Зеҳн

КОРИ ГУРӮҲӢ ДАР ДАРС

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Яке аз воситаҳои баланд бардоштани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд ибтидоӣ самаранок истифода бурдани гурӯҳбандӣ пайваста дар пайи омӯзиш ва дар синф мебошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳар як ҷӯстуҷӯйи роҳҳои самараноки омӯзгор дар ин самт таҷрибаву дониши хешро таълиму тарбия бошад. Аз ин лиҳоз, дорад ва мо бояд аз таҷрибаи ҳамдигар пайваста масъулият ва саҳми омузгори бохабар бошем ва онро сари вақт табодул намоем.

синфҳои ибтидоӣ дар бунёдгузории Ин роҳ яке аз беҳтарин роҳҳои таълим дар ҷаҳони маҳорат ва малакаҳои насли нав муосир ба ҳисоб меравад. Ман чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳар як дарсро бо тарзи гурӯҳӣ бағоят бузург аст.

мегузаронам ва аз ин натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоварам. Барои он ки гурӯҳбандӣ шавқовару муассир гузарад, ба омӯзгор тайёрии ҳаматарафаи илмӣ ва методӣ зарур аст. Истифодаи аёният низ дар гурӯҳҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Барои намуна дар ин ҷо як дарси забони модариро дар синфи 4 мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1. Мавзуъ: «Аз матн ёфтани сифатҳо».

2. Мақсади дарс: Мустаҳкам намудани дониши хонандагон доир ба мавзуи омӯхташуда: «Таърифи сифат».

3. Тарзи дарс: Гурӯҳбандӣ 4. Таҷҳизот: акси Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, варақчаҳои супоришдор, қаламҳои ранга.

Синфро мутобиқи шумораи хонандагон, ки 16 нафаранд, 4-нафарӣ ба 4 гурӯҳ тақсим кардам. Чунонки дар боло қайд гардид, истифодаи аёният дар гурӯҳҳо ба манфиати кор аст. Ман пеш аз оғози дарс (аниқтараш, 2 рӯз пеш) чаҳор расмро барои чор гурӯҳи синф тайёр кардам ба ин мазмун:

Расми манзараи кӯҳсор.

Расми саҳни мактаб.

Расми боғи бобои Шариф.

Расми «Деҳа дар рӯзи борон».

Синф аз рӯйи 4 ранг: сурх, зард, кабуд ва сафед ба гурӯҳҳо тақсим шуд.

Аз байни гурӯҳҳо якнафарӣ номи гурӯҳҳои худро шарҳ медиҳанд ва ё шеър мехонанд ( 2-3 дақиқа).

Бо ҳамин тариқ, мавзуи гузашта «Таърифи сифат» ҳам санҷида шуд ва мустаҳкам гардид.

Матн: «Бобоҷон Ғафуров».

Супориш: Аз матн ёфтани сифатҳо.

Хотирнишон бояд кард, ки дар гурӯҳҳо ба инкишофи нутқи шогирдон диққати зарурӣ медиҳам. Матнро пешакӣ ба чаҳор қисмат ҷудо менамоям.

Гурӯҳҳо:

1. Сурх – қисми 1 2. Зард - қисми 2 3. Кабуд - қисми 3 4. Сафед – қисми 4 Ҳар гурӯҳ қисматҳои матнро хонда (бурро ва ифоданок), дар ҳаҷми 2-3 дақиқа бо як-ду ҷумла мазмунро нақл мекунад, ки тавассути чунин роҳ малакаҳои нутқи шифоҳии онҳо инкишоф дода мешавад. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар синфҳои ибтидоӣ ба инкишофи нутқ баъзан кам диққат медиҳанд. Гоҳе шогирдон доир ба ин ё он мавзуъ дониши хуб доранд, вале фикри худро пай дар пай пурра баён карда наметавонанд. Пас аз қироати матн ва нақли мухтасари он ба иҷрои амали ёфтани сифатҳо аз матн мегузарем. Ҳар гурӯҳ аз қисмҳои худ аз матн сифатҳоро ҷудо карда, ба дафтар менависад.

Натиҷаи кори гурӯҳҳо:

A. Калон, ғафс, зарҳалин;

B. Хушрӯй, зебо, шавқовар;

C. Кучак;

D. Сифат надорад.

Ҳар се гурӯҳ тавассути саволгузорӣ аз матн сифатҳоро ёфтанд, вале муродифи сифати «кучак»- ро гурӯҳи сеюм гуфта натавонист. Ман ин иҷрои супоришро ба гурӯҳҳои 1 ва 2 вогузоштам ва гурӯҳи 1 дар ин супориш ғолиб гардид. «Хурд» муродифи «кучак» аст.

Сипас, мазмуни матнро ба якчанд саволи умумӣ ба тариқи баҳс пешниҳод менамоям:

1. Бобоҷон Ғафуров кӣ буд?

2. Чаро унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро ба ӯ доданд?

3. Оё шумо китоби «Тоҷикон»-ро дидаед?

Ҳар се савол ба як маънӣ далолат мекунанд. Ҳар чаҳор гурӯҳ хеле фаъол буданд ва хулосаи ҷавобашон ин буд, ки «Бобоҷон Ғафуров миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буд.

Номи китобаш «Тоҷикон» аст».

Ба саволи «Оё шумо китоби «Тоҷикон» -ро дидаед?” Хонандагон аксарият (дар ҳар чаҳор гурӯҳ) ҷавоби рад доданд. Сипас ҷилди якуми китоби мазкурро ба онҳо нишон додам. Чунин усули кор ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ намуда, донишҳо, маҳорату малакаҳои онҳоро мустаҳкам менамояд. Ман барои ҳар гурӯҳ расмҳоро тайёр карда, аз онҳо талаб кардам, ки доир ба ин расмҳо ҳикоячаи хурд тартиб диҳанд. Ончунон ки педогоги машҳури рус К.Ушинский мегӯяд, «асбоби аёнӣ бача камгапро ҳам ба гап медарорад».

Хонандаи А. аз гурӯҳи 3 чунин менависад: “Боғи бобои Шариф хеле калон аст. Дар боғи ӯ меваҳои ширин фаровонанд. Гулҳои зарду сурх ва сафед боғро боз ҳам зеботар кардаанд”.

(Сифатҳоро ёфта, дар зерашон хат кашидааст). Сипас, ба иҷрои супоришоти варақчаҳо мегузарем. Ба ҳар гурӯҳ як варақча дода мешавад.

a. Исмҳо: кӯҳ, дарё, осмон, санг, себ, одам, канд (сифатҳояшро ёбед).

б. Сифатҳо: баланд, хушруй, соф, сахт,ширин, калон, хуб (исмҳоро ёбед).

Ба сифатҳои сурх, зебо, сабз талх ҷумлаҳо тартиб диҳед.

Аз матн сифатҳоро ёбед, китоби дарсӣ (саҳ. 122).

Ин супориш дар чаҳор гурӯҳ ба пуррагӣ иҷро гардид.

Баъди иҷрои ин супоришҳо ба хонандагони гурӯҳҳо супориш медиҳам, ки гурӯҳи 1 ва 2, гурӯҳи 3 ва 4 дафтарҳои ҳамдигарро санҷида, беҳтарин дафтарҳоро ба муаллим пешниҳод намоянд. (2-3 дақиқа) Чунин усул дар рафти тадриси забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ хеле муфид аст:

қобилияти зеҳнии шогирдонро инкишоф медиҳанд, дониши онҳоро доир ба ин ё он мавзуъ мустаҳкам менамояд, худидоракунию баҳодиҳии онҳоро ҳаматарафа мустаҳкам мекунанд. Дар ин самт омӯзгор бояд дақиқназар ва раҳнамои ҳақиқии хонандагон бошад, то ки байни онҳо ягон нофаҳмию дағалмуомилагӣ рух надиҳад.

Супориши вазифаи хонагӣ: Дар синфҳои ибтидоӣ вазифаи хонагӣ бояд хеле сода, шавқовар ва набояд аз меъёр зиёд супорида шавад.

Гурӯҳҳо дар дарси оянда низ бо номи худашон мемонанд.

Супориши умумӣ барои чор гурӯҳ: Такрори «Таърифи сифат», «саволҳои сифат».

Барои гурӯҳҳо:

1. Тартиб додани ҷумлаҳо бо сифатҳои –талх, -чӯбин, -сангин, -нозанин, -зебо.

2. Аз матни додашуда ҷудо кардани сифатҳо (матн: «Тирамоҳи заррин») 3. Нақл аз рӯйи расми «Саҳни мактаб»

4. Ифоданок хондани чистон ва ҷавоби онро муайян кардан.

Об андар об чӣ бошад?

Ҳавзи гулоб чӣ бошад?

Оташ расад, ях кунад,

Ба ин ҷавоб чӣ бошад? (Тухм)

Хуллас, омӯзгор ҳангоми тадриси ин ё он фан бояд роҳҳои гуногуни шавқоварро ҷустуҷӯ намояд, то ки диққат ва муҳаббати шогирдонро ба дарсҳо зиёд намояд.

Нигина ҚУРБОНОШАЕВА -

омӯзгори мактаби № 16, шаҳри Душанбе

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2