МУШКИЛИ САДОНОКҲО ВА ЧАНД МАСЪАЛАИ ТАҲРИРТАЛАБ ДАР «ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
Қоидаҳои имло ё орфография маҷмуи қоидаҳои ба низом даровардашудае мебошанд, ки тарзи ягонаи ифодаи нутқро дар навишт муқаррар менамоянд. Ҳар забони соҳибхат, ба шумули забони тоҷикӣ, аз ин дастур бархурдор мебошад. Қоидаҳои имло як навъ муаррифгари фарҳанги корбурди забони адабӣ низ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон риояи қоидаҳои имло аз тарафи давлат назорат мешавад. Ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад.
Қобили тазаккур аст, ки тартиб додану тадвин намудани Қоидаҳои имло кори саҳл нест ва он ҷаҳд, талош ва меҳнати зиёдро талаб карда, ба замони муайян низ ниёз дорад. Ва он бояд дар доираи меъёрҳои воқеӣ ва илмие, ки аз табиати забон ба вуҷуд омадаанд, сурат бигирад. Дар мураттаб намудани Қоидаҳои имло агар меъёрҳои номбаршуда бидуни таассубе муроот гарданд, ин дастур на як даҳсола, балки даҳсолаҳо ба мардум хизмат мекунад. Чунонки иттилоъ дорем, «Қоидаҳои имлои забони русӣ» аз солҳои таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ то ба имрӯз ҳамагӣ ду бор (с. 1918 ва с. 1953) ба тағйир (он ҳам ниҳоят ҷузъӣ) мувоҷеҳ шудааст. Ҳол он ки имлои забони тоҷикӣ баъди табдили дуюмбораи хат (1940), қариб ҳар даҳсола пас ба тағйирот дучор омадааст.
Баъди ба тасвиб расидан ва ҷорӣ гардидани «Қоидаҳои имло…»-и соли 2011 вокуниш ва сару садоҳое аз ҷониби соҳибони забон, хосатан, забоншиносон, ки муаллифи ин сатрҳо ҳам яке аз онҳо буд, нисбат ба баъзе бандҳои ин дастур ба амал омаданд.
Баъди супориши қатъии Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси тантанавии бахшида ба Рӯзи забон санаи 04.10. 2019 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (2011) барои таҷдиди назар, таҳлил ва ислоҳи «камбудиву духӯрагӣ» аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳот назди Ҳукумати ҶТ ба муассиса ва идораҳои марбута, аз ҷумла, ба кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ дастрас гардид. Баъди хондану аз назар гузарондани ин ҳуҷҷати муҳим аҳли кафедра маслиҳат ва пешниҳодҳои хешро ба кумита ирсол намуданд. Банда низ якчанд пешниҳод ироа намуда будам, ки баъзеашон дар «Қоидаҳои…»-и нави соли 2021 пазируфта шудаву нисфи дигарашон не. Аз ин лиҳоз, мехостам ин ҷо пешниҳодҳои ҳам пазируфташуда ва ҳам радгардидаро шарҳу тафсир диҳам:
1. Номи ҳарфи Ӯ у-и дароз буда наметавонад: тафовути овозии овозҳои у-и кӯтоҳ (ноустувор) ва у-и дарозро дар вожаҳои зер баръало мушоҳида кардан мумкин аст:
Эроди мазкур дар «Қоидаҳои…» -и соли 2021 ислоҳ шудааст, яъне номи Ӯ дигар «у-и дароз» нест, аммо зарур мешуморем, ки чанд нуктаро дар бобати системаи садонокҳои забони тоҷикӣ баён карда бошем.
Аз пажуҳиши забоншиносони тоҷик, хосатан, профессор Талбак Хаскашев, маълум мешавад, ки дар забони ҳозираи тоҷикӣ ҳашт садонок мавҷуд аст: [і-и], [ī-ӣ], [a], [ā-о], [u-у], [ū], [ē], [ō-ӯ].
Ғайри чашмдошт, аммо ҳамин тавр аст. Дар боби «Ташаккул ва инкишофи вокализми забони адабии тоҷикӣ»-и монография, ки «Ташаккул ва инкишофи меъёрҳои талаффузи адабии тоҷикӣ» (Становление и развитие нормы таджикского литературного произношения) ном дорад, шодравон Т.хаскашов менависад:
Сарфи назар аз ҳамаи ин ва дигар душвориҳое, ки чандин бор аз ҷониби муҳаққиқон қайд гардидаанд (Оранский И. М., Сокровцов Л. И.), ба эроншиносон муяссар гардидааст, ки онҳо таркиби садонокҳои забони форсии навро муқаррар намоянд. Мувофиқи ақидаи умумиэътирофшуда, ба ин ҳайъат ҳашт монофтонг дохил мешаванд: [і], [ī], [a], [ā],[u], [ū], [ē], [ō] (83).
«Таркиби ҳаштфонемагии садонокҳо, ки дар охирҳои садаи нуздаҳ ва аввалҳои асри мо (а.ХХ М.М.) муқаррар гардидааст (Зелеман К. Г., Жуковский В. А. Ҳубшманн Ҳ. – Hubshmann H., Ҳорн П. – Horn P.) ва аз тарафи муҳаққиқони баъдӣ (Лазард Ҷ. – Хонларӣ П. Н., Эделман Д. И. Эфимов В. А.) низ тасдиқ гардида, дар айни ҳозир мавриди қабули ҳамагон мебошад».
(Дар тарҷимаи матнҳо ба ҷойи рақамҳои тартибии адабиёти илмӣ мо насаби муаллифони он маъхазҳоро овардем).
Ин назария, қайд мекунад Т. Хаскашов, собиқаи аз ин ҳам хеле қадимтар дорад. Асрҳо пеш Насириддин Тӯсӣ, Шамс Қайси Розӣ, Берунӣ ва дигарон дар масъалаи системаи садонокҳои забони адабии тоҷикӣ ҳамин ақидаро доштанд. Ва ин назария то тағйири дубораи хат қоим буд, баъд аз он ақидаҳо ба ду гурӯҳи мухолиф ҷудо мешаванд: гурӯҳи аввал, ки аксарият буданд ва аксари онҳоро тоҷикон ташкил мекарданд, тарафдори ҳаштфонемагӣ буданд, гурӯҳи дигар, ки дар ин ҳайъат асосан забоншиносони рус буданд, шашфонемагии садонокҳоро эътироф мекарданд. Яъне ин гурӯҳ садонокҳои дарози [ī] ва [ū]-ро аз алифбо соқит карда будаанд. Чаро?
Ба фикри мо, ин гурӯҳ ба тадқиқоти И.И. Зарубин ва В. С. Соколова, ки аввалӣ муҳаққиқи шеваи тоҷикии Самарқанд ва дувумӣ низ шевашиноси гӯйишҳои варзобию ҷанубӣ буд, пайравӣ мекарданд. Муҳаққиқони номбурда лаҳҷаҳоро омӯхта, ба хулосае омадаанд, ки гӯё дар гӯйишҳои мавриди назарашон садонокҳо сифати дарозиашонро аз даст додаанд. Ин ақида барои лаҳҷаҳои номбурда шояд то андозае дуруст бошад, аммо барои забони адабии имрӯзи тоҷикӣ чӣ андоза ҳақ аст, аз мушоҳида дар мисолҳои зайл бармало мегардад: бино ( иморат, хона) – бӣно (бинанда); сирр ва сӣр; сӣмоб – китоб, шӣрӣн – биринҷ ва ғ. Мебахшед, Худо нокарда дар феъли амри «кун» у-ро дароз талаффуз кунем чӣ ҳодиса ба вуқӯъ меояд?
Дар куҷост мантиқ, овозҳое, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо дар забон мавҷуд буданду бо вазифаву амалкарди мушаххаси фонологӣ калимаҳоро месохтанд ва вожаҳоро аз ҳам тафриқ медоданд, инчунин, дар хатти классикии тоҷикӣ аломати графикӣ низ доштанд, якбора дар муддати се-чор сол ин сифати дарозию устувориашонро аз даст додаанд ва аз алифбо хориҷ шуданд??! ...
Дар бораи садонокҳои дарози забони тоҷикӣ овошиноси давраи Шӯравии тоҷик – М.Файзов низ ибрози ақида намудааст: «Ва дар ҳамин тарзи талаффуз, ки асоси илмии таърихӣ дорад, бояд меъёри орфоэпии форсии тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шавад, зеро меъёрҳои талаффузи дуруст аз ҳаво фуруд наомада, балки дар дохили қоидаву қонунҳои маъмулу маъруфи забон ташаккул меёбанд ва ба истифодаи умум медароянд».
Мавҷудияти садонокҳои дарози забони адабии тоҷикиро забоншинос Ҳ. Маҷидов низ бо мисолҳои мушаххас собит намудааст: «Дар и-и дарози тоҷикӣ, масалан, ҳамон анъанаҳои талаффузи форсии классикӣ нигаҳ дошта шудааст. Чунончи овози и дар мавридҳои зайл дароз талаффуз мешавад: бино «бинанда»; бин «шакли амри аз феъли дидан», зира, тира, сина, кина, шиша; дидан, шунидан, давидан, кӯбидан, шӯридан, заҳидан, кафидан, даравидан, пӯсидан, афтидан; сангин, оҳанин, чӯбин, дерин, зерин; торик, борик, наздик; фақир, ҳаким, басир, кабир, назир, ҳарир, зарир, дабир.
Фонемаи у низ дар мавқеъҳои муайяни зер дароз талаффуз мешавад:
пул «нақдина», сур «тӯй», сутур, суруд, дуруд, фуруд, сутун, кунун, фусун; ангур, амруд, озмун, устун, авсун, анзур; зону, бозу, ору, гесу, орзу, тарсу, бону, дору.
Калимаҳои иқтибосии арабии дар қолаби мафъул омада: мавқуф, мактуб, манзур, манҳус, мақсуд, мақбул, мазкур.
Ҳиҷои охири калимаҳои иктибосии арабии қолаби фуъул: сукут, сурур, зуҳур, ғурур, ҳуҷум, ҳузур, ғуруб, қулуб.
Умуман, профессор Ҳ. Маҷидов талаффуз ва истеъмоли и-и дарозро дар ҳафт ва у-и дарозро дар шаш ҳолат қайд намудааст.
Дуруст аст, ки забон низ падидаи олами ҳастӣ буда, ҳамеша дар ҳаракат ва тағйир қарор дорад, аммо хуб медонем, ки воҳиди аз ҳама «камҳаракат» дар забон овоз мебошад, ки дар тӯли чандин садсола ба тағйире мувоҷеҳ мегардад. Яъне аз солҳои бистуми садаи ХХ то солҳои 50- уми ҳамон аср аз байн рафтан ва ё ба қавле «сифати дарозиашонро аз даст додан»-и ду садонок амрест маҳол ва мавҷудияти онҳоро мо дар мисолҳои боло мушоҳида кардем. Надонистан ва фарқ накардани садонокҳои дарозу кӯтоҳ пеш ва беш аз ҳама ба шоироне, ки ба хатти форсӣ балад нестанд, таъсири манфӣ мегузорад. Мисолҳои зиёде аз ашъори шоирони муосир дар даст дорем, ки маҳз аз надонистани дарозию кӯтоҳии садонокҳо боиси ғалатҳое дар вазну қофияи ашъорашон гардидааст.
Дар бораи садоноки Ӯ пешниҳодамон чунин буд: Калимаҳои аслан арабие, ки то соли 2012 бо “ӯ” навишта мешуданд, аксарияти аҳолии Тоҷикистон бо “ӯ” талаффуз мекунанд ва кулли мардуми кишвар (то с. 2012) дар имло (нигоштан) бо ӯ навиштани онҳоро одат карда буданд. Дар шакли суҳбат, шуҳрат, муҳр, шуъла, шуъба ва ғ. навиштани ин қабил вожаҳо ягон асоси илми собитшударо надорад. Пас, бигзор шакли навишти то соли 2012-ашон барқарор гардад.
Аммо дар имлои нав (2021) баръакс шуд: бидуни дар банди алоҳидаи ба ҳамин садонок бахшидашуда баён намудани назар, ӯ аз ҳамаи вожаҳои иқтибосии арабӣ гирифта шуд. «Қонуни нонавишта». Ба саволи «Ба шогирдон, ки фанни «Имло ва нигориши тоҷикӣ» бар онҳо тадрис мешавад, чӣ хел фаҳмонем, ки минбаъд дар калимаҳои аслан арабӣ (мавзӯъ, макрӯҳ, мамнӯъ ва даҳҳо дигар) ӯ навишта намешавад, дар ҳолате ки дар ««Қоидаҳои…» ин нукта зикр нагардидааст?» аз масъулин чунин ҷавоб шунидем: «Барои имлои нав тафсир навишта истодаанд, ҳамон ҷо ҳама чиз шарҳ дода мешавад». Ба ниёзи Худо! Боз интизорӣ…
Навишта шудани у ба ҷойи ӯ дар калимаҳои иқтибосии арабиро дастандаркорони тадвини имло дар он давра (соли 2012) ба «меъёри таърихӣ» нисбат доданд, ки дар навишти аслии вожагони арабӣ, ки дар онҳо ӯ пеш аз ҳамсадоҳои ҳалқии Ҳ ва Ъ омадааст, вов намегиранд. Дар бораи «меъёри таърихӣ» поёнтар суҳбат мекунем, аммо ҳоло мо ба саволи «Чаро аз соли 1940 то соли 2012 он калимаҳоро бо ӯ менавиштанд, оё филологони он замон қоидаи «меъёри таърихӣ»- ро намедонистаанд?» ҷавоб медиҳем.
Мавқеи тавлиди садоноки Ӯ (касоне, ки дар нутқашон ин овозро доранд, медонанд) ба ҳалқ наздик аст ва аз он ҷойе, ки ҳамсадоҳои Ъ ва Ҳ ҳалқианд, дар вақти талаффузи калимаҳои мазбур овози ӯ ба вуҷуд меояд. Инро табиати забон тақозо мекунад ва он ба хости 2-3 нафар ба вуҷуд наомадааст.
Дар бобати номи ҳарфҳо, инҷониб танҳо дар хусуси Ӣ ҳаминро гуфтанием, ки номаш «И-и дароз» мемонд, беҳтар буд. Ҳамин тавр, ин ҳарфи имрӯзаи «муаллақ» ҷойи худро дар қатори овозҳои садонок пайдо мекард. Зеро дар китобҳои дарсию таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ дар хусуси алифбо (алфавит)-и забони имрӯзаи тоҷикӣ мазмунан чунин гуфта шудааст:
алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф ва 30 овоз дорад. Маълум аст, ки йотбарсарҳо (4 ададанд) аз ҳайъати овозҳо соқитанд, аммо 31 овоз бояд бошанд, лекин аз чӣ сабаб бошад, ки Ӣ ба қатори овозҳо дохил нашудааст. Яъне ҳарфи Ӣ ҳарф асту овоз не. Ба назари мо, онро ба қатори садонокҳо илова намудан лозим аст, зеро мавҷудияти онро дар вожаҳои зиёд мушоҳида мекунем, ки болотар ҳам дар ин маврид гуфта будем.
Дар бораи ҳамсадои сакта (Ъ) Эҳсон Субҳон (Имло ҳанӯз таҳрирталаб аст. «Омӯзгор», № 2, 13.01.2022) баҳс карда, мегӯяд: «… гоҳи ба ҳиҷоҳо ҷудо кардани калима дар ҳиҷои аввал мондани ъ. Аз қабили санъ-ат, машъ-ал, масъ-уд (ниг. Забони тоҷикӣ синфи 5, Душанбе, 2018, са 41)». Мавсуф нодуруст будани чунин ҳиҷоҷудокуниро таъкид намудааст ва ҳақ ҳам ҳаст. Зеро овози ҳамсадои мустақил (фонема) будани Ъ возеҳ аст ва дар он ягон шакку шубҳа ҳам вуҷуд дошта наметавонад. Дар ин хусус мо ҳам пешниҳод карда будем, айнан: Дар боби «Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима» вожаҳои ба мисли мас-ъа-ла, мас-ъул-ро дар қатори мисолҳо бояд илова кард, зеро аксари истифодабарандагони забон гумон мекунанд, ки ҳарфи сакта Ъ дар ҳиҷоҷудокунии калима ҳамеша дар ҳиҷои аввал мемонад». Аммо ин пешниҳод пазируфта нашуд.
Ва дар байни ду садонок навишта нашудани ин ҳарф ҳам ягон асоси илмӣ ва «меъёри таърихӣ» (хусусан) надорад. Баръакс, масалан вожаи “Қуръон”, ки дар ин шакл навиштани он ғалати маҳз аст, бояд “Қурон” навишта шавад ва аҷибтар боз ин аст, ки луғатҳои арабии дар таркибашон ҳамзадошта, ки дар забони асл ҳам талаффузи саҳеҳ надорад, дар хатти тоҷикии имрӯз бо ҳарфи ъ ифода меёбад, аммо калимае ба мисли таъом, ки ҳатто дар мавриди талаффузи тоҷикон сактагӣ дар О равшан маълум мегардад, Ъ навишта намешавад. Дуруст аст, ки ин иштибоҳ собиқаи дерина дорад, аммо имрӯз онро бояд ислоҳ намуд.
Дар бораи мақолаи Эҳсон Субҳон гуфтаниам, ки ба аксар эродҳои эшон розием, аммо ба назариёти эшон дар хусуси номи ҳуруф ва, хусусан, аз алифбо берун кардани йотбарсарҳо розӣ буда наметавонем. Йотбарсарҳо дар забони муосири тоҷикӣ он қадар ҳазм шудаанд, ки имрӯзҳо дар талаффузи тоҷикӣ дуовоза будани онҳо қариб эҳсос намешавад ва дар навишт ҳам мушкиле ба бор намеоваранд.
Инак дар бобати «меъёри таърихӣ». Аз гуфтаҳои забоншиносон бармеояд, ки калима дар забони арабӣ дар асоси се ҳамсадо ташаккул меёбад, ки формулаи шартии он дар шакли ФЪЛ муқаррар шудааст. Яъне дар забони мазкур решаи калима дар асоси ду ҳамсадои шаклгирифта вуҷуд надорад. Аз ҳамин забон ба забони тоҷикӣ калимаҳои зиёде ворид гардидаанд, ки мувофиқи имлои имрӯзи тоҷикӣ дар таркибашон ду ҳамсадо доранд: фан, тиб, хат, ҳад, дур, қад, сир ва ҳоказо. Аммо ин вожаҳо ҳам ба қоидаи мазкур содиқанд, яъне дар заминаи се ҳамсадо бунёд ёфтаанд ва шакли дурусти навишташон ин аст: фанн, тибб, хатт, ҳадд, дурр, қадд, сирр ва ғ., ки дар муштақот дар аксари онҳо ҳарфи дар навишти имрӯза соқитшуда барқарор мешавад: фунун, табиб, хутут, ҳудуд…
Пас, мо ҳақ надорем, ки дар навишт аз ташдиди онҳо ҳарфи охирро кам карда, фақат «ҳангоми калимаю иборасозӣ ташдиди онҳо»-ро меҳрубонӣ карда, барқарор гардонем. Яъне ин вожаҳо дар қолаби овозии ҲСҲҲ (тоҷикӣ: даст, гӯшт, мушт, тухм… ва арабӣ: дарс, шукр, раъс, шеър…) сохта шудаанд ва чӣ тавре ки аз ин калимаҳо ҳарфи охирро партофа намешавад, дар он вожаҳо низ нанавиштани он аз инсоф берун аст. Ва, ана, риояи ташдид дар чунин калимаҳо мурооти меъёри таърихӣ хоҳад буд.
Азбаски дар «Қоидаҳои имло» замимаи «Аломати китобати забони тоҷикӣ» илова гардидааст, доир ба ин бахш ҳам чанд эрод (маҳз эрод, чаро ки ғалатҳои мавриди баррасӣ арзиши баҳсро надоранд) ироа мекунем:
Дар фасли 2. Аломати савол (саҳ. 41) муколама – гуфтугӯйи ду шахс оварда шудааст:
Яке аз бандиён пурсид:
Ту аз куҷоӣ ва писари кистӣ?
Аз фалон деҳа, писари Арбоб Камол ном шахс.
ва ….
Дар муколама суханони ҳар шахс аз сархат бо тире (–) оварда мешавад, ки риоя нашудааст, яъне матн ба тариқи зайл бояд нигошта мешуд:
Яке аз бандиён пурсид:
– Ту аз куҷоӣ ва писари кистӣ?
– Аз фалон деҳа, писари Арбоб Камол ном шахс; Дар фасли аломати вергул, банди таҳти рақами 12 сухан дар бораи нутқи мазмунан нақлшуда меравад, лекин мисол барои нутқи айнан нақлшуда, ки сухани як персонаж дар муколама аст, оварда шудааст; Дар бахши 5. Аломати нуқтавергул (саҳ. 50) барои аломати нуқтавергул мисол оварда шудааст:
- дар байни қисмхои ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб:
Ришаш сиёҳ ва (ба) қайчӣ карда шуда буд; рӯяш пурраи сафедчаи сурхчатоб ва чашмони бемижгони пӯшида ва хушкидарафтааш дар он рӯйи сурхчатоб ба парчаи ҳарири гулобӣ монанд буд; абрӯҳои сиёҳи семӯйи баланд; либоси ин нобино факирона, лекин бисёр озода буд.
Дар ин мисол ду ғалат омадааст: аввалан, матни овардашуда ҷумлаи мураккаби тобеъ нест, балки ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб аст; дуввум, ин ки калимаи ба-ро мо байни қавсайн гирифтем, зеро дар ин матн он мантиқан ғалат кор фармуда шудааст; Ин гуна ғалат дар мисоли охири ин банд омада:
… ҳарчанд дарҳои хонаро кушода, чароғро гиронда будам, аз таркишҳои дар рег ба хона ҳам медаромад.
Мантиқ: чӣ хел дарҳоро кушода мемонаду боз аз таркишҳои онҳо рег дохили хона мешудааст?! Чӣ, рег ба даҳони дари кушодашуда намеғунҷидааст магар? Яъне, дар матни асл ба ҷойи вожаи кушода бояд баръкс, пӯшида омада бошад; Дар бахши 6. Аломати баён. Дар мисолҳо, ки аз осори С. Улуғзода оварда шудаанд, дар муколама ҳам аломати тире ва ҳам нохунак истифода шудаанд:
Падарам ба ман насиҳат карда гуфт: – «Ту бояд ҷавони кордон ва зирак шавӣ!». Манижа шитобон назди Рустам рафт, ба вай аз Бежан паём дод ва гуфт: – «Рустами Дастон туӣ!».
Дар ҷумлаҳои боло яке аз аломатҳои ишорашуда бояд истифода шавад: дар муколама фақат аломати тире ва агар нутқи айнан нақлшуда бошад, танҳо нохунак мавриди корбурд қарор мегирад.
Дар охир нисбат ба номи дастур «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ҳаминро зикр кардан ҷоиз медонем, ки агар ном дар шакли «Қоидаҳои имло ва китобати забони тоҷикӣ» мешуд, ҳам ихчам ва ҳам ҷолибтару мӯҷаз меомад.
Маҳмадалишо МУЗОФИРШОЕВ –
дотсенти кафедраи забони адабии
муосири тоҷики ДМТ
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор.
Варо дониш бояд, на гавҳар ба кор.
Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ,
Нигар, то нагардӣ ба гирди дурӯғ,
Зи дониш дари беқиёсӣ маҷӯй,
Ва гарчанд аз ӯ саҳти ояд ба рӯй.
Абулқосим ФИРДАВСӢ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё