Зеҳн

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ МАВЗУИ “СОХТИ СИФАТИ ФЕЪЛӢ”

БА
Барномасоз21 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Мусаллам аст, ки дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон ҳиссаҳои нутқро, ба монанди исм, Сифати феълӣ яке аз мушкилтарин сифат, шумора ва ғ. меомӯзанд. Ҳангоме ки падидаи грамматикаи забони тоҷикӣ ба дар синфҳои болоӣ онҳо амиқтар ба омӯзиши шумор меравад. Хонандагон онро аввал ҳиссаҳои нутқ машғул мешаванд, душворие ба бо сифат ва феъл, сипас, бо феъли ҳол миён намеояд. Аммо вақте ба омӯхтани омехта менамоянд. Саволе ба миён сифати феълӣ машғул мешаванд, бештар ба меояд, ки чаро ба хонандагон фаҳмидани душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Чунки то ҳол бо ин мавзуъ мушкил аст?

ин шакли феълӣ ошно набуданд. Баъдан, душворӣ дар он аст, ки сифати феълӣ дар худ ҳам хусусиятҳои сифат ва ҳам феълро доро мебошад. Душворӣ боз дар он аст, ки сифати феълӣ амал ё ҳолатеро мефахмонад, ки он ҳамчун аломати ашё дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад. Барои хонандагон ин мафҳум нав мебошад. Дар зер мехостем, оид ба усули таълими мавзуи “Сохти сифати феълӣ” маълумот диҳем, то мушкилоти таълими онро осон намоем.

Дар оғози дарс ба хонандагон чунин супориш медиҳем:

Ба ибораҳои зерин диққат диҳед: мактуби навишта; гули шукуфта; сухани нашунида; меҳмони омада; замини шудгоршуда; дарвозаи кушодагӣ; китоби хондашуда.

Хонандагони азиз, калимаҳои ишорашуда ба кадом савол ҷавоб мешаванд ва кадом ҳиссаи нутқанд? Ин калимаҳо кадом хусусиятҳоро дороанд? Бале, ин калимаҳо ба саволи “кадом” ҷавоб мешаванд ва ҳам хусусияти феъл ва ҳам хусусияти сифатро доранд. Барои ҳамин онҳо сифати феълӣ мебошанд.

Сифати феълӣ чӣ гуна сохта мешавад ва аз ҷиҳати сохт чӣ гуна аст?

Супориш.

Аз байтҳои зерин сифатҳои феълиро ёбед.

Мурғи қафасшикаста аз банди зулм раста, Чун рамзи дӯстии халқи ҷаҳон баромад.

Мирзо Турсунзода

Як ҳикоят бишнав аз таърихгӯй,

То барӣ з-ин рози сарпӯшида бӯй.

Ҷалолиддини Балхӣ

Колаи дуздида набвад пойдор,

Лекин орад дуздро то пойи дор.

Ҷалолиддини Балхӣ

Ҷавобҳоро месанҷем.

Дар байти аввал сифати феълӣ калимаи “қафасшикаста” мебошад. Чунки ҳам аломати сифат ва ҳам аломати феълро дорад.

Дар байти дуюм “сарпӯшида” сифати феълист.

Дар байти сеюм калимаи “дуздида” сифати феълӣ мебошад.

Биёед, сохти ин калимаҳоро муайян намоем:

қафасшикаста – қафас+шикаст + а сарпӯшида – сар+пӯшид + а дуздида+дуздид + а Мо фаҳмидем, ки сифати феълӣ аз асоси феъл бо пасванд сохта мешавад.

Сифати феълӣ чунин сохта мешавад:

  1. аз асоси замони гузашта бо пасванди –а: хуфта, ҷӯшида.

  2. аз асоси замони ҳозира бо пасванди –анда (–янда), –он (–ён): бароянда 3) аз масдар бо пасванди –ӣ: гуфтанӣ, рафтанӣ.

Аз ҷумлаҳои зерин сифати феълиро ёфта, сохташонро муайян намоед:

1. Ман пазандаи моҳирам. Таомҳои шоҳона мепазам. (С. Улуғзода) 2. Ӯ дар таомхӯрӣ ва нигоҳ доштани чизҳои хӯрданӣ озода буд. (С. Айнӣ) 3. Моҳи шомхӯрда дар сари кӯҳ баланд шуда, дашту дараро ғарқи нур карда буд.

Ҷавобҳоро месанҷем:

Дар ҷумлаи якум сифати феълӣ калимаи “пазанда” мебошад, ки аз асоси замони ҳозира ва пасванди –анда сохта шудааст.

Дар ҷумлаи дуюм сифати феълӣ калимаи “хӯрданӣ” мебошад. Биёед, бубинем, ки он чӣ гуна сохта шудааст.

“Хӯрдан” масдар буда, “-ӣ” пасванд мебошад.

Дар ҷумлаи сеюм калимаи “шомхӯрда” сифати феълӣ аст, ки аз асоси замони гузашта бо пасванди “-а” сохта шудааст.

Ба ҷойи сенуқта сифати феълии мувофиқро гузоред.

1. Ҷадвали дарсҳои ҳафтаи оянда ... -ро навишта гирифтам.

2. Бори ба бозор ... сабзавоту меваҷот буд.

3. Ман ба ӯ суханҳои ... доштам.

4. Салима мактуби аз падараш ... -ро ба ман хонда дод.

5.Супориши муаллим ... -ро зуд иҷро намудем.

(дода, мешудагӣ, гуфтанӣ, бурдагӣ, гирифта) Ҷавобҳоро месанҷем.

1. Ҷадвали дарсҳои ҳафтаи оянда мешудагиро навишта гирифтам.

2. Бори ба бозор бурдагӣ сабзавоту меваҷот буд.

3. Ман ба ӯ суханҳои гуфтанӣ доштам.

4. Салима мактуби аз падараш гирифтаро ба ман хонда дод.

5.Супориши муаллим додаро зуд иҷро намудем.

Хонандагони азиз, сифати феълӣ аз ҷиҳати сохт сохта, мураккаб ва таркибӣ мешавад.

Оё шумо дар ёд доред, ки чӣ гуна калимаҳо сохтаанд? Бале, калимаҳои сохта аз реша ва пешванду пасванд иборатанд. Пас, сифати феълии сохта аз асоси замони гузашта ва ҳозираи феъл бо пасвандҳои –а, –анда, –агӣ, -ан+ӣ сохта мешаванд.

Мисол: баст + -а = баста гард + -анда = гарданда рафт + -агӣ = рафтагӣ Сифати феълии мураккаб аз ҷузъи номӣ ва феъл бо пасвандҳои –а, –анда ташкил меёбад.

Мисол:

ресмон+бофт-а = ресмонбофта парвоз+кун-анда = парвозкунанда

Сифати феълии таркибӣ аз ду калима иборат буда, ҷузъҳо ҷудо навишта мешаванд. Мисол:

равон карданӣ, фаромӯш кардагӣ.

Сохти сифати феълиро муайян намоед:

ҷӯянда, шукуфанда, рафтагӣ, дида, ҳалкунанда, давомдиҳанда, иҷрошаванда, хонда истодагӣ, иҷро шуда истодагӣ Ҷавобҳоро месанҷем:

Сифати феълӣ Таркиб Сохт ҷӯянда ҷӯ + янда сохта шукуфанда шукуф + анда сохта рафтагӣ рафт + агӣ сохта дида дид + а сохта ҳалкунанда ҳал кун+ анда мураккаб иҷрошаванда иҷро + шав+ анда мураккаб хонда истодагӣ калимаҳои ҷудогона таркибӣ иҷро шуда истодагӣ калимаҳои ҷудогона таркибӣ Сипас, бо пешниҳод намудани саволҳои тестӣ дониши хонандагонро метавонем мустаҳкам намоем.

Ба саволҳои тестӣ ҷавобҳои дуруст ёбед:

1. Ба ҷойи сенуқта сифати феълии мувофиқро гузоред.

Ҷӯянда ... аст.

a) кованда; b) гӯянда; c) бӯянда; d) ёбанда.

2. Дида, шунида, омадагӣ ва рафтагӣ чӣ гуна калимаҳоянд?

a) зарф; b) сифат; c) сифати феълӣ; d) исм.

3. Сифати феълӣ чанд замону чанд шакл дорад?

a) 2 замону 3 шакл; b) 3 замону 5 шакл; c) З замону 2 шакл; d) 2 замону 1 шакл.

4. Дар ҷумлаи зерин сифати феълиро ёбед.

Каси аз дар бароянда як каси қадпаст будааст. (С.А.) a) кас; b) будааст; c) бароянда; d) аз дар.

Бо ибораҳои зерини сифати феълидор ҷумлаҳо тартиб диҳед: нони хӯрданӣ; гули шукуфта; ҳикояи шуниданӣ; оби рехта; мактуби навишта.

Ҳамин тавр, бо баёни сода, шарҳи мисолҳо бо мавзуъро ба шогирдон мефаҳмонем ва барои мустаҳкамтар шудани донишашон супориш медиҳем, ки мустақилона дар ҷумлаҳо аз сифати феълӣ истифода баранд.

Бибиҷон УМАРОВА –

омӯзгори забони тоҷикии

Мактаби байналмилалии

Президентӣ дар шаҳри Душанбе

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2