Зеҳн

НАҚШИ ХАДАМОТИ МЕТОДӢ ДАР РУШДИ КАСБИЯТИ ОМӮЗГОР

БА
Барномасоз21 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ҳангоми банақшагирии кори коллективи педагогӣ дар соли таҳсили нав, рушди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои таълиму тарбия мавқеи хадамоти методӣ, бахусус, фаъолияти шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ ба инобат гирифта мешавад.

Мутасаддиёни хадамоти методии муассисаҳои таълимӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба кори инноватсионӣ-методӣ ба тартиб дароварда, вазифаҳои фаъолияти хадамоти методиро дар соли ҷорӣ амалӣ мегардонанд.

Дар тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаи кори методӣ, баровардани анкета ё пурсишномаи методӣ тавсияҳо пешниҳод карда, ба омӯзгорон дар бораи навигариҳои адабиёти педагогӣ маълумот дода, дар тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони навовар саҳм мегиранд. Аъзои хадамоти методӣ ба омӯзгорони навкору ҷавон маслиҳати методӣ медиҳанд, корҳои ҳаррӯзаи методии инфиродӣ мебаранд, дар бораи гузаронидани дарси ҳозиразамон ба онҳо кумак мерасонанд. Натиҷаи ҷаласаи иттиҳодияи методиро ба маълумоти коллективи педагогӣ мерасонанд. Агар фаъолияти иттиҳодияи методӣ дар асоси талаботи зер ба роҳ монда шавад, натиҷаи хуб медиҳад:

1. Омӯзишу таҳлили ҳолати таълим ва сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малака, дараҷаи илмӣ, тарбияи ахлоқӣ ва меҳнатӣ (иштирок дар дарсҳо ва таҳлили ҳадафмандонаи онҳо, чорабиниҳои беруназсинфӣ, омӯзиши иҷрои барномаҳои таълимӣ, истифодаи имкониятҳои тарбиявии фанҳои таълимӣ, гузаронидани корҳои назоратӣ ва таҳлили онҳо, тафтиши дафтарҳои хонандагон ва ғайра); 2. Омӯзиши раванди кори омӯзгор - сифати дарсҳо, иҷрои талабот ба дарси ҳозиразамон, шиносоӣ ҷиҳати банақшагирии самараноки методҳои таълим, ки омӯзгор истифода мебарад; 3. Ҷорӣ намудани методҳои пешқадами таълим ва тарбия; 4. Омӯзишу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони ноҳия (шаҳр), ҷумҳурӣ ва эҷодкорона истифода бурдани он дар раванди кори худ; 5. Кор карда баромадани масъалаҳои душвори таълиму тадрис, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва дар ин самт расондани ёрии амалӣ ба омӯзгорону хонандагон; 6.

Бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ кор карда баромадани рушди малакаҳои инкишофи нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ, луғатомӯзӣ, забондонии онҳо; 7.Усулҳои истифодаи воситаҳои таҷҳизоти муосири техникӣ ва ташкили корҳои беруназсинфӣ; 8.Иштирок дар дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ, дарсҳои кушод бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ; 9. Назорат ва расондани ёрии амалӣ ба омӯзгорон оид ба худомӯзии онҳо, (ҳисоботи омӯзгорон бо пешниҳоди рефератҳо, шарҳи баъзе мақолаҳои методии нашрияҳои соҳавӣ, шиносоии онҳо бо мактубҳои тавсиявӣметодӣ); 10. Бо маводи зарурӣ таъмин намудани гӯшаҳои кабинети методӣ.

Дар ҳар як ҷаласаи навбатии иттиҳодияи методӣ тавсияҳое, ки барои амалӣ гардидани нақшаи тасдиқшуда ба омӯзгор супорида шуда буданд, дида баромада мешаванд. Чунончи, дар ҷаласаи якум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

1. Вазъи таълиму тарбия ва сифати дониш, маҳорату малакаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар соли таҳсили гузашта ва вазифаҳои иттиҳодияи методӣ дар соли таҳсили ҷадид; 2. Ҷамъбасти кори иттиҳодияҳои методӣ бо назардошти ҳалли мушкилоти умумимактабӣ; 3. Шинос намудан бо мактубҳои дастурӣ-методӣ; 4. Омӯзиш ва таҳлили нақшаи кори иттиҳодияҳои методӣ оид ба худомӯзии омӯзгорон.

Роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ баҳри таъсиси иттиҳодияи методии беҳтарин, гӯшаҳои методии ба талаботи замон ҷавобгӯй бояд диққати махсус диҳанд, ҳамаи ҳуҷҷату барномаҳо, адабиёти зарурӣ ва дигар имкониятҳои заруриро барои омӯзгорон таъмин намоянд, аз ҷумла: барномаҳои таълимӣ, мактубҳои дастурӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ барои фанҳо, маҷаллаҳои методӣ, рӯйхати адабиёт оид ба назария ва методикаи фанҳои таълимӣ, рӯйхати асбобҳои аёнӣ, феҳристи филмҳо, китобҳо ва мақолаҳои дар маҷаллаҳо чопшуда ва дигар масъалаҳои ҳалталаби мушкилоти раванди таълиму тарбия; маҷмуи супоришҳо барои корҳои мустақилонаи назоратӣ ва санҷишҳои маъмурӣ, маводи дидактикӣ; гӯша-овезаҳои асбобҳои аёнии омӯзгорон ва хонандагонро тайёр карда, корҳои беҳтарини эҷодии омӯзгорону хонандагон, намунаи дафтарҳои беҳтарин ва рӯзномаҳои шогирдон; навори дарсҳои беҳтарин, диску фитта, маърӯзаю лексияҳо; намунаи нақшаҳои тақвимӣ ва дарсӣ, беҳтарин нақшаи кори роҳбари синф ва мураббӣ; маводи ҷамъбастӣ аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва мураббиёни беҳтарин (дастуру мақолаҳо, албом, ҷузвдон, гӯшаю буклет, овезаҳо ва ғайра); мавод аз натиҷаи кори омӯзгорони муассисаи таълимӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа (баромаду маърӯзаҳо ва лексияҳо барои падару модарон, протоколҳои ҷаласаи волидайн); маърӯзаҳои омӯзгорон дар иттиҳодияҳои методӣ, Шӯрои методӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, хонишҳои педагогӣ, маводи омӯзишӣ, таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз натиҷаи кори эҷодии омӯзгорони навовару эҷодкор.

Иштирок ва таҳлили дарсҳо, назорати машғулиятҳои беруназсинфӣ, кумаки методӣ ба омӯзгорон аз шаклҳои асосии кори шӯро ва иттиҳодияи методӣ ба ҳисоб меравад. Яъне маъмурият, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ бояд пайваста дар дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфии якдигар иштирок карда, аз он хулосаи даркорӣ бароранд ва тавсияҳои зарурии методӣ диҳанд. Ҷамъбасти саривақтии корҳои методӣ, дар давоми соли таҳсил ё дар ду сол як маротиба гузарондани хонишҳои педагогии мактабӣ ё конференсияи илмӣ-амалӣ самти асосии фаъолияти раиси Шӯрои методӣ мебошад. Дар онҳо маърӯзаҳо ва иттилои муҳиме, ки омӯзгорон, роҳбарони синфҳо, мураббиён тайёр кардаанд, шунида мешаванду тавсияҳо оид ба такмилу рушди раванди таълиму тарбия, омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ тавсияю дастурҳо дода мешаванд. Ҳангоми хонишҳои педагогӣ ва конференсияҳои илмӣ -амалӣ ҳатман намоиши дастовардҳои муассиса ва омӯзгорони алоҳидаро ташкил кардан зарур аст. Махсусан, маъмурияти муассиса, роҳбарони иттиҳодияи методӣ ба мутахассисони ҷавон, ки нав ба фаъолияти педагогӣ сар кардаанд, бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. Зарур аст, ки ҷиҳати босифат гузаронидани давраи коромӯзии мутахассиси ҷавон, дар рушди маҳорати касбӣ, малака ва маҳорати педагогӣ ба онҳо кумаки холисона расонанд. Маъмурияти муассисаи таълимӣ ба мутахассисони ҷавон ва омӯзгороне, ки тавсия гирифтаанд, ёрии инфиродӣ расонда, метавонад онҳоро бо фармоиши худ ба ҳайси коромӯз ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста намояд. Ин самти кор дар намуди иштирок дар дарсҳои якдигар ва таҳлили судманди он, банақшагирии якҷояи дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ, истифодаи муносибати босалоҳият ба дарс, ба роҳ мондани усули ҳамкорӣ (интерактивӣ), ташкили кори гурӯҳӣ, кор карда баромадани нақшаи худомӯзӣ ва ғайра амалӣ мегардад.

Қисми ҷудонашавандаи кори методӣ дар муассисаи таълимӣ, дарёфт, омӯзиш, ҷамъбаст, паҳн кардан ва дар амал тадбиқ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, ҷаласаи иттиҳодияҳои методӣ дар ду моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Роҳбарии умумӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ ба зиммаи директори муассиса гузошта мешавад. Сарвари мактаб бояд дар самти баланд бардоштани дараҷаи илмӣ-методӣ ва баланд бардоштани савияи касбии кадрҳои педагогӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Ташкили корҳои методӣ ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои таълим гузошта шудааст. Вай масъули бевоситаи банақшагирии корҳои методӣ буда, вазифаҳои роҳбарони иттиҳодияи методиро муайян ва нақшаи кори онҳоро меомӯзад, барои беҳтар таҳия намудани нақшаҳои корияшон тавсияҳо медиҳад, иҷрои нақшаро зери назорат мегирад, дар ҷаласаи онҳо иштирок карда, маслиҳату тавсияҳо медиҳад, фаъолияти иттиҳодияи методиро ба танзим медарорад.

Хуллас, хадамоти методӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгор ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим нақши муҳим дорад.

М. БУРҲОНОВ,

Б. ҲАЙДАРОВ –

мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии

таълимию методӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2