САДРИДДИН АЙНӢ ВА МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Ба таъкиди устод Мирзо Турсунзода, «Садриддин Саидмуродзода Айнӣ ҳамчун Устод Садриддин Айнӣ дар ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамаи ҳаёти худро ба халқ таърихи адабиёти муосири тоҷик бахшида, дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои илм ва бо таълифи асарҳои илмию бадеӣ адабиёти мо иштирок мекунанд… Ӯ муҳаррир ва мақому мартабаи баландро ҳосил журналист, тадқиқотчии адабиёт ва мунаққид, таърихшинос ва педагог, маслиҳатчӣ ва мураббии намуда, дар ин арса мактаби адибон ва олимони ҷавон, ходими давлат ва дӯсти адабии хешро таъсис дод. Аз хирадманду ғамхори мост». мактаби эҷодии С. Айнӣ як зумра Дар воқеъ, устод Айнӣ дар як давраи муайян адибони хушсалиқа ва шогирдону пайравони зиёдеро тарбият намуд.
соҳибмаҳорат ба майдони адабиёт Таъсири тарбияти С. Айнӣ ба нависандагони тоҷик қадам гузоштанд, ки осори бо роҳҳои гуногун мегузарад ва яке аз он мукотибаҳои илмӣ ва адабӣ мебошад. Нависанда таълифнамудаашон ба манфиати дар давоми фаъолияти эҷодии хеш, замони баъди халқу миллату тоҷик, инчунин, Инқилоби октябр ҳамеша дар фикри Тоҷикистон олам нигаронида шудааст.
буд. Мо алоқаи эҷодии нависандаро бо шоирону адибони ҷавон зимни мутолиаи мукотиботашон бараъло мушоҳида менамоем. Аз ҷумла, мактуби кушодаи устод ба Пӯлод Толис, мактубҳои ҷудогона ба А. Лоҳутӣ, А. Деҳотӣ, М. Миршакар ва М. Турсунзода далели ин гуфтаҳост.
Тавре адабиётшинос Камол Айнӣ (писари устод С. Айнӣ) баён намудааст: «Як қисми бисёр муҳимми маҳсули фикри устод Айнӣ номаҳои ӯст… Номаҳои Садриддин Айнӣ аҳаммияти калони адабӣ, илмӣ, маданӣ ва ахлоқӣ доранд».
Устод Садриддин Айнӣ ҳангоми таълиф, таҳрир ва ба чоп омода кардани осори худ, дар баробари дигар нависандагону шогирдон ба Мирзо Турсунзода эътимоди калон дошт. Дар ин мақола мушаххасан аз чанд мактуби устод Айнӣ ба М.
Турсунзода сухан ба миён оварда мешавад, ки аксаран ба эҷоди «Ёддоштҳо» марбут мебошанд.
Масалан, дар мактуби аз 14 декабри соли 1948 ба унвони Мирзо Турсунзода ирсолгардида ба оғози таълифи «Ёддоштҳо» ишорат мекунад: «Рафиқ Турсунзода! Рафти кор ба ман ҳаминро нишон дод, ки «Ёддоштҳо» назар ба тахмини пештараам васеътар ва қисмҳояш ба 4-5 мерасад, ки ин бисёр вақтро талаб мекунад. Баъзе рафиқон орзу мекардаанд, ки ман ёддоштҳои худамро дар бораи Кремл ва маҷлиси қабул дар охири «Ёддоштҳо» илова намоям. Аммо ба амал омадани ин орзу бо тартибе, ки ман дар «Ёддоштҳо» гирифтаам, хеле дер мемонад ва намедонам, то он вақт умр мусоидат мекунад ё не».
Ишораи устод Айнӣ ба маҷлиси қабул, ба вохӯрии нависанда бо Сталин рабт дошта, мутаассифона, баёни ин ёддошт ба нависанда муяссар нагардид. Ҳангоми баррасии мукотиботи устод Айнӣ ба нависандагон бисёр паҳлуҳои эҷодии асарҳои ӯро мушоҳида менамоям. Роҳ ёфтани ғалатҳо дар тарҷумаи русии «Ёддоштҳо» аз ин қабил масъалаи мавриди таваҷҷуҳи нависанда маҳсуб меёбад. Дар мактуби аз 2 феврали соли 1953 С. Айнӣ норизогии худро оид ба матни русии «Ёддоштҳо», ки аз тарафи Сергей Бородин тарҷума гардидааст, баён кардааст. Турсунзода аз устод Айнӣ хоҳиш мекунад, ки порчае аз қисми III-и «Ёддоштҳо»-ро аз нав ба русӣ чоп кунад. С. Айнӣ дар ҷавоб таъкид кардааст, ки «Ман ба ин кор ҳазор бор розӣ ҳастам, лекин дар ҳамон порча 2-3 хатои дағали Бородин дида шуд… Дар ин ҷо Бородин аз тарафи худ тағйире додааст, ки рӯҳи асарро ба бадӣ ва сифати қаҳрамонро ба тарафи манфӣ табдил медиҳад. Ана ҳамин гуна хатоҳоро ислоҳ карда, ба чоп додан лозим мешавад».
Албатта, аз ин мактуби устод Айнӣ бармеояд, ки эътимод ва боварии ӯ дар чопи асарҳояш, махсусан, «Ёддоштҳо» ба М. Турсунзода зиёд будааст. Ба таъсири мукотиботу таҳрири асару мақола устод Турсунзода чун нависандаи собитқадам рушд ёфтан мегирифт, ки сарчашмаи ин аз мактаби устод Айнӣ маншаъ мегирад. «Мирзо Турсунзода низ монанди С. Айнӣ устоди сахтгир буд, – қайд кардааст адабиётшинос Атахон Сайфуллоев. – Вай камбудиҳои эҷодиёти ҷавонон, нуқсони шеъру достон ва ҳикояву повестҳои ҷудогонаи онҳоро берӯбинӣ танқид мекард, аммо чун устоди ғамхор роҳи ислоҳи онҳоро низ нишон медод. Ба кумаки ӯ бисёр асарҳои ҷавонон ба забони русӣ тарҷума ва дар матбуоту нашриётҳои Москва чоп шудаанд».
Мактуби дигаре, ки ба унвонии М. Турсунзода ирсол гардидааст, дар баробари он ки ба эҷоди «Ёддоштҳо» марбут мебошад, дар кори эҷодӣ бо таваҷҷуҳ ва дар ақоиди худ устувор буданро нишон медиҳад. Дар ин мактуб, ки ба 14 декабри соли 1948 марбут аст, ба таври муфассал оид ба нақди адабӣ сухан рафта, андешаҳои зарурӣ гуфта шудааст. Устод Айнӣ бо овардани далелҳои муътамад ақидаҳои эътирозгаронро оид ба эродҳои нодаркор рад мекунад. Дар охири мактуб таъкидан ба Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст, ки овардани он ба манфиати ҳар як хонанда аст: «Ин мактуби муфассалро ба ду мақсад ба Шумо навиштам: мақсади аввалин ин аст, ки Шумо ҷавонед ва қобилияти калон доред, ҳанӯз ҳамаи қобилияти Шумо инкишоф наёфтааст. Аз ман, ки пир шудаам ва дароз дар дунё монданам маълум нест – як ёдгорӣ монад; дуюм – ин мактубро ба ҷавонон хонда диҳед, то ки роҳи фоида бурданашон аз ин «Ёддоштҳо» ба татбиқ кардани инҳо ба асарҳои дигарам – ба онҳо осон шавад».
Аҳамияти илмию тарбиявии мактуби устод Айнӣ имрӯз низ моҳияти худро гум накарда, мутолиаи он ба хонандагон, махсусан, ба муҳақиқон бештар зарурат дорад. Мутаассифона, адибони навкор ва ҷӯяндагони роҳи илм аз бузургиву таъсирпазирии ҳам мактаби устод Айнӣ ва ҳам Турсунзода ба он дараҷае, ки бояд бошад, огаҳ нестанд. Дар баъзе мактубҳои нависанда, дар баробари машғул будан ба корҳои эҷодӣ, аз ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла, оилавӣ сухан меравад. Ба таъкиди писари устод Айнӣ – Камол Айнӣ «Қисме аз номаҳо масъалаҳои шахсӣ, хоҷагӣ, оилавӣ ва ҳатто баъзан тафсилоти тарзи кор ва зиндагии ҳаррӯзаи нависанда ва ё аҳволи дӯстон, шогирдон ва ошноёнашро вобаста ба воқеаҳои ҷории замон ба мо ошкор менамояд».
Ҳамин гуна ҳолатро мо дар мактуби дигари ба М. Турсунзода равонншуда мушоҳида менамоем. Устод Айнӣ ба Турсунзода чун шахси наздик сухан гуфта, аз вазъи саломатии хеш ёдовар мешавад. Ба ин тартиб, бо ёдовар шудан аз вазъи саломатии хеш, аз анҷоми баъзе корҳои зарурӣ, ба таъбири худи устод Айнӣ, «на барои шахси худ, балки барои ҷамъияти советии тоҷикӣ» ёдовар мешавад. Яке аз ин корҳои зарур, тамом кардани «Ёддоштҳо» буда, дигаре ба кор кардан дар болои вазни шеъри тоҷикист. Орзуи якуми нависанда, ҳарчанд ки қисми панҷуми «Ёддоштҳо» нотамом монд, ба амал бароварда шуд. Барои кор кардан дар болои вазни шеъри тоҷикӣ умр мусоидат накард. Устод Айнӣ таъкид доштааст, ки «вазни арӯзи шеъри тоҷикӣ чизест, ки то ҳол муаллифони арӯз чӣ будани вайро дуруст нафаҳмидаанд (мақсад аз ин муаллифон муаллифони қадимист). Назар ба ақидаи он муаллифон, тоҷикон гӯё вазни арӯзро аз арабҳо гирифта бошанд. Ва ҳол он ки ин ақида тамоман хатост».
Ёдоварии мактуби мазкур барои хонандагон басо арзишманд мебошад. Зеро дар охир устод Айнӣ ба Мирзо Турсунзода ба унвони «Рафиқ Турсунзода» муроҷиат карда, таъкид доштааст, ки ин мактуб монанди мактуби оид ба қисми аввали «Ёддоштҳо» навишташуда маҳфуз дошта шавад. Ба ин тартиб: «Ин мактуб ҳам мисли он мактуб (аз 14.12.1948. Самарқанд – Ш.Ҷ.) сазовори нигаҳдорӣ аст. Зеро агар умри ман дар кор карда баромадани вазни шеъри тоҷикӣ ёрӣ надиҳад, ин мактуб як муқаддимаи он кор барин шуда мемонад».
Мирзо Турсунзода ин васияти С.Айниро ба ҷо меорад ва ин мактуб аз ҷониби Камол Айнӣ якҷо бо чанд мактуби дигари нависанда дар маҷаллаи “Шарқи сурх” (1956, №4) (ҳозира “Садои Шарқ”) дастраси хонандагон гардид.
Хулоса, ин ҳама таъкиду тавсияҳои Садриддин Айнӣ гувоҳ бар он аст, ки Мирзо Турсунзода дӯст ва тарбиятдидаи мактаби устод Айнӣ мебошад. Баъд аз устод Айнӣ яке аз адибони соҳибмактаб маҳсуб ёфта, дар инкишофи эҷодӣ ва рушду камоли маънавии адибони зиёде саҳми арзанда гузоштааст.
Шамшоди ҶАМШЕД – омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё