Наққош
Шахсе чандин сол шогирди наққоши бузурге буд ва тамоми фунуну маҳоратҳои ҳунари нақоширо омӯхт.
Рӯзе устод ба ӯ гуфт:
- Ту устод шудаӣ ва ман дигар чизе надорам, ки ба ту биёмӯзам.
Шогирд ба устод сипосгузорӣ намуд ва хайру хуш карду рафт.
Рӯзи баъд фикре ба сараш расид. Се рӯзи тамом вақт сарф кард ва як наққошии фавқулодда зебое кашид ва онро дар серодамтарин майдони шаҳр қарор дод ва аз раҳгузарон хоҳиш кард, ки агар ҳар ҷое эроде мебинанд як аломати ❌ бизананд.
Бегоҳ бозгашт, дид ки тамоми тоблу аломат хӯрдааст. Бисёр нороҳату афсурда ба устоди худ муроҷиат кард ва аз вай гиламанд шуд. Устод шарҳи моҷароро пурсид. Шогирд дақиқан нақл кард.
Устод ба ӯ гуфт:
- Оё метавонӣ айнан ҳамон наққоширо бароям бикашӣ?
Шогирд низ чунон кард. Устод он наққоширо дар ҳамон майдони серодам қарор дод, вале ин бор рангу қаламро дар канори он тоблу гузошт ва матне ки дар канори он навишт чунин буд: “Аз раҳгузарон хоҳиш мекунем агар ҷойе аз наққошӣ ишколу эроде дорад бо ин рангу қалам ислоҳ бифармоянд”.
Бегоҳ баргаштанд ва дидан тоблу даст нахӯрдааст. Ин тоблу як ҳафта дар он ҷо буд, вале ҳеҷ кас ҳеҷ нуқтаеро ислоҳ накард, ҳатто соҳибназарон дар соҳаи наққошӣ.
Устод ба шогирд гуфт:
- Ҳоло фаҳмидӣ, ки ман ҳама чизро ба ту омӯзиш додаам, аммо нуктаи муҳимтар аз ҳама ин аст, ки тамоми мардум метавонанд интиқод кунанд, вале касе пайдо намешавад, ки ислоҳ кунад!
Нукта: Танҳо чизе ки шод будан, оромиш ва ризояти дарунамонро месозад фақат бовару ишқест, ки нисбат ба худамон дорем, на таъйиду тасдиқи дигарон.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё