НАВРӮЗИ ВАҲДАТ
Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад.
Ҷангу муқовиматҳои дохилӣ идома доштанду мардуми азиятдида дар талабу ҷустуҷӯи пораи нон худро ба ҳар кӯю дар мезад. Садои нолаю фиғон аз хонаҳое, ки дар ин даргириҳои комилан бемаънӣ шахси наздиктарини худ, ба масал, фарзанд ё падарашонро аз даст дода буданд, ба фалак дакка мехӯрд.
Ҳар рӯз, шуруъ аз субҳ хабару овозаҳои ваҳмовару даҳшатангез дар кӯчаю маҳаллаҳо ва шаҳру рустоҳо густариш меёфтанд. Муҳите ба зуҳур омада буд хатарзою навмедкунанда. Ҳама, аз навраси мактабхону донишҷӯ то пири солхӯрда ва пиразанон, дар баҳри хаёлҳои бесарунӯги ғамзо ғарқ гардида, аз худ мепурсиданд, ки ояндаи кишвари замоне мардумаш хирадманду фарзона ва меҳмоннавоз чӣ мешуда бошад?
Вазъият рӯз ба рӯз сангинтару мураккабтар гардида, талаю тороҷи хонаҳои одамон ва таъқибу қасосгирии якдигарӣ ба авҷи аълояш мерасид. Сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ дар вилояти онвақтаи Қӯрғонтеппа аз тарс ва бераҳмиҳои гӯшношуниди яроқдорон роҳи наҷоту растагориро дар фирор аз зодгоҳи хеш донистанд. Ҳамин тариқ, мардуми зиёде хонаю дар, молу мулк ва чорвои худро партофта, фарзандонашонро ҳамроҳ гирифта, рӯ ба ғурбат ниҳоданд.
Шоҳидон имрӯз бадард нақл мекунанд, ки ҳангоми убури дарё бисёр одамон, аз ҷумла, пирону кӯдакон ба мавҷҳои пурситезу хурӯшон дучор гардида, бо чаппа шудани қаиқу амадҳо ғарқ гардиданд. Дар он соҳил, дар сарзамини Афғонистон хаймаҳои фирориёни тоҷик пайдо шуданд.
Зиндагии занону кӯдакон ва дар маҷмӯъ, мӯйсафедону ҷавонон ба сахтӣ ва азобҳои гӯшношунид мегузашт. Аз гуруснагӣ ва сардиҳои тоқатрабои фасли зимистон одамон ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шуда, ҷон ба ҷаббор месупориданд. Бештар кӯдакону тифлон бо марг рӯ ба рӯ гардида, тарки олам мегуфтанд. Модари тоҷик ашк дар бари рухсор, тифли гурусна дар оғӯш, бо дили хунбор чашми ҳасрат аз он марз ба соҳили азизу ошно хоки Тоҷикистони ба ҷон баробар медӯхт. Ва ҳазорон алам дар дил аз худ мепурсид, ки оё рӯзе мерасида бошад, ки дубора ба сарзамини ёду хотираҳои ширин, зодгоҳи азизаш, он ҷое, ки хуни нофи фарзандонаш рехтааст, қадам мегузорад? Оё Худованд ӯву фарзандонаш ва ҷумла фирориёни ғурбатзадаро ба он рӯзҳои фараҳбахш мушарраф мегардонда бошад? Ва Худованд оҳи мардуми ҷафокашидаро гӯё шуниду ҷавонмарди матиниродаю ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон инони ҳукумату давлатдориро ба даст гирифт.
Вале то ин дам…
Одамон тамоми хушиҳою зебоиҳои зиндагиро аз ёд бароварда, фикру хаёлашон дар меҳвари як орзуву ҳадаф мечархид: луқмаи нон ёфтану зинда мондан. Зимистони қаҳратунро пушти сар кардану ба баҳори сабзу шукуфо расидан. Аммо ҳеҷ нафаре дамидани сабзаҳои дашту саҳро, пудинаву себаргаҳои лаби ҷӯ, шукуфтану рақсидани гулҳои лолаву бойчечак, наргису савсан, садбаргу бунафшаро пай намебурд. Баромадани тирукамони ҳафтрангро пас аз боридани боронҳои найсон намедиданд, чун чашмашонро пардаи тирагуни ғами бепоён фаро гирифта буд.
Дигар Наврӯзи фархундапайю хуҷистафол аз хотирҳо фаромӯш шуда, одамон субҳи худро бо оҳу нола ба шом мерасонданд. Дурахши офтоб, хурӯши оби рӯдҳо, парвози селаи мурғони ҳаво, сабз гардидани ниҳолону дарахтон, аз гул ба гуле нишастану шаҳд чидани орую шапалакҳо ва навои чашмасорону таронаи обшорон аслан барои мардум бетафовут ва бегона ҷилва мекарданд. Атри гулҳо кайҳо аз димоғҳо рафта буд. Садои турнаҳоро овози сарду дилрешкунандаи тири камонҳо пахш карда, андешаю хаёлҳои нишотангез ба мӯяву навҳаи андуҳзо мубаддал гардида буд.
Дар ҳамин ҳол…
Фарзанди баруманди диёр, инсони хоксору муҳиб ва мушфиқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳимматро сахт баста, ба сарвақти мардуми азалияткашидаи тоҷик расид. Гурӯҳҳои ҷангҷӯю муқовиматситезро сари як пиёла чой хонда, аввалқадам барои эҳёи Тоҷикистони озод, фазои боамну рифоҳ ва зиндагии саодатмандонаи мардум саъю талоши ҷиддиро пеш гирифт.
Муҳимтарин вазифа, ки масъулияту рисолати виҷдонию имониро талаб мекард, ба Ватан баргардонидани занону мардон ва кӯдакону мӯйсафедони фирорӣ маҳсуб меёфт. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қарзи фарзандиро дар назди таърих сарафрозона иҷро кард.
Баъдан баҳри рушду пешрафти мамлакати ҷангзада неруҳои мухолифинро ба музокира ва суҳбат баҳри сулҳу субот ва оромию тинҷии кишвар даъват намуд Сарвари кишвар. Баъд аз гуфтушунидҳои бешумор, оқибат 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳу истиқрор ва оштии миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба тасвиб расид, ки дар таърихи кишвар барои минбаъд бо номи Рӯзи Ваҳдат машҳур гардид.
Инак, аз он рӯзи фараҳфизою суруромез 25 сол сипарӣ мегардад. 25 соли талошҳову заҳматҳо, бунёдкориҳо, созандагӣ ва дастоварду музаффариятҳо, ки он ҳама маҳз дар заминаи сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонида мешаванд. Тӯли ин солҳо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои тасаввурнопазир ба амал омаданд.
Танҳо дар соҳаи маориф дар тӯли ин солҳо зиёда аз 2000 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар бораи дигар комёбиҳо метавон соатҳои тӯлонӣ ҳарф зад, ки он ҳама ба ҳар як сокини мамлакат маълум аст.
…Боз баҳор меояд. Акнун мардуми шарифу сарбаланд ва заҳматкаши тоҷик худ ба пешвози ҷашни фархундаи Наврӯз гомҳои устувор мегузорад. Олам сабз, дилҳо пурнуру зиё, шодию фараҳ фаро гирифта ҳамагонро.
Дар зери офтоби ваҳдат, дар фазои сулҳу озодӣ ба истиқболи Наврӯз мешитобанд мардум.
Мешитобанду мегӯянд:
- Зиҳӣ Ваҳдат, зиҳӣ Сулҳу Амонӣ!!!
- Зиҳӣ Наврӯзи хуҷастапай!
- Зиҳӣ Наврӯзи Ваҳдат дар сарзамини шукуфону сарсабзи Тоҷикистон!
Бобобек РАҶАБОВ –
омӯзгори мактаби №51,
ноҳияи Рӯдакӣ
Олам ҳама хандон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ҷон дар бағали ҷон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ёре бари ёр омад, ду кабк қатор омад,
Андуҳ гурезон шуд, Наврӯз муборак бод!
Ҳақназар ҒОИБ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё