ҲАМРАЪЙӢ – ҲАМБАСТАГӢ – ПОЯНДАГӢ
Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамасола дар кишвар 11 март таҷлил мегардад. Ин рӯз ба хотири нашри нахустини “Бухорои шариф”, ки аввалин рӯзномаи форсӣ-тоҷикӣ буда, маҳз бо кӯшишу талоши маорифпарварони Бухоро 11 марти соли 1912 нашр гардид, ҷашн гирифта мешавад. Рӯзномаи “Бухорои Шариф” минбари маорифпарварони тоҷик буд, ки хонандагони худро аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни адабӣ, ҷуғрофӣ, таърихӣ ва ғайра огоҳ мекард.
Ба ибораи устод Садриддин Айнӣ: “Бухорои Шариф” дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва 11 марти соли равон бо огаҳию худшиносӣ бурд”. Муҳаққиқон таъкид бар ташаббуси Вазорати фарҳанги ин доранд, ки ин нашрия барои вориди майдони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот гардидан ва фаъолият намудани Осорхонаи миллии Тоҷикистон нашрияҳои тоҷикии “Шуълаи инқилоб”, “Овози бахшида ба 110 - солагии Рӯзи тоҷик” ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина матбуоти тоҷик барномаи фарҳангӣ гузошт. Аммо худи “Бухорои шариф” як соли пурра доир гардид, ки дар он мушовири ҳам фаъолият накард ва 2 январи соли 1913 аз бахши ёрдамчии Президенти фаъолият боздошта шуд. Соли равон ба таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи мазкур 110 сол пур шуд. Пас аз масъалаҳои рушди ишҷтимоӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, соли 1994 Парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро вазири фарҳанги Ҷумҳурии расман Рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард, ки аз Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ҷониби намояндагони ВАО ҳамасола таҷлил муовини вазири маориф ва илми мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, намояндагони вазорату идораҳои марбута, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг дидан намуданд. Чорабинӣ дар толори Осорхонаи миллӣ бо намоиши суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути видеопроектор оғоз гардид.
Шуҳрат Азиззода зимни суханронии табрикотии худ аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, доир ба пешрафту дастовардҳои матбуоти тоҷик дар замони Истиқлол ибрози андеша намуд. Номбурда доир ба заминаҳои ҳуқуқиву воқеии фаъолияти матбуот, санадҳои меъёрии дахлдор, рисолати намояндагони ВАО ва фаъолияти онҳо ҳарф зад.
Сипас, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода таъкид намуд: “Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳиссаи матбуоти даврии давлатӣ 25% ва ҳиссаи матбуоти даврии мустақил 75%-po ташкил медиҳад. Яъне, ин воқеият баёнгари таъмини озодии баён, ҳуқуқи озодонаи ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор ва изҳори ақида дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи матбуоти Тоҷикистон бо тақозои воқеияти нави таърихӣ ташаккулу такомул ёфта, рушду нумуъ кард. Муҳимтарин дастоварди даврони Истиқлол, муҳайё шудани заминаҳои ҳуқуқӣ ва воқеии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар мамлакат мебошад”.
Хайринисо Юсуфӣ дар паёми шодбошии худ ба нақши намояндагони матбуот дар 30 соли Истиқлол баҳои баланд дода, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуотро аз воситаҳои таъсиррасон ба афкори умум, саҳми онро дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар мавзуи “Чаро меъёрҳои ахлоқи касбӣ ҳоло муҳимтар шудаанд?” маъруза намуда, матбуоти имрӯзиро матбуоти миллӣ унвон кард.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова доир ба “Ояндаи журналистика:
меъёрҳои куҳна ва малакаҳои нав” суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ тақдими мукофотҳои пулӣ, ҷоизаву унвонҳои таъсиснамудаи вазорату идораҳо ба ғолибони озмунҳо ва собиқадорони соҳа дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Вазорати фарҳанг заҳмати рӯзноманигоронро қардрдонӣ намуда, ҳар сол дар рӯзи иди касбиашон онҳоро бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз мегардонад. Имсол низ як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ гардиданд. Инчунин, Вазорати фарҳанг собиқадорони соҳа ва фаъолони расонаҳоро бо мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд. Сипас, аз тарафи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон ҷоизаҳо ба рӯзноманигорон тақдим карда шуданд. Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолони соҳаро бо нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон”, Сипоснома ва Ифтихорномаи вазорат сарфароз намуд. Инчунин, мукофотҳои пулӣ ба донишҷӯёни ятими факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” тақдим шуд.
Ҳамзамон, ғолибони ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода иттилоъ дод, ки барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2021 сиву ду довталаб маводи худро пешниҳод намуданд. Аъзои Кумитаи ҷоизаҳои ИЖТ аз байни онҳо Саида Набизода, Муҳаммадӣ Муқимов (Ҷовид Муқим), Шоҳона Одиназода, Нематулло Мирсаидов, Саидмурод Суғдмеҳр, Қурбоналӣ Раҳмонзода, Шотолиб Шоҳқосимов, Ҷумъахон Сайдалиев, Аҳлиддини Тоҳир ва Саидмурод Раҳимовро ба ин Ҷоиза арзанда эълон карда, ба ғолибон шаҳодатномаи Ҷоиза, нишони Ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло Саъдуллоев – «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» дар соли 2021 ба нашрияи «Хатлон» супорида шуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ аз заҳмати ҳамкасбон дар муборизаҳои иттилоотӣ, бо пешниҳоди шифоҳии масъулони Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО ва Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ба чанд нафар фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Чорабинии идона бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик бо тамошои намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хотима ёфт.
Санҷар АМРИЕВ – рӯзноманигор
Дафтару шеъру қалам пайванди зоти тоҷик аст,
Шаҳкитоби нангу номус илтифоти тоҷик аст.
Шаҳсутуни ғояи милливу боми эътимод
Дар дилу дар дидаи мо матбуоти тоҷик аст!
Давлат САФАР
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё