Зеҳн

ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

БА
Барномасоз21 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Аз таърихи салоҳиятнокӣ

Решаҳои муносибати салоҳиятнок ба таълим ба низоми дарсӣ-синфии Я.А.Каменский рафта мерасад. Баъдан дар ибтидои асри ΧΧ то солҳои панҷоҳум равияҳои гуногуе буданд, ки ҷавҳарашонро алоқамандии таълим ба ҳаёт ташкил менамуд. Имрӯзҳо муҳаққиқон (махсусан, русҳо) ташаккули таълими салоҳиятнокиро ба чанд давра ҷудо мекунанд. Давраи аввали он солҳои 1960-1970, давраи дуюм солҳои 1970 то 1990 ва давраи сеюм аз соли 1990 то имрӯзро дар бар мегирад.

Тибқи маълумотҳо, бори аввал ба таври мушаххас истилоҳи салоҳиятнокиро Н. Хомский дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода кардааст. Дар ин давра мафҳум танҳо дар атрофи салоҳият ва босалоҳиятӣ маҳдуд шуда, дар омӯзиши забон ва салоҳияти забонӣ аз ҷониби муҳаққиқи дигари амрикоӣ Хаймс истилоҳи “салоҳияти иртиботӣ” (каммуникативӣ ) истифода карда мешавад. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Н. Хомский бевосита ба масъалаи таълим не, балки ҷанбаҳои равоншиносӣ ва фалсафии азхудкунии забон аз ҷониби Хаймс дахл дошт. Ба ҳамин тариқ, таҳсилоти ба таълими салоҳиятнок бунёдёфта дар солҳои ҳафтодуми садаи бист дар Амрико ташаккул ёфта ва бунёдгузораш Н.Хомский буд, ки нуқтаи назарашро дар давраи омӯзиши забон, соли 1965 баён намуда буд. Маҳз дар ҳамин давра, ки марҳалаи ташаккули таълими салоҳиятнок шуморида мешавад, фарқи байни мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнок” гузошта шуд. Марҳалаи дуюмро солҳои 1970-1990 ташкил медиҳад. Дар ин давра истифодаи мафҳумҳои салоҳият ва салоҳиятнок дар назария ва амалияи таълими фанҳо, ҳамчунин, дар маҳорати идоракунӣ, роҳбарӣ, менеҷмент, омӯзиши муошират истифода гардида, мундариҷаи мафҳуми “салоҳияти иҷтимоӣ” коркард мешавад. Дар тадқиқоти Ҷ.Равен (дар мақолааш “Салоҳият дар ҷомеаи муосир”, соли 1984, Ангиля) мафҳуми “салоҳиятнок” муфассал шарҳ дода мешавад. Дар ин тадқиқот Равен силсилаи зиёди салоҳиятҳоро номбар мекунад, ки қисми зиёди онҳо ба ҳамдигар вобастагии бевосита надорад.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чи бештари воситаҳои ахбор (интернет, телевизион ва ғайраҳо) танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя нест. Дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии наврасону ҷавонон ва ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонанд. Ҳамин буд, ки соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020”-ро ба тасвиб расонд.

Тибқи ин ҳуҷҷат то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар ва дар асоси муносибатҳои салоҳиятнок таҳия карда шаванд.

Мафҳуми “салоҳиятнокӣ”

Мафҳумҳои “салоҳият” ва “босалоҳият”-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои “компетенция” ва “компетентность”, ки аз забони лотинӣ (competens, competentis) ба забони русӣ иқтибос шудааст, истифода мебаранд. Таҳлили бештари адабиёти илмӣ маҳз ҳамин иқтибосҳо ва аз назари илмию методӣ таснифи онҳоро дар бар мегирад.

Мафҳуми “салоҳият” дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” лоиқ будан, сазовор будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир ёфтааст.

Салоҳият - маҷмуи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайвандест, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона мешавад.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат муштарак истифода мешаванд. Дар асоси тафсири боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб ва боэътимодона иҷро карда метавонад. Дар таълими босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, функсионалӣ) равона мешавад. Таълими босалоҳият ба саволҳои: “Хонанда чӣ кор карда метавонад?” “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ҷавоб медиҳад. Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.

Бояд қайд кард, ки “салоҳият”-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Босалоҳиятӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст. Яке аз асосҳои дарси салоҳиятнок он аст, ки хонандагон бо саволгузории омӯзгор мафҳумҳои нав, супоришҳои навро, ки то ҳол намедонанд ва амсоли инҳоро дар асоси донишҳои пештараашон худашон ёфта, пешниҳоди аҳли синф мекунанд. Масалан, вақте ки омӯзгор ба хонандагон таърифи функсияи нишондиҳандагиро фаҳмониданӣ шавад, мисоли зеринро пешниҳоди хонандагон менамояд. Намуди функсияҳои зеринро муайян кунед: 1) . Хонандагон то гузаштани функсияи нишондиҳандагӣ, ба функсияҳои хаттӣ, квадратӣ, мутаносиби чаппа ав тригонометрӣ шинос шуда, онҳоро таъриф дода метавонанд. Пеш аз он ки омӯзгор дарси босалоҳият гузаронад, бояд худаш оид ба дарсе, ки мегузаронад, бо салоҳият бошад. Яъне мавзуъро хуб донад ва саволҳо тартиб дода тавонад, ки хонандагон бештар ба фикрронии худ мафҳумҳои нав, намудҳои гуногуни ҳалли мисолу масъалаҳоро пешниҳод намоянд. Вақте ки ба хонандагон саволҳо оид ба ягон мафҳуми нав ё намуди дигари ҳалли масъалае савол дода мешавад, ҳар як хонанда кушиш мекунанд, ки фикри худро пешниҳод намояд.

Ҳар як фан салоҳиятҳои худро дорад

Дар математика салоҳиятҳои зерин мавҷуд мебошанд: 1) салоҳиятҳои арифметикӣ. 2) салоҳиятҳои таълимии алгебравӣ 3) салоҳиятҳои таълимии геометрӣ.

Тарзи навиштан нақша бо усули салоҳиятнокӣ 1) Дарси (аз рӯи нақша чандум дарс зикр карда мешавад)...

  1. Барнома (дар ин нуқта номи боб ё параграф навишта мешавад).

  2. Салоҳиятҳо (дар ин пункт бояд омӯзгор раками синф, салоҳият, самти мавзуъро нишон диҳад. Масалан, 5.2.1) синфи 5, боби 2, параграф ё пункти 1 мебошад.

  3. Мақсади таълим (мақсадҳои мазуъ, ки бояд хонандагон онро то охири дарс донанд, навишта мешавад).

  4. Истилоҳот (дар ин пункт мафҳумҳои нав, ишоратҳои нав, формулаҳои нав ва ғайра, ки хонандагон то ҳол шинос нашуда буданд, навишта мешавад).

  5. Методикаи таълим (дар ин пункт ташкили дарс, фаъолгардонии донишҳои пешина ва баҳодиҳӣ ба вазифаи хонагӣ навишта мешавад).

  6. Дарси нав ё омӯзиш ва тадқиқот (дар ин пункт вобаста ба донишҳои пешина саволҳо пешниҳод ва мавзуи нав нақшагузорӣ карда мешавад).

  7. Арзёбии донишҳои хонандагон ва супоришҳо ба хона.

Кори лоиҳавӣ

Лоиҳаҳои таълимӣ аслан фаъолияти мустақилонаи хонандагон буда, усули иҷрои лоиҳа аз банақшагирӣ ва ченкуниҳои ҳаққонӣ иборат аст. Ҳалли проблема ва аз як тараф, истифодаи фаъолиятҳои якҷояи усулҳои гуногун бошад, аз тарафи дигар, ҳамгироии донишҳо аз фанҳои гуногун аст. Лоиҳаҳои таълимӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ аз математика ба салоҳиятҳо ва мақсадҳои таълимӣ вобастагӣ дорад. Лоиҳаҳои таълимӣ аз математика ба қисматҳои зерин вобаста аст: 1) гипотезаи назариявӣ дар шакли конспекти кӯтоҳ, схема, таблитса ё гузориши проблемавӣ-математикии амалии боби муайян; 2) ҳалли 3-5 супориши амалӣ; 3) ташкил ва тартиб додани муаррифӣ (презентатсия); 4)баромад дар шакли муаррифӣ (презентатсия), газетаи деворӣ, баромад дар радио. Баъзе тавсияҳои методӣ оид ба усули лоиҳаҳо ба таълим:

  1. Номи лоиҳа бо назардошти самти амалӣ.

  2. Нақшаи таҳқиқоти лоиҳа.

  3. Шакли таҳқиқот ва муаррифӣ.

  4. Мақсадгузорӣ.

  5. Проблемагузорӣ ва гипотезаи таҳқиқот.

Гузориши проблемаи таҳқиқотӣ чи гунае, ки набошад, хонандаро ба муайян кардани мавчудияти таҳқиқот дават мекунанад. Ворид намудани лоиҳаҳои таълимиии таҳқиқотии математикӣ самараи таълими математикаро баланд мебардорад. Кор дар болои лоиҳаи таълимии таҳқиқотии математикии малака ва маҳорати амалии нақшасозӣ, гузориши проблемаҳои ҳаётӣ, тарҳрезии таҷриба, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, муаррифии натиҷаҳои ба даст омада дар давом додани омӯзиш ва ҷараёни фаъолияти касбӣ лозим аст. Лоиҳаи таҳқиқотии “Масъалаҳои ҳаётии доир ба бузургиҳо “-и математикиро дида мебароем.

Гипотеза: дар ҳаёти ҳаррӯза мо кадом воҳидҳои бузургиҳоро истифода мебарем?

Мақсад: муайян карда шавад, ки барои кадом ашёи рӯзгор ва фаъолияти ҳаррӯза воҳидҳои бузургиҳо чи гуна истифода карда мешаванд?

Масъала: воҳидҳои бузургиҳои гуногунро таҳқиқ карда, муайян намуданд, ки кадом бузургиҳо барои кадом ашё ва амалҳо истифода шуданд?

Асоси назариявӣ:

Супориш: барои харидорӣ намудани картошка, пиёз, қанди сафед, тухм, нон, кабудӣ, матои атлас, тарбуз ва харбуза, керосин, қолин, шир, шишаи тиреза, гипсокартон ва ресмон кадом воҳидҳои бузургиҳоро истифода мебаранд.

Ҳал:

Вазн - тонна, килограмм ва грам: картошка, пиёз, қанди сафед; Масоҳат - метри квадратӣ, детсиметри квадратӣ ва ғайраи қолин, шишаи тиреза, гипсокартон; Ҳаҷм - литр: керосин, шир;

Миқдор - дона: тухм, нон, кабудӣ, тарбуз ва харбуза; Дарозӣ - метр, сантиметр: матои атлас, ресмон.

Хуллас, ҳар омӯзгор дар ҷараёни таълим бояд ба он бештар такя кунад, ки шогирдон донишҳои назариявии ба дастовардаашонро дар амал татбиқ карда тавонанд.

Исҳоқ ХОНОВ – омӯзгори математика литсейи инноватсионии «Душанбе»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2