Зеҳн

ЧАНД ҲИССАИ ХУРД АЗ ЯК ҚИССАИ КАЛОН

БА
Барномасоз21 октябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Инак, чанд пора аз он рӯзе, ки маъмурияти мактаб таълиму тарбияи дафтарҳоро баъди веростории яке аз синфҳои якумро ба мани то ин дам дар лозим ба ихтиёри хонандаҳои синфҳои болоӣ дарсгуфта бовар кард, фикре ба сарам маҷалла ҳавола месозем.

роҳ ёфт, ки дафтаре кушоям ва ҳама саргузашти Илоҷи дермонда ва раҳоӣ мактабӣ: равиши таҳсилу омӯзиш, заҳидаҳои аз бори хиҷолат гуфтору кирдор ва ҳаракатҳои ҷолиби шогирдонро, ки Ҳотам дар синф вақти барои ташаккули шахсияташон мувофиқу созгор, танаффус нишаста хат машқ яъне барои пурраву дуруст шудани диду нигоҳашон ба мекард. Сайфулло аз мағоза ду муҳит ва тағйиру такомул ёфтани ҷаҳонфаҳмиашон кулчақанд харида омад. Яктои мосу муҳим аст, аз рӯзи аввали таҳсил то синфи онро ба Ҳотам дод. Ҳотам пеши чорумро хатм карданашон, чунон ки ба мушоҳида худ ваъда дод, ки ягон рӯз дуто мегирам ва чандон ки ҳавсала даст медиҳад, кулчақанд бихарад, яктояшро ба муфассалан, бо майда-чуйдаҳояш як ба як бинависам.

Сайфулло медиҳад. Танҳо пас аз Дар натиҷа, сабти танҳо саргузаштҳои давраи кулчақандҳоро хӯрда тамом алифбохониашон, баъзе лаҳзаҳои муваффақонаи карданашон ба ёдашон расид, ки дарсхониашон дар се дафтари серварақ базӯр ғунҷоиш дар синфхона ҳамроҳашон ёфт. Ҳарчанд дар таснифи дафтарҳо танҳо қалам нафари сеюм низ ҳаст, яъне ман. рондам, шогирдонамро ҳаммуаллиф медонам. Чаро?

Ҳотам шояд ба ҳамин маънӣ бо Агар онҳо фаъол намебуданд, ҳар туғёну эҳсосоти нидое мувофиқ ба Сайфулло ботинашонро бебокона зоҳир намекарданд, бо гуфт: гуфтору ҳаракатҳояшон фикри маро ба шӯр

– Иҳ-ҳ, агар сето кулчақанд намеоварданд, андешаҳои ман ба хеле маъниҳо мебуд, яктаашро ба муаллим намепечид. Дар натиҷа маъние норавшан ё ногуфта медодем! мемонд, саҳифае “ғайб” мезад, балки дафтар умуман Сайфулло гӯё кори навишта намешуд...

ношоистае карда бошад, то буни гӯшҳояш сурх шуд. Сараш каме хам гашт, бо табассуми ҳаёбору нигоҳи шармомез сӯи ман нигарист. Барои зиёдтар шарм накашидани Сайфулло гапамро ба оҳанги гуфтори Ҳотам созиш кунонда, шӯхиомез гуфтам:

– Сето кулчақанд, ки набуд, ҳардуятон нимтоӣ медодед ҳам, мешуд...

– Ҳа, – ба фикрам розӣ шуда, илоҷи дермондаро тасдиқ кард Ҳотам ва баъди каме таваққуфи хаёломез афзуд: – Дуто нимтагии шумо якта мешуд, ба мо нимтогӣ мемонд...

Сайфулло низ ризомандона ду-се бор ноаён сар ҷунбонда, бо ҳамин роҳ аз зери бори ҳаё халос хӯрд.

Гӯё ними бори шарм аз пушти шонааш фурӯ рехт, ки дар паси миз роҳаттар нишаста, бо табассуми акнун ризомандона рост ба ман нигарист. Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки чизе гуфтан мехоҳад, вале ғайраташ кифоят намекунад. Шояд мехоҳад бигӯяд, ки... Маънии дар зеҳнаш бударо тахмин кардаву дар саволи худ гунҷонда аз ӯ пурсидам:

– Бори дигар дуто кулчақанд бихарӣ, бо ман қисмат мекунӣ-а?

– Ҳа, – овозе набароварда бо табассум ва сарҷунбонӣ гапи маро тасдиқ намуд ӯ.

Аз мулоҳизаи муҳтавои гуфтугӯ хулосае дар зеҳнам шакл гирифт: шогирдон аз ин қабил роҳҳо ба дарки моҳияти ададҳои касрӣ наздик мешаванд!?

Ду шохаи як хулоса ва чанд тахмини шигифт

Калимаҳоро бо ҳам мехонем. Бо роҳбаладии андаки ман худи шогирдон онҳоро як-як аз ягон ҷиҳат таҳлил мекунанд ё тафсил медиҳанд.

– Калимаи “ҷайра” ду ҳиҷо дорад,—шарҳ медиҳад Мақсуд.

– “Ҷом” – ҷом, ҷойи худам, – маънидод мекунад Исфандиёр…

Аз байни шогирдон бисёриҳо рюмкаро (“румка” талаффуз кунанд ҳам) медонанд, аммо касе ҷомро намедонад. Аҳвол ба сари худ боиси хавотир кашидан набошад ҳам (ҳанӯз доираи луғавии забонашон маҳдуд буда, забономӯзиашон дар пеш аст), мавриди афсӯс хӯрдан аст, ки аз забони калонсолон номи хеле ашё ва амалҳоро дар қолаби калимаҳои русиву аврупоӣ мешунаванд ва табиист, ки он чизҳо ва корҳоро бо ҳамон номҳои русиву аврупоияшон мешиносанду дарк мекунанд…

Чаро Исфандиёр калимаи ҷомро ба маънои номи зарфи обнӯшӣ нафаҳмид, аз ишораи ҷумлаи боло маълум аст. Аммо сабаби ба маънои “ҷойи ман” фаҳмиданаш ин аст, ки дар гӯйиши сокинони деҳа калимаи ҷой бо пасванди -ам (-ям) пайваста ва сипас мухтасар шуда, шакли “ҷом”-ро гирифтааст. Агар калима (балки ибора) дар навиштор, хосатан дар шеъре истифода мешуд, дар шакли “ҷо-м” менавиштанд. Аммо ин маъниро Исфандиёр аз куҷо донад? Модом ки надонад, шарҳи вай дуруст аст? Ам-мо… Аммо ҳар ду калимаи дар навишт шаклан монанд аз ҷиҳати талаффуз тафовут доранд: овози о дар калимаи ҷом (ҷойи ман) нисбат ба калимаи ҷом (номи зарф) ҳини ҳамвор сухан гуфтан низ кашидатар садо медиҳад. Табиист, ки Исфандиёр ва ҳамсабақони сабуксортараш бо сатҳи фаросати имрӯзаашон ба чунин нозукиҳои талаффуз риоя кардан чӣ, ба сари худ дар сатҳи зарурӣ сарфаҳм рафта ҳам наметавонанд. Ин паҳлуи савтиётро аз ҳоло барояшон кам-кам шарҳ бидиҳам? Оё фаҳмида ва баҳрае бардошта метавониста бошанд?

Ба фикрам, метавонанд! Зеро дар вақти дарс оҳанро дар гармияш кӯфта, масъаларо дар мисоли ду калимаи “ҷом” камакак шарҳ ки додам, худи Исфандиёр ва ду-се нафари дигар “ҳа-а”–гӯён сарашон-ро болотару чашмонашонро бозтар карда, аз фаҳмиданашон дарак доданд…

Вақти дарс ва ҳоло ки сатрҳои болоро навиштам, то гузоштани мӯлнуқта танҳо зоҳири амал

– бо рағбату ҳавас калимаҳоро ба фаҳми худ мувофиқ таҳлилу тафсир намудани шогирдон дар мадди назарам буд. Вақти дарс ва ҳини сабти ҷумлаҳои боло аз чунин шарҳ додану маънидод кардани шогирдон чӣ қадар лаззат бурдам, худам медонаму Худо!

Аммо ин дам… сари хулосаи аҷибе омадам: Аввалан, агар шогирдонро дар ҳалли баъзе муаммоҳо ба ихтиёри худашон озод вогузорӣ, мефаҳмӣ, ки онҳо ба чӣ корҳое қодиранд, аммо ин хулосаи аҷиб нест. Баъдан, агар онҳоро дар интихоби қаринаи ҷавобҳо соҳибихтиёрӣ диҳӣ, аҷаб посухҳои гуногун ва ҳайратовар мешунавӣ. Ин ҳам хулосаи аҷиб нест. Сониян…

Хайр, “агару магар”-ро як тараф монему сари хулосаи аҷиб оем: Агар ҷавобҳои онҳоро бодиққат гӯш кунӣ ва эътибор диҳӣ, ки ба масъала аз кадом паҳлу наздик мешаванд, аз кадом дидгоҳ менигаранд, хоҳӣ фаҳмид: рағба-ташон ба кадом сӯй, майлашон ба кадом ҷониб, фаросаташон ба кадом поя... аст.

Аз ду шарҳи ду хонанда, ки зотан барои ба дарозо накашидани сухан аз бай-ни маънидодҳои зиёди шогирдон ҷудо карда, дар сари саҳифа навиштем, ду навдаи як хулоса баромад: Мақсуд, ки аслан ба ҳисобу китоб таваҷҷуҳи бештар дорад, ба калима аз ҳамин дарича нигариста, дар он ду ҳиҷоро дид. Исфандиёр бошад, дар қиёс бо дигар ҳамсабақонаш ба маънидоди мазмуни калима, дидани мафҳуми зимни он, шарҳи шаклу таркиби калима рағбати бештар, ки дорад, ба калимаи таҳлилкардааш аз дигар паҳлу –шарҳи мазмуни он наздик шуд.

Ана, ҳамин аст хулосаи аҷиб, ки ҳини зикр карданам ба чанд хулосаи на камтар аз худ муҳимтар партав афканд. Ана ҳамин тавр!

Ҳеч шогирде набояд ба кӯйи навмедӣ афтад!

Дар дарси ҳисоб ду амали аввали мисоли якро дар лавҳа ҳал кардам: якашро худ, дуюмашро бо мадади хонандаҳо. Ҳалли амали сеюмро барои мустақилона иҷро кардан ба худи хонандаҳо ҳавола кардам. Мақсуд аз ҳама пеш ва дуруст ҳал кард. Ҳатто Ҷамолиддин, ки рӯзҳои охир дар дарсҳои ҳисоб ба дигарон бартарӣ зоҳир мекунад, аз Мақсуд пешдастӣ карда натавонист. Ӯ шояд ба сабаби зиёда шитобзадагӣ зоҳир кардан, ки гоҳе бо омезишу ҳамбастагии саргармӣ ва ғайрат махлут гашта, ҳатто идрокро ба мисли биниш ба иштибоҳ меандозад, амалро ғалат ҳал кард: 7– 7=5. Ё ҳисобро дуруст баровард, аммо лаҳзае, ки қаламро ба рӯйи варақ расонда, ҳосили тарҳро навиштан мехост, баҳои эълоншудаи Мақсудро шунавид ва онро ғайриихтиёр ба ҷойи рақами сифр, ки менавишт, нақш кунонд?

Ба дафтари Мақсуд баҳои “5” гузоштам. Ҳама баъди боз як бор равиши ҳалли ин қабил амалҳоро шарҳ доданам мустақилона ё ба дафтари дигаре нигоҳ афганда, фаҳмида амалро дуруст ҳал карданд… Ҳалли мисоли дуюмро, ки амалҳояш нисбат ба амалҳои мисоли якум дар ниҳояти содагӣ аст, пурра ба худи хонандаҳо ҳавола кардам. Гуфтам, ки ҳар кас чандто амал, ки хоҳад, ҳал намояд, хоҳад як амалро, хоҳад панҷ амалро ҳал кунад. Барои ба ҳал кардани амалҳои зиёдтар шердил намудан афзудам:

– Боз якто баҳои “5” ҳаст. Касе ҷавоби амалҳои мисоли навро пештар аз дигарон ёбад, панҷ аз они ӯ…

Аксарият амалҳои тайёрро бетағйир, ҳал накарда шитобон ба дафтарҳояшон кӯчонданд: 3+4; 3+1; 7+2; 4+1… Шитобзадагии бо рағбати пешдастӣ ҷустан ва саргармии сабук махлутгашта рӯ зад ва пеши тамкину мулоҳиза ва андешаашон ғав гузошт-чӣ?...

Дар ҳал кардани мисоли 2 низ Мақсуд пешдастӣ намуд: бепарвоӣ ва лоуболии беисён, ки шояд тамкин бошад, кор дод? Ба дафтараш боз якто баҳои “5” гузоштам. Фирдавс, ки ҳисобу китобро баъди Мақсуд дувумин шуда ба сомон расонд, бо оҳанги хеле аёни орзумандона гуфт:

– Ман дуюмин шудам. Агар боз якто баҳои “5” мебуд, ман мегирифтам.

Ана, халос! Чӣ бояд кард? Чӣ кор кунем, ки ӯ навмед нашавад?

Ба нӯги қалам бодиққат нигаҳкунон оҳиста-оҳиста назди мизи Фирдавс рафтам. Ҳама ба ҳаракати ғалатиам бо ҳайрат нигаристанд. Ба назди мизи Фирдавс расида, як ба атроф, ба хонандагони мунтазири оқибати ҳаракатҳоям нигариста дидам, ки ҳама чашминтизор ва гӯшу ҳушанд. Мушоҳидаи аҳвол маро гӯё ба боғи сермеваю пурнакҳате бурд. Бори дигар ба нӯги қалам сахт синчакунон гуфтам:

– Боз якто будагӣ барин. Канӣ, дафтаратро интарафтар мон, – ва дурустии амалҳои ҳалкардаи Фирдавсро санҷида, ба дафтараш баҳои “5” гузоштам.

Баҳоро гузоштаму садои хандаи Исфандиёр ба гӯш расид. Бисёриҳо аз хандаи ногаҳонӣ ва бозавқи Исфандиёр ҳайрон шуданд. Ман низ.

– Чӣ механдӣ, Исфандиёр? – пурсидам ба асли воқеа сарфаҳм нарафта.

—О, дар куҷои қалам “5”-и тайёр ҳаст? Агар мебуд, қаламро ҳамин ки ба варақ расондед, панҷ ба дафтар мегузашт, – хандаашро базӯр нигоҳ дошта шарҳ дод Исфандиёр.

Рости гап, аз чунин диду нигоҳи мавсуф ба ҷузъиёт он қадар завқи беҳад бурдам, ки ба гуфтан осон нест. Баъди шарҳи Исфандиёр хандоханди умум сар назада бошад ҳам, баъзеҳо, аз ҷумла, худи Фирдавс низ, хушҳолии хосса зоҳир карданд.

Фошгӯйӣ нишони ҷасорат аст, онро таҳсин бояд!

Якчанд калимаро ё ба дасти худам, ё ба дасти хонандае аввал дар лавҳа навиштаю нависонда, баъдан ба дафтарҳо кӯчондем. Худи хонандаҳо таклиф карданд, ки “онрӯза барин” ман калимаҳоро “ҳамту гӯям”-у ҳар кас “бо гӯшаш шунавида худаш нависад”. Кӯр чӣ мехоҳад?

Ду дидаи бино! Ман-ку ҳаминро мехоҳам, чаро “не” гӯям? Ҳама калимаҳои “шунидаашон”-ро дуруст навиштанд. Аммо калимаи ёрӣ-ро на ҳама дуруст навишта тавонистанд. Чунончи, калимаро Нигинаи Сабур ва Бунафша дар шакли йорӣ, Фирдавс бошад, дар шакли ёорӣ (вале ҳар се бо и-и зададор) навиштанд.

Ҳар ду шакли навиштаи ғалаташонро дар лавҳа бо дастони худашон нависонда, ба аҳли синф шарҳ додам, ки йорӣ-ро ёрӣ хондан мумкин бошад ҳам, навишти ғалат аст. Аммо ёорӣ-ро ҳеч ёрӣ хондан намешавад. Навиштаи Фирдавсро йоорӣ, бо ду овози о хондан лозим меояд, ки ғалати калонтар аст. Ҳарчанд шакли дурусти калимаро дар лавҳа нанавиштам, баъди шарҳи сода касони ғалатнавишта калимаи ғалат навиштаашонро сиёҳ накарда ба зераш хат кашиданду шакли дурусти онро дар рахи нави саҳифаи дафтарҳояшон навиштанд.

Бо роҳбарии як хешашон хатмашқкунии устод Айнӣ ва натиҷаи онро, ки дар “Ёддоштҳо” батафсил нақл шудааст, ба назар гирифта, як моҳи охир ҳеч роҳ надодам, ки нафаре ба ин амал– сиёҳ карда ислоҳ намудан даст занад. Инак, натиҷаи чунин “сахтгирӣ”-ро ҳамин дарс равшан мушоҳида кардам. Аммо…

Вақти танаффус ба тасодуф шунидам, ки Фирдавс “хатои калонтар” карданашро ба ҷӯраҳояш аз синфи 1-уми “А” нақл мекунад. Аввал ба фикрам зад, ки ӯ маънои гапҳои дар вақти дарс гуфтаи маро дуруст нафаҳмидааст ва мундариҷаи онро нафаҳмида ба ҷӯраҳояш мерасонад, вагарна кӣ айбу камбуди худашро фошофош ба дигарон мегӯяд? Боз ин қадар бепарво ва фориғболона? Шояд баъзе гапҳои барои бачаҳо нофаҳмо мегӯям?–гуфта андеша мекардам, ки дар синф ғалат гуфтанам ва дар кӯча хато гуфтани ӯ гӯё худ аз худ дар хаёлам муқоиса шуд ва андешаи гарон аз сарам дур гашт. Яъне, ӯ ба ҷойи ғалат гуфтани ман муродифи калимаро ёфта хато, ки гуфт, пас дониста гап мезанад. Ин тавр ки бошад, фошгӯияшро ҳатто таҳсин кардан мумкин. Агар ҷӯраҳояш мароқ зоҳир карда, чӣ хатои калон карданашро пурсида дақиқ кунанд, бегумон, минбаъда дар навишти калимаи ёрӣ ғалат нахоҳанд кард. Оё ин воқеа тимсоли “таҷрибаивазкунӣ”-и кӯдакон нест?

Пеши бача ҳавлӣ гуфтӣ? Ӯро ҳалво бидеҳ!

Дар матн калимаи боғайрат вохӯрд. Дар синф “Ғайрат” ном нафар ки ҳаст, ҳар рӯз ҳамагон ҳини муроҷиат ба ӯ ва дар борааш гап задан, агарчи бе пешванди бо-, калимаро борҳо ба забон меоранд. Ин аҳвол ба дарки мафҳум ва мундариҷаи ифодакардаи калима монеа эҷод намекунад?

Яъне калимаҳои ғайрат, боғайрат ва беғайрат-ро талаффуз карда ё шунида монанд, мафҳум дар хаёлашон ҳадди ақалл бо тасаввури шахси Ғайрат махлут намешавад? Ҳоло месанҷем.

– Боғайрат, – гуфтам бо таъкид ва ангушти ишоратамро сӯйи шифт тир сохтам. Чунин талаффузу ҳаракат беҳтару амиқтар аз суханҳое, аз қабили: “Ба гапи ман бодиққат гӯш диҳед”, “Ҳой, ин тараф нигаред!” шогирдонро ба сӯям нигаристан водор ва ба шунидани давоми суханам мутаваҷҷеҳ месозад.

– Боғайрат, – такрор кардам бо ҳамон оҳангу ҳаракат. Барои ба шунидани давоми гап хубтар омода шуданашон чанд сония таваққуф намудам. Пас бо ҷунбишу ишораҳои лозима афзудам: – Баъзе бачаҳоро “боғайрат” мегӯянд. Онҳо чӣ гуна бачаҳо бошанд?... Бачаи боғайрат аз ҳама кас ва ҳар чиз метарсад-а?

Гапро аз дур сар карда, ба гунҷоишу тезии зеҳн ва пазириши бачагона мувофиқу соз кунонда, оромона гап задан ва ҳамвору оҳиста ба савол наздик шудан ба кайфияти шогирдон низ асар гузошт. Онҳо ба фикру андеша фурӯ рафта, ба ҷавоб гуфтан шитоб накарданд. Ба ин аҳвол табиати Ҷамолиддин, Исфандиёр, Мақсуд ва чанде дигар бештар мувофиқ аст. Шояд ба сабаби мувофиқ афтодани сиришт бо аҳвол буд, ки яке аз онҳо –Исфандиёр аллакай дар рафти пурсиш ба ҷавоб гуфтан омода гашт ва баъди чанд сонияи оромӣ дар посухи савол бар дигарон пешдастӣ намуд:

– Не, наметарсад! Тарсончак намешавад!

Дари гуфтугӯй ки кушода шуд, табъи белигоми Фирдавс ба ҷавлон омад ва пешхезиаш рӯ зад. Вай шитобон ба шарҳи масъала пардохт ва ба дурустии гуфтори Исфандиёр ба таври худ далел овард:

–Ҳо-о, Ғайрат... – гуфту давоми гапашро гум кард. Сонӣ бо ҳаракатҳои булъаҷаби даст ва дигар узвҳои пайкар ва баровардани чанд хел овозҳои навиштанаш бо ҳуруфи мавҷудаи алифбо ғайриимкон фикрашро ғун карда, осемавор ба баёни он сар кард:

– Абдумаҷид ин ҷо истода... – гуфт пушти дарро нишон дода, – ба Ғайрат “пих” гуфт.

Ҷамолиддину Ғайрат аз дар медаромаданд, Ғайрат натарсид, Ҷамолиддин тарсид.

“Пеши бача ҳавлӣ нагӯ, ки ҳалво мефаҳмад” гуфтани пирон ҷон доштааст. Мо дар бораи ҳавлӣ гап задем, Фирдавс ҳалво тасаввур кард.

Чунин тасаввуру хаёл ва фаҳмишҳои батасодуфи ғалатро, ки дар идроку зеҳни шогирдон шояд хеле бошад, чӣ тур пайдо ва чӣ тавр ислоҳ бояд кард?

Шогирди хуб устодро ислоҳ карда тавонад

Гоҳе имкони фикрӣ ва қувваи тамизи хонандаҳо, ҳудуди малакаи “ислоҳ” ворид карда тавонистани онҳоро ба назар гирифта, дар баъзе масъалаҳои ба дониш ва доираи идроки имрӯзаашон наздику баробар дидаю дониста ғалат кардан, худро қасдан бехабар вонамуд сохтан, ба гӯлӣ андохтан... низ, дар ҳақиқат, ба манфиати кор мебошад. Бегумон, “ғалат”-и муаллимро ҳувайдо сохтаву ислоҳ намуда дониш гирифтани хонанда нуктаи азбаркардаашро дар ёду хотири ӯ мустаҳкамтар ҷойгузин мекунад. “Ғалат кардану ислоҳ намудан”-ро як бозии хеле ҷаззоби байни калонсолу кӯдак унвон кардан мумкин аст. Аммо дар ин маврид низ мақоли машҳури “шакара камаш хуб”-ро аз мадди назар набояд дур гузошт.

Мисолҳо ба ин даъво дар таҷрибаи омӯзгорони дар вақти дарс аз ҷиҳати гуфтору ҳаракатҳо ва муомилаю муносибат бе ибову хавотирӣ самимона ба сатҳу савияи шогирдони хурдсол фуроянда хеле фаровон бояд бошад. Мо низ дар ин хусус дар дафтарҳои ёддошти худ чанд қайд дорем, ки яке мухтасаран ба қарори зайл аст:

“Дар тахтаи синф навиштам: пагоҳ. Аввал ба дурустӣ, пасон худро ба гӯлӣ зада аз бачаҳо пурсидам:

– Ин калима ҳарфи пэ дорад? Ҳарфи дуюмаш-а?.. .Ҳарфи якумаш?... Бале, ҳарфи якумаш...

Ҳарфи о чӣ?... Надорад?... Дорад?... Канӣ?... Ҳа, дар ҳиҷои яку-ум?... Дар ҳиҷои сеюм?... Кӣ гуфт, ки калимаи пагоҳ се ҳиҷо надорад?... Биёед, мешумарем: па-гоҳ. Ҳа, ҳа, дуруст, ду ҳиҷо доштааст… Ҳарфи о низ дар ҳиҷои дуюм будааст... Ҳиҷои якум 2 ҳарф, ҳиҷои дуюм 3 ҳарф, ки дошта бошад, калима... бале, бо 5 ҳарф навишта мешавад...

Бо роҳи гӯлравию гӯландозӣ таҳлили овозию ҳиҷоӣ кардани калима ва ҳисоб кардани ҳарфу ҳиҷоҳои он, моҳиятан ба бозии лаҳзаи танаффуси миёни дарс қаробат пайдо кард. Аз ин усул суиистеъмол накарда, гоҳ-гоҳ истифода кардан манфиате мерасонда бошад? Мерасонад! Зеро таваҷҷуҳи Сайфуллои дарсгурезу Дилнигори дамдузд баринҳоро ҳам ҷалб кард: онҳо бо хушҳолӣ ба “бозӣ” анбоз шуданд. Бо бовари комил метавон гуфт, ки ишораи ҳарфию ҳиҷоии калима ва ҳисоби ҳарфу ҳиҷоҳои таркиби он нисбат ба борҳо тӯтивор хондан ба зеҳни онҳо асари беш гузошт…” Бале, ислоҳ кардани ғалат, хоҳ нуқсони худ бошаду хоҳ хатои дигарон, ба дурустандешиву пухтакорӣ мебарад... Ба эътирофи муттафиқонаи педагогҳои варзида шогирди хуб онест, ки омӯзгорро ислоҳ карда тавонад. Маҳз аз зумраи чунинҳо турфа шогирде ба воя хоҳад расид, ки устодро ба ҳайрат мегузорад.

Абдуғанӣ МУҲАММАДИЕВ – собиқ омӯзгори мактаби №29, ноҳияи Деваштич

Китоб хондан моро бо ҳикмату маъонии ҷаҳони густардатари башарият всл мекунад ва як ё ду сол нагузашта худ пай пай хоҳед бурд, ки шумо низ ҳарфҳои зиёде барои гуфтан доред, ки дар китобҳои хондаи худ пайдо накардаед. Ва ишқи китоб хондан аз шумо пажӯҳишгар ва нависанда месозад ва худ бехабар хоҳед монд, ки қалам ба даст гирифтаед ва ёддошт бармедоред.

Ин шуруи инсони мутафаккир ва таъсиргузор шудани шумост, ки дилатон намехоҳад маъонии кашфкардаи худро бо худ ба гӯр бибаред ва аз ин ҷост, ки даст ба қалам шудаед.

Шаҳзодаи САМАРҚАНДӢ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2