Зеҳн

МИР АЛИШЕРИ НАВОӢ – СИЁСАТМАДОР ВА ҲУҶҶАТНИГОРИ ДАРБОР

БА
Барномасоз22 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Амир Низомиддин Алишер Навоӣ (1441-501) аз чеҳраҳои шинохтаи адабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии қарни XV Хуросон буда, имрӯз ҳамчун сардафтари адабиёти классикии мардуми узбек шинохта шудааст. Ӯ дар замони зиндагии худ дар баробари фарогирии шоистаи донишҳои замон дар мадрасаҳои Ҳироту Машҳаду Самарқанд бо мурури вақт ҳамаҷониба ба камол расида, аз мутафаккирони маъруфи вақт мегардад. Барои ба мақоми баланди шинохт расидани Алишери Навоӣ, чунонки ҳамзамононаш ва минбад тазкиранигорону аҳли таҳқиқ борҳо таъкид кардаанд, таъсир ва нуфузи дарбори ҳамонвақта назаррас будааст. Ин ба он маъност, ки агар падари Алишер Кичкин Баҳодур аз сарҳангони лашкари Темуриён ва шахси бонуфузи ин дарбор бошад, модараш ба Ҳусайн Бойқаро шир додаву Алишер бародари ширхораи Ҳусайн Бойқаро эътироф мешуд.

Соли 1469 ҳокими Хуросон «Султон Абусаид ба нияти ба даст овардани Ироқу Озорбойҷон бо Ҳасанбегии Туркман ҷанг эълон мекунад ва дар задухӯрди Озорбойҷон кушта мешавад». Аз ин фурсати мувофиқ истифода намуда, наберааш Ҳусайн Бойқаро ҳокимияти Хуросонро соҳиб мегардад. Султони нав ба тахти Ҳирот нишаста, шахсони бовариноки кишварро дар атрофаш ҷамъ меорад, ки бародари ширхорааш Алишер низ дар ин қатор буд. Шоир охирҳои моҳи апрели соли 1469 бо номи Султони нав ба сари ҳокимият омада, қасидаи «Ҳилолия»-ро навишта, ба дарбор ҳозир мешавад ва аз ҳамон рӯз сар карда, ҳаёти сиёсии Навоӣ дар дарбори Темуриён оғоз мегардад. Султон Ҳусайн Бойқаро, чун бародари ширхора ва чун шахси бомаърифат, ки ба Навоӣ боварии қавӣ дошт, аввал муҳрдории давлатро ба ӯ бовар мекунад ва сипас, соли 1472 ба мартабаи амораташ бардошта, Навоиро вазири дарбор тайин менамояд. Алишери Навоӣ ба сиёсати давлат ворид гардида, ба таври оқилона, аз рӯйи адолат ба умури давлатӣ муносибат мекард.

Зарурати пешомада ба масъулияти Алишери ҷавонро вомедошт, ки санадҳои бо имзову муҳри ӯ аз дафтари дарбор таъйид мегардида ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ саҳеҳ ва итминонбахш бошанд ва дар онҳо чаҳорчӯбаи маъмулии ҳуҷҷатнигорӣ, ки пешиниёни давлатдорӣ онро риоя мекарданд, нигоҳ дошта шавад.

Ба ин ҳуҷҷатҳои гуногуни зиёде, ки дар дарозои таърих ба мо мерос мондаанд, далолат мекунанд. Султон Ҳусайни Бойқаро, ки бо Алишери Навоӣ наздикии хос дошт, беҳуда вайро вазири дарбор таъйин накарда буд; дар давлатдорӣ ва раванди он вазири доно бояд ҳамеша тимсоли сиёсати муваффақ бошад ва дар рушди кишвар нақши боризи худро гузорад. Устод Саид Нафисӣ доир ба хонадони Балъамиён сухан ронда, иқтибос аз «Сиёсатнома»-и Низомулмулк овардааст: «Ҳар подшоҳе, ки бузург шуд ва дар ҷаҳониён фармон ёфт ва то қиёмат номи ӯ ба некӣ мебаранд, ҳама он буданд, ки вазирони нек доштандӣ… Ҳамчунин, Сулаймон Алаҳи Салом чун Осафи Бархиё дошт ва хулафои Банӣ-Аббосро чун олӣ Бармак ва Сомониёнро чун Балъамиён ва Султон Маҳмудро чун Аҳмад Ҳасан ва Фахруддавларо Соҳиби Аббод». Аз ин рӯ, Ҳусайн Бойқаро дар нимаи аввали давлатдориаш Амир Алишерро муҳрдору вазир таъйин намуда, эътибору нуфузи давлаташро бештар кард. Бояд гуфт, ки девони вазир чун дар гузаштаи мамлакатдории мардуми Мовароуннаҳру Хуросон амалкунанда аз калонтарин девон ба шумор меравад. “Тамоми девонҳои дигар тобеи он буда, ҳар сари вақт ба ӯ ҳисобот пешниҳод менамуданд. Сардори девон дар дарбор ба мавқеи хоса соҳиб буд. Вай баъди амир шахси дувум ба шумор мерафт”, - навиштааст муаррих Абдусаттор Мухторов.

Вақте мо ҳуҷчатҳои замони вазирии Алишери Навоиро дар заминаи таъйидҳои худи ӯ варақгардон менамоем, мебинем, ки вай барои мустаҳкам ва пурқувват намудани ҳукумати Султон Ҳусайн Бойқаро, пеш аз ҳама, бо роҳи адолат мардумро аз ҳукумат розӣ кунониданро тақозо дошту инро ба гӯшу ҳуши Ҳусайн Бойқаро пайваста талқин мекард. Бо маслиҳату машварати Алишери Навоӣ ба Ҳусайн Бойқаро яке аз ҷоҳхоҳон Ёдгор Мирзо, ки аз аберагони Шоҳрух Мирзо буд, аз байн бардошта шуд. Вале Мирзо Ёдгор аз ҳокимони Озарбойҷону Ироқ ёрии калон гирифта, дубора ба Ҳирот ҳуҷум менамояду Ҳиротро зери ҳукумронии худ мегирад ва ба айшу нӯш дода мешаваду лашкариёнаш ба тороҷи мардум оғоз мекунанд. Ин вазъияти ногуворро Султон Ҳусайн аз хабаррасонони худ шунида, дар Майлона Амир Алишерро ба хаймаи худ мехонад ва мегӯяд:

- Агар бар сари Мирзо Ёдгор ҳуҷум орем, умед аст, ки коре аз пеш барояд, шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Алишер ин фикрро тасдиқ мекунад:

- Ин фикри бисёр хуб аст, лекин онро то вақти иҷро тамом махфӣ нигоҳ доштан даркор аст.

Агар ба ман ҳам намегуфтед, боз ҳам хубтар мешуд.

Ҳусайн Бойқаро сабаби ин ҳама махфидориро пурсид. Алишер гуфт:

- Шумо медонед, ки одамони мо ҳар рӯз гурехта ба пеши Мирзо Ёдгор мераванд, агар ин фикр тоеъ (паҳн) шавад, ҳеҷ чиз барои гурезагон мисли ин фикр дастовези хуб нест, ки ба ӯ баранд. Дар ин вақт ӯ кори худро эҳтиёт мекунад, ё ин ки аз мо пештар ба мо ҳуҷум мекунад.

Ниҳоят, ҳар ду - ҳам амиру ҳам муҳрдори амир пинҳонӣ нақшаи ҳуҷумро кашида, бо лашкаре, ки 650 нафар буд, ба Ҳирот шабехун мезаданду дар қаср Мирзо Ёдгорро пайдо намуда, назди Ҳусайн Бойқаро меоранду нобуд месозанд. Устод Садриддин Айнӣ менависад, ки «Агар дар ин маврид маслиҳати ҳакимона ва плани оқилона кашидаи Алишер намебуд, шоҳ гумон буд, ки муваффақ шавад».

Амир Алишери Навоӣ дар баробари маслиҳатҳою роҳнамоиҳо ва аз рӯйи адолат кор гирифтан дар даврони ба мартабаи аморат ва вазорат расидан ба тамоми девонҳои амалкунандаи дарбори Ҳусайн Бойқаро ҳам ба девони хазинадор, ки воридоту содироти давлат дар дасташ буд, ҳам ба девони расоил, ки нигаҳдорандаи кору сири муҳимми давлатӣ буд, ҳам ба девони артиш, ки кишварро муҳофизат мекард, ҳам девони алоқа, ки аз девонҳои муҳимтарини давлатӣ ба шумор мерафт, ҳам ба девони муҳтасиб, ки аз болои бозорҳо, фурӯши маҳсулот, тарозудорӣ, сифати моли воридшуда ва ғайра назорат мекард, ҳуҷҷатҳои тартибдодаро шахсан аз назар мегузаронид, иштибоҳҳоро рафъ мекарду камбудиҳоро ба амир ошкор месохт. Дар замони вазирии Алишери Навоӣ бо сарварии адиб ва мутафаккири вақт Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) як гурӯҳи олификр дар Ҳирот пайдо шуданд, ки дастгиру ҳомии ӯ буданд. Мо инро дар ёддоштҳои ӯ, дар осори манзуму мансураш, бахусус, «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Навоии сиёсатмадор зиёд дучор меоем. Мавлоно Ҷомӣ дар дарбор ба мансабе мансуб набудаву ба корҳои дарборию сиёсӣ алоқае надошта бошад ҳам, барои тибқи мақсадҳои олии Алишер мадад мерасонд. Боре Ҳусайн Бойқаро мехоҳад ҳокимони ё Ҳисор ва ё Қундузро аз миён бардорад ва он мулкҳоро ба тобеият дарорад. Ба ҳамин мақсад вай як сол ба Балх ҳуҷум кард, вале султон Маҳмуд- писари султон Абусаидро мағлуб карда натавонист. Пас ба забти Қундуз тайёрӣ дид.

Алишери Навоӣ дар рикоби Султон Ҳусайн буду барои ба ин сафар баромадани шоҳ розӣ набуд, зеро дар он сафар хуну моли мардум беҳуда талаф мешуд, он мулк ба дасти Ҳусайн Бойқаро намедаромад.

«Он кас (яъне, Ҷомӣ) ба фақир гуфта буданд, ки «То тавонӣ, шоҳро аз ин сафар боздор ва агар ин матлуб сурат нагирифта, азмат ҷазм шавад, ба ман навишта фиристон!».

Сафари Ҳусайн Бойқаро ба Қундузро наметавонанд боздоранд. Алишер Навоӣ дар роҳи сафар ба Мавлоно мактубҳои пай дар пай менависаду ҷавобҳо мегирад. Устод Садриддин Айнӣ оид ба ин мактуботи устоду шогирд натиҷаи амиқе дарнаёфта, менависад: «Ҳайфо, ки Навоӣ дар ин масъала чӣ чора дидани Ҷомиро нанавиштааст ва аз ин мактуби ӯ ҳам ғайр аз рубоие ҳарфи дигареро нақл накардааст. Аҷаб нест, ки ба сабаби сиёсӣ будани масъала, дар он замон махфӣ доштани он мактубро лозим дониста бошад».

Ба нақша гирифтани тарҳи «Боғи Ҷаҳоноро» ва боғчаи шахсии «Фаноия» ва машваратҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар боби боғдорӣ аз ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки барои мо аз таваҷҷуҳи ҳокимон ба шаҳру шаҳрдорӣ ва ободкорӣ башорат медиҳанд. Алишери Навоии вазири дарбор худ низ ба тозагиву ободонии шаҳри Ҳирот диққати алоҳида дода, барои ин кор хизматгорон ҷудо карда, аз хазинаи давлатӣ онҳоро қонунан бо маош таъмин менамудааст. Ба ин маънӣ, ӯ дар як пора шеъри худ ба ниёзмандон муроҷиат намуда мегӯяд:

Зи ҳавзи моҳиён дузданд моҳӣ,

Ки аз халқ уфтода бар карона.

Касе, к-ӯ ҳифз созад моҳиёнро,

Муқаррар созанд ӯро моҳиёна.

Дар баробари ҳамаи ин, Алишери Навоии вазир бештар ба девони хазина ва воридоту содироти давлат диққат медод, ки дар осори ӯ ва ишораҳои дигар дар ин боб ҳуҷҷатҳои боварибахш маҳфуз мондаанд.

Алишери Навоӣ ҳуҷҷатҳои дарборро дуруст ба роҳ монда, ба тавсияи Султон Ҳусайн Бойқаро идораи молияи мамлакатро ба Ҳоҷӣ Қутбиддини Товус бовар мекунад. Ӯ бо ишораҳои Алишери Навоӣ бо мардум муносибати шоиста менамояд. Вале душманонаш (аз ҷумла Хоҷа Абдуллои Хатиб) дар пеши Султон Ҳусайни Бойқаро ӯро ба хиёнаткорӣ муттаҳам мекунад ва Хатиб ба сари вазифа меояд. Чун худи Абдуллои Хатиб ва атрофиёнаш ба хазинаи давлат хиёнат мекунанд, бо ҷазоҳо аз вазифа дур карда мешаванд. Дар бораи ин ҳама то замони мо бо шарофати Навоӣ аз он давра маълумоти дақиқе расидаанд. Дар бораи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Ҳусайн Бойқаро ҳуҷҷатҳое мавҷуданд, ки аз овардани мисолҳои мушаххас дар ин ҷо сарфи назар шуд. Хулоса, бо овардани чанд намуна равиши давлатдории Султон Ҳусайни Бойқаро бармеояд, ки дар сохтани дафтари давлатӣ ва девони вазорат аз Мир Алишери Навоии сиёсатмадор бамавриду ҳадафмандона кор гирифта, дар танзиму таҳия, нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ва ҳуҷҷатнигорӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Шояд заминаи боэътимод гузоштани Мир Алишер дар оғози давлатдории султон Ҳусайни Бойқаро буд, ки ин султон беш аз чил сол дар Хуросон ҳокимият рондааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2