Зеҳн

ҲАМА МАСЪУЛИ РУШДИ КӮДАКОНЕМ

БА
Барномасоз22 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Яке аз ҷузъҳои муҳимми ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ на танҳо хушбахтӣ ба даст меорад, балки пас аз оиладорӣ бештар дучори мушкиливу душвориҳои зиндагӣ мегардад. Зеро баъд аз хонадор шудану фарзанддор шудан рисолати муҳимми тарбиятгарӣ бар дӯшаш бор мешавад. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди ватан, дар назди халқ мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар падару модарро мебояд барои бахту саодати ояндаи фарзандаш дар иҷрои рисолати худ аз мулоҳиза ва меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ кор гирад. Дар ин кор ёрирасони падару модар пеш аз мактаб кӯдакистон ва мураббиён шуда метавонанд.

Барои тарбяи дурусти фарзандон мустаҳкам намудани робитаи падару модар бо муассисаи таълимӣ айни муддаост.

Вазифа ва моҳияти ҳамкории муассисаҳои томактабӣ бо оила дар омода намудани кӯдак ба мактаб бо як қатор меъёрҳо асос меёбад ва дар ин ҷода ёрии амалӣ расондани мураббияи кӯдакистон бо падару модарон шарти муҳим аст. Мураббиён метавонанд:

- ба падару модарон дар бораи ҳама тарафҳои омодагии бача ба мактаб ахбор диҳанд;

- бо мазмун ва методикаи коре, ки тавассути он бача ба таълими мактабӣ омода мешавад, шинос менамоянд;

- оид ба қонунҳои инкишофи анатомию физиологӣ, психологию шахсияти мактаббачаи оянда маълумот медиҳанд;

- робитаи мутахассисонро (педагог, психолог, логопед ва духтури бачагона) бо онҳо ташкил мекунанд;

- ба падару модарон усулҳои ба кори амалии кӯдакон роҳбарӣ намуданро мефаҳмонанд;

- дар маҷлисҳои гурӯҳӣ бо мавзуъҳо оид ба масъалаҳои мушаххас ва умдаи омодагии бача ба мактаб «Инкишофи захираҳои луғавии кӯдак дар шароити оилавӣ», «Асосҳои илмии омодагии бача ба мактаб ва меъёрҳои асосии он», «Ташаккули маҳорат ва малакаҳои меҳнатии кӯдак», «Пешгирии беморӣ», «Реҷаи рӯзи бача дар оила» ва ғайраҳоро бо иштироки мутахассисон ташкил менамоянд;

- номгӯи адабиёти махсуси педагогӣ, психологӣ ва методӣ оид ба омодагии кӯдак ба мактабро ба падару модарон тавсия медиҳанд;

- машғулиятҳои кушодро ташкил ва баргузор мекунанд;

- дар мавзуъҳои мушаххас машваратҳо баргузор мекунанд;

- бо иштироки мутахассисон рӯзи дарҳои кушод ташкил мекунанд;

- иштироки волидонро дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, тантанаҳо, вохӯриҳо, ҷашнҳо, дилхушиҳо, саёҳат, таъмири бозичаҳо, шанбегиҳо дар кӯдакистон таъмин мекунанд;

- намоиши корҳои кӯдаконро ташкил мекунанд;

- оид ба адабиёти нави педагогию психологӣ ва методӣ, ки марбути таълиму тарбия дар шароити оилавиянд, маълумот медиҳанд;

- бо падару модарон оид ба масъалаи ба миён омадани таълиму тарбия, вазъи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонию психикии кӯдак суҳбатҳои фардӣ ташкил менамоянд;

- вохӯриҳо бо падару модарон ташкил менамоянд.

Дар баробари ин, падару модарон вазифадоранд:

- дар вақти муайян кӯдакро ба кӯдакистон биёранд ва аз он ҷо баранд;

- ба тозагии сару либос ва бадани кӯдакон диққати зарурӣ диҳанд;

- ба мураббии гурӯҳ дар ташкили корҳои таълимию тарбиявӣ, дилхушиҳо, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ёрӣ расонанд.

Падару модарон набояд фаромӯш кунанд, ки ояндаи ҷамъият ба насли наврас, ба дараҷаи инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавию ахлоқии онҳо вобаста мебошад.

Абушакури Балхӣ нақши падару модарро дар тарбияи овони кӯдакӣ чунин ба қалам додааст:

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ,

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон,

Бигардонад ӯро чу хоҳад, чунон.

Чу гардад калон, боз натвонадаш,

Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.

Ҳар як падару модар фарзандро бо орзую умедҳои зиёд ба дунё меоварад. Ӯро бо меҳру муҳаббат навозиш мекунанд, талаботи моддию маънавияшро қонеъ месозанд.

Нақши тарбияи оилавӣ дар таълиму тарбияи насли наврас басе бузург аст.

Аз ҳама шахси ба кӯдак наздику мунис падару модар, бобою бибӣ, тағою амак ва дигар аъзои оила мебошанд. Кӯдакон бо онҳо хуб муомила мекунанд ва бисёр ҳодисаҳои гирду атрофро аз онҳо бо саволҳои беохир пурсон мешаванд. Оилаи солим дар кӯдак таассуроти бузург боқӣ мегузорад. Кӯдак тақлидкор аст. Он чизе, ки дар оила дид, шунид, дар ҳаёт онро такрор менамояд.

Кӯдак вақте ки дар бораи ҳамаи ашё ва мавҷудоти муҳити гирду атроф маълумот дорад, дар оянда донишманд мегардад. Давраи буҳронии синну соли кӯдакон ҷаҳишмонанд мегузарад. Кӯдак дар ин давра бисёр донишҳоро зуд қабул мекунад. Дар давраҳои синнусолии дигар зеҳн чунин фаъол нест. Инсон баробари ба дунё омадан, то вақти пирӣ таълиму тарбия мегирад ва донишандӯзӣ мекунад.

Кӯдакон аз ҷиҳати хислат, инкишоф, мизоҷ, шаклу афту симо ба якдигар монанд нестанд. Тадқиқотҳои А.В.Леонтев ва шогирдони вай нишон доданд, ки қобилияти фаҳмишу идроки кӯдак ва омодагии онҳо ба мактаб дар фаъолияти ҳаррӯза, бозӣ, меҳнат, муносибат бо ҳамсолон, дар рафти ҳамкорӣ бо калонсолон вусъат меёбад. Калонсолон фаъолияти донистагирии кӯдаконро роҳбарӣ намуда, таваҷҷуҳмандӣ ва мушоҳидакориро ба онҳо меомӯзанд.

Майли донистани олами иҳотакарда, ба ақидаи А.В.Запорожетс ва А.Н.Голубова, қобилияти зеҳнии кӯдаконро ташаккул дода, ҳисси кунҷковии онҳоро барои дониста гирифтани паҳлуҳои гуногуни масъала - «чаро?» «барои чӣ?» бедор мекунад.

Вақти зиёди кӯдак дар кӯдакистон мегузарад ва барои ӯ муҳайё кардани шароит вазифаи на танҳо кормандони муассисаҳои томактабӣ, инчунин падару модарон низ мебошад.

Фазилат РАҲМОНОВА –

мураббияи ширхоргоҳи

кӯдакистони №24,

шаҳри Душанбе

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2