ФАРИШТАИ ҲАЁТ
Як сол пеш, маҳз дар ҳамин айём илҳоми ҳама баробари садои шеъри Озар дар сифоти модар ба ҷӯш омад. Бубинем, ки иддаои шоирон баҳри фаришта будан ё набудани модар то куҷост.
Озар мегӯяд:
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
… Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд, Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.
Ин шеъри Озар ба гимн табдил ёфт, гимни мардум дар васфи модар. Илҳоми Ниҳонӣ то ҷое сар зад, ки фикри дуюми Озарро дар бораи “болу пар надоштанаш” инкор мекунад. Чӣ тасвире:
Модар фаришта буд, кӣ гуфто, ки пар надошт, Фарзанд буд болу параш, худ хабар надошт.
Даъвои шоириву мунаққидӣ надорам, аммо ин ҳам гапи андак нест. Мухаммасе, ки Мафтун бар ғазали Озар офарид, аслан аз Озар ҷонибдорӣ мекунад, бо тавзеҳе, ки бо набудани модар “ҷаҳон зебу фар надорад”:
Модар агар набуд, ҷаҳон зебу фар надошт, Ин шоми зиндагонии мо як саҳар надошт, Нахли умеди мо самару шоху бар надошт.
“Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.” Наргиси Муродалӣ ба бузургии модар аз фариштаву ҳур бартарӣ додааст ва қотеонаву баҷуръатона назари ҳамқаламони худро инкор мекунад:
Модар на фаришта аст, на ҳур аст,
Андар назарам зи ҳарду зӯр аст...
Озарахш гӯё дар тақвияти таъкиди Наргис бошад, ки мегӯяд:
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост, Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост.
Мо чӣ гӯем? Модар воқеан ва дақиқан фаришта буд ва ҳаст!
Саидаи ФАЗЛ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё