ДАРСҲОИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ – ОМИЛИ РУШДИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН
Ҳамаи ин дар натиҷаи бошуурона ва фаъолона азхуд намудани таҷрибаи Тамоюли имрӯзаи мазмуни таҳсилот ҳаётии хонандагон ба даст оварда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раҳёфти мешавад. Дар баробари ин, дониш, муносибати босалоҳият ба таълим қобилият ва малакаҳо ҳамчун натиҷагирӣ гузаришро аз низоми донишмеҳварии аз ҳосил намудани амалҳои мақсаднок ва таҳсилот ба рушди маҳорати мувофиқ ба ҳисоб мераванд, яъне онҳо мустақилона ва самаранок истифода дар алоқамандии зич бо амалиёти намудани донишҳо дар амал барои татбиқ фаъоли худи хонандагон ташаккул, намудани имконият ва истифодаи муфиди татбиқ ва нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин онҳоро дар ҳаёти ҳарраӯза дар назар дорад.
рӯ, интихоб ва истифодаи технологияҳои гуногуни таълимӣ аҳамияти хоса дорад.
Ба ин муносибат талабот ба миён меояд, ки барои инкишофи тафаккури эҷодии хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин росто объектҳои самти бадеӣ ва эстетикӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд.
Вигодтский дар китоби худ «Тахайюлот ва эҷодкорӣ дар айёми кӯдакӣ» чунин навиштааст: «Маҳз фаъолияти эҷодии инсон аст, ки ӯро ҳастӣ мебахшад, ба оянда рӯ ба рӯ мекунад, ҳаёти ӯро дигаргун месозад... тахайюлот ҳамчун асоси ҳама гуна фаъолияти эҷодӣ дар ҳалли тамоми самтҳои ҳаёти фарҳангӣ баробар зоҳир гардида, эҷодиёти бадеӣ ва илмию техникиро имконпазир мегардонад».
Ҳамин тариқ, мо метавонем ба кӯдак тавассути рушди тасаввурот на танҳо барои омӯхтани олами атроф такон бахшем, балки ӯро ҳамчун шахсияти қодир ба рушди ҷомеа дар оянда ва ҳамзамон дар ҳалли вазифаҳое, ки аз ҷониби давлат ба миён гузошта мешаванд, тарбия намоем. Ташаккули маҳорати эҷодии хонандагон муҳимтарин вазифаи тарбия мебошад. Танҳо ин раванд ташаббускорӣ, мустакилона қабул намудани карорҳо, одат намудан ба озодандешӣ ва эътимод ба худро бедор мекунад, зеро мақсади асосии таълим на танҳо азхуд намудани дониш, малака ва маҳорати муайян, балки инкишофи тарбияи одами эҷодкор дониста шудааст.
Равоншиносон муқаррар кардаанд, ки хусусиятҳои равонии инсон, асосҳои зеҳнӣ ва тамоми муҳити маънавӣ дар даврони кӯдакӣ ба вуҷуд меоянд ва ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, дар назди омӯзгори санъати тасвирӣ вазифаи ташаккул додани имконияти қобилияти эҷодии хонандагон меистад.
Кори эҷодӣ дар дарси санъати тасвирӣ як навъ пайванди кӯдак ва калонсолон мебошад.
Фаъолияти тахайюлоти эҷодӣ қариб ҳеҷ гоҳ бе кумак ва иштироки омӯзгор ба вуҷуд намеояд ва нақши ӯ аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо кӯдакон чунин машғулиятро ташкил намояд, то ки кӯдакон тавонанд идеяҳои корҳои эҷодии худро офаранд ва дар амал татбиқ карда тавонанд.
Барои дуруст роҳнамоӣ кардани фаъолияти эҷодии кӯдакон омӯзгор бояд хусусиятҳои фаъолияти эҷодии онҳоро донад. Ин донишҳо барои ёфтани калиди дили кӯдак, барқарор кардани робита бо ӯ, инкишоф додани қобилиятҳои бадеӣ ва эҳсосоти эстетикии ӯ, барои фаҳмидани он, ки хонанда воқеиятро чӣ гуна меомӯзад, дарки тахайюли эҷодӣ, тасаввурот, тасвирҳои фазоӣ, хотира ва ғайра истифода бурда мешаванд. Барои нигоҳ доштани майлу хоҳиши кӯдак барои фаъолияти тасвирӣ ҳама имкониятро бояд фароҳам овардан лозим аст, зеро бедор кардан ва баъдан инкишоф додани завқи маърифатии хонанда ғайриимкон мегардад.
Баланд бардоштани шавқу ҳаваси афзояндаи хонандагон ба фаъолияти тасвирӣ нишондиҳандаи бедории қобилияти онҳо ба фаъолияти бадеӣ ва рушди ташаккули шавқу рағбат ба он ба ҳисоб меравад. Аммо дар ҳар як шахси алоҳида танҳо бо назардошти қобилиятҳои фардӣ шавқу ҳаваси эҷодиро инкишоф додан мумкин аст. Дараҷаи аслии образи бадеиро ҳушёрии биниш ва нозукбинона дарк намудани ҳаёт, завқи эстетикӣ ва тасаввуроти рассом муайян мекунад. Маҳз ҳамин сифатҳоро омӯзгор бояд дар дарси расмкашӣ дар шогирдаш тарбия кунад. Вазифаи асосии дарси санъати тасвирӣ, инкишоф додани қобилияти бадеӣ ва эҷодии хонандагон тавассути таълими мақсаднок ва муташаккил мебошад. Маҳорати эҷодӣ эҷодкории инфиродӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон мебошад. Фаъолияти эҷодӣ ҳамеша бо эҷоди чизи нав, кашфи донишҳои нав барои худ, дар худ пайдо кардани имкониятҳои нав алоқаманд аст. Ин худ аз худ боиси ангезаи пурзӯру самарабахши дониш ва кӯшишу ғайрат мегардад. Чунин фаъолият худбаҳодиҳии мусбатро мустаҳкам мекунад, сатҳи саъю кӯшишро баланд мебардорад, эътимод ба худ ва ҳисси қаноатмандиро аз муваффақияти бадастоварда ба вуҷуд меорад. Эҷодкорӣ ҳамсафари доимии кӯдак аст. Расмкашӣ шояд ҷолибтарин намуди фаъолияти эҷодӣ бошад. Бо расмкашӣ кӯдак худро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ инкишоф медиҳад, зеро фаъолияти малакаҳои хуби муҳаррикӣ бевосита ба фаъолияти майна таъсир мерасонад. Кӯдаконе, ки хуб расмкашӣ мекунанд, ба мантиқитар баҳс мекунанд, бештар мушоҳида мекунанд, бодиққат гӯш мекунанд.
Вазифаҳои асосии таълими санъати тасвирӣ аз инҳо иборатанд: азхуд намудани асосҳои ибтидоии дониши расмкашии воқеӣ, ташаккул додани малакаи расмкашӣ аз ҳаёт, аз хотира ва аз тасаввурот; шиносоӣ бо хусусиятҳои кор дар соҳаи санъати ороишӣ-амалӣ ва халқӣ, моделсозӣ ва аппликатсия; дар кӯдакон ташаккул додани маҳорати расмкашӣ, завқи бадеӣ, тасаввуроти эҷодӣ, дарки муҳит, ҳисси эстетикӣ ва дарки зебоӣ; тарбияи шавқу ҳавас ва меҳру муҳаббат ба санъат.
Барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакон, усулҳои нав, ҷолиб, ғайристандартро истифода кардан зарур аст, ки ин ба ташаккули таваҷҷуҳи маърифатии кӯдакон дар омӯзиши боз ҳам бештар азхудкунии дониш мусоидат мекунад. Ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагон нисбат ба фан, ҷустуҷӯи шаклҳо, услубҳо, усулҳои корро водор менамояд, ки ба дараҷаи ҳавасмандии онҳо бештар таъсирбахштар ва самараноктар таъсир расонанд ва фаъолияти бошууронаи мактаббачагонро барои азхудкунии дониш таъмин намоянд. Барои инкишоф додани маҳорати эҷодии хонандагон дар дарси санъати тасвирӣ усулҳои зерини таълимро метавон истифода бурд:
Усули “кашф”. Фаъолияти эҷодии ғояи нав – бозёфтро ба вуҷуд меоварад.
Усули фаъолияти ҷустуҷӯи инфиродӣ ва якҷоя. Фаъолияти ҷустуҷӯӣ хонандагонро ба фаъолияти эҷодӣ ҳавасманд мекунад, барои ёфтани роҳҳои ҳалли дурусти имкониятҳо ёрӣ мерасонад.
Усули озодӣ дар низоми маҳдудиятҳо. Аз як тараф, қобилияти эҷодии хонандагонро пайваста дар доираи имкониятҳои васеъ фаъол созад, аз тарафи дигар, ба онҳо риоя намудани маҳдудиятҳоро меомӯзонад.
Усули муоширатӣ. Омӯзгор ва хонанда ҳамсуҳбатанд.
Усули муқоиса. Роҳи фаъол гардонидани тафаккури эҷодӣ. Дар дарс имкониятҳои истифодаи роҳҳои ҳалли гуногуни ҳамон як масъаларо нишон додан лозим аст.
Яке аз воситаҳои самарабахши нигоҳ доштани шавқу хавас ба дарси санъати тасвирӣ намоишҳо ва озмунҳои корҳои эҷодии хонандагон ба шумор меравад. Ҳамин тавр, барои ҳамкорӣ ва меҳнати бунёдкоронаи ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Яке аз вазифаҳои асосии мактаб ташаккули раванди эҷодию маърифатии хонандагон, дарки олами атроф мебошад.
Ин имкон медиҳад, ки фанни санъати тасвирӣ ҳамчун асоси заминаи мусоид барои инкишофи шахсият дар мадди аввал гузошта шавад.
Барои роҳҳои ҳалли ин мушкилот гузаронидани дарсҳо бо усулҳои нав пешниҳод карда мешаванд:
Дарсҳои маърифатӣ: хонандагон “хазина”-и худро бо донишҳои нав, истилоҳот, усули иҷроиш, саводнокии тасвир пурра мекунанд.
Дарс – озмун, «мусобиқаи донишмандон»: дар ин намуди дарсҳо пурсишҳо ба шакли бозиҳои мусобиқавӣ гузаронда мешаванд. Дар рафти машғулият натиҷаҳои чӣ тавр азхуд кардани маводи назариявӣ ва амалӣ ҷамъбаст карда мешавад. Ҳангоми бозӣ такрор кунед, ёд гиред, расм кашед, хатогиҳоро ҷустуҷӯ кунед, бо истифода аз аппликатсияҳо зуд супоришотро иҷро кунед барин таъкидҳо истифода бурда мешаванд.
Дарс – тестҳо: аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои дурустро аз байни се то панҷ варианти пешниҳодшуда, интихоб кунанд.
Дарс – сайругашт / саёҳат.
Дарс – манзара (панорама).
Дарси — гузориш аз намоишгоҳ (репортаж аз виставка).
Дарс – викторина.
Дарс – бозӣ.
Дарс як навъ бозӣ аст. Бозӣ падидаи беназири фарҳанги инсонӣ, сарчашма ва авҷи он буда, таълим медиҳад, инкишоф медиҳад, тарбия мекунад. Бозӣ барои кушодани иқтидори эҷодии кӯдак мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, он қисми ҷудонашавандаи ҳамкории тарбия ва омӯзиши хонандагон ба шумор меравад. Дар дарсҳои санъати тасвирӣ барои ташаккули маҳорати эҷодии хонандагон дар шароити муосир шумо инчунин метавонед компютерро истифода баред.
Ҳамин тавр, дар рушди ташаккули фаъолияти эҷодии хонанда, инкишофи доираи эҳсосоти ӯ, қобилияти дарки зебоии табиат дар муносибат бо одамони дигар, аз ҷумла, дарси санъати тасвирӣ таъсир расонида метавонад. Тавассути дарки санъати тасвирӣ кӯдакон дар бораи идеалҳои ҳамзамонони худ, фарҳанги даврони гузашта ва муосир тасаввурот пайдо мекунанд. Бо азхуд кардани малакаҳои тасвиркунӣ ва дарккунӣ кӯдакон ба фаъолияти ибтидоии эҷодӣ ҷалб карда мешаванд. Онҳо имконият пайдо мекунанд, ки образҳои ашёву ҳодисаҳои воқеии муҳити атрофро пурратар баён кунанд.
Дарсҳои расмкашӣ на танҳо барои майлу хоҳиш пайдо кардан ба рассомӣ барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд, балки вазифаи онҳо аз озодона дарк кардан ва васеъ кардани чунин манбаъҳо, ба монанди, эҷодкорӣ ва мустақилият, бедор кардани тасаввурот ва баланд бардоштани қобилияти кӯдакон дар мушоҳида ва баҳодиҳии воқеият мебошад. Бо интихоби мустақилона, пайдо ва коркарди шакли нав кӯдак далер ва самимӣ мегардад, тахайюлу зеҳн, мушоҳида, сабру тоқат ва баъдтар ё дертар завқ пайдо мекунад, ки ин равишро ба зебоӣ таъмин хоҳад кард.
Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, бисёр мушкилоти эҷодӣ на аз набудани саводнокӣ барои тасвири мувофиқ, балки аз оқилона истифода набурдани қобилиятҳои онҳо ба миён меоянд.
Чунин мешуморанд, ки тамоми фаъолият аз «маҳорати расмкашӣ» вобаста аст, вале муҳимтар аз ин муносибати дуруст ба фаъолияти эҷодӣ мебошад. Аксар вақт ҳалли ин мушкилот ба “сатҳи равонӣ” гузошта мешавад. Яъне на аз он сабаб, ки мо наметавонем расм кашем, зеро “намедонем, ки чӣ тавр”, яъне бо сабаби тасаввуроти нодуруст дар бораи чӣ гуна кор бояд кард, ташаккул ёфтааст.
Вазифаи омӯзгор аз он иборат аст, ки қобилияти бадеӣ ва қобилияти эҷодии кӯдакро мунтазам инкишоф диҳад.
Бибивахӣ МИРБОБОЕВА – мудири шуъбаи фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи
А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё