Зеҳн

АНЪАНАҲОИ ОИЛАВӢ ВА РАСМУ ОИНҲО – ҚИСМАТИ ТАРКИБИИ АХЛОҚИ УМУМИИНСОНӢ

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Масъалаи тарбияи ахлоқии насли наврас дар ҳамаи давру замонҳо яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Дар бораи чӣ тавр ба роҳ мондани тарбияи насли ҷавон файласуфон, психологҳо ва педагогҳо мувофиқи талаби замонҳои мухталиф фикру ақидаҳои ҷолиб баён карданд, ки то имрӯз аҳамияти тарбиявии худро гум накардаанд.

Имрӯз тарбияи насли наврас мазмуни нав пайдо карда, шакл ва методҳои он низ то андозае тағйир ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир омӯзгорон, падару модарон ва афроди касбу кори гуногун изҳор менамоянд, ки пояи тарбия то андозае суст шуда, ахлоқу одоби наврасону ҷавонон коста гардидааст.

Омилҳои суст шудани пояи тарбияи ахлоқии насли наврас гуногун мебошад. Ба ақидаи мо, яке аз сабабҳои паст рафтани ахлоқи насли наврас то андозае фаромӯш намудани анъанаҳои неку пешқадами мардумӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона бисёре аз урфу одатҳои пешқадами аҷдодонамон, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон қимати арзишманд доштанд, дар даврони рукуд чун ҷанбаи динӣ маънидод шуда, ҷашнгирӣ ва истифода бурдани онҳо манъ карда мешуд.

Имрӯз истиқлолияти давлатӣ имконияти васеъ фароҳам овардааст, ки ба таври амиқ ва ҳаматарафа арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик омӯхта шаванд. Дар ин самт халқи тоҷик солҳои охир тавонист, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ таърихи қадима ва пурғановати фарҳанги худро муаррифӣ намояд.

Бинобар ин, омӯзиши афкори педагогии халқи тоҷик, аз ҷумла, урфу одат ва анъанаҳои пешқадами миллати куҳани мо ва истифодаи онҳо дар тарбияи арзишҳои ахлоқии насли наврас ин фазои холиро пур карда метавонад. Суннат ва анъанаҳои неки мардумӣ яке аз дастовардҳои маънавии халқи тоҷик буда, барои рушду камоли насли ҷавон хизмат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳар халқу миллат маҳз тавассути суннат ва анъаноти пешқадамаш дар тамаддуни башар шинохта мешавад. Тоҷикон, ки яке аз қабилаҳои шарқии Эрон ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо суннатҳо ва анъаноти хешро нигоҳ доштаанд.

Таҷрибаи ҳаётии бисёре аз намояндагони ҷавонон собит месозад, ки онҳо аҳамияти анъанаҳои неки тарбиявиро дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини дар назди инсоният истода ба пуррагӣ дарк намекунанд. Ин меъёрҳои ахлоқӣ дар байни дигар қонунҳо бо мақому манзалати хоси худ фарқ мекунанд. Одамон аз қонунҳои ахлоқӣ, новобаста дар кадом муҳити ҳаёти ҷамъиятиву шахсӣ зиндагӣ карданашон, озод буда наметавонанд. Онҳо вориди қонунҳо, қоидаи рафтори боодобона ва талаботи умумиҷамъиятӣ гардида, маҳз ба онҳо итоат мекунанд.

Тарбияи насли наврас ҳамчун заминаи муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа дар асоси таҷрибаи бузурги халқҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шудааст. Шиносоии мухтасари таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар тарбияи шахс, аз ҷумла, инкишофи маънавии он нақши калидиро педагогикаи халқӣ мебозад, ки сарчашмаҳои он ғояҳои педагогӣ, фикру андешаҳои мутафаккирони гузашта ва мероси шифоҳии мардум маҳсуб мешавад.

Маълум аст, ки ҷомеаи инсонӣ дар таърихи тараққиёти худ бисёр анъанаҳои арзишманди ахлоқиро ба вуҷуд овардааст. Онҳо дар таълимоти ахлоқӣ, андешаҳои ҷамъиятӣ ва фалсафии мутафаккирони форсу тоҷик инъикос гардидаанд. Фарҳанг ва анъанаҳои арзишманди ахлоқӣ бо ёрии қоидаҳои этикӣ рушд меёбанд. Анъанаҳои арзишманди ахлоқӣ бо фарҳанги ахлоқ зич алоқаманд буда, зуҳуроти бисёрҷанбае мебошанд, ки дар ҷараёни фаъолияти инсон ташаккул ва такмил меёбанд. Анъанаҳои фарҳанги ахлоқ шаклу намудҳои гуногун доранд. Дар онҳо чунин мафҳумҳо, ба монанди инсонпарварӣ меҳнатдӯстӣ, поквиҷдониву ташаббускорӣ, ватандӯстиву озодихоҳӣ, фаъолнокӣ, эҷодкорӣ, ҳақиқатхоҳӣ, масъулият, дасткушодӣ, хоксорӣ, покиву озодонӣ ва ғайра ворид мешаванд. Ин сифатҳо дар ҷараёни фаъолияти якҷоя бо дигар ҷанбаҳои фарҳанги ахлоқ ба тафаккур ва хулқу атвори инсон таъсир расонида, ба ташаккули дигар сифатҳои ахлоқӣ мусоидат мекунанд. Биноан, яке аз вазифаҳои муҳими анъанаи маданияти ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати ахлоқии одамон аст, ки дар навбати худ ҷараёни мураккабу дарозмуддат аст. Ба он метавон бо соҳиб шудан ба тамоми арзишҳои фарҳангӣ-ахлоқии ба урфу одат ва анъанаҳои арзишманди ахлоқии ҳосилшуда ноил шуд.

Анъанаҳои маърифати ахлоқӣ, ба монанди виҷдон, қарз, масъулият, шарм, ғурур ва хислатҳои ба ин монанд дар ҳиссиёти дохилии психикии инсон зуҳур меёбанд. Маҳаки асосии фарҳанги ахлоқиро инсондӯстӣ, меҳнати софдилона, ёрии ҳамдигарӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ, эҳтироми якдигар, дӯстии халқҳо, дасткушодӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, хоксорӣ ва дигар арзишҳои баланди ахлоқӣ ташкил медиҳанд, ки дар заминаи анъанаҳои халқӣ дар шууру фаъолияти инсон арзи ҳастӣ кардаанд.

Бояд зикр намуд, ки асоси маданияти ахлоқӣ аз оила ибтидо мегирад. Бинобар ин, яке аз омилҳои ҳалкунанда дар тарбияи ахлоқии насли наврас оила маҳсуб меёбад. Оила маконест, ки аз он ҷо шахс ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид мегардад.

Оилаи муосир дар асоси муқаррароти асосии рушди ҷомеаи инсонӣ инкишоф ва ташаккул меёбад. Ин муқаррарот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар ҳуҷҷатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қайд шудааст, ки «Масъулияти волидон дар оила нигоҳубини саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои омода кардани онҳо барои мактаб ва инкишофи қобилияти онҳо, ташаккули сифатҳои беҳтарини инсонӣ дар кӯдакон: инсонпарастӣ, саховатмандӣ, раҳмдилӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошад».

Беҳуда нест, ки дар мамлакат оид ба масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ҳуҷҷати махсус - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (17 октябри соли 2011) қабул карда шуда, дар он ҳуқуқ, вазифа ва уҳдадориҳои волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба таври мушаххас муайян гардидааст.

Бо дарназардошти дар заминаи урфу одат ва анъанаҳои оилавӣ ба роҳ мондани тарбия дар педагогикаи муосир, ба омӯзиш ва таҳқиқи самаранокии тарбияи оилавӣ ва муайян намудани алоқаҳои он бо дигар қисматҳои сохтори таҳсилот диққати хоса дода мешавад.

Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон тарбияи оилавӣ, ташкил ва муҳтавои он, алоқамандӣ бо мактаб ва дигар қисматҳои сохтори маориф дорои як қатор хусусиятҳои иҷтимоиву педагогӣ, ки ба шароити иҷтимоӣ алоқаманданд, бо хусусиятҳои мушаххаси демографӣ, этникӣ, миллӣ, ҳаёти маънавии аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа барои ҳар оила ва дар ниҳоят, тарбияи фарзандон ба таври назаррас таъсир мерасонад.

Ҳамзамон, бозсозӣ ва тағйироти сохтори ҷомеа як қатор дигаргуниҳоро дар зиндагии аҳолӣ, ба сабаби афзоиши аҳолӣ ворид сохт. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи тадбирҳои мушаххасе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули шахсияти комилан рушдёфта имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар оилаҳои тоҷик ташаккули ҳамаҷонибаи шахсияти кӯдак на танҳо ҳамчун меъёри иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, балки анъанаҳои миллӣ низ ба тарбияи ахлоқии насли наврас мусоидат менамоянд. Арзишҳои умумибашарии ахлоқӣ, пеш аз ҳама, дар оила, дар шароити ҳаёти оилавӣ, тавасути урфу одат ва анъанаҳои мусбии ахлоқӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз ин лиҳоз, усули пурраи мафҳумҳои асосии умумибашарӣ ва ташаккулёбии онҳо дар асоси эътиқоду анъанаҳои оилавӣ як қисми муҳими раванди тарбияи ахлоқӣ дониста мешавад.

Тарбияи сифатҳои ахлоқӣ тавассути анъана ва суннатҳои мардумӣ раванди хеле мураккаб ва тулонӣ аст. Истифодаи расму анъанаҳои миллӣ дар тарбияи фарзандон мувофиқи вазифаҳо ва шароитҳои ҷомеаи муосир ба рушди маънавии шахс таъсири мусбат мерасонад. Бояд зикр намуд, ки дар аксари оилаҳои тоҷик солҳои охир дар такя ба урфу одат ва анъанаҳои оилавӣ ба масъалаи тарбияи ахлоқии кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бо вуҷуди он ки дар ин самт бисёр корҳо анҷом дода шудаанд, боз як қатор вазифаҳои ҳалталаби тарбияи оилавӣ боқӣ мондаанд, ки фарогирии комилро талаб мекунанд. Масалан, аз байн рафтани баъзе анъанаҳои тарбияи оилавӣ, ки имрӯзҳо дар оилаҳои муосир мушоҳида карда мешавад.

Хусусияти фаъолият ва ақидаҳои маънавии олимону мутафаккирони Шарқ дар асрҳои миёна он буд, ки онҳо ҳалли масъалаҳои тарбияи шахсро чун вазифаи муҳими ҷомеаи инсонӣ ҳисобида, тарбияи насли ҷавонро ба анъанаҳои ахлоқӣ, аз ҷумла анъанаҳои оилавӣ марбут медонистанд.

Арзишмандии тарбияи насли наврас дар асоси урфу одат ва анъанаҳои оилавӣ таҳкурсии фарҳанги ахлоқиро мегузорад. Маърифати ахлоқӣ хусусияти табиии ба эътиқод табдилёфтаро ба танзим медарорад. Эътиқоди ахлоқӣ дар натиҷаи фаъолияти дарозмуддати маърифати инсон чун маҳсули олии он ба миён меояд. Фарҳанги этикӣ бе фаъолияти ахлоқӣ ва муносибат вуҷуд дошта наметавонад. Табиист, ки фарҳанги ахлоқии инсон тавассути тинат ва рафтори ӯ, пеш аз ҳама, дар оила зуҳур мекунад. Дар ин ҳолат тасдиқ метавон кард, ки маърифати ахлоқӣ, сифатҳои ахлоқӣ, меъёрҳои этикӣ, фаъолияти ахлоқии инсон нишондиҳандаҳои асосии ташаккули маданияти ахлоқӣ мебошад. Фарҳанги ахлоқӣ низ дар ҷараёни фаъолияти тамоми ҳаёти инсон аз оила ва урфу одат ва анъанаҳои он ибтидо мегирад.

Ҳамин тариқ, урфу одат ва анъанаҳои ахлоқии дар оила ташаккулёфта тарзи рафтор ва ботини инсонро муайян месозанд. Ин имкон медиҳад, ки фарҳанги ахлоқ яке аз меъёрҳои барқароршавии ахлоқи инсон дар ҷомеа маҳсуб ёбад. Дар ин радиф, ахлоқ мафҳуми инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоии мураккабу бисёрҷониба мебошад. Дар ҳолатҳои алоҳида ин ҷо қоидаи этика, аниқтараш талаботи муайяни меъёри муносибатҳои шахсиро ошкоркунанда бо ҷомеа ва дигар шахсият шомил мешавад.

Оқибатҳои дуршавӣ аз фарҳанги ахлоқӣ ва оқибатҳои он аз таҷрибаи таърих маълум аст.

Ахлоқ ва урфу одатҳои пурмаъниву воло, ки ба як халқ, миллат ва ҷомеа тааллуқ доранд, набояд сабаби зиддият ба он аз ҷониби дигар халқияту миллат бошад. Аз ҷумла, анъанаҳое, ки дар мардуми тоҷик маъмуланд ин оғоз намудани ҳамаи амалҳо аз тарафи рост, роҳ рафтан бо пои рост, пӯшидани либос бо дасти рост, хӯрдани таом бо дасти рост хос мебошад. Ё худ, дар урфият мегуянд, ки: “Вақте падарат ҳарф мезанад, ба поён нигоҳ кун, ҳаргиз ба чашмонаш нанигар, малоли хотираш нашав. Агар аз ӯ хато зоҳир шуд, худи ҳамон лаҳза ба рӯяш нагӯй. Дилаш озурда мешавад. Дертар бо хубӣ фаҳмониданат мумкин аст.

Боз як мисоли дигар: мардуми мусалмон майитро бо тиловати оятҳои Қуръон ёд мекунанд, аз Худованд мағфирати гуноҳашро металабанд.

Халқҳои соҳибмаданият онҳоеанд, ки хусусиятҳои ахлоқии худро нигоҳ доштаанд.

Бимарям БОБОЕВА –

омӯзгори кафедраи педагогикаи умумии

ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2