Зеҳн

«МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД

БА
Барномасоз23 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Ин мисраъҳои нахустин аз достони Ин шеъри устод Мирсаид Миршакар “Панҷи нором”-и устод Мирсаид чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи Миршакарро метавон чун мифтоҳе барои баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ кушодани дарвозаҳои табъи муаллифи тарбият намудааст.

он ва ворид шудан ба олами рангини «МАРО БЕ ВАТАН ЗИНДАГОНӢ МАБОД!»

шеъраш истифода бурд. Зеро дар ин Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором чаҳор мисраъ тамоми шигифтиҳои Мезанад доду мезанад фарёд, зиндагӣ ва эҷодиёти устод Миршакар Меравад худсарона, лекин ром таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Шахсияти Ҳеҷ касро намешавад, ҳайҳот…

устод Миршакар чун инсон ва чун шоир дар ҳамин изтироби шабонарӯзии рӯди ноороми Панҷ, дар ҳамин маҷрои бебозгашти он, дар ҳамин рӯде, ки бо худ паёмҳое аз шукуфоиҳову шодобиҳо мебарад ва ин рӯд боз рӯдест, ки замонаи пуризтироб ва ҷаҳони пуртакопӯеро ифода мекунад, тасвири шоирона ёфтаанд. Устод Мирсаид Миршакар воқеан, шабеҳи рӯди ноороми Панҷ аз сарчашмаҳои зулоли маънавии кӯҳистони Бадахшон, ки аз зерсангҳои қавиву подори ҷавонмардӣ ва суннату оинҳои халқи хирадпешаву ҳунарманд сарчашма гирифтааст, ҳама умр дар водии сухан ва доманакӯҳҳои азими эҷодиёти бузургони ин сарзамин ҷорӣ буд ва бо худ аз зулоливу накҳати табиати кӯҳистон паём бурда, дар ин ҷода як умр фидокорона умр ба сар бурдааст. Шахсияти устод Миршакар, симои зоҳириву маънавии ӯ ҳамеша ба ҳамдигар тавъаму ба назар намоёну дурахшон будааст, зеро садоқати инсониву шаҳрвандӣ, мубориз ва фидокор будан, заҳматпарастӣ, хоксориву фурӯтаниву хайрхоҳӣ, некбинӣ ва бовару эътимод ба худ, покиву ростии худ ва ба қомати баланду шахсияти сарфарози ӯ ҷилои бештаре бахшидаанд.

Устод Миршакар бо ин бузургии қадду баст диле дошт тифлона зулол ва ҳаёте ба сар бурд ҷавонмардонаву ҳалол.

Метавон аз ҷанбаҳои зиёди зиндагиву фаъолияти эҷодии устод Мирсаид Миршакар сухан кард. Устод Миршакар ҳамчун инсон ва шахсияти маъруфи замон заҳматкашу фидокори Ватан аст, ки дар бунёди Тоҷикистони навин на танҳо бо эҷодиёт, шеъру сухан, балки ҳатто ҷисман бо кашонидани кӯпҳои пахтаву қаторҳои тахта дар тахтапушт дар он солҳои барқарорсозии хоҷагии халқи мамлакат ҷоннисоронаву ватандӯстона зиндагӣ ба сар бурдааст. Аммо устод Миршакарро халқи мо бештар ҳамчун шоир мешиносад, ки саҳми бузурге дар бунёди назми навини замони навин гузоштааст. Имрӯз агар саволе ба миён гузошта шавад, ки кадом шеъри кадом шоири муосири тоҷик бештар аз бар гаштаву бештар аз ашъори дигарон вирди забон шудааст, гумон дорам, ҳама бо як забон хоҳанд гуфт, ки ин шеър “Ман калон мешавам”-и устод Мирсаид Миршакар аст.

Шеъри кӯчаки бачагонае, ки чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст. Шеъре самимона содаву фаҳмо, шеъре дар баробари як қасам дар пешорӯи худ ва Ватан. Кист, ки ин шеърро аз ёд накардааст, кист, ки бо ҳамин армон назистааст? Аз онҳое, ки дар мактабҳои мо хондаанд, оё касе ҳаст, ки гӯяд ман ин шеърро аз ёд намедонам? Гумон мекунам, ки чунин одам вуҷуд надорад. Ва ин армони “ман калон мешавам, қаҳрамон мешавам” ҳамеша моро ба зиндагии фаъол ҳидоят намудааст. Яъне, ки устод Миршакар бо ин як пораи шеъри кӯчак тавонистааст рӯҳи бузурге ба чандин насли як миллат бубахшад. Шеърҳои дигари кӯдаконаи Миршакар низ ҳамеша вирди забон будаанду фарзандони моро дар беҳтарин рӯҳияи инсониву ватандӯстӣ тарбият намудаанд, аз зумраи:

Гул кун ба бахти мо, Ватан,

Мисли гулистону чаман…

Ё шеъри машҳури “Рост мегӯям”:

Гумон набаред, ки ман хурдастам,

Ана мебинед, ҷорӯб дар дастам.

Бо ин ҷорӯбам хона мерӯбам…

Дегу табақро худам мешӯям…

Чӣ қадар одобу ғайрат бахшидааст ин шеър дар тӯли солҳо ба кӯдакони тоҷик. Ва банда ин ҳарфҳоро аз таҷрибаи рӯзгори худ, ки он замон дар кӯдакӣ ин шеърҳоро аз бар карда будаму ҳанӯз муътақиди онҳо ҳастам, ҳарф мезанам. Нақши бузурги устод Миhсаид Миршакар дар бунёди шеъри бачагонаи мо бебаҳс аст. Албатта, нахустин шеърҳои зебои кӯдаконаи моро устодон Садриддин Айниву Лоҳутӣ, Пайрав Салаймониву Абдусалом Деҳотӣ… сурудаанд, аммо устод Миршакар воқеан бунёдгузори шеъри бачагонаи ҳирфаии мо дар оғози замони шӯравӣ буд. Маҳсули ҷустуҷӯ ва эҷодкориҳои ӯ буд, ки мо имрӯз дар бораи адабиёти бачагонаи тоҷик ҳамчун адабиёти мустақил метавонем ҳарф занем. Миршакар тавонист як зумра адибони номвари адабиёти бачагонаи моро перомуни фаъолияти худ дар муҳите созгор ҷамъ оварад ва дар тарбияташон саҳм гузорад. Абдумалик Баҳорӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Наримон Бақозода ва бисёри дигар аз он зумраанд. Дар мавриди шеъри бачагонаи устод Миршакар пажуҳишҳои зиёде ба анҷом расидаанд, аз ин рӯ бо иктифо аз гуфтаҳои боло, мехоҳем каме аз шеърҳои барои калонсолон навиштаи устод Миршакар ва вобаста ба ин аз шахсияти инсониву эҷодияшон суҳбат кунем. Баъзе абёти ашъори устод Миршакар кайҳост, ки ба қатори зарбулмасалу ҳикматҳои халқӣ дохил гардиданд. Аз ҷумла:

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд

Ва ин байтро метавон чун сарлавҳа бар сақфи андеша ва армонҳои инсонии устод Мирсаид Миршакар гузошт. Биёед, ба ашъори устод Миршакар аз назари андешамандӣ ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ, ки хоси шахсияти муаллифашон низ будаанд, наздик шавем. Аз ҷумлаи чунин хислатҳои наҷиб таслимнопазирӣ, қаноатманд набудан аз худ, ҳамеша дар такопӯву ҷустҷӯ будан аст. Дар мисоли зер, ки то ҷойе таҷассуми шахсияти инсонии устод Миршакар аст, ҳамчунин ҳунари истифодаи моҳирона аз мақолу зарбулмасал дурахшон падидор аст:

Сабрро гӯянд нахли борвар,

Мева орад хуштар аз себу анор,

Рост аст! Аммо дили пурҷӯшро

Нест ҳаргиз фурсати сабру қарор.

Ва мебинем, ки чун ҳамеша шоир дар мисраъи охир бо истифодаи ҳикмати халқ сухани худро ҳусни тоза мебахшад. Шоир ва инсоне, ки ҳамеша бо рӯҳияи баланд зиндагӣ ва кор кардаасту фаъол будааст, табиист, ки ҳамин сифатҳои мардонаву ҷоннисоронаву ватандӯстона зистанро дар ашъораш тарғиб мекунад:

Даъвати зиндагӣ ба ҳар яки мост,

Ки шабу рӯз кор бояд кард,

Бар зимистони сарду барфолуд

Ҳамлае чун баҳор бояд кард.

Асри нав чун ба салтанат шинад,

Мурғ ҳам мекунад иваз пару бол.

Дар либоси наве ҳамебояд

Асри навро гирифт истиқбол.

Дар мисоли овардашуда ба ҷуз он рӯҳияи баланди ҷавонмардонае, ки гуфтем, ҳунари пӯшонидани пероҳани бадеӣ ба сухан дар шеъри устод Миршакар мушоҳида мешавад, дар мисоли” чун баҳор ҳамла овардан ба зимистони сарду барфолуд” ва “пару бол иваз кардани мурғ”-у “либоси нав пӯшонидани асри нав”.

Табиист, ки чунин ашъор дар тарбияи иродатмандӣ ва эътимоду бовар ба худ саҳми бориз хоҳад гузошт. Устод Миршакар шояд аз камтарин шоирони куҳансоли мо буд, ки тағйироти бунёдӣ дар ҷомеа ва даврони бозсозиро тавонист бо дили гарм истиқбол кунад ва ин худ гувоҳи ҳамеша дар сари кору ҷустуҷӯву пешравӣ будани шоир аст:

Хушам аз рӯзгори бозсозӣ,

Туӣ дар рӯзгорам мурғи тӯфон,

Дамомодам аз сари кӯҳи зафарҳо

Занӣ фарёд ҳамчун барқи рахшон.

Ҳамин рӯҳияи ҳамеша дар саф будан, ҳамеша пешгом будан, ки дар сиришти шоир ҳанӯз аз ҷавонӣ падид омадаву ӯро ҳамеша ҳамқадами вақту замон нигоҳ доштаву дар бузургтарин бунёдгузориҳои ватанаш шарики фаъол гардонидааст, то охири умр бо шоири сарбаланд будааст... Аммо шоир падидаҳои номатлуби зиндагиро маҳкум намуда, айби падидоии онҳоро на ба дӯши дигарон меафканад, балки маҳсули фаъолияти худи одам меҳисобад:

Бар айби мо агар бар доми ғафлат

Бияфтад ногаҳон шаҳболи иқбол.

Зи дасти хештан бояд бинолид,

На аз дасти қазову гардиши сол.

Агар савол гузорем, ки асос ва бунёди шеъри устод Миршакар чист, ба андешаи ман, он аввалан, муҳаббат ба Ватан, ба Тоҷикистон ва сипас бовар ба инсон аст. Ин муҳаббат, ин нигоҳи ошиқонаву пур аз меҳр вомедорад, ки шоир ҳамеша ватани худро чун гулистони шукуфон дарёбад:

Тоҷикистони ман гулистонест,

Ки ба васфаш тарона мехонам.

Ҳамчу сарбози ҷонфидо шабу рӯз

Ҳар гулашро ба ҷон нигаҳбонам.

Зиннату зеби ӯст ҳар гули ӯ,

Ҳар яке рангу бӯи худ дорад.

Дили дилдорро ба ҷӯшу хурӯш

Гули якрангу бӯ намеорад.

Ман нахоҳам, ки боғу гулзораш.

Сайргоҳе шавад ба боғу заған.

Хоҳиши қалби ман, ки ҳар гули он

Шавқ бахшад ба булбулони Ватан.

Ва чунон ки мебинед, ин муҳаббат тиҳӣ аз андешаву ормонҳо нест. Шоир дар баробари васфи Ватан вазифаи фарзандии худро чун “сарбози ҷонфидо” аз нигаҳбонии “ҳар гулаш”, ки албатта. маънои рамзӣ дорад ва роҳ надодан ба “зоғу заған” бар он бо таъкиди “якрангу бӯ” набудани гулҳои Ватану шоистаи “балбулони Ватан” будани он таъкид мекунад. Устод Миршакар дар муборизаи байни кӯҳнаву нав ҳамеша ҷонибдори нав буд. Ӯ агарчи солаш рафтаву ҷавон набуд, дилаш дар радифи дили ҷавонон ҷӯш мезад. Ва ин сифати инсонии худро дар шеъри “Нишаста бар сари санге уқобе” хеле шоиронаву рамзӣ баён намудааст. Ва ин шеър гувоҳи рӯҳияи баланди инсонии Миршакар ҳатто дар замони пиронсолист. Ба ростӣ, таслимнопазирии устод Миршакар дар пеши синну сол ва пирӣ намунаи ибрат буда, хонандаро бе тафриқа намегузорад... Устод Миршакар аз камбудиҳои замона бебокона сухан меронад. Дар он замоне ки ситоишҳои сохта ва пуртамаллуқ ба ҷойе расида буданд, ки мегуфтанд “кампири советӣ ожанг надорад”, ӯ ба рисолати шоирии худ содиқ мондаву чунин ҳақиқатбаёниҳо ҳам дошт:

Баҳри парвози савлаташ бархе

Зарраро офтоб мехонад.

Кохи уммедро намуда хароб

Айб бар инқилоб мемонад.

Шахсияти дурахшони Мирсаид Миршакар ҳамчун инсони соҳибмаърифати замони худ, муборизи роҳи сулҳу дӯстӣ ва ғояҳои баланди инсонӣ, шахсияти некбину хайрхоҳ дар шеъраш хеле таҷассуми дурахшон дорад:

Ман на онам, ки баҳри шуҳрати хеш

Машъали дӯстро кунам хомӯш,

Дӯстиро ниҳода зери по,

Бикушоям ба душманӣ оғӯш.

Кӯшиши ман, ки дар ҷаҳони бузург,

Ҳамчу як донапоши дилогоҳ,

Тухми некӣ ба дасти худ пошам,

Занам оташ ба хирмани бадхоҳ.

Гар наояд зи дасти ман ин кор,

Зистан дар ҷаҳон надорад суд.

Ман наметарсам аз хатову саҳв,

Шуълавар нест оташе бе дуд…

Мавзуи Ватан, парастиши Ватан яке аз мавзуъҳои асосии ашъори Миршакар будааст. Ва ин муҳаббату садоқат, дилкашолӣ ба ватанро ӯ дар чаҳор мисраъ бо тасвири зебои шоирона хеле барҷаста ба қалам додааст:

Бо сӯзу сафои тоза сӯи Мағриб

Ҳар субҳидаме, ки мешитобад Хуршед.

Роҳи назараш ба ҷониби Машриқ аст,

Аз хонаи худ рӯй натобад Хуршед.

Яке аз хуҷастагӣ ва вежагиҳои табъу завқи устод Миршакар дар назари нек доштан ба оянда, ба парастиши оянда ба ҷустуҷӯи наву навӣ равона кардани неруи худу дигарҳо падид омадааст.

Фалсафаи ӯ ин аст, ки инсон бояд барои оянда зиндагӣ кунад. Рӯ овардан ба он чи гузашт, рӯ овардан ба кӯҳнагӣ мароми ӯ нест:

Шояд он чи маро, ки дар пеш аст,

Ногувортар асту вазнинтар,

Ҳар чи бошад бароям оянда,

Аз гузашта азизу ширинтар.

Дили ман розгоҳи деринам

Мезанад бо навои оянда,

Гуфтаму боз мекунам такрор:

Зиндаам ман барои оянда!

Аммо боз ҳам бояд гуфт, ки ҷавҳари эҷодиёти Миршакарро садоқату муҳаббати Ватан ва парастиши он ташкил додааст:

Ватанро аз он мешуморам азиз,

Ки бе вай надорем як рӯзи шод,

Барои Ватан зиндаам! Дӯстон!

Маро бе Ватан зиндагонӣ мабод!

Дар ҷойи дигар муҳаббати Ватан дар шеъри ӯ чун қасам садо медиҳад:

Барои ватан додаам ҷону тан,

Ватан аз ман асту манам аз Ватан.

Набояд аз ёд бурд, ки Мирсаид Миршакар яке аз шоирони достонсарои адабиёти навини мост. Ва мавзӯи достонҳои Миршакар мавзӯи пажӯҳиши алоҳида бояд бошад. Зеро ҳар достони Миршакар – “Ливои зафар”, “Панҷи нором”, “Дашти лаванд”, “Авроқи муҳаббат” “Ишқи духтари кӯҳсор”, достони фалсафии “Исёни хирад”, достони бачагонаи “Мо аз Помир омадем”, “Қишлоқи тиллоӣ” ва ғайраҳо ҳар кадоме бори арзишманди маънавӣ бар дӯш доранд ва саҳми бузурге дар рушди достонсароии адабиёти навини мо гузоштаанд. Аммо достоне, ки ба шоир шуҳрати умумииттифоқӣ оварда, ба ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шуда, ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ ворид гардидааст, достони “Қишлоқи тиллоӣ” мебошад. Соли 1950 устод Миршакар барои достонҳои “Қишлоқи тиллоӣ ва “Панҷи ноором” сазовори мукофоти далатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) гардидааст. Дар анҷоми ин гузориши кӯтоҳ аз шеъри устод Мирсаид Миршакар чун рамзе, ки метавонад ба он ҷамъбасти маънавӣ бидиҳад, қитъаеро бо номи “Ашкҳои сангбаста” мехоҳам биёварам. Шоир тавонистааст дар тасвири лаъли Бадахшон ба таври рамзӣ тақдиру толеи рӯзгори сангини халқи худро шоирона ҷилое маънавӣ бидиҳад:

Ҳеҷ медонӣ, ту эй Помири ман,

Ай фурӯғи чашми ман, тақдири ман,

Лаъли кӯҳи ту, ки аз наздику дур

Чун ситора медурахшад дар назар,

Лаъл набвад, набвад оташпорае

Шуълавар дар синаи кӯҳу камар,

Сангбаста дар давоми асрҳо

Қатраҳои ашки хунини ту аст.

Зинати имрӯзи ту, фардои ту,

Шоҳиди дирӯзи сангини ту аст.

Бидуни шубҳа, метавон гуфт, дар қатори лаълу лаълпораҳо, тиллову нуқраву садҳо анвои сангҳои қиматбаҳо ва ганҷҳои нодир кӯҳистони баланди Бадахшон ба мо ин дурри бебаҳо ва лаъли нодир, шоири дурахшонтабъу назарбаланд, инсони садоқатманду иродатманди Ватан - устод Мирсаид Миршакарро додааст, ки бо дурахши табъу истеъдоду шахсияти нотакрори худ ифтихори мо ва ифтихори миллати мост.

Камол НАСРУЛЛО –

Шоири халқиии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар»

Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,

Зи ҷаҳлободи нодонон бадар шав.

Чу касби илм кардӣ дар амал кӯш,

Ки илми беамал заҳрест бенӯш.

Чӣ ҳосил з-он ки донӣ кимиёро,

Миси худро накарди зарри соро?!

Бикун з-ин корхона дар кутуб рӯй,

Хиёли хешро деҳ бо кутуб хӯй.

Абдураҳмони ҶОМӢ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2