АГАР ЗАН ҲАСТ, ДУНЁ БАРДАВОМ АСТ
(Намунаи машғулияти тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи модарон)
Таҷлили Рӯзи модарон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Зарурати таҷлили ин сана дар муқоиса бештар эҳсос мегардад, чун модар, ба қавле, “сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт” аст. Намунаи як соати тарбиявӣ доир ба ин мавзуъ пешниҳоди омӯзгорони ҷавон мегардад.
Мавзуъ: Зан – сарчашмаи маърифат.
Мақсади дарс: тарбияи шогирдон дар рӯҳияи эҳтиром ба зан-модар, худшиносии миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тафаккури онҳо ва ҷалби хонандагон ба ватандӯстиву ватанпарварӣ ва моҳияти он.
Ҷойи баргузорӣ: синфхонаи №28 бо иштироки хонандагони синфи 11 Ашёи аёнӣ: Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гулҳои баҳорӣ, гулдузӣ ва зардевориҳо ва дигар расму овезаҳо.
Равиши дарс: Сухани муқаддимавӣ (роҳбари синф Зумратов А.Х.). Дарси имрӯзаи мо дар айёме баргузор мегардад, ки ба кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад.
Шумо хуб медонед, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи шумо гулдухтарони зебо, кулли модарон ва занону духтарони иззатманди мактабамонро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамаи хонандагон месароянд:
Агар зан нест, мардон нимҷонанд, Агар зан нест, мардон бенишонанд.
Агар зан нест, пас ҳусни ҷаҳон нест, Агар зан нест, нақши ҷисму ҷон нест.
Агар зан нест, пайғоми дигар нест, Агар зан нест, хушноми дигар нест. (Нурмуҳаммад Ниёзӣ) Пахши суруди «Модар»-и Билол Воҳид тавассути тахтаи электронӣ.
Рамзия Зиёзода: – Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад, зеро зан
– модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.
Аминҷон Мӯсоев: – Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниро басе хуб таъкид кардаанд: «Танҳо зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст!». Ниёгони мо низ дар осори гаронбаҳои худ занро ҳамчун олиҳаи ҳусн, соҳибмаърифат ва оқилу хирадманд тасвир намудаанд.
Мафтуна Камолова: – Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маъсумӣ, имдодгарӣ дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ ва нур дар дили сиёҳи шаб. Модар чашмаи шафқат, саховат ва муқаддимаи ҳаловату осоиш аст. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат ва нармтар аз дили модар чизе нест.
Абубакр Шамсиддинов: – Аз бузургии зан-модар он чиз шаҳодат медиҳад, ки ҳар сол дар Рӯзи модар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувони ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор менамоянд. Дар рӯзи 8-уми март онҳоро табрик мекунанд. Бо Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад.
Муниса Маҳмадалиева: – Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд… Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад.
Ҳар фарзанде,ки қимати модарро медонад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Ҳамаи хонандагон месароянд:
Агар зан ҳаст, пас гаҳвора ҳам ҳаст,
Дар он гаҳвора худ сайёра ҳам ҳаст.
Агар зан нест, пурғам зиндагонист,
Агар зан ҳаст, дил пур аз ҷавонист.
Агар зан нест, дунё ҳам тамом аст,
Агар зан ҳаст, дунё бардавом аст. (Нурмуҳаммад Ниёзӣ) Пахши суруди «Алла»-и Мастона Эргашева тавассути тахтаи электронӣ.
Муҳаммадҷон Давлатов: – Модар! Оре, модар аст мунису аниси ҳамешагии мо, ӯ ягона касест, ки моро ба ҳама гуноҳу хатоҳоямон дӯст медораду мепарварад, ҳамеша моро мебахшаду азиз медорад.
Шабнам Ашӯрова: – Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар.
Иброҳим Иброҳимзода: – Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.
Файзиддин Бобоев: – Нақши зан дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо, ҳифзи саломатии модарону хоҳарон, иштироки занон дар бунёди тарзи солими ҳаёт, аз ҷониби давлат дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфтани ҳуқуқи умумибашарии зани тоҷик, дар вазифаҳои роҳбарӣ кор ва фаъолият кардани онҳо имрӯзҳо равшан ба чашм мерасад.
Муҳаммадҷон Сияров: – Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Қироати таронаи «Ёди Модар» дар иҷрои хонандагон:
Мавзуна Шарифова: – Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳоӣ чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯшам мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям, то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам, сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ, модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил аст дурӣ аз ту, туро ёд кардам.
Дилноза Ҳошимова: – Биё, модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё, ки ман бо ту рози дил бигӯям. Эй раҳмати Худованд, ту бузургтарин шахси ҳаётӣ, зеро бо ин ҳама бузургӣ маро пиҳил кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидӣ, ҷӯйи ширатро аз ман дареғ надоштӣ. Туро ёд кардам, модар, ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯйи хушат ҷаҳон муаттар аст.
Мадина Назарзода: – Бисёр занонро медонем, ки ба корнамоии худ ном баровардаанд. Ба мисли Валентина Терешкова – аввалин зани кайҳоннавард, Индира Ганди – раҳбари давлати Ҳиндустон, Беназир Бҳутто – собиқ сарвазири Покистон, аз ҷумҳурии мо Зебуниссо Рустамова – чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Озод Аминзода, Гулрухсор Сафиева ва садҳо шоираи дигарро медонем, ки бо эҷодиёти баланди худ ба дилҳо роҳ ёфтаанд, чароғи хонадонро равшан нигоҳ медоранд, ба хонадон гармӣ ато мекунанд.
Самариддин Шукуров: – Зан нигаҳдорандаи чароғи равшани хонадон буда, бо ҳастии худ ҷаҳони тозаеро мекушояд. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занонро ҳамеша баланд мебардорад. Онҳо дар ҳамаи сохторҳои идоракунии давлат фаъолона иштирок намуда, баробари мардон қадам мезананд, дар ҳамаи корҳо фаъоланд. Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки занҳо бо ҳастии худ на танҳо чароғи хонадон, балки тақдирҷунбони дунё низ ҳастанд. Онҳо бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонанд.
Комила Ҳошимова: – Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон – модарон ҷонашонро дар кафи даст гирифта, ватанашонро ҳимоя намуданд. Аксари занон дар ҷанг нақши ҳамшираи шафқатро иҷро менамуданд ва қаҳрамониҳои зиёде нишон доданд. Маҷрӯҳонро аз дами марг наҷот доданд, бо лафзи ширини худ дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намуда, умеди онҳоро ба фардои нек дубора зинда намуданд.
Амирҷон Юсуфов: – Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Омина Азимова: – Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост.
Ҳамаи хонандагон месароянд:
Дар ҳавои ҳиммати ҳар зан ҳумои модар аст, Дар сафои сифати ҳар зан санои хоҳар аст.
Дар ниҳоди зинати ҳар зан ҷилои зиндагӣ,
Дар зиёи дилкаши ҳар зан лиқои дилбар аст. (Нуриддини Садриддин) Азиза Қаюмова: – Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки абармардони олам, шоҳон, шоирон ва олимон машҳури сайёра назди модар сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири тавонои миллат, шодравон Лоиқ Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба Замин монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст:
Ту монанди Замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди Замин яктоӣ, модар.
Шаҳром Ватанзода: – Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё - фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.
Динора Оймаҳмадова: – Модар фариштаи ишқ аст, зеро бо меҳрубониву навозишҳояш дар дили мо меҳру муҳаббату ишқро ҷо кардааст. Дӯст доштану ҷонфидо буданро аз модар омӯхтаем. Қудрати меҳру муҳаббат ва бахшандагии модарро бо чашми хеш дидаву дар вуҷуди худ эҳсос намудаем. Агар Худо накарда ранҷе ба ҷонамон асар кунад, хуни дил хӯрдани модарро дида, ба қадри азизони худ расиданро меомӯзем.
Муҳаммадсаид Нидоев: – Агар панду дуои модар набуд, дар ин роҳи пурпечутоби зиндагӣ яқинан раҳгум мезадем. Агар олими заминем, агар қаҳрамонем, агар марди майдону Рустами замонем – ҳама аз баракати дасту дуои модар аст.
Манучеҳр Турдиев: – Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин, барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард.
Қироати шеъри Неъмати Оташ «Эй зан, эй зани тоҷик» дар иҷрои хонандагон.
Хубу дилрабо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик, Чашмаи сафо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Аз таҷаллии рӯят нур дар дилам ҷорист,
Шамси пурзиё ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Хуштаронаву хушгил, ҳар куҷо ба ҳар маҳфил, Ту тарабфизо ҳастӣ, эй зан, эй зани тоҷик.
Умедҷон Азизов: – Модар! Бароям хуршеди анвору моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболӣ ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст.
Муниса Анварова: – Модар, номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Дар оғӯшат тамоми оламро фаромӯш мекунанд. Худро мисли кӯдаки навзод ҳис мекунанд. Мехоҳанд дар оғӯши модар тамоми талхиву ширинии оламро фаромӯш кунанд. Ҳар кас симои меҳрубононаи модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар ва сарбаландии ӯ бошад.
Меҳрдод Солеҳов: – Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст. Эй офтоби нозанини зиндагӣ, ҳамеша дурахшон бимон. Идат муборак, модарҷон!
Нуриддин Довудов: – Аз ту, очаҷонам, бобати тамоми азиятҳои бачагӣ маъзарат мехоҳам.
Умедворам, қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гиламанд набошад, ман ҳамеша хушбахт бошам. Зеботарин ва поктарин қалбро дориву ман ҳанӯз натавонистаам заррае аз ранҷҳоеро, ки аз барои ман кашидаӣ, ҷуброн кунам. Дӯстат дорам, то абад! Идат муборак, модарам.
Хушнуд Шарифов: – Фариштаҳои осмонӣ дар муқобили хубиҳои ту сари таъзим фуруд хоҳанд овард, зеро ту яке аз онҳоӣ. Рӯзи Модарро бароят аз самими қалб табрик мегӯям.
Аниса Иззатова: – Модарам, ту ягона мунису меҳрубонам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андуҳ, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат нигоҳубинам кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.
Ансорӣ Камолзода: – Он ҳама қасидаву достонҳое, ки дар васфи мӯйи мушкину лабони чун ангубини зан суруда шудаанд, ба шаҳди як сухани ширин баробар намешаванд. Наққошони чирадасти дунё тавони инъикоси кони ҳусну малоҳати туро надоранд. Ту бузургӣ, модар ва бузургони ҷаҳон наздат сари таъзим фуруд меоранд, зеро ту ягона муттакои бовафоӣ.
Пахши суруди «Иди Занон, Иди шумо, модарон»-и Ш.Ниёзӣ тавассути тахтаи электронӣ.
Азизбек ЗУМРАТОВ –
омӯзгори химияи литсейи №3
барои хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё