Зеҳн

ҒУРУБИ АХТАРИ ПУРФУРӮҒ

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

6-уми феврали соли равон Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад (Мирзоматов) дар 69-солагӣ тарки ин ҷаҳон кард. Инсоне ба маънои том, Инсоне бо дилу рӯҳи бузург, инсоне бо замири пок, инсоне ба ин сон фаросату маърифату заковату ҷасорат тарки ин дунё кард.

Мулоқоти ҳар нафсеву тане бо марг ногузир аст, аммо талхии маргро аз даргузашти инсонҳое чун Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад дар тану ҷону эҳсосу ёду хотирҳо мешамию мечашӣ. Илму ҳилми устод боиси афзоиши қурбату муҳаббати ҳамкорону дӯстону шогирдон ба ӯ ва иззаташ мешуд.

Озодаю озодандеш буд. Гоҳе аз дурӯғу нифоқу разолату ҷаҳолату аъмоли нангини зумрае, аз ҷабру ноадолатиҳо ба хашм меомад. Ҷонаш барои дарди миллату меҳан месӯхт, ба гуфти устод М. Турсунзода “Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт”. Аммо талхию тундиҳои кору рӯзгорро мехост бо шаҳди зароат ширин созад, чигилу мушкилоти зиндагиро бо ханда саҳлу сабук гардонад. “Як нафаре вергулро нагузораду сари мо дард кунад. Аҷаб пешаеро интихоб кардем-дия”, − мегуфт зарифона шодравон.

Китобдору китобдӯсту китобхону китобнавис буд устод Н. Мирзомуҳаммад. Соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шунавандаи озод будаасту баъди комёб шудан дар имтиҳоноти солона ба сафи донишҷӯёни соли дувум пайвастанаш баёнгари муҳаббаташ ба донишу омӯзиш, намоёнгари кӯшишу пӯйишаш дар ҷодаи илму маърифат аст. Аз шеъру андарзу ҳикмати латоифи бузургони классики форсу тоҷик ва ҷаҳон фаровон медонисту бо ҳунари суханварияш маҷлису маҳфилҳоро гарму пурфараҳ мекард устод. Ҳар ҷо ки ҳузур дошт, қалбҳоро аз сурур, маъракаҳоро аз партави ҳикмату зарофаташ пурнур ва лабҳоро пурханда мегардонид. Ҳозирҷавобу шӯху самимию зиндадилу некбину хушсуҳбату ширингуфтор буд. Дониши фарох, маҳорату истеъдоди волоро доро буд, аммо дар ниҳодаш аз такаббуру худманишию манманӣ ғуборе набуд. Инсоне буд дар камоли фурӯтанӣ. Дӯсте буд дар ғаму шодиҳо шарик ва содиқу ҳидоятгар. Бародаре буд гоҳи дармондагию пареншонҳолиҳо дастгир.

Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад, зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (7-уми ноябри соли 1953, дар оилаи деҳқон), дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз забоншиносию равоншиносӣ (психология) ба донишҷӯён дарс додааст. Соли 1987 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ҳайси нозири шуъбаи илм ва нашр кор кардааст. Соли 1987 дар озмун барои ишғоли вазифаи муаллими калони кафедраи равоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ иштирок варзида, пирӯз гардид ва то соли 1997 дар ин вазифа кор карда, сазовори эътирофу эҳтироми роҳбарияти кафедра, устодони донишгоҳ ва махсусан, донишҷӯён гардида буд. Ҳамчун раиси Шӯрои илмию методии кафедраи равоншиносӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра дар беҳбуду пешрафти кори кафедра ва донишгоҳ ба таври шоиста ҳиссагузорӣ кардааст. Ҳамзамон, чун ҳамкор, дар литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат аз фанни забону адабиёти тоҷик низ дарс гуфтааст (с.1988-89). Чун мудири шуъбаи аттестатсия ва литсензияи муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи Хадамоти аттестатсионии давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1979) кор карда, дар ташкил ва такмили ин идора ва таҳияи маводу ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии он саҳми назаррас гузоштааст. Соли 1999 аз тариқи озмун мутахассиси арзёбии дастовардҳои хонандагони Маркази идораи Лоиҳа дар соҳаи маориф (Лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ) интихоб гардид ва баъдтар, бозомӯзии муаллимон низ бар дӯшаш гузошта шуд. То итмоми ин Лоиҳа (соли 2003) фаъолият намуда, ҳамчунин, дар омода намудани Лоиҳаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Ба сифати сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим, арзёбии дастовардҳои мактаббачагон ва бозомӯзии муаллимон дар Маркази идораи Лоиҳа дар соҳаи маориф (аз соли 2003) ва чун сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим (куррикулум) фаъолият кардааст (аз соли 2005 то феврали соли 2009-ум). Узви Ҷамъияти равоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ассотсиатсияи равоншиносони Тоҷикистон аст. Солҳои 1983 ва 1989 дар Анҷумани равоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат кардааст ва гузоришҳояш дар маводи Анҷуман ба табъ расидааст. Дар конфронсу симпозиумҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, ЮНДП, МСССБ (СММ), ЮНОДС, ҲТО (ГТС), ЮСАИД ва ғайра, ки дар Руминия, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ӯзбекистон ва ғайра гузаштааст, ширкат ва доир ба масъалаҳои таҳсилот, пешгирии бемории СПИД, арзёбии дастовардҳои хонандагон ва навсозии куррикулум, тарзи ҳаёти солим ва амсоли инҳо суханрониҳо кардааст. Соли 2006-ум дар озмуни гурӯҳи муаллифони китобҳои дарсӣ пирӯз гашта, дар шаҳри Колумбас − маркази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷриба андӯхтааст. Дар Москав (Русия, солҳои 1989, 2001), Прага (Чехия, соли 2000) аз курсҳои такмили ихтисос гузаштааст ва мутахассисон ба натиҷаҳои кораш баҳои баланд додаанд. Дар таҳия, тасниф, тарҷума, тадвину таҳрир ва нашри нақшаю барномаҳои таълим, китобу дастурҳои гуногуни таълимию илмию методӣ чун муҳарриру мураттибу муқарриз саҳим будааст. Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва қариб 50 дастур, инчунин, мураттиб ва муҳаррири барномаҳои таълим дар синфҳои ибтидоӣ аст. Аз рӯйи барномаҳои таҳиянамудаи ӯ аз забони модарӣ ва математикаи барои синфҳои ибтидоӣ мураттабшуда китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд. Ҳамчунин, муаллифи ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо, эпиграммаҳо ва мақолаҳои публитсистист. Бо телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамкории пайваста дошт. Муаллиф ва сухангӯи барномаҳои «Маҳфилоро», «Барои шумо, падару модарон», «Фарзанди нағз – боғи падар», «Манзили умед», Субҳи умед» ва ғайраҳо буд. Ин барномаҳо, ки ба масъалаҳои рӯзмарраи таълимию тарбиявии фарҳангӣ бахшида шуда буданд, ӯро дар байни мухлисон маҳбубият бахшидаанд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон; яке аз созмондеҳони Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви фаъоли раёсати он буд. Дар вазифаи сармутахассиси фанни забони тоҷикии Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсиси он кор то октябри соли 2021 (то беморӣ) кор кардааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиладор ва соҳиби 3 фарзанду 8 набера.

Ӯ рафт, ҳадафҳояшро амалӣ накарда. Нақшаҳои илмию корию ҳаётиаш иҷро нагардида, нотамом монд. Ният дошт, ки “Фарҳанги истилоҳоти равоншиносӣ”, “Луғати неологизмҳои соҳаи маориф”, “Фарҳанги лаҳҷаи Понғоз”-ро ба нашр расонад. Мақсад дошт, ки китоби дарсии “Забони модарӣ” барои томактабиён ва синфҳои ибтидоӣ, “Равоншиносӣ” ва “Этносотсиопсихолингвистика”-ро, ки маълумоту маводашро омода карда буд, таълиф намояд. Аммо... Аммо, афсӯс, ки ҳамаи ин орзуву омолу нақшаҳояш амалӣ нашуд, ноком рафт. Ҷисми устод тарки мову дори фано кард, лек ному ёди некаш, кори некаш, меҳраш намиранда аст ва дар дили дӯстон, шогирдон, пайвандон боқист.

Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА – муҳаррири масъул дар Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2