ШАКЛИ МУАЙЯНӢ ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Артикл вазифаҳои гуногуни грамматикӣ дорад, аз ҷумла: Артикл калимаи фаронсавӣ буда, а) Он ифодаи грамматикии калимаи маънояш “ҳисса” ё “қисм” мебошад.
мустақилмаъно – аломати исм аст. Илова Артиклҳо ба ҳамаи забонҳо хос нестанд.
гардидани артикл ба калимаю шаклҳои Онҳо хоси забонҳои арабӣ, романӣ ва ғайриисмӣ онҳоро ба исм мубаддал англисӣ мебошанд. Артиклҳо муносибати мегардонад. Дар ин сурат тағйирот ба байни аъзои ҷумларо ифода намуда, вуҷуд меояд, яъне ин ё он калима таркиби шаклҳои синтаксисии забонро ташкил морфологии худро тағйир надода, ба намедиҳанд ва ҳиссаи ёрирасони забон категорияи дигар мегузарад. Масалан, дар мебошанд. Артикл категория ё забони англисӣ: play – бозӣ кун, the play –нишондиҳандаи исм буда, пеш аз он ва бозӣ. Дар забони тоҷикӣ низ ҳамин ҳолат сифат меояд.
ба назар мерасад: рақсидан – рақс, хандидан – ханда. Аммо, азбаски дар забони русӣ артикл вуҷуд надорад, ин гуна субстантиватсияи (калимаи лотинӣ буда, маънояш “исмшавӣ” аст) феъл рӯй дода наметавонад. Дар ин сурат забони русӣ ба типи морфологии калимасозӣ рӯй меоварад: обедать – обед, играть – игра.
б) Артикл категорияи грамматикии муайянӣ ва номуайянии калимаро фарқ мекунонад.
Дар забони англисӣ ду намуди артикл вуҷуд дорад:
1. Артикли номуайянӣ – indefinite article – “a, an” 2. Артикли муайянӣ – definite article – “the” Артикли номуайянӣ ду шакл дорад: “a” ва “an”. Ин артикл муайянкунандаи исм мебошад. Он дар шумораи танҳо пеш аз исми шуморидашавандае, ки предметро номбар мекунад ва онро чун намояндаи гурӯҳи ҳамон предмет тасниф мекунад, аммо онро дақиқ нишон намедиҳад, истифода мешавад. Агар исми шуморидашаванда дар шумораи танҳо бо ҳамсадо сар шавад, пеш аз он артикли номуайянии “а [ә]” ва агар исми шуморидашаванда дар шакли танҳо бо садонок сар шавад, пеш аз он артикли номуайянии “an [әn]” гузошта мешавад. Мисол: a notebook, an office, a classroom, an hour, a book, an umbrella, a student, an offer.
Умуман, маънои артикли номуайяниро чун “ягон, кадоме; як; яке аз онҳо; кадоме ки набошад; кадоме набошад” фаҳмидан мумкин аст. Аз ин сабаб, ин артикл танҳо бо исми шаклаш танҳо корбаст мешавад: a bag, a tent, a plan, an ant, an apple, an orange, an economist…
Артикли муайянии “the” ду хел талаффуз карда мешавад. Пеш аз калимаҳое, ки бо ҳарфҳои ҳамсадо оғоз мешаванд, чун “the [ðә]” ва пеш аз калимаҳое, ки бо садонок сар мешаванд, ҳамчун “the [ði]”: the company, the book, the hour, the map, the pencil... The onion, the orange, the yard, the author, the office…
Артикли муайянии “the” пеш аз исмҳои шуморидашаванда ва шумориданашаванда дар шумораи танҳо ва ҷамъ кор фармуда шуда, он исмро (предметро) аз дигар предметҳои ҳамҷинсаш ҷудо мекунад:
Give me the bag. Ҷувздонро ба ман диҳед.
Open the door. Дарро кушо.
Take the pan. Ручкаро гир. (Ҳамон ручкаро гир.) Пайдоиши артикли муайянии “the” аслан аз ишораҷонишини (он, ҳамон) мебошад ва он дар бисёр ҳолат ҳамин маъноро мегирад:
The book you give me was very interesting. – Ҳамон китобе, ки шумо ба ман дода будед, хеле шавқовар буд.
The boy helped us was my friend. – Ҳамон писаре, ки ба мо ёрӣ дода буд, дӯсти ман буд.
Артикли муайянӣ вақте истифода мешавад, ки предмет ҳам ба гӯянда ва ҳам ба шунаванда маълум бошад:
This is a car. The car is black. – Ин мошин аст. Мошин сиёҳ аст.
This is a book. The book is green. – Ин китоб аст. Китоб сабз аст.
Дар ҷумлаи аввал мо бо истифодаи артикли номуайянӣ предметро муаррифӣ кардем, дар ҷумлаи дуюм бошад, вақте ашё муайян шуд аз артикли муайянӣ истифода намудем. Дар забони англисӣ қоидаҳои махсуси артикли муайянии “the” мавҷуд аст, ки инҳоянд:
1. Пеш аз номҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла рӯд, дарё, халиҷ, ҷазира, баҳр ва уқёнус истифода мешавад: the Black Sea - баҳри Сиёҳ, the Baltic Sea - баҳри Балтик, the Thames - Темза, the Volga
- Волга, the Sahara - Саҳрои Кабир (биёбон), the Urals - Урал, the Azores - ҷазираҳои Азор, the Crimea - Қрим, the United States - Иёлоти Муттаҳида, the Euphrates - Фурот (номи дарё дар Туркия), the Mediterranean Sea - баҳри Миёназамин, the Atlantic Ocean - Уқёнуси Атлантика, the Pacific Ocean - Уқёнуси Ором, the Alps - Алп, the Oxford Road - роҳи Оксфорд, the Argentine - Аргентина.
2. Пеш аз номҳои рӯзномаву маҷаллаҳои англисӣ, осорхона, театр, кинотеатр, меҳмонхона ва киштӣ кор фармуда мешавад: the Times - (рӯзномаи) Таймс, the Sun - (рӯзномаи) Сан, the Guardian - (рӯзномаи) Гардиан, the British Museum - осорхонаи Британия, the National Gallery - галерияи миллӣ, the Lohuty (Theatre) - театри Лоҳутӣ, the Savoy (Hotel) - меҳмонхонаи Савой, the Titanic - киштии “Титаник”.
Аммо: South Africa - Африқои Ҷанубӣ, North America - Амрикои Шимолӣ артикли муайянии “the” намегиранд.
3. Пеш аз шумораҳои тартибӣ доимо артикли муайянии “the” кор фармуда мешавад:
Today is the first of September. – Имрӯз якуми сентябр аст.
Today is the eighth of January. – Имрӯз ҳаштуми январ аст.
The first lesson – дарси якум.
The six year – соли шашум.
4. Агар “the” пеш аз шумораи миқдорӣ ояд, асосан он чунин маъно мегирад: the two – ҳарду, the three – ҳар сеяш.
5. Чор қутби дунё ҳамеша бо артикли “the” меояд: the North – шимол, the South – ҷануб, the West – ғарб, the East – шарқ.
6. Калимае, ки аз рӯи мавҷудият ягона бошад, бо артикли муайянии “the” кор фармуда мешавад: the Sun – офтоб, the Moon – моҳтоб, the Earth – замин, the sky – осмон.
7. Артикли муайянии “the” пеш аз фамилия (насаб)-и одамон барои ифодаи аҳли хонавода истифода мешавад ва исм дар навбати худ, ки номи хонаводаро ифода мекунад, дар шумораи ҷамъ меояд: The Rajabovs - Раҷабовҳо (яъне Раҷабов бо оилааш), The Lavrovs - Лавровҳо (оилаи Лавровҳо), The Browns - Браунҳо (оилаи Браунҳо).
8. Номи исмҳои моддӣ (ашё) бо артикли муайянӣ ҳангоме истифода мешавад, ки сухан оид ба шумораи муайяни ашёҳои додашуда равад, асосан ҳангоми аз мазмуни ҷумла муайян аст ва гӯянда шумораи ҳамаи ашёҳоро дар назар дорад, ки он ҷо мавҷуданд: Will you pass me the salt, please? - Хоҳиш мекунам, ба ман намакро диҳед.
Муқоиса кунед:
-
Snow is white. – Барф сафед аст (барф умуман ҳамчун характеристикаи сифатӣ додашуда аст). 1) Milk is good for babies. Шир барои кӯдакони хурд муфид аст (умуман шир).
-
The snow is dirty. Барф ифлос аст (шумораи маҳдуди барф ашё ҳамин рангро дорад). 2) The milk is hot. Шир гарм аст (миқдори муайяни шири додашуда).
9. Пеш аз сифатҳои дараҷаи олӣ: the best friend – рафиқи беҳтарин, the most interesting film
– филми шавқовартарин.
Артикл дар мавридҳои зерин гузошта намешавад:
1. Пеш аз исмҳои шуморидашаванда дар шумораи ҷамъ: cats – гурбаҳо, dogs – сагҳо.
2. Пеш аз исмҳои шумориданашаванда (дар маънои умумии истилоҳ):
I do not eat bread. Do you eat bread? Ман нон намехӯрам. Ту нон мехӯрӣ?
Аммо: The bread is good. (Ин) нон бомазза аст.
3. Исмҳои хос одатан бе артикл истифода мешаванд. Артикл дар мавриди зерин истифода намешавад:
а) бо номи мамлакатҳо ва қитъаҳо: Europe - Аврупо, Asia – Осиё, Central Asia - Осиёи Миёна, Siberia – Сибир, Japan – Ҷопон.
б) бо номи шаҳрҳо: Dushanbe – Душанбе, Moscow – Маскав, London – Лондон, Washington – Вашингтон. Аммо артикли муайянӣ бо номи пойтахти Голандия (Ҳоланд) –Гаага - the Hague истифода мешавад.
в) бо номи кӯча ва майдонҳо: Kirov street - кӯчаи Киров, Mayakovsky square - майдони Маяковский.
г) бо ном ва фамилияҳо (насаб): Abraham – Иброҳим, Ann – Анна, Bob – Боб, Mary – Мерӣ, Petrov – Петров.
4. Пеш аз муроҷиат (хитоб): Mr. – ҷаноб, Mrs. – бону, Miss – хонум, Madam – хонум, Sir – ҷаноб, uncle – амак, тағо, aunt –амма, хола, mum брит., mom амер. –модар, Father –падар, Dad/Daddy – падар.
5. Пеш аз рӯзҳои ҳафта, моҳҳо, фаслҳои сол, идҳо: Days – Рӯзҳо, Monday – душанбе, Wednesday – чоршанбе, Friday – ҷумъа, Months – Моҳҳо, January – январ, March – март, September – сентябр, Seasons – Фаслҳои сол, spring – баҳор, winter – зимистон, autumn, брит., fall амер. – тирамоҳ, summer – тобистон, Holidays – идҳо, Christmas – мавлуди Исо, Easter – Пасха (иди динии яҳудиён ва насрониён).
6. Пеш аз номгӯи хӯрок: breakfast – наҳорӣ (субҳона), lunch – наҳории (субҳонаи) дуюм, ланч, dinner – хӯроки нисфирӯзӣ, supper – хӯроки бегоҳирӯзӣ.
7. Бо исмҳои маънои мафҳумдошта кор фармуда намешавад: Knowledge is power – дониш қувва аст.
8. Номҳои исмҳои ашё (моддиёт) ҳангоми онҳо миқдори муайяни ин ё он предметро ифода накарда, танҳо ягон ашёро номбар мекунанд, бе артикл истифода мешаванд. Дар ин ҳолат баён аз рӯи маъно хусусияти умумиро мегирад: I like milk – ман ширро дӯст медорам (номи предмете, ки ҳамин хел ном дорад).
9. Исмҳое, ки номи илм ва фанҳои дарсиро (таълим) ифода мекунанд, бе артикл истифода мешаванд: At the Institute we take Literature, Philosophy, History and Geography – мо дар донишкада адабиёт, фалсафа, таърих ва ҷуғрофияро меомӯзем. Ин исмҳо бе артикл истифода мешаванд, агар сифат пеш аз онҳо ба вазифаи муайянкунанда омада бошад: We take English Literature – мо адабиёти англисиро меомӯзем. He loves Russian Literature – вай адабиёти русро дӯст медорад.
Умуман, артиклҳо тарҷума намешаванд. Онҳоро дар вақти тарҷума аз рӯи вазифаашон дар ҷумла муайян мекунанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ артикли “the [ðә]” бештар ба пасоянди “ро” муродиф аст: Read the text, please – лутфан, матнро хонед. Open the book, please – лутфан, китобро кушоед.
Дар забони англисӣ як қатор ибораҳои дигар ҳастанд, ки дар исм ҳамеша бо артикли муайянӣ меояд: it is out of the question – ин аз мавзӯ берун аст, to take the trouble to do smth – ташвиш (заҳмат) кашидан, in the original –дар асл, to play the piano – пианино навохтан, on the whole – куллан, умуман, the other day – дар рӯзҳои охир, on the one hand – аз як тараф, on the other hand – аз тарафи дигар, to tell the truth – росташро гуфтан, to tell you the truth – росташро гӯям.
Дар як қатор ибораҳои дигар дар забони англисӣ исмҳо умуман бе артикл истифода мешаванд: out of doors – дар кӯча, дар берун, to take to heart –ба дил гирифтан, to take offence – ранҷидан, to give permission –иҷозат додан, at present – ҳозир, худи ҳозир, from morning till night – аз субҳ то шом, from beginning to end – аз аввал то охир, by chance – ногаҳонӣ, for hours – соатҳо, at sunrise – ҳангоми тулӯи офтоб, at sunset – ҳангоми ғуруби офтоб, at work – дар кор, for ages – хело вақт боз, муддати дуру дароз.
Эзоҳ: Артикл хоси исм аст ва он нишондиҳандаи исм ба шумор меравад: to play – бозӣ кардан, the play – бозӣ.
Артиклҳои муайянӣ ва номуайянии забони англисӣ дар бисёр маврид ба забони тоҷикӣ чунин маъно мегиранд: a book – китобе, the book –китобро.
Дар забони тоҷикӣ ҳам категорияи муайянӣ ва номуайянӣ ба воситаи калимаю ҳиссаҳои ҷудогона ифода мегарданд, ба монанди: як, яке, ягон ва суффикси номуайянии “–е” ва ишораҷонишини ин, он, ҳамин, ҳамон.
Дар забони русӣ, ки артикл вуҷуд надорад, ин гуна маънои грамматикӣ бо калимаи ёридиҳандаи як – один ва ба воситаи интонатсия ифода меёбад.
Артиклҳо дар шумораи ҷамъ ва танҳо фарқ мекунанд. Масалан, дар забони англисӣ артикли номуайянии “a (an)” танҳо бо исмҳои шумораи танҳо истифода бурда мешаванд. Дар шумораи ҷамъ артикл партофта шуда, ба исм суффикси “–s, –es” ҳамроҳ карда мешавад. Мисол: a pan – pens, a book –books, a fox –foxes, a bus –buses.
Артикли муайянии “the” бошад, бо исмҳои шакли ҷамъ ва танҳо низ истифода мешавад: The pen is red. The pens are red.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё