Зеҳн

ИЛМУ МАОРИФ – МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ

БА
Барномасоз22 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

21-уми декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” дар “Кохи Сомон” ироа гардид. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор доштани соҳаи илму маориф ва тандурустиро бори дигар таъкид намуданд. Роҳбари давлат дар ҳар як Паёмашон доир ба соҳаи илму маорифи кишвар ташаббусу пешниҳоди наҷибонае анҷом медиҳанд, ки эълони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ин соҳа далели гуфтаҳои болост.

Ҳадафи ягонаи Роҳбари давлат низ аз ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии мардум, хосса, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тақвияти доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Воқеан, роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар дар сӣ соли соҳибистиқлолии ватанамон, бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки иҷтимоии хеш қарор дода буданд, ки ин аз ғамхории давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад. Чи тавре медонем, Пешвои миллат барои рушди фанҳои дақиқ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро барои солҳои 2020-2040” эълон намуда буданд. Дар Паём диққати роҳбарони муассисаҳои таълимиро ба омода кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ бо забонҳои русию англисӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй дар ҳама зинаҳои таҳсилот ҷалб намуд. Ҳамчунин, доир ба ин масъала, ба

Вазорати маориф ва илми кишвар супориш доданд, ки ҷиҳати омода намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бо забонҳои хориҷӣ ва дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида чораҷӯӣ намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ, дар ҳама факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда шаванд. Бояд гуфт, ки дар замони муосир омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҳар як фарди ҷомеа амри зарурист. Дар Паём қайд шудааст, ки Тоҷикистон имрӯз бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Бинобар ин, масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври ҷиддӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Рушди ҳар як ҷомеа аз пешравии илму маорифи он вобастагӣ дорад. Ҳукумат ва давлат дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ барои пешрафти илми ватанӣ чораҳои муассир андешида, минбаъд низ барномаҳои мушаххасеро роҳандозӣ менамояд. Тоҷикистон дорои сарватҳои зеризаминии фаровоне мебошад, ки то имрӯз на ҳамаи ин сарватҳо коркард шудаанд. Барои ҳалли ин масъала олимони моро зарур аст, ки ҷиҳати коркарди онҳо талош намоянд ва дар рушди саноати кишвар саҳми муносиби хешро гузоранд. Пешвои миллат аҳамияти бузурги соҳаи саноатро ба инобат гирифта, солҳои 2022-2026-ро солҳои рушди саноат дар кишвар эълон намуданд. Рушди саноат низ аз рушди илм ва маърифати касбӣ вобастагии амиқ дорад. Олимони илмҳои дақиқ, аз ҷумла, химия, физика, математика, астрономия ва биологияро месазад, ки барои рушди илму техникаи кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро Пешвои миллат соҳаи илму маорифро масъалаи меҳварӣ ва афзалиятноки ҷомеа ҳисобидааст. Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ иброз доштанд, ки вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои тадқиқотиро вусъат диҳанд.

Ҳамчунин, дар Паём талаботи рӯзафзун ва рушди технологияҳои иттилоотии муосирро ба инобат гирифта, барои таҳияи лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ба Вазорати маориф ва илми кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Зеро пайвастан ба таҳсилоти рақамӣ, пеш аз ҳама, яке аз омилҳои асосии рушди илму маорифи кишвар буда, талаботи замони муосирро танҳо бо ҳамин навъи таҳсилот метавонем қонеъ гардонем.

Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз муассисаҳои таълимии кишвар 98,7% бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин гардида, аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар имтиёзҳо ва дастгириҳои моддию маънавӣ нисбат ба омӯзгорони ҷавон пешбинӣ карда шудаанд.

Роҳбари давлат, инчунин, ба масъалаи соҳибмаълумоту соҳибкасб гардонидани сокинони мамлакат изҳори назар намуда, барои соҳибкасб гардонидани кулли сокинони аз 18-сола боло ба сохторҳои дахлдори кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҳамин замина, Пешвои миллат, ба сохторҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Маҳз диққати аввалиндараҷаи ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаҳои илму маориф ва тандурустии кишвар буд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо равона гардида, дар ин давра 28 муассисаи олии касбӣ, 3240 муассисаи нави таълимӣ, аз ҷумла, 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат бунёд гардид. Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар назар андозем, имрӯз шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 245 ҳазор нафар мерасад, ки ин, назар ба соли 1991-ум мутаносибан 1,6 ва 3,5 баробар зиёд ба назар мерасад. Ин нишондод аз он далолат медиҳад, ки истиқлоли комил ва ваҳдати миллӣ шароити хуби таълиму тадрисро барои ҷавонони кишвар фароҳам овардааст. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи ҷавонони боистеъдод зиёд гардида, дар баробари ин, дастгирии ҳукумати мамлакат низ ба онҳо афзоиш ёфт. Маҳз дастгириҳои бевоситаи ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯз зиёда аз 42 ҳазор нафар ҷавони фаъолу соҳибистеъдоди кишвар дар 25 давлати хориҷӣ дар зинаҳои гуногун таҳсил доранд. Ин шумора тағйирёбанда буда, ҳамасола боз 5 ҳазор нафар ҷавони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллатро роҳнамои худ қарор дода, дар ҳалли норасоиҳо ва мушкилоти ҷойдошта саҳми арзандаи хешро гузорем.

Абдулхайр АБДУРАҲМОНОВ –

узви ИЖТ, корманди сомонаи

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2