муошират – нисбат ба ақидаи дигарон, ба тарзи баҳодиҳии дигарон ба воқеаҳо пуртоқат будан мебошад. Барои чӣ як нафар дар муошират таҳаммул зоҳир менамояду дигар кас не? Дар ин ҷо ду механизмро бояд фарқ намоем. Дар ҳолати якум, таҳаммули иҷтимоию психологӣ ба ҳиссиёти пасти иҷтимоию психологии шахсӣ («дилсардӣ», «мулоимхунукӣ» ва ғайра) алоқаманд буда метавонад. Роҳи дигари таъмин намудани таҳаммули иҷтимоию психологӣ хусусияти мақсади гузошташудаи ӯ мебошад («Ҳамаи одамон метавонанд хато намоянд», «Ҳар чӣ қадар нуқтаи назар бисёр бошад, ҳамон қадар хубтар», «Ҳар кас барои изҳори ақидаи худ ҳуқуқ дорад» ва ғайра). Дар ин ҳолат баландшавии таҳаммул дар муошират бо ташаккули мақсади гузошташудаи мувофиқи шахс алоқаманд мебошад.

Ҳамин тавр, сохти умумии таҳаммулро дар муошират ба ду намуд ҷудо намудан мумкин аст:

  1. таҳаммули сенсуалӣ (ҳиссӣ)-и шахс ва 2) таҳаммули диспозитсионӣ (мувофиқи мақсад ва мавқеъ рафтор намудан)-и шахс (Реан А.А.).

Таҳаммули сенсуалӣ аз пуртоқатии шахс ба таъсири ангезанда вобаста буда, аз ҳисоби пастшавии ҳассосӣ, сустшавии мутаассиршавӣ ба ягон омили манфӣ мебошад. Таҳаммули сенсуалӣ, бо таҳаммулпазирии классикӣ, бо баландшавии зинаи ҳассосӣ ба ҳар гуна таъсири ангезанда ва инчунин, таъсири субъектҳои муносибатҳои байнишахсӣ алоқаманд аст. Дар асоси таҳаммули диспозитсионӣ механизми тамоман дигар мавҷуд аст, ки дар ҳамкорӣ бо муҳит пуртоқатии шахсро таъмин менамояд. Таҳти таҳаммули диспозитсионӣ гузориши мақсадҳои мушаххаси шахс бо ҷамъи муносибатҳои ӯ ба ҳақиқат меистад: ба одамони дигар, ба рафтори онҳо, ба худ, ба таъсири дигарон ба худ ва умуман, ба ҳаёт. Ба ин мақсадҳои гузошташуда ва мавқеи ишғолкардаи шахс мисол шуда метавонад: «Ҳамаи одамон ягон вақт хато менамоянд», «Ҳар чӣ қадар нуқтаи назар бисёртар бошад, ҳамон қадар хубтар аст», «Бадхашмӣ ва таҷовуз бисёр вақт аз лаҳзаи воқеият вобаста мебошаду моҳиятан ботини шахсро зоҳир наменамоянд» ва ғайра. Нақшаи рафтор, ки аз рӯи мақсади гузошташудаю мавқеи ишғолкардаи шахс дар ҷараёни муошират амалӣ мегардад, ба баландшавии таҳаммули шахсӣ оварда мерасонад. Ин мисоли овардашуда, албатта, ба таҳаммули диспозитсионӣ тааллуқ дораду мисоли таҳаммули сенсуалӣ шуда наметавонад. Ба таври дигар гӯем, таҳаммули диспозитсионӣ таҳаммули мавқеи ишғолкарда дар муошират, таҳаммули мувофиқи мақсади гузошташуда муошират намудан ва таҳаммули дарки олам мебошад. Таҳаммули диспозитсионӣ бо таҳаммулпазирии психофизиологӣ вобаста нест. Дар ин маъно, дорои таҳаммули баланди диспозитсионӣ шахсе шуда метавонад, ки ниҳоят ҳассос бошад. Ин масъаларо ба таври васеъ омӯхта, боз се омилро ҷудо намудан мумкин аст, ки таҳаммулро шарҳ медиҳанд: сотсиогенетикӣ, психогенетикӣ ва биогенетикӣ. Таҳти омили сотсиогенетикӣ таъсири шароитҳои субъективию объективӣ ба ташаккул ва зоҳиршавии таҳаммул дар ҷамъият, дар гурӯҳҳои гуногун ва дар шахсҳои алоҳида фаҳмида мешавад. Дар назар дошта мешавад, ки ташаккул ва зоҳиршавии таҳаммул дар зери таъсири мақсадҳои дар айни замон гузошташудаи иҷтимоӣ, эталонӣ, равияҳои ҷамъиятӣ:

гуманистӣ, зиддишахсӣ ё авторитарӣ ба амал меоянд.

Омили психогенетикӣ таъсири муҳити иҳотакардаи фард (оила, коллектив, гурӯҳи ғайрирасмӣ ва ғайра) ба ташаккул ва зоҳиршавии таҳаммул мебошад. Дар ҳолати набудани таъсири сотсиогенетикӣ нақши муҳимро омили психогенитикӣ иҷро хоҳад кард. Таҳти омили биогенетикӣ таъсири хусусиятҳои психофизиологии фард ба ташаккул ва зоҳиршавии таҳаммул фаҳмида мешавад. Ин ҷо сухан дар бораи ҳар гуна зоҳиршавии таҳаммул вобаста ба ҷинс, синну сол ва хусусиятҳои фардии шахс меравад. Таҳаммул ҳамчун хусусияти шахс барои ҳамаи касбҳои «одам-одам» (яъне касбҳое, ки дар рафти он одам бо одамони дигар муомила мебояд намояд. Ба монанди муаллимӣ, фурӯшандагӣ, рӯзноманигорӣ, равоншиносӣ ва ғайра) аҳамияти муҳим дорад. Барои муаллим бошад, таҳаммул беҳтарин сифати шахсии ӯ ба ҳисоб меравад, зеро бо он самаранокии дарки шахсияти хонандаю муоширати педагогӣ ва умуман фаъолияти педагогӣ алоқаманд аст. Гуфтан бамаврид аст, ки дар баробари омӯзиши ҷанбаи назариявии масъалаи таҳаммулпазирии ҷавонон, зарурати омӯзиши он дар амалия пеш меояд, то ки боз ҳам маълумоти объективӣ ва васеътар ба бор ояд. Барои фаҳмидани он, ки озмудашаванда дорои кадом типи мизоҷ асту кадом намуди таҳаммулпазирӣ барои ташаккул додан беҳтар аст ташхиси типҳои мазкурро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем. Барои ташхиси мизоҷи озмудашавандаҳо методҳои гуногун мавҷуд аст (ба мисли методи Айзенка, А. Белов ва ғайра). Мо тасмим гирифтем, ки аз методикаи А. Белов истифода барем.

Мавҷуд будан ё набудани хусусиятҳои дар ҳар як пурсишнома додашударо дар худ муайян карда бо аломатҳои «+» ё « - » ишора карда («+» - ҳаст, « - » нест) ба саволҳои пурсишнома мебояд ҷавоб дод.

Баъд аз рӯи формулаи зерин натиҷаҳоро ҳисоб мекунем: Т = Х + С + Ф + М дар навбати худ ин ҷо Х = (Ах) / А 100%; С = (Ас) / А 100%; Ф = (Аф) / А 100%; М = (Ам) / А 100%, ки дар ин ҷо Т – формулаи мизоҷ, Х – холерик, С – сангвинник, Ф –флегматик, М – меланхолик, А – шумораи умумии аломатҳои ҷамъ дар ҳамаи типҳо, Ах – миқдори аломатҳои ҷамъ дар анкетаи холерик, Ас – шумораи аломатҳои ҷамъ дар анкетаи сангвинник, Аф – шумораи аломатҳои ҷамъ дар анкетаи флегматик ва Ам – шумораи аломатҳои ҷамъ дар анкетаи меланхолик мебошанд.

Натиҷаҳои бадастоварда эътимоднок ҳисобида мешаванд, агар Т = Х + С + Ф + М = 100 шавад. Масалан: Х35% + С30% + Ф14% + М 21% = 100 шавад, пас ҳисоби дуруст ва қимати ёфтаамон ба ҳақиқат наздик аст.

Ҷамъбасти супориш чунин аст: 40% - хусусияти ҳукмфармои мизоҷ; 30 –39% - равшан ифодаёфта; 20-29% - миёна ифодаёфта; 10-19 - ба миқдори кам.

Дар асоси гуфтаҳои боло амал карда, мо тадқиқоти худро бо гурӯҳи донишҷӯёни ихтисоси филология дар ДМТ гузаронида, чунин натиҷаҳои мушаххасро ба даст овардем, ки аз 25 нафари озмудашаванда 10 нафар табиатан дорои таҳаммулпазирии сенсуалӣ мебошанд. Дар 15 нафари дигари озмудашаванда таҳаммулпазирии табиӣ камтар дида мешавад ва мо ба онҳо тавсияҳои мушаххаси психологӣ додем, ки тавассути таҳаммули диспозитсионӣ дар худ ин хухсусияти муҳимро ташаккул диҳанд.

Баҳром ҲОФИЗОВ – омӯзгори психологияи Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2